Ҳалимҷон Салимӣ: “Ман ба ростӣ ошиқ нашудаам. Барои ошиқ шудан вақт ҳам надоштам.”

Ҳалимҷон Салимӣ санаи 1-уми март барномаи консертӣ дорад, ки ҳамаи мухлисонро ба консерташ даъват мекунад. Ин барнома “Ганҷи ниҳон” ном гирифта шуда сирру асрори худро дорад, ки рӯзи консерт ин сирри ниҳон кушода хоҳад шуд. “Аввалин маротиба ман дар ин консерт бо сурудҳои байналмиллалӣ суруд мехонам. Гарчанде ин чорумин консерти ман бошад. Гузашта фақат бо забони тоҷикӣ мехондам. Боз 2 навгонӣ ҳаст, ки ман агар гуям, консерт ганҷи ниҳон намешавад. Пешакӣ намегӯям, бигзор мухлисон биёянд ва шоҳиди зиндаи он гарданд. Барандаҳои консерт 3 нафар мебошанд. Мо барои хушу беҳтар гузаронидани барнома омодагии ҷиддӣ дида истодаем.»

Чинигул: Ассалом алейкум, шом ба хайр бошад. Лаҳзаи интизории сӯхбат оростан бо Шумо низ фаро расид.

Ҳалимчон: Ваалейкум салом, раҳмат шоми Шумо низ ба хайр бошад, лаббай,  гӯш мекунам.

Чинигул: Гарчанде ки шуморо ҳамагон мешиносанд, боз аниқтару дақиқ карда худро муаррифӣ мекардед.

Ҳалимчон: Сарояндаи сурудҳои шашмақом, эстрадӣ ва ҳам халқӣ мебошам. Соли 1990 санаи 22-уми сентябр дар чамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, дар оилаи коргар тавлид шудаам. Соли 1997 дар МТМУ №1 дар чамоати Ёва тахсилро оғоз намуда соли 2008 хатм кардаам. Ҳоло дар факултаи санъати ДДХ ба ҳайси устод фаъолият мебарам. Ба театри давлатии мазҳака мусиқии Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси салист-вокалист.

Чинигул: Аз кай боз Шумо сарояндагиро оғоз кардед?

Ҳалимчон: Ман соли 2000-ум ба мактаби санъати Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ дохил шудам. Аз ҳамон рӯзҳо аллакай сурудхонии ман оғоз шуда буд.

Чинигул: Якумин суруде, ки сароидаед чӣ ном дошт?

Ҳалимчон: Якумин суруди ман ин “Табассум”

Чинигул: Беҳтарин суруд буд, ки дар забони мардум то ҳол садо медиҳад. Мавзӯҳои асосии сурудҳои шумо аз чӣ иборат аст?

Ҳалимчон: Мавзӯи асосии сурудҳои ман доири падар, модар, ишқу муҳаббат мебошад.

Чинигул: Чӣ боис гардид, ки маҳз касби сарояндагиро ҳамчу пеша интихоб кардед?

Ҳалимчон: Чӣ боис шуд намедонам, шояд ин доди Худоӣ бошад. Ман модарамро бисёр маҷбур карда будам, ки маро дар мактаби санъат дохил намоянд. Чӣ тавре, ки мардум мегуянд, ба ҷону ҳолашон намонда ба модарам гиря мекардам, то маро ба мактаби санъат баранд. Баъдан, соли 2000-ум ба мактаби санъат ҳам дохил шудам. Аз ҳамон рӯзҳо дар  синни даҳсолагӣ дар дилам меҳри санъат ҷӯш мезад. Аз хурдсолӣ ё 6-солагӣ модарамро маҷбур мекардам. Ахиран, вақте ба мактаби санъат омадам, ман ба аввалин орзуи худ расидам. Аз ҳамон рӯзҳо сурудхониро ёд гирифтам, дар дил ҳамин меҳр пайдо шуд. Волидонам мегӯянд, ки аз синни 3-солагиат бозикардаравон суруд замзама мекардӣ. Шояд ин истеъдоди Худодод бошад, намедонам.

Чинигул: Аз сурудҳои сароидаатон кадомашро худ меписандед?

Ҳалимчон: Суруд ҳам мисли фарзанд аст. Тамоми сурудамро дӯст медорам. Ман ин сурудам нағз инаш ганда гуфта баҳо дода наметавонам. Барои ман ҳаммааш нағз. Лек мардум худашон интихоб кунанд беҳтар. Ҳамаи сурудҳоямро дӯст медорам, ҳаммашан табъи дили худам.

Чинигул: Ба ғайр аз сарояндагӣ боз ба чӣ кор машғулед?

Ҳалимчон: Бовар кунед, ман ба ғайр аз сарояндагӣ дигар корро наметавонам. Агар модарам маро дуюмбора тавлид мекард ман боз ҳам санъаткор мешудам, гарчанде санъаткорӣ бисёр кори мушкил аст ва мехнати зиёдро талаб мекунад. Бо вуҷуди душвориҳои санъат ман санъатро интихоб мекардам, барои он ки бе санъат худро тасаввур карда наметавонам. “Агар ман санъаткор намешудам, пас чӣ мешудам?” Ман якчандбор ҳамин саволро ба худ дода будам. “Санъаткор намешудам боз ҳам санъаткор мешудам”.

Чинигул: Бештар ба кӣ пайравӣ мекунед?

Ҳалимчон: Бештар ба устодони санъат  Ҷӯрабек Набиев, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Иссоқова пайравӣ дорам ва сурудҳояшонро гӯш мекунаму дӯст медорам. Аз сарояндагони эстрадӣ бошад сурудҳои Далер Назаров ва Кароматуло Қурбонов писандам аст. 

Чинигул: Дар  давоми соли 2017 ба чӣ натиҷаҳо ноил гардидед?

Ҳалимчон: Соли 2017 барои ман бисёр соли хотирмон буд, барои он ки ман соҳиби фарзанд шудам. Худованд ба ман як шоҳписар ато кард. Сурудҳои нав эҷод карда клипҳо сохтем. Хуллас соли 2017 омодагӣ ба консерти соли 2018 буд. Бисёр меҳнат кардем. Факат фикри консерт мекардем.

Чинигул: Илохо ба шоҳписаратон умри дароз насибаш бошад. Дар консерте, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, чанд сурудҳо сароида мешавад ва чӣ навгонӣ дорад?

Ҳалимчон: Дар консерт 20 суруд сароида мешавад. Сурудҳои классикӣ, эстрадӣ, шашмақом, ки худ эҷод кардаам ва ҳам сурудҳои байналмиллалӣ, бо забонҳои хитоӣ, англисӣ, русӣ, эронӣ ва ӯзбекӣ садо хоҳад дод. Ногуфта намонад боз бисёр навгонҳо ҳаст, ки ҳоло пешгуӣ карда, гуфта наметавонам. Аз моҳи январи соли 2017 тайёрӣ мебинам. Омодагӣ бисёр ҷиддӣ. Дар меҳмонии барномаи консертии мо Нодирабегим Усарзода ва Шӯрати Расул низ ширкат хоҳанд варзид. 

Чинигул: Барои чӣ маҳз санаи 1-уми мартро интихоб кардед?

Ҳалимчон:  Баҳорро бисёр дӯст медорам. Табиат бедор мешавад. Худ ман ҳавои гармро дӯст медорам ва дар ин лаҳза илҳоми шахс меояд. Инчунин иди модарон ва Наврӯз низ дар пеш аст.  Ҳамасола санаи 1-уми март барномаи консертӣ мемонем.

Чинигул:  Матни сурудҳоятонро кӣ эҷод мекунад, шахсан худатон?

Ҳалимчон: Не ман шоир нестам. Матни сурудҳоямро аз китобҳои шоирон мегирам. Шеърҳои Озарахш, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Муродии Хуҷандӣ, Фарзона, як шоири ҷавон аз Панҷакент Шаҳриёр, Иброҳими Мирмуҳаммад истифода мекунам. Китобхонӣ ва мутолиаи шеърҳоро дӯст медорам. Аз китобҳо шеъри писандидаамро интихоб карда ба оҳангсозон пешниҳод мекунам. Ба баъзеи шеърҳо худам оҳанг месозам.

Чинигул: Кадом асбобҳои мусиқиро навохта метавонед?

Ҳалимчон: Аслан дар мактаби санъат ман ҳам навозандагӣ ва ҳам сарояндагиро омӯхтаам. Соли 2005 сарояндагӣ,  2006 навозандагиро ёд гирифтаам. Рубоб, тамбӯр, доира, дутор, торро навохта метавонам.

Чинигул: Бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ мекунед?

Бо оҳангсозон Комилҷон Латипов, Ҷонибек Исомаддинов, Шаҳриёр Саломов, Зайнидин Каримов, Шерзод Рахимов, Вафо Алламуродов ҳамкорӣ дорам. Дар баъзан вақт худам низ оҳанг месозам. Омодагӣ дида истодаам то дар оянда бо ду оҳангсози маъруфи Ӯзбекистон хамкориро огоз намуда суруда бошем. Вале инаш махфӣ монад беҳтар мешуд. Насиб бошад соли 2019 сурудҳо бо оҳангсозони Ӯзбекистон омода карда пешкаш мекунем.

Чинигул: Дар давоми хафатае, чӣ қадар вақти худро барои эҷод кардан мегузаронед?

Ҳалимчон: Аслан ягон рӯзи ман бе сурудхонӣ намегузарад. Ҳар рӯз суруд замзама мекунам, суруд омода мекунам. Дар пеш барномаи консертӣ, ки санаи 1-ум бо унвони “Ганҷи ниҳон” истодааст, ки ҳамарӯза машғули корем. Ҳозир рӯзе, ки бе суруд мегузарад ин хел рӯз нест. Бо сурудҳои наву тозаэҷод омода мешавем. Дар як ҳафта ҳафт рӯз бошад, ҳафт рӯзи ман бо сурудхонӣ мегузарад. Соатҳои зиёд сарфа мешавад.

Чинигул: Барномаи консертӣ, ки “Ганҷи ниҳон” номгузорӣ шудааст, чӣ асрор дорад, ки ниҳон аст?

Ҳалимчон: Аввалин маротиба ман дар ин консерт бо сурудҳои байналмиллалӣ суруд мехонам. Гарчанде ин чорумин консерти ман бошад. Гузашта фақат бо забони тоҷикӣ мехондам. Боз 2 навгонӣ ҳаст, ки ман агар гуям, консерт ганҷи ниҳон намешавад. Пешакӣ намегӯям, бигзор мухлисон биёянд ва шоҳиди зиндаи он гарданд. Барандаҳои консерт 3 нафар мебошанд. Мо барои хушу беҳтар гузаронидани барнома омодагии ҷиддӣ дида истодаем.

Чинигул: Аз оғози фаъолият то имрӯз, дар умум чанд суруд сароидаед?

Ҳалимчон: Чанд суруд сароидагиямро нашуморидаам. Ҳамагӣ 5 албом дорам, ки дар ҳар яктои он беш аз 18 сурудҳо ҳаст.

Чинигул: Даромади сарояндагӣ вазъи оилавии шуморро то чӣ андоза таъмин мекунад?

Ҳалимчон: Вақте ман донишҷӯ будам, устод Ҷӯрабек Набиев як сухани бисёр қиммат гуфтанд, ки он суханашон ба ман бисёр писанд омад. Санъаткор бой ҳам намешавад, гадо ҳам намешавад ва гушна ҳам намемонад. Он чӣ ки Худованд ба мо рисқ медиҳад мо шукр мегӯем. Ба фикрам аз ин чизи боло нест.

Чинигул: Биёед аз давраҳои донишҷӯӣ ва шӯхиву мастӣ ёд мекунем. Аз аввалин ишқи худ нақл карда метавонед?

Ҳалимчон: Ман ба ростӣ ошиқ нашудаам. Барои ошиқ шудан вақт надоштам. Вақти мактаби санъат мехондам то нисфирӯзӣ мактаби миёна мехондам баъди нисфирӯзӣ мактаби санъат мерафтам. Дар давраи донишҷӯӣ бошад то нисфирӯзӣ дарс, баъди нисфирӯзӣ бошад дар театри Камоли Хуҷандӣ кор мекардам. Шабона ба маъракаҳои мардум мерафтам, эҷод мекардам.

Чинигул: Аз сӯҳбат бармеояд, ки бештари вақти худро бо сарояндагӣ мегузаронед, барои оила чӣ қадар вақт ҷудо карда метавонед?

Ҳалимчон: Падару модар, ҳамсарам ҳам мегӯянд, барои мо вақт ҷудо карда наметавонед, гуфта дилашон меранҷад. Ҳаракат мекунам, ки барояшон вақт ҷудо кунам. Як ҳафта мешавад, ки бо омодагӣ ба барномаи консертӣ машғул шуда ба хона дер меомадам. Имрӯз барвақт омадам. Ҳамин шаб хостам, ки бо ҳамроҳи оила бошам. Ҳаракат мекунам, ки барои хонаводаам ҳар лаҳза вақт чудо карда бошам.

Чинигул: Байни дигар сарояндаҳо рақобат чӣ гуна аст?

Ҳалимчон: Бовар кунед, суруди бисёр сарояндаҳоро гӯш мекунам. Рақобат ҳоло бисёр тезу тунд аст. Ба ҳамаи онҳо барору мувафаккият мехоҳам. Орзу дорам, ки ҷомеи сарояндагон аҳл бошанд.

Чинигул: Охирон сухани Шумо барои мардуми мо?

Ҳалимчон: Мухлисон ба барномаи консертии мо биёянд аз “Ганҷи ниҳон”-и мо баҳравар шаванд. Баҳорро бо мо оғоз кунанд қадамҳои онҳо баҳори моро пурфайз хоҳад кард. Аз дидорашон шод мешавем. Умед мебандем, ки аз консерт бо табъи болида баромада мераванд. Аввалан таманниёти ман ба ҳамаи мухлисон, бигзор инсони самимию покдил бошанд. Дар Тоҷикистон ободию озодӣ бошад. Илоҳо мардуми мо бе дарду ғам бошанд ва ба ҳамаи нияташон Худованд расонида бошад. Мақсади мо дар зиндагӣ ба падар-модар, Ватан хизмат  карда саҳми худро ба ободии кишвар расонидан мебошад.

Чинигул: Ба шумо бародари азиз дар барномаи консертӣ барор хоҳонем. Бигзор ҳамаи мухлисони савту наво ҳозир шуда бошанд ва аз Ганҷи ниҳони шумо баҳра бардонад.

Суҳбаторо: Чинигул Олимова


Категория: Мусоҳиба | Просмотров: 584 | Добавил: KhakimJON | Рейтинг: 0.0/0

© 2018 OHANG.TJ - Твоя музыкальная коллекция.
0:00 0:00

Заголовок проигрывателя Подзаголовок проигрывателя