Image Alt Text

 

Ҷамшед Исмоилов 3 - августи соли 1979 дар шаҳри Хуҷанди бостони чашм ба дунёи ҳасти кушода таҳсили ибтидоияшро дар мактабҳои №11 ва №9 гирифта хатмкунандаи мактаби №17 шаҳри Хуҷанд мебошад, баьдан таҳсилашро дар донишгоҳи муосири гуманитари (СГУ) шаҳри Москва, ки шуьбааш (филиал) дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст бо ихтисоси шарқшиносӣ  (лингвистика) ба итмом расонидааст. Ҷамшед Исмоилов аз синни хурдсоли шавқу ҳавас нисбати саньат дошт, ки аъзои дастаҳои "Хонаи пешоҳангон" ва "Хонаи пионерон" шуда дар чорабинию маҳфилҳои ин дастаҳо иштирок мекард. Маҳз дар ҳамин ҷо аввалин сурудхонияшро оғоз намуд. Пайи солҳои муайян узви гуруҳи "Адиб" буд. 

           Заррина: Салом, Ҷамшед!
Ҷамшед: Арзи салом, Заррина, ба Шумо ва аҳли заҳмати ohang.tj

   Заррина: Ҷамшед Исмоиловро мухлисон  бори нахуст дар саҳна узви гуруҳи "Адиб" шинохта кардаанд. Дар ин гуруҳ чанд сол фаолияти худро нишон додед?

Ҷамшед:  Дар давраи мактабхони  аъзои ин гуруҳ будам. Гуруҳи "Адиб" бо роҳбарии Илҳом Урмонов таъсис дода шуда, сарояндагони ин гуруҳ, мо се нафар будам, Анвар Исломов, Маъмури Вализод ва ман Ҷамшед Исмоилов.  Гуруҳи "Адиб" тули 6 сол кору фаолияти худро нишон дод, ки аз соли 1995 то соли 2001 ин гуруҳ арзӣ вуҷуд дошт. Аз соли 2004 то ин ҷониб ҳамчун сарояндаи яккахон кору фаъолияти худро нишон дода истодаам. 
    
 Заррина:   Маълумоте, ки  сомонаи мо дорад Шумо дар ин рузҳои зимистони туҳфаи соли нави албоми аввали худро бо унвони "Бозгашт" пешкаши мухлисон гардондед. Чаро маҳз " Бозгашт " ном гузорӣ кардед? 


      Ҷамшед: Баъди барҳам додани гуруҳи "Адиб" ман фикр мекардам, ки ба саҳна дигар барнамегардам. Роҳи таҳсилро пеш гирифта ба сафарҳои хориҷа мерафтам. Рости, вақт надоштам дар ҷодаи санъат ба сурудхонӣ машғул шавам. Як муддат сурудхониро бас карда будам. Меҳру муҳаббати мухлисон дустдории суруду мусиқӣ маро боз дубора ба саҳна баргаштан водор кард. Ман аслан дигар касбро интихоб кардани будам, яъне сафир шуда ба дигар давлатҳои хориҷа сафар кардан мехостам, аммо меҳанпарастӣ ва ишқу муҳаббати оила  маро роҳ надод, ки аз Ватан дур бошаму сарояндагиро ба итмом расонам.

Заррина:Ҷамшед Исмоиловро мухлисон бо сарояндагӣ  шинохта карда бошанд, бархе аз мардуми ом шарқшинос мешиносанд, яъне донандаи забони хориҷа. Гувоҳи онем, ки бо дигар забонҳо низ сурудҳои эҷодӣ доред. Сурудҳои бо забони хориҷа сароидагиатонро дар албоматон ҷой додед? 


Ҷамшед: Албатта. Бояд қайд намуд, ки  сурудҳоям бо забонҳои англисӣ ва итолиёи буда дар туйю маракаҳо иштирок намоям хоҳиш менамоянд, ки ҳамин сурудҳоямро зам-зама кунам. 

Заррина: Ба ғайр аз дар ҷодаи саньат кору фаолият кардан боз ба чӣ кор банд ҳастед? Шуғли дустдоштаи Шумо?


Ҷамшед: Ба варзиш бисёртар машғул шуда футболро дуст медорам. Дар театри Камоли Хуҷандӣ кор мекунам, бештари вақтам дар ҳамин ҷо мегузарад. Ин ҷо студия дорам  пайваста шабу руз аз паси  корҳои эҷодӣ оҳанг менависам, суруд сабт мекунам.   Ҳамаи ин корҳо барои ман шавқовар.

Заррина: Ба фикри Шумо ба сароянда ,  ҷузъ садои хуб боз чӣ барои пешрафт кумак мерасонад?

Ҷамшед: Сароянда албатта овози хуш дошта бошад ба фикри ман, дар навбати дигар шеърҳои интихоб мекардааш мазмуни баланд дошта бошад. Барои санъаткор чизи муҳим ба ақидаи ман ин симо, 75% и муваффақияти санъаткор ба тарзи либоспӯши вобастагӣ дорад. Ман ҳамин хел мебинам. Вақте санъаткор ба саҳна мебарояд бояд ки сару либосаш, рафтораш, оҳангаш ҳам ба ҳамдигар мутобиқ бошад.

Заррина: Чун нафаре шинохта мешавад атрофи номаш ҳар гуна овозаҳо зиёд мешавад.  Нигоҳи Шумо ба ин ақида. Агар Шуморо тақлид ё ин ки танқид кардан, чӣ кор мекунед?

Ҷамшед: Инсоне ки роҳи санъатро интихоб мекунаду вақте ки маъруф мешавад ба фикри ман бояд ба ҳама чи тайёр ва ба ҳама ҳолат омода бошад. Ба ҳама як хел мақул шуданам мумкин несту ба ҳама мақул нашуданам мумкин нест. Ҳар як санъаткор ҳар як эҷодкор мухлиси худашро меёбад. Аз мушоҳидаҳои худам, ки баьзе санъаткоронро мебинам,  шахсан ман умуман овозу оҳангашонро гуш карда наметавонистам, фикрам намекардам, ки ҳамин шахсон сурудхон, маъруф мешавад аммо ҳаминҳо низ шунавандаю мухлиси худро доранд. Ба ҳамин хулоса омадам, ки ҳар як жанр мухлиси худро дорад. Тақлиду танқид дар бораи саньаткор бояд хурсанд шуд, ки  ба як мартаба мақом расида аст, ки онро чашми дидан накарда дар бораи ӯ ҳар гуна овозаҳои пасту баланд мезананд. 

Заррина: Дар ҷодаи санъат ба кӣ пайравӣ мекунед?

Ҷамшед:  Ман аз хурди ба бисёр сарояндаҳо пайрави мекардам ба монанди Далер Назаров, Андӣ, Брайн Адн, Фарҳоди Куҳкан ва дигарон, ки аз мактаби онҳо омухта сурудҳои онҳоро зам-зама мекардам. Аз онҳо бисёр чизҳо, пастую баланди ҷодаи санъатро омӯхтам.
 
Заррина:Ташаккури зиёд барои суҳбати самими.
Ҷамшед: Саломат ва сарбаланд бошед! Барори кор  ба Шумо ва кормандони ohang.tj

Сӯҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня