Image Alt Text

       Чинигул: Мо мехостем озодона дар бораи ҳаёти шумо, ҳаёти як бонуи зебо, сарояндае, ки қадамҳояшро нав ба ҷодаи санъат монда истодааст, каме сӯхбат ороста бошем. Худро муаррифӣ мекардед.

Дилором: Ман Дилором Мухторова  Мирзоқаҳҳоровна, 26 сентябри соли 1988 дар шаҳри Истаравшан таввалуд шудаам. Аз соли 2000-ум бо ҳамроҳии оилаамон ба Хуҷанд кӯч баста омадем. Дар мактаби №21 шаҳри Хуҷанд маълумоти миёнаи асосиро гирифта ба дӯзандагӣ машғул шудам. Ҳоло дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи ш.Хуҷанд дар курси 2-юм таҳсил мекунам. Зиндагонӣ ва фаъолиятамро дар Хуҷанд давом дода истодаам.

Чинигул: Ба ғайр аз сарояндагӣ, ба дӯзандагӣ низ машғул ҳастед, аз кай то инҷониб ба дӯзандагӣ машғул шудед?

Дилором: Аз синни 15 солагӣ, баъди хатми синфи 9 дар сехи дӯзандагии «Наврӯз» кор мекардам. Дар аввал хамчу шогирд истода ёд гирифтам ва баъдан дар он ҷо кор мекардам.

Чинигул: Шумо оиладоред?

Дилором: Ҳа оиладдор ҳастам, соҳиби 2 фарзанд. Писарчаи калониам Сурушҷон 8 сола дар синфи 2-юм, духтарчаам Нигинахон 7 сола дар синфи 1-ум таҳсил мекунад.

Чинигул: Аз кай ба сарояндагӣ шурӯъ кардед?

Дилором: Аз соли 2016. Ҳоло дар курси 2-и Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд шӯъбаи мусиқии анъанавӣ (шашмаком) таҳсил карда истодаам. Ҳамзамон дар ансамбли вилоятии «Фалак» фаъолият дорам.

Чинигул: Чӣ боис гардид, ки Шумо ин ҳунари сарояндагиро интихоб кардед?

Дилором: Аз хурдсолӣ шавқам бисёр буд. Дар чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекардам. Бисёр мехостам таҳсилро дар ин ҷода давом диҳам, лекин падару модарам дар аввал зиддият пайдо карданд. Баъди дар соли 2008-ум  ба шавҳар баромадан якчанд сол зиндагӣ кардем. Шавҳарам баъди калон шудани фарзандонамон бо розигии худашон ба сарояндагӣ ичозат доданд. Бо дастгирии шавҳарам ба ин ҷодаи санъат қадам гузоштам. Фарзандонам дар мактаб мехонанд. Дар ҷодаи интихобкардаам ҳоло падару модар, шавхарам дастгирӣ мекунанд. Айни замон хеҷ кас зиддият пайдо накардааст дар ин ҷода.

Чинигул: Касби шуморо фарзандонатон давом доданашро мехоҳед?

Дилором: Албатта. Духтарчаам Нигинахон ба рақс кардан шавқи бисёр дорад. Вақте суруд мехонам аз ҷояш хеста ба рақс медарояд. Писарчаам Сурушҷон доиранавозӣ мекунад. Барои омӯхтани забони англисӣ ба дарсҳои иловагӣ меравад. Додарам, ки ба Амрико рафта омадааст ба Сурушҷон англисиро ёд медиҳад. Боз дар таътили замистона фарзандонамро барои омӯхтани дигар намуди фан ё ҳунар мефиристам. 

Чинигул: Усдоди аввали шумо киҳо ҳастанд?

Дилором: Устоди аввалини ман Бону Шокирова аммаи худам. Вақте дар давраи мактабхонӣ дар чорабиниҳо иштирок мекардам он кас нозукиҳои ин касбро ёд медоданд. Барои ба коллеҷ даромадан ин кас маро омода кардаанд, то дониши кофӣ аз худ карда бошам. Дар коллеҷ устодонам Зулфӣ Маҳмудова, Шерматов, ҳамкоронам Донишманд ва Давлатманд Қутбиддинов мебошанд.

Чинигул: То имрӯз чандто суруд хондаед?

Дилором: Дар оғоз суруди дигар ҳофизонро месароидам. Ҳозир бошад танҳо сурудҳои худамро мехонам. Сурудҳое, ки худи ман хондаам 5 то мебошад. Аз инҳо 1-тояшро хамчу клип тайёр кардем. Дуюм клипи мо то санаи 2-юми январ пешкаши ҳаводорон мегардад.

Чинигул: Чихеле ки хамагон медонем, Соли нав низ фаро расида истодааст, ба иди Соли нави милодии 2018 омодагиҳо чӣ хел?

Дилором: Омодагиҳо хуб. Барои оро додани хони Солинавиӣ ягон намуди хуриш, шириниҳову хӯрок мепазам.

Чинигул: Соли 2017 барои Шумо чи бурдбориҳоро овард?

Дилором: Аз ҷиҳати таҳсил карданам бурдбориҳо дар 2017 бисёр аст. Аз тарафи санъат бурдбориҳои ман ин буд, ки дар бисёр маъракаҳои миқёси шаҳру ноҳияи кишварамон иштирок намудам. Дар якчанд барномаҳои консертӣ иштирок кардам. Бо ҳамроҳии Субҳиддини Раҷабзод суруди «Ватан»-ро дар чорабинии калон, ки бахшида ба «Соли ҷавонон» шуда гузашт, дар назди мардум хондем. Боз дар бисёр чорабиниҳои давлатӣ иштирок намудам. Бо дастгирии як нафар хоҳарам, ки он касро дертар муаррифӣ хоҳам кард, ба ин ҷода қадам гузошта истодам. Худи ин кас дар ДДХ кор мекунанд.

Агар садсол гардам ҳам, фаромӯшаш нахоҳам кард,

Хамон шахси азизе, ки дурахшон пеши роҳам кард.

Чинигул: Имсол соли 2018 соли саг аст. Бархе мегӯянд, ки соли саг вафодорист, дигарон дар он назаранд, ки соли ҷангу ҷанҷолист ранги саг. Ба кадоме аз ин ақида боварӣ доред?

Дилором: Албатта вафодорӣ. Саг ҳайвони меҳрубон аст. Ман худам назар ба дигар ҳайвонҳои хонагӣ ба монанди гурба сагро бисёртар дӯст медорам. Ҳозир дар хона сагча надорем. Гирифтан мехоҳам. Фарзандонам мегӯянд, сагча гирем. Мегирем ҳоло. 

Чинигул: Дар соли 2018 бештар чиро интизоред?

Дилором: Дар соли 2018 мехоҳам дар ҳама чиҳат корҳоям пеш раванд. Сурудҳои нав ба нав омода кунам. Бештар кор карда, пешравӣ мехоҳам. Ният дорам, ки сурудҳоямро ҷамъ карда консерти калон баргузор кунем. Агар, ки консерт мондем ҳаммаро хабардор месозем.

Чинигул: Суруд дар бораи иди соли нав ё ин ки фасли зимистон доред?

Дилором: Ҳоло надорам. Ман акнун нав сар карда истодаам.

Чинигул: Сурудҳоятонро ки эҷод мекунад?

Дилором: Аз шеърҳои шоирони тоҷик истифода мекунам, бо ҳамроҳии оҳангсозон кор мекунам. Суруди «Тақдир» ин шеъри Озарахш, оҳанги Давлатмнд Қутбиддинов коркарди мусиқи Вафо Алламуродов мебошад. 

Чинигул: Имрӯз аксарият сарояндаҳо аз бевафоии ёр меноланд ва дар мавзӯи бевафоиӣ суруд замзама мекунанд. Шумо боре дар ин мавзӯъ суруд хондаед?

Дилором: Не хондаги нестам. Тавсия медиханд, ки дар бораи бевафоӣ, хиёнаткорӣ суруд хонам. Намехоҳам, ки касе хиёнаткор бошаду бевафоӣ кунад. Мехоҳам хама ошиқи якдигар бошанд, ошиқи зиндагӣ, падару модар, фарзанд. Ҳозир суруди «Тақдир» бисёртар муаррифӣ шудааст. Дар телевизионҳои махаллӣ суруд рафта истодааст.

Чинигул: Чор мисраашро кироат мекардед:

Дилором: Ман аз тақдири худ ҳаргиз наменолам,

Агар чи як замоне хору зорам кард

Ба пеши бадсириште дилфигорам кард.

Чинигул: Офарин! Овозатон хаста набошад. Овози марғуладор доред. Лаҳзаи хотирмони шумо дар соли 2017

Дилором: Ин вақти рафти омода сохтани клипи суруди «Тақдир» буд. Ҳаво хамон рӯз хеле сард буд, барои наворбадорӣ рафтем. Хеле азоб кашидем, лекин баъди тайёр шуданаш ҳосили заҳматамонро дида аз хотир рафт азобҳои кашида. Аммо ҳамчун ёдоварӣ он рӯзҳо дар хотир мемонанд. Барои омода кардани ин клипи «Тақдир», ки сенарияаш камтар вазнин буд 3 рӯз сарф шуд. Гуфтанд, ки мисли кино шавад. Тақдири вазнини занхое, ки дар зиндагӣ азоб мекашанд рӯи навор овардем.

Чинигул: Дар соли 2018 ба мардуми кишвар чиро таманно мекунед?

Дилором: Пеш аз хама Шумоёнро табрик мекунам. Хеҷ вақт садои шумо низ хаста нагардад. Корҳоятонба мувафаққияту бурдборӣ таманно дорам. Ба мардуми тоҷик низ ҳамин хел таманниёт дорам. Бо соли нав табрик мекунам.  Худо хоҳад боз дар соли оянда сурудҳои нав ба нав пешниҳод мекунем. Мехоҳам ҳамеша зиндаву саломат бошанд ва ба орзуву нияти неки худ бирасанд.

Чинигул: Мегуфтед, ки мардуми мо дар соли 2018 аз Шумо чӣ интизор шаванд?

Дилором: (механдад) Аз ман суруд ва клипҳои нав ба нав интизор шаванд. Ҳозир нақша кашида истодаем барои омода намудани сурудҳои нав. Боз дар соли 2018 нақшаҳои мо муайян мешавад.

Чинигул: Ташаккури зиёд барои вақтатонро дареғ надошта сӯхбат кардед. Соли нави 2018 мубораку шод бошад ва бигзор барои шумо дари хушбахтиҳову комёбиҳои нав ба навро боз карда бошад.

Дилором: Мо соли навро бо ҳамроҳии оилаамон дар хона мегузаронем. Шумоён низ биёед ҳамроҳ кайд мекунем. Барои дастгирии сомонаи ohang.tj ташаккури зиёд мегуям. Ба корхҳоятон мувафаққият мехоҳам. Худованд бигзор ба орзуҳоятон бирасонад.


Сӯхбаторо: Чинигул Олимова

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня