Image Alt Text

Парвина: Салом алейкум, бародари хушсадоям, Домуллочон Юсупов! Қадамхои мубораки моҳи Шарифи Рамазон бароятон хуҷаста бошад!

Домуллоҷон Юсупов: Ваалейкум салом, хохарчони азизам. Ба Шумо низ ин рӯзхои хуш муборак бошад.Ташаккур барои таманниёт!

Парвина: Мо  мухлисонатон аз сурудхои Шумо бисёр баҳра мегирем ва бароятон боз дар оянда ба қуллахои баланди эчодӣ расиданро таманно меварзем.

Домуллоҷон Юсупов: Сипосгузорам! Ҳамаи кӯшишҳои ман барои шумоён, азизонам!

Парвина: Мо мехостем сараввал оид ба ҳаёт ва фаъолиятатон маълумот гирифта бошем.

Домуллоҷон Юсупов: Хуб. Ман 8-уми марти соли 1988 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи БОБОҶОН ҒАФУРОВ дар оилаи коргар ба дунё омадаам.Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳи азизам гирифтаам.Баъд аз хатми мактаб ба Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ихтисоси экологӣ дохил шудаам.

Парвина:  Агар махфӣ набошад  бароямон мегуфтед, ки айни ҳол дар куҷо фаъолият доред? Ба ғайр аз сарояндагӣ боз ба чӣ кор шуғл меварзед?

Домуллоҷон Юсупов: Хушбахтона, айни ҳол дар СТАНСИЯИ ОБУҲАВОСАНҶИИ ТОҶИКИСТОН  кор карда истодаам.

Парвина:  Оҳооо, беҳтарин!!! Чӣ сабаб шуд, ки Шумо сарояндагиро пеша кардед.

Домуллоҷон Юсупов: Ман аз хурдӣ аз овози бародарам илҳом мегирифтам ва худам нафаҳмида мондам, ки чӣ қадар нисбат ба санъат дар дилам меҳру муҳаббат ҷӯш зад. Акнун ҳаётамро бидуни он тасаввур карда наметавонам.

Парвина: Агар мумкин бошад, мегуфтед, ки кай аввалин сурудатонро сабт карда будед? Оё касе дастгирӣ карда буд?

Домуллоҷон Юсупов: Ман аввалин сурудамро соли 2007 сабт карда будам. Шеър ва оҳанг ба бародари хушсадоям ҒОЛИБЧОН ЮСУПОВ тааллуқ дошт, ки бевосита худи ӯ барои сабти суруд бароям кӯмак кард.

Парвина: Барои ман ин суруд хеле писанд аст, вақте гӯшаш мекунам ба олами дигаре ворид мешавам. Хуб, Шумо дар тӯли фаъолияти эҷодиатон чанд маротиба консерт баргузор кардаед?

Домуллоҷон Юсупов: Умуман 7 консерт ташкил карда будам, вале кӯшиш карда истодаам, ки ин сол ҳам то моҳҳои сентябр ё октябр як консерти хубе барои хушҳолии мухлисонам баргузор кунам...

Парвина: Мо интизор мешавем, дар назар гиред. Хеле хуб. Вақте Шуморо дар базмҳои хонадоршавӣ даъват мекунанду аз сурудҳоятон  хурду калон баҳра мебаранд, чӣ гуна ҳиссиёт Шуморо фаро мегирад?

Домуллоҷон Юсупов: Албатта, ман бисёр хурсанд мешавам ва боз илҳомам меояд, ки суруди наве эҷод кунам...

Парвина:  Дар оянда худро чӣ гуна дар рӯи саҳна дидан мехоҳед?

Домуллоҷон Юсупов: Мехоҳам то вопасин нафасҳоям ба халқи азизам хизмат кунам ва дили мисли ойина софу беғаши онҳоро шод гардонам.

Парвина: Агар иҷозат бошад аз оилаатон камтар нақл мекунед?

Домуллоҷон Юсупов:  Бо ҷону дил! Шукри Худо оиладор ва соҳиби як фарзанди дӯстрӯяк ҳастам.

Парвина: Мехоҳед, ки фарзандатон  мисли Шумо сароянда шавад, рисолати падарашро давом диҳад?

Домуллоҷон Юсупов: Албатта, мехоҳам, аммо ҳар касбе, ки ӯ интихоб карданӣ мешавад, ман ҳатман ба ҷону дил розӣ мешавам, чун ҳар кас орзуву хоҳиши худро дорад.

Парвина: Мо аз имруза мусоҳиба хеле шод гаштем, бароятон дар оянда муваффақиятҳоро дар ҷодаи санъат хоҳонем. Агар барои мухлисонатон ягон таманниёте дошта бошед, мархамат.

Домуллоҷон Юсупов: Ташаккур, хоҳарҷон. Ман барои мухлисонам ҳамеша қалби чун баҳор зебову шукуфонро мехоҳам, орзуҳои некашон Илоҳо ҷомаи амал пушанд. Ҳамаи кӯшишхои ман барои болидахотир кардани табъи онҳост. Саломат бошед!

Парвина: Хайр, то сӯҳбатхои оянда! Худо нигаҳбон!

Домуллоҷон Юсупов: Сипосгузорам, обод бошед!!

Муҳаррир: Каримова Ш. // Суҳбаторо: Парвинахон Хоҷибоева

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня