Image Alt Text

Фарангиси Дунё 21 - майи соли 1990 дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Фарангис Дунё зодаи  шаҳри Хуҷанди бостонӣ аст. Вақте ки ҳамроҳи ин сароянда ҳамсуҳбат мегардӣ  дарк мекунӣ, ки сароянда  гаштан орзуи деринаи  ӯст. Вале Фарангис хатмкунаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи мененҷмент буда, бо суруди аввалини хеш "Лабонат қанд" пайи 3 сол аст, ки фаъолияташ дар ҷодаи саньат аст. Албоми нахустини худро бо ном " Чунинам ман " пешкаши мухлисони хеш намуд. 

Заррина:Салом Фарангис. Шуморо сомонаи мусиқавии ohang.tj  дар арафаи иди ошиқон шодбош гуфта бошем ва хостем мусоҳибӣ ҳамдигар шуда  бошем.

Фарангис: Салом ба кормандон ва мухлисони ин сомонаи мусиқавии ohang.tj. Ташаккури зиёд барои шодбош аммо мутаассифона бошад ва ё... ман  ошиқ нестам.( механдад )

Заррина: Аксарияти сарояндаҳо дар зиндагӣ ошиқанд. Ошиқи маҳбуб ва ё дилбохтаи худ, ки манбаи илҳоми онҳост. Аммо Шумо таъкид кардед, ки боре ошиқ нашудаеду суруду мусиқиҳое ки Шумо месароед  аз ошиқ будани Шумо гувоҳӣ медиҳад. Ин гуфтаи Шуморо  чӣ хел дарк кунем? 

Фарангис: Албатта ман аз як тараф розӣ ҳастам. Агар одам ошиқ бошад шояд, ки ҳамон ҳиссиётро бисёртар ҳис кунад ҳам дар вақти суруд сароидан ва ҳам дар вақти клип ба набор гирифтан. Аз ҷониби дигар санъаткор  ин актёр ва ё актриса ҳам ҳаст. Вақте ки ба саҳна мебарои ҳамон рол ё матни сурудро вобаста ба мавзӯъ ҳамон чиро ки суруд талаб мекунад вориди он шавию ҳамон эҳсосотро дода тавонӣ. Агар ҳамон эҳсосотро дода натавонӣ суруд аз таҳти дил намебарояд ба дили мардум ҳам намешинад. Ошиқ бошад боз хубтар мебарояд ба фикрам. Ман ки ҳоло ошиқ нестам кушиш мекунам, ки ба мазмуни суруд дароям агар суруд дардро талаб кунад барои шунаванда ҳамон дардро дода тавонам.  95 фоизи вақтамро ба суруди мусиқӣ сарф мекунам. Вақтам намерасад, ки фикри ҳаёти шахсиро кунам.


Заррина: Фарангис чӣ сабаб шуд, ки аз дигар соҳа, соҳаи  сарояндагиро пешаи худ кардед?

Фарангис: Дар баробари таҳсил аз сабаби шавқу завқи зиёд доштанам нисбати санъат дар телевизён ба ҳайси баранда кор мекардам, барандаи бисёр консертҳои калон будам ҳамеша дар дил нияти сароянда шуданро доштам. Дар оилаи мо, ки сароянда набуд оилаам тайёр набуданд, рости розӣ нашуданд, ки ман сароянда шавам. Бо мурури вақту замон оилаам, модарам маро фаҳмиданд.  Дар орзуву ниятам устувор мондам ва билохир бо розигии хонаводаамон, бо розигии модарам ба сарояндагӣ шурӯъ кардам.
  

Заррина: Албатта сароянда, ҳунарманд шудан кори саҳл нест. Агар ба Шумо ба ивазӣ санъататон ягон мансаби баландро пешниҳод кунанд қабул мекардед?

Фарангис: Не ҳаргиз ҳунарамро ба чизе иваз намекунам. 

Заррина: Агар оиладор шаведу оилаатон ба ҳунари Шумо зид бароянд чӣ?
 
Фарангис: Мехоҳам дар ҳаётам шахсе пайдо шавад, ки аввал санъати маро дастгирӣ кунад. Ман чӣ хеле ҳастам ҳамин хел қабул кунад бо санъатам. Агар дар ҷодаи санъат мебуд бисёр хуб мешуд. Чун ки онҳо якдигарро хубтар мефаҳманд, кумак, ҳам  дастгирӣ мекунанд ин хеле хуб аст. 

Заррина: Сурудҳои эҷодиро  Шумо ки ошиқ нестед, бештар ба кӣ мебахшед?

Фарангис: Бештари сурудҳоямро ба дустони наздикам ба модарҷонам баъзеи сурудҳоямро  бошад ба худам ҳам бахшидаам.

Заррина: Бахшида ба рузи ошиқон ба ҷавононе ки ошиқанд чӣ гуфтаниҳо доред?

Фарангис: Бигзор  ҳама вақт  дар дили ҳар як шахс ҳам пиру ҳам ҷавон новобаста аз сину сол ҳамеша ишқ бошад. Ҳамин ишқ зиндагии моро рангин месозад, сарчашмаи ҳаёт аст. Барои ҳамин  ба ҳама ишқу муҳаббат таманно дорам, инчунин ба худам ҳам.

Заррина: Ба фикри хеш бо кадом суруд ба дили мардум ҷо ёфтед, яъне шинохта шудед?

Фарангис: Бо таронаи "Гули роз" ба фикрам бо дили мухлисон ҷо ёфтам. Ин суруд маро муаррифи кард. Ҳамагон хеле хуб қабул карданд на танҳо дар Тоҷикистон, берун аз кишвар низ  ин сурудамро дар тамоми давлатҳо гуш мекунанд, менависанд. Фикр мекунам ана ҳамин суруд маро маъруфият овард. Бисёр дусташ медорам.

Заррина: Барои омода кардани як суруд ва ё клип албатта ки маблағи гарон лозим аст. Кӣ ба Шумо кумак мерасонад? Нав ба ҷодаи санъат ворид гаштед, магар сарпараст доред?

Фарангис: Не сарпараст надорам. Худам ҳам кор мекунам маблағ ба даст меорам. Аз маблағе ки ба даст меорам барои худам неву барои сабти сурудҳоям истифода мекунам. Продюсери ман Беҳруз Зеваров дар шаҳри Душанбе ҳастанд. Бо Диловари Мизроб ҳам ҳамкорӣ дорам бо Фарзонаи Хуршед бо як чанд сарояндаҳои номдор низ кор кардам.

Заррина: Таманниёти Шумо дар ин рузи ошиқон ба сомонаи мусиқавии ohang.tj

Фарангис: Орзу мекунам, ки бигзор ин сомона ҳамеша ба пеш бошанд. Сурудҳои тару тозаи нав эҷодро ба мухлисони худ пешниҳод кунанд ва ҳамеша мо сарояндагонро дастгирӣ кунанд.

Заррина: Саломату пирӯз бошед ва ёвару Худованд мададгоратон бошад!

(с) Зарринаи Fайрат

Комментарии

daler_1997_97 пишет: | 20.03.2017 | 09:42 ( E-mail ) #1 Спам
фарангисбуча ман шуморо дуст медорам ман далер аз хучанд дар магазини авесто кор мекунам ман шуморо хеле дуст медорам
Like | 0
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня