ФИРДАВС МУҲИДДИНОВ – СОҲИБИ МЕРОСИ КАЛОН

ФИРДАВС МУҲИДДИНОВ – СОҲИБИ МЕРОСИ КАЛОН


Сарояндае, ки ҳарчанд дар бари ману Шумо нест, лекин ёди ширинаш ва оҳанги дилнишинаш ҳамеша бо мост. Ҳар гоҳ хоҳиши шунидани суруде дар вуҷудамон бедор гардад, албатта, сурудҳои ҳофизи хушсалиқа - Муҳаммадҷон Муҳиддиновро замзама мекунем. Зеро ҳар мисраъи суруди ӯ китоби маънӣ аст.

Сурудҳои мавсуфро мухлисонаш дар кадом ҳоле бошанд, чи шодиву чи ғам, майли гӯш кардан доранд.


 

Шаби моҳтоб буд,

                              ҳама дар хоб буд,

Ману ту бедор,

                         дар лаби об буд.

Ту маро гўш кун,

                           азизам,

                                       ту маро ёд кун,

Соате бо ту будам,

                               ҳамаро фаромўш кун...

 

Новобаста аз он ки моро кадом ҳолат ва эҳсосе фарогир аст, бешак, гӯш ба садои шодравон Муҳаммадҷон Муҳиддинов мениҳем. Зеро садои форам ва сурудҳои саропо дард дорад ӯ. Имрӯз ҳам ин боргоҳи маъниро мо дар садою суруди фарзанди номбардори ӯ - Фирдавс Муҳиддинов пайдо мекунем.

Баъзе бар он назаранд, ки насли ҷавон танҳо ба оҳанг аҳамият медиҳанд ва ба маънии суруд бепарвоянд, вале ин ақидаро мо тарафдорӣ нахоҳем кард. Зеро борҳо аз ҳамкурсону ҳамкорон ва ҷавонони дигар шунидаам, ки мегуфтанд: “Кирои гӯш кардан суруди пурмазмунро гӯш кун!” ва аксари ононе, ки ташнаи маънӣ ҳастанд, мухлисони сурудҳои Фирдавс Муҳиддинов ҳастанд.

Аз ин рӯ бо назардошти хоҳиши мухлисон дар арафаи консерти навбатии ҳофизи хушовоз - Фирдавс Муҳиддинов бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем.

 

–Пеш аз ҳама, шуморо Хуш омадед мегуем. Раҳмат ба Шумо, ки вақти худро дареғ надошта барои посух гуфтан ба саволҳои сершумори мухлисонатон ҳозир шудед. Консерти шумо кай ва таҳти кадом унвон баргузор мегардад?

–Ба шумо низ сипос, ки барои ману мухлисонам шароити хуби суҳбат фароҳам овардед. Консерти навбатии мо таҳти унвони “Ёди падар” санаи  29 апрел баргузор мешавад.

 

–Шояд маҳз “Ёди падар” унвон кардани консерт асроре дорад?

 –(механдад) Асрор не, аниқтараш мақсад дорад. Ман, ки  давомдиҳандаи касби падар ҳастам, кӯшиш мекунам ҳадди ақал дар давоми ду-се сол як бор консерт барпо кунам. Илова бар ин барои пазмон накардани мухлисони падарам, ба сурудҳои падарам ранги тоза бахшида, дубора онҳоро ва номи падарамро зинда доштан мехоҳам.

  • Яке аз мухлисони шумо - Меҳрон Ҳаётов, аз ноҳияи Зафарабод мепурсад, ки  Фирдавс Муҳиддинов  чаро маҳз овозхониро пеша кард?

 – Чунки ин касб ба ман меросӣ асту аз хурдӣ дар олами суруду мусиқиву оҳанг калон шудаам. Вақти хурд буданам падарам мегуфтанд: “Касби падар барои фарзанд мерос аст”. Лекин маънии ин гуфтаи шоҳсутуни хонадонамонро хуб дарк намекардам.  Имрўз, ки ба маъракаи мардум рафта хизмат мекунам ва мухлисонам “ба падарат раҳмат” - гўён дуо мекунанд, суханони падарамро ба ёд меорам.

 

–Шояд ба худ ва муваффақияти худ баҳо додан барои аҳли санъат каме душвор бошад. Ба ҳар ҳол як  нпфар мухлими ашадии шумо  - Маҳинаи Тоҷиддин мехоҳад бифаҳмад, ки асоси муваффақиятатон  дар чист?

Падарам чунин насиҳат мекарданд: “Ман кошта истодаам, замоне меояд, ки медаравед”. Аз падарам ба ман мероси хеле калон монда будааст. Яке аз сабабҳои асосии муваффақияти ман ин сурудҳои падарам аст. Ман дубора ин сурудҳоро зинда ва худро низ муаррифӣ кардам. Имрўз бисёре аз мухлисони падарам хоҳиш мекунанд, ки фақат сурудҳои падарамро сароям. Лекин инро баъзеҳо танбалӣ гуфта ҳам фикр мекунанд. Барои ҳамин ҳаракат мекунам дар консертҳо, дар сохтани албомҳо, дар баромадҳо, дар тўйҳо бо баробари хондани сурудҳои падарам, сурудҳои худро низ хонам. Мақсади ман мероси падарамро нигоҳ доштан ва аз худ низ мерос гузоштан аст.

 

–Мухлиси Шумо Аскар Шоев, аз шаҳри Қурғонтеппа мегӯяд, ки аз фонограмма истифода бурда, имрўз ҳар кас ҳам сароянда шуда метавонад. Назари Шумо дар ин бобат чист?

Падарам мегуфтанд: “Ба қуллаи мансаб баромадан мушкил, лекин дар қуллаи ҳамон мансаб истодан - аз он ҳам мушкилтар. ”Агар хоҳед, ки ба чизе соҳиб шавед, бигзор бо меҳнати худ бирасед. Чунки чизи осон омада, осон аз даст  меравад.  

 

Миралӣ Бобоев аз камчин будани сарояндаҳои зиндасаро нигаронӣ карда мепурсад: Оё дар консерти дар пешистода Фирдавс Муҳиддинов зинда месарояд ё?

–Нафақат гўш кардани сурудҳои зинда ба шунаванда маъқул, балки ба худи сароянда низ кайфияти дигар мебахшад. Ба фикри ман, имрўз сарояндаҳои бисёри мо шояд аз сабаби нарасидани маблағ бп таври зинда намесароянд. Чунки барои сароидани як суруди зинда, як чанд созанда - мусиқинавоз даркор, аммо фонограммаро бо як компютер омода кардан мумкин.  

Масалан, ман соли 2015 консерт гузоштам ва бо садои зинда буд. Дар оянда низ ният дорам, ки дар консертам ба таври зинда бихонам.

 

–Нилуфар Эшонбобоева, як аз  мухлиси Шумо аз ноҳияи Деваштич аз мо хоҳиш кард саволашро пешкаш кунем. Ин бону мехоҳад бидонад, ки  дар консерти Фирдавс Муҳиддинов киҳо меҳмон мешаванд?

 

–Аввалан, меҳмони консерти ман ҳамаи мухлисони падарам ва мухлисони худам ҳастанд. Аз сарояндаҳо бошад, дўстам - Дамирбек Олимов ва Марям бо сурудҳои худ иштирок мекунанд.

 

–Актрисаи машҳури Голливуд Моника Белучи мегўяд: “Агар актриса намешудам, ба ҳамсинфам шавҳар карда, 6 фарзанддор мешудам ва худро меовехтам”. Агар Шумо ҳам имрӯз Фирдавс Муҳиддинови овозхон намешудед, пас, кӣ мешудед?

       –Ман худамро дорои касбу кори дигар тасаввур карда наметавонам. Чунки ин касб дар хуни ман аст. Падарам мегуфтанд: “Ҳунар ёд гиред!”. Ман аз хурдӣ ҳунари сартароширо омўхта, мўйи падарамро ва ҳозир мўйи худро ҳам худам паст мекунам. Ғайр иҷрои корҳои техникӣ шҳам аз дастам меояд.  Вале масалан, аз ман тоҷир намебарояд. Чунки чизи ба 10 сомонӣ харидаамро ба 5 сомонӣ ҳам фурўхта наметавонам. Лекин шукри Худо, дар ҷодаи санъат мухлисони худро пай         до карда истодаам.

 

Дар ҷодаи санъат бо киҳо ҳамкорӣ доред? Дар ҷодаи ишқ-чӣ?

–Дар ҷодаи санъат қариб бо ҳамаи сарояндаҳои вилояти Суғд ҳамкорӣ дорам. Бо бархе ҳунарварони шаҳри Душанбе ва берун аз кишварамон низ ҳамкориро сар кардам. Дар ҷодаи ишқ - оиладорам. Соҳиби ду духтар ва як писар ҳастам. Ба аҳли оилаи худ меҳри беандоза дорам!

 

–Шумо танқидро чӣ гуна қабул мекунед? Танқид барои кору фаъолиятатон кўмак мекунад ё халал мерасонад?

– Танқид нафақат ба фаъолияти ман, балки ба шахсияти ман низ таъсири худро мерасонад. Танқид агар дуруст бошад, мисли оина камбудиҳои моро нишон медиҳад. Вақти маро танқид кардан, агар дуруст бошад, ба худ гирифта, ислоҳ мешавам, агар нодуруст бошад, фаромўш мекунам. Дар бораи худам ягон хабаре ба гўшам расад, хурсанд мешавам, чунки ман ҳастам ва дар бораи ман гап мезананд.

 

–Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки бо вуҷуди пайравӣ ба падар Фирдавс Муҳиддинов дар санъат равиши худро надорад?

–Ин гапҳо барои ман нав нест. Як рўз сабти видеоии як суруди падарамро гирифтам ва ин сурудро дар иҷрои худам ва падарам бо диққат тамошо кардам. Фаҳмидам, ки дар ҷараёни сароидани суруд ҳаракатҳои падарам ва ҳаракатҳои ман як ранг аст. Ман инро аввал ҳис намекардам. Бигзор маро надонанд, лекин бо воситаи ман падарамро донанду номи падарам абадзинда бимонад, худи ин чиз ба ман кифоя аст.

 

–Барои интихоби матни сурудҳоятон бо кадом шоирон ҳамкорӣ доред?

Умуман, матни сурудро чӣ гуна интихоб мекунед?

–Пеш матни сурудҳоямро худам менавистам. Лекин то рафт талабот зиёд шуда истодааст. Имрўз бо устод - Толиби Озарахш ва Маҳками Бадриддин ҳамкорӣ мекунам. Аз ашъори Умари Хайём ва Лоиқ Шералӣ низ истифода мекунам.

Интихоби матн кори нозук аст. Баъзан мешавад, ки як оҳанги аҷоиб ҳаст, вале суруди мувофиқ ёфтан мушкил мешавад, баъзан баракс.

 

–Таманниёти Шумо ба мухлисонатон.

–Ҳамаи Шумоёнро ба консертам, ки рӯзи 29 апрел дар Кохи Рўдакӣ баргузор мегардад, даъват мекунам ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Сӯҳбаторо Холбибӣ БАҲОДИРЗОДА,    

Манбаъ: ZAMON.ORG

 

 

 

 


Гость

0 комментариев

0 комментариев

Добавить комментарий

avatar
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА