Image Alt Text

Сарояндаи ҷавон, нав ба соҳаи санъат ворид гашта, ҳамчун ситора ба дурахшидан оғоз кард, Марям Раупова. Вай соли 1993 дар шаҳри Хуҷандӣ бостони дар оилаи санъаткор чашм ба олами ҳасти кушода, таҳсили ибтидоиро дар Федератсияи Россия шаҳри Москва мегирад. Марям бори аввал дар саҳна бо суруди "Биби Райҳон"  бо ҳамроҳи Ғолибҷон Юсупов 3 апрели соли 2016 шинохта шуд. Гарчанде ҷавон бошад ҳам дар тулӣ 7 моҳе, ки ба саҳнаи санъат ворид гашт, консерти аввалинаш моҳи Декабри соли 2016 бо унвони "Салом"  барпо гардид.  


Заррина: Салом Марям аз сомонаи ohang.tj тафтишатон медиҳем.
Марям: Саломат бошед, бе ягон мамониат гуш мекунам.

Заррина: Дар консерти аввалинатон, ки санаи 11 декабри соли гузашта, яъне соли 2016 баргузор гардид чӣ таассуротҳо доред? Тайёри ба консерт дар кадом суръат буд? Чиро интизор будед ва чӣ хел гузашт? 

Марям: Рости гап консерт ба дараҷаи олӣ гузашт. Мухлисон бисёр буданд. Ман то ин дараҷа интизор набудам, толори консерт бо мухлисон пур шуда буд, ҳатто ошёнаи сеюм меҳмонон рост истоданд. Аз бисёрии одаму хурсандии худ ба ҳаяҷон омада, гап задан натавонистам дар рӯи саҳна, худамро гум кардам.

Заррина: Дар баробари мухлисон меҳмонон ҳам зиёд буданд? Кадом сарояндаҳоро ба консерти худ даъват карда будед?

Марям: Албатта, дар консертам меҳмонон сарояндагони вилояти Суғд ситораҳои Суғд  Ғолибҷон Юсупов, Толибҷон Исмоилов, Ҷамшед Исмоилов, Фирдавс Муҳиддинов, Фирдавс Темиров, Олимҷон Воҳидов, Маъмури Вализод иштирок доштанд, ки ҳамроҳи ҳамаи ин сарояндаҳо дует сароидагием. 

Заррина: Аз ин ҷасорату ғайрати Шумо, ки дар ин  муддати кутоҳ  яъне 7 моҳ консерти худро барпо гардонидед, ҳамагон ангушти ҳайрат газиданд. Ба ин ҷода расидан кӣ ба Шумо дасти кумак дароз карду, киро сабабгор мешуморед? 

Марям: Ба ин ҷода расидан хизмати ҳам устодам, ҳам клипсоз ва ҳамчун бародар продюсерам Фаррух Ёрматов беандоза мебошад.Бо дастгири  ин шахс ба худам бовар карда консертамро ташкил додам ва то ба ин қулла расидам  ва боз ороишгар Дима, Садо ва симои Салом директор Зафарҷон Ғоибов  ҳамроҳи ман якҷоя кор мекарданд. Асосан  хизмати беҳадду канори ҳамин се нафар аст. Сутуни ман пайваста ба ман ёри медиҳанд. Аз онҳо миннатдорам.

Заррина: Суруди "Бимирам", ки ба эҷодиёти Шумо тааллуқ дорад хеле суруди ҳаяҷонбахш ва музтарибкунанда аст. Ин сурудро ба кӣ бахшидед? Ба ягон шаҳзодаи хаёли бошад ва ё ошиқатон? 

Марям: (механдад) Ҳар яки мо бо меҳру муҳаббат зиндагӣ мекунем, дуст медорем. Ин  суруд ба ошиқон бахшида шудааст. Бо хоҳишу илтимоси  бархе аз мухлисон сароидам, албатта ин барои дустдорон аст.

Заррина: Мегуянд, ки фолбин, фолбинро чашми дидан надораду сароянда, сарояндаро. Фикри Шумо ба ин ақида. Бадбинии сарояндаро нисбати дигар сароянда Шумо дар чӣ мебинед?

Марям: Рости ман  ба ҳеҷ кас кор надорам аз паси корҳои худам онҳо низ ба кори худашон ба фикрам. Ҳар кас барои худаш ҳаёт ба сар мебарад. Ҳамаи сарояндаҳоро эҳтиром мекунам, ҳурмат мекунам, ки аллакай онҳо аз ман чанд зина боло ҳастанд.

Заррина: Чӣ хел сюрприз аз ҷониби Марямбону барои мухлисон дар соли нави мелодӣ омода шуд?
 
Марям: Дар соли нав албоми нахустинам  бо ном "Салом"  барои мухлисонам омода шуд. Ба ҷуз ин дар соли нав бо Баҳром Ғафурӣ ҳамкориро оғоз кардем, якҷо дует сароиданием. Боқимонда сюрприз аст, ки дар мавридаш мефаҳманд мухлисонам.

Заррина: Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

Марям: Санъати тоҷикро бо фарҳангаш, бо либоси миллӣ ба ҷаҳониён муаррифи намуда, сурудҳои қадимаи халқиро аз нав эҳё карда, сафи мухлисонамро зиёд кардан мехоҳам. Миллати тоҷикро бори дигар ба мардуми ҷаҳон муаррифи мекунам

Заррина: Дар ҳаққи сомонаи ohang.tj чӣ гуфта метавонед?

Марям: Ташаккури зиёд ба ман бовар мекунед. Миннатдорам, ки аз сомонаи ohang.tj бо ман ҳамсуҳбат ҳастанд, бисёр шодам. Ҳамкориро идома медиҳем. Сурудҳои нав ба навамро ба сомонаи Шумо дастрас мекунонам.

 Заррина: Муташаккир ҳастем. Таманниёти Шумо ба кулли мухлисон ва сомонаи ohang.tj

Марям: Пеш аз ҳама саломати, бурдбори таманно дорам. Ба Шумо бо қуллаи баланд баромаданатонро орзумандам.
 
Заррина: Саломат ва сарбаланд бошед!

Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Комментарии

KhakimJON пишет: | 08.01.2017 | 19:40 #1
тест комментария
Ответить Like | 0
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня