Image Alt Text

МАВЗУНА, имрӯз, ки бо тахаллуси ПАРИ шинохта гашт,  2 октябри соли 1996 дар  шаҳри Роғун дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар шаҳри Роғун дар  мактаби №1-и шаҳри Роғун гирифта, баъдан мактаб интернати махсуси санъати Ҷумҳуряви Миратулло Атоевро дар шаҳри Душанбе хатм намудааст. Баъди хатми мактаб ба Консерваторияи Ҷумҳуряви дохил шуда, айни замон дар курси 4 дониши худро сайқал дода истодааст. Нахуст баромадаш дар саҳна бо суруди Саидаи Сироҷиддин "Ана гулбоғи бобо" буд, ки бо як завқу эҳсоси хоса ёд аз ин айёми ҷавониаш мекунад. Дар байни сурудаҳои Пари жанри шашмақом низ ҷойгир буда, дар оянда мехоҳад, ҳам дар жанри эстрадӣ ва ҳам мақом баробар фаъолият барад. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда аллакай дар ҷодаи санъат маваффақ гаштааст. Хостам равзанаи ошнои бо бонуи хушовозу хушхиром, сарояндаи чавон, Пари  барои ҳаводорони сомона пайдо намоям!

Заррина: Салому дуруди OHANG.TJ-ро биразиред  бону Пари! Мамнун аз онам, ки дидори ҳам ҳастем.  

Мавзуна: Салом, Заррина ман низ хушҳолам, ки бо сомонаи Шумо ҳамкорӣ дорам. Сараввал миннатдории худро ба мутасаддӣ сомонаи OHANG.TJ мерасонам, ки пайваста маро дастгирӣ мекунанд. Ҷаҳони сипос!!! 

Заррина: Чун нахуст худ мавзӯъро кушодед дар яке аз озмуни сомонаи мо ширкат варзида байни ҳамкасбонатон ба ҷавонии худ нигоҳ накарда дастболо гардидед, ба ёдам расид. Чӣ бардоште гирифтед? Барои ҳаводоронатон каме дар ин мавзӯъ нақл мекардед?!

Мавзуна: Албатта ин дастболо гаштани ман хеҷ гох фаромӯш нахоҳад шуд! (бо лабханди самими) Рӯзе ба телефони ман смс омад, ки ПАРИ дар озмуни "ИНТИХОБИ ШУМО" ширкат  меварзад. Ба сарояндаи дилписанди хеш овоз дихед! Ва дар он ҷо рақамҳо вуҷуд дошт. Дар баробари ин тариқи  ҳамаи шабакаҳои интернети овоз дода мешуд. Рости гап ман умед ҳам надоштам, ки ғолиб меоям. Чунки дар он ҷо ба ғайр аз ман бархе аз сарояндагони эстрадӣ низ ширкат меварзиданд. Аммо мо кӯшиш кардем ва шукр, ки ба яке аз ҷойҳои сазовор ноил гаштам. Хеле хурсанд ҳастам. 

Заррина: Суруди "Солнышко моя"  таронаи дилписанди на танҳо ман балки садҳо ҳаводорони OHANG.TJ мебошад, ки дар ТОП 10  суруди беҳтарин дониста шуд, ҳамроҳи Далер Хонзода сарояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо сароидед, дар тавлиди ин суруд саҳми кадоме Шумо зиёд аст? Пешниҳоди ин суруд аз Шумо буд ва ё Далер Хонзода?

Мавзуна: Матни ин суруд аз эҷодиёти худи Далер Хонзода аст. Матнашро ба ман пешниҳод карданд. Ҳамроҳи продюсерам Азамат Ҳусейн дида баромадем. Мақбулам шуд. Баъд хостам ҳамроҳи худашон Далер Хонзода сароям. Албатта бо розии тарафайн якҷо сароидем.

Заррина: Сабти ин суруд дар куҷо суръат гирифт?

Мавзуна: Дар Душанбешаҳр шуда гузашт, ки  Далер Хонзода ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Заррина: Дар сабти суруд ва клип ягон лаҳзаи фаромушнашаванда шуда буд? Хотираҳо? Чӣ бардоште гирифтед?

Мавзуна: Дар вақти сабти  суруд ва ҳам клип лаҳзаҳои фаромушнашаванда хеле ва хеле зиёд аст, ки то ҳол ёд аз он рӯзҳо мекунам. Боз Далер Хонзода ба ман дар ин вақт бо бисёр нозукихои саньат огоҳ намуданд. Роҳнамо буданд.

Заррина: Ҳамкории Пари бо Далер Хонзода идома меёбад ва ё бо ҳамин ба анҷом расид?

Мавзуна: ИншоАллох насиб бошад, ҳамкориро идома медиҳем. Далер Хонзода санъаткори тавоно, инсони самими ва хоксор ҳастанд. Ба нафаре, ки санъати воло дорад ва халқпарвар аст, мехоҳам ҳамешагӣ хамкорӣ намоям. 

Заррина: Суол муқобили  суол тавлид меёбад, ки сурудҳои Пари рӯз аз рӯз меафзояду нақшаи консерт барпо карданро надорад? 

Мавзуна: Рости гап, нав ба нақша гирифтем, ки нахуст консерти худро тезтар ва фаромушнашаванда карда барпо намоям. Барои ин бояд шабу руз кор кард ва сурудҳои ҷадидтаринро омода сохт. Аз хурдсоли дар рӯи саҳнаи ҳунар ҳастам, аммо нав нақшаи барпо намудани консертро кашидам. Мегуяд, ки: "Дер ояду шер ояд". (механдад у) 

Заррина: Қариб, ки дар ҳамаи сурудҳоятон зам-замаи ишқу ошикӣ эҳё гаштааст! Шуморо ошиқ бояд гуфт? Шоҳзадаи худро чӣ хел дидан мехоҳед?

Мавзуна: Дуруст аст, ки санъат бе ишқу муҳаббат, дилдодаву дӯстдоштан намешавад. Ман ошиқи санъат ҳастам. Ин саволатон ба фикр фурӯъ бурдку Зарриначон. (механдад у) Маъзарат мехоҳам дар ин хусус ба ғайр ҳамин дигар чизе гуфта наметонам...

Заррина: Мегӯянд: "Ба як нафар чиҳил ҳунар кам аст." Ба ғайр аз сарояндагӣ боз чӣ гуна корҳоро анҷом дода метавонед? Шояд ягон касбе дошта бошед?!

Мавзуна: Бисёр корҳоро анҷом дода метавонам, вале намефорад, хушам нест, ки анҷом диҳам... 

Заррина:Аҷоиб, аз гуфторатон пай бурдам, ки идеал дар зиндагӣ ин худатон хастед ё хато мекунам?

Мавзуна: На, бале худам хастам. Ба касе монанд шудан намехоҳам. Мехоҳам дар ҷомеа ҷойи худро дошта бошам. Худам бо худам!!! Аз сарояндаҳои эстрадӣ Шабнами Сурайё, Зулайхо, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло маъқул ҳастанд. 

Заррина: Дар охир ногуфтаҳои нуҳуфтаи Шумо барои мухлисони ҳунаратон!

Мавзуна: Барои мухлисонам сарбаландӣ, хушбахтӣ, хонаободӣ хоҳонам. Худованд хеҷ гоҳ аз лабонашон хандаро дур нагардонад ва ҳамешагӣ бо Пари ва сурудхои Пари бимонанд!

Заррина: Ташаккури зиёд барои чунин сӯҳбати озоду самими. Обод бошед!!!

Мавзуна: Ба Шумо низ ташаккур. Муваффак бимонед!!!


Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня