Image Alt Text


Яке аз сарояндагони маҳбуби мову Шумо - Ғолибҷон Юсупов, ки муассиси гурӯҳи “Эҳсон” маҳсуб меёбад, 21 –уми декабри соли 1981 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1989 ба мактаби миёнаи №26 -и ба номи Аминҷон Шукуҳӣ дохил шуда, соли 1999 онро бо сарбаландӣ хатм намудааст ва худи ҳамон сол ба факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шӯъбаи “Шашмақом” ворид гардида, таҳсили илм менамояд. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ фаъолияташро дар соҳаи санъат оғоз карда, аллакай дар соли аввали таҳсил бо ташаббуси худи ӯ гурӯҳи "Эҳсон" таъсис меёбад. Ғолибҷон Юсупов соли 2000-ум фаъолияташро ҳамроҳи сарояндаи эстрадаи тоҷик -Валиҷон Азизов таҳти унвони гурӯҳи “Эҳсон” ҳусни ифтитоҳ бахшидааст. Вале баъди гузашти солҳо танҳо худи Ғолибҷон зери унвони гурӯҳи “Эҳсон” фаъолият нишон дода истодааст. Чун мухлисони бешумори ин ҳофизи мумтоз ба мо якчанд маротиба номаҳо фиристоданд, ки бо он кас ҳамсуҳбат шавем, мо кормандони Ohang.TJ тасмим гирифтем, ки як мусохибае бо Ғолибҷон Юсупов гузаронида бошем.


Заррина: - Ассалому алейкум, бародари гиромӣ! Хеле фараҳманд аз онем, ки хоҳиши мухлисонатонро рад накарда, барои бо мо сӯҳбат оростан, розӣ гардидед. Аз нахуст сӯҳбате, ки бо сомонаи мо доред, хеле мамнунем.

Ғолибҷон Юсупов:  - Салом, ба аҳли кормандони ohang.tj. Банда низ хеле шод гаштам, ки бо Шумо сӯҳбат карда истодаам.

Заррина: - Суоле, ки моро ва мухлисонатонро ором намегузорад, он аст, сабаби аз гурӯҳ рафтани Валиҷон Азизов дар чӣ буд?

Ғолибҷон Юсупов: - Воқеан, ин суоле мебошад, ки то қариб ҳар рӯз мардум аз ман пурсон мешаванд. (Механдад ӯ) Сабаби асосиро ман низ намедонам, шояд душманҳо хостанд, ки гурӯҳро пош диҳанд... Шояд нафароне ба Валиҷон маслиҳат доданд, ки аз гурӯҳ равад. Вақтҳои охир, яъне (соли 2006, моҳи сентябр) муносибати ӯ ба гурӯҳ сард шуд ва ман дарк кардам, ки ӯ мехоҳад аз гурӯҳ равад... Ва ман низ монеъ нашудам. Дар алоҳидагӣ давом додани кори мо барои ҳардуямон ҳам манфиатнок гашт, зеро ҳар яки мо роҳу равиши худ, мухлисону пайравони худро пайдо кардем. Мо бо Валиҷон рафтуомад дорем ва  дӯстии мо давом дора два умедворам, ки то ба охир ин дӯстиву рафоқат пойбарҷо хоҳад монд.

Заррина: -Мегӯянд, ки ташкилёбии гурӯҳи «Эҳсон» таърихи аҷибе дорад. Метавонед онро барои мухлисонатон нақл карда бошед?

Ғолибҷон Юсупов: -Рости гап, ташкилёбии гурӯҳ дар баробари аҷиб будан, таърихи дурударозеро низ дорад. Албатта ягон рӯзи дигар онро ба мухлисонам нақл хоҳам кард.

Заррина: - Оё боре аз  касби интихоб кардаи хеш пушаймон шудаед? Агар ҳа, пас кай ва дар кадом ҳолат?

Ғолибҷон Юсупов: -Бале, боре боиси нигаронии ман шуда буд. Рӯзе дар як маърака як сурудро 10 бор хондам, барои он ки мухлисон зиёд талаб карданд ва як зан омада гуфт, ки магар дигар суруд надоред? Дар ҳаёти санъаткорон ин хел ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд.

Заррина: - Агар ин касбро интихоб намекардед, мутахассиси кадом соҳа мешудед?

Ғолибҷон Юсупов: - Албатта ки...... сароянда… Худованд ҳар касеро барои рисолате офаридааст. Ва ба андешаи ман, рисолати ман сарояндагист…

Заррина: - Чӣ боис гашт, ки дар жанри «Шашмақом» дониши мустаҳкам гирифта, фаъолиятатонро дар жанри эстрадӣ оғоз кардед?

Ғолибҷон Юсупов:- Азбаски дар факулта шӯъбаи эстрадӣ вуҷуд надошт, ман ба шӯъбаи «Шашмақом» дохил гардидам. Лекин аз ин пушаймон нестам, зеро баъди ворид шуданам ба олами мақом дохил гардидам ва хондани суруд дар тамоми жанрҳо бароям осон шуд. Он солҳо ҷавон будем ва дар дил шӯру шарари ҷавони ҷӯш мезад,  барои хамин махз роҳи эстрадаро пеш гирифтем. Аслан дар он солҳо ҷавонон ба сурудҳои классикӣ тамоман майл надоштанд. Хушбахтона, имрӯзҳо ҷавонон низ «Шашмақом» -ро гӯш мекунанд.

Заррина: - Оё Сурудҳои эҷодкардаи хешро боре бошад ҳам, шумурдаед?

Ғолибҷон Юсупов:- Теъдоди сурудҳоям беш аз 400 гардидаанд. (Механдад ӯ) Боз мухлисони ашадии ман шумораашро нағзтар медонанд.

Заррина: - Агар шуҳрататон ҳамин тавр идома ёфтан гирад, барои зиндагии оянда куҷоро интихоб мекунед?

Ғолибҷон Юсупов: -Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ ҷойро! Ҳамеша дар Ватанам мемонам. Тоҷикистони азизамро ҳаргиз тарк намекунам.

Заррина: - Одатан одамони машҳур бе муҳофиз намегарданд. Шумо чӣ? Аз ин усули таъмини бехатари истифода мебаред?

Ғолибҷон Юсупов:- Рости гап не. Пуштибони ман танҳо Худост!

Заррина: - Аз нигоҳи Шумо санъат ҷои аввал меистад ё оила?

Ғолибҷон Юсупов: -Ҳамеша ва ҳама вақт оилаам дар ҷои аввал аст. Агар оила тинҷ бошад, санъат низ ба пеш меравад.

Заррина: - Ба кадом давлатҳои хориҷа сафари ҳунарӣ доштед?

Ғолибҷон Юсупов: -Ба давлатҳои зиёд сафар кардаам: Малайзия, Тайланд, Сингапур, Ҳиндустон, Дубай, Ӯзбекистон, Қазокистон, Қирғизистон, Хитой, Руссия ва ғайра.

Заррина: - Оё ба ҳамаи ин давлатҳо сафари ҳунарӣ доштед?

Ғолибҷон Юсупов: -Бале, албатта. Дар баъзеи онҳо концерт мондем, дар бархе аз онҳо баъзеаш клип ба навор гирифтем. Буданд давлатҳое, ки танҳо бо нияти истироҳат кардан сафар карда будем.

Заррина: - Таассуроти Шумо аз ин кишварҳо? Ба фарҳанги  мамолики дигар чӣ хел баҳо медиҳед?

Ғолибҷон Юсупов: -Таассурот хамин, ки дар ду рӯз аз дурӣ ғамгин шуда, Ватани азизро ёд мекунам. Ба онҳо бахои миёна медиҳам. Албатта, ҳар як кишвар фарҳангу ниёгони худро дорад. Лекин ба андншаи ман, мардуми худамон бофарҳангтар ҳастанд.

Заррина: - Нигоҳи Шумо ба санъати тоҷик?

Ғолибҷон Юсупов: Бисёр пешравиҳо шуда истодаанд, бисёр навигарихо, ҳар хел равишҳо (стиль) пайдо гардида истодаанд, ки воқеан хуб аст ва боварӣ дорам, ки дар оянда боз беҳтар мешавад!

Заррина: - Доир ба сомонаи мо чӣ гуфта метавонед?

Ғолибҷон Юсупов:- Воқеан, бисёр иқдоми нек шуд барои мо. Ohang.tj пулест (мост) байни сароянда ва шунаванда. Ҳам барои мо ва ҳам барои мухлисон осон шуд, то якдигарро пайдо кунем ва рози дили ҳам бишнавем. Ба кулли кормандони сомонаи Шумо бурдборӣ, пешравӣ ва барори корро таманно дорам.

Заррина: -Ташаккури зиёд, мо низ талабгори сарбаландиву пешравиҳои Шумоем. Дар назар чӣ  нақшаҳо доред? Ба ҳаводоронатон чӣ хел сюрприз омода карданиед?

"-Барои онҳое, ки ба консерт рафта натонистанд, бо як барномаи ҷадид - санаи 9-уми май, соати 17.00 дар амфитеатри қасри Арбоб як шоу-консерт ташкил карда истодаем. Ҳамаи ҳаводорони худро ба ин консерт даъват мекунам. Ва ба наздикӣ, сабти консерти 2017 ба фурӯш мебарояд, ки бештари мухлисонам онро бесаброна интизор ҳастанд. Банда пешдавӣ ва пешгӯӣ намекунам, аммо дар пеш нақшаҳои хеле зиёд дорам, ки албатта, умед дорам, ки мухлисонамро шод мегардонад!"

Заррина: - Бародари гиромӣ, агар иҷозат бошад, бароятон суолҳои матраҳкардаи мухлисонатонро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод мекунам.

Ғолибҷон Юсупов:-Марҳамат.

Заррина: -Савол аз мухлисатон Баха: «Барои чӣ гурӯҳи  «Эҳсон» дар Душанбешаҳр консерт намемонанд?

Ғолибҷон Юсупов:- Охирин консерти ман дар Душанбе соли 2006 буд ва банда дар нақша дорам, ки моҳи сентябр, як барномаи ҷадиди консертиро пешкаши мухлисони азизам гардонам.

Заррина: -Савол аз  Мубин: « Консерти гузаштаатон бо овози зинда буд?»

Ғолибҷон Юсупов: -Бале, консерте, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд шуда гузашт, қисман ба таври зинда буд, баъзе сурудҳоро (минусовка) карда хондем зеро ба монанди сурудҳои аранжировкашуда навохтани навозандахо ғайриимкон аст, ба ин техникае ки дар мо ҳаст, мутаассифона, ҷавобгуй нестанд. Лекин қариб 60% -и барнома пурра зинда буд.

Заррина: - Савол аз Асадулло: «Шумо бо Валичон Азизов барои мухлисонатон дар рӯзҳои наздик ягон дуэт  омода карданиед? Чуноне ки  дар консерти Валиҷон Азизов зикр кардед, ки "Гоҳо шабҳо дар хоб даврони бо хам сурудхониро мебинам ва ёд мекунам", мо мухлисонатон он рӯзхоро интизорем, то хардуи шумо якҷоя суруд сароед»

Ғолибҷон Юсупов: - Бале, баъзе лаҳзаҳое дар ҳаёт хастанд, ки ҳеҷ гоҳ фаромуш намешаванд ва гоҳо дар хоб низ медароянд. Ба консерте, ки насиб бошад, дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Валиҷон ваъда дод, ки дар он иштирок мекунад ва 3 -4 суруди пешинаи "Эҳсон" -ро якҷоя ба таври зинда месароем. Умедворам, ки ин накшаҳо амали хоҳанд шуд.

Заррина: -Савол аз Меҳронахон Раҷабова:  «Таронаи «Душмани ман зинда бош» ба кӣ бахшида шудааст ва чӣ хел эҷод шуд?»

Ғолибҷон Юсупов: - Ба он нафароне, ки нисбатам  тавассути интернет коментарияҳои ҳа хела мекунанду аммо барои рӯ ба рӯ шудан ҷуръат надоранд. Ин суруд маҳз  барои онҳост!

Заррина: -Суол аз Амирҷон Ғаниев:  «Суруди "Диламро аз муҳаббат сард кардӣ" ба кӣ бахшида шудааст?»

Ғолибҷон Юсупов: - Диламро сард кардӣ... Ин суруд соли 2014 эҷод шуд ва сабаби эҷод шудани инро махфӣ нигоҳ медорам.

Заррина: -Таманниёти Шумо барои мухлисонатон.

Ғолибҷон Юсупов: -Ҳамаи сокинони Ватани азизамон Тоҷикистонро ва алалхусус мухлисонамро бо идҳои дар пеш омадаистода, яъне иди «Ҷавонон», иди «Кӯдакон» ва иди «Ваҳдати Миллӣ» табрику таҳният мегӯям. Илоҳо ҳамеша дар амони Худо бошанд, пайваста сиҳату саломат бошанд. Илоҳо хонаашон туй шаваду мо санъаткорон рафта хизмат кунем!

Заррина: -Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самимию озод. Илоҳо ҳаргиз овозатон хаста нагардад! Бароятон нусрату фатҳу футӯҳи қуллаҳои баландтаринро таманно дорем.

Сӯҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Муҳаррир:  Каримова

Комментарии

menstrim пишет: | 13.05.2017 | 02:30 #2 Спам
КРУТО!
Like | 0
gulimino пишет: | 05.05.2017 | 10:13 #1 Спам
Спасибо мусохиба оли бд cool
Like | 0
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    Ведутся технические работы
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня