Image Alt Text

Шоми шанбеи 8-уми июл дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд барномаи ҳунарии Озодбек Назарбеков доир гардид ва онро тақрибан 5 ҳазор нафар ҳаводоронаш тамошо карданд. Овозхони маъруфи Ӯзбекистон аз ташрифаш ба Тоҷикистон хушҳолӣ намуда гуфт:«Давоми 3 рӯз инҷониб ман дар Тоҷикистон бисёр шаҳрҳо ва мухлисони ба Шумо монандро дидам. Аммо бояд росташро бигӯям, ки дар ҳамаи он ҷойҳои рафтаям худро бегона ҳис накарда истодаям. Ман худро ба мисли дар Фарғона буда эҳсос мекунам. Чеҳраҳо ҳамонанд, меҳру садоқат, меҳмоннавозӣ, пешвозҳо ҳама якхелаянд. Яне ман фаҳмидам, ки ба ягон макони бегона ташриф наовардаям.» Озодбек Назарбеков тӯли чанд рӯз аст, ки дар шаҳрҳои Турсунзодаву Душанбе барномаи ҳунарии худро манзури Тоҷикистониён мегардонад. Ҳадафи ташрифи ин овозхонро таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику-ӯзбек арзёбӣ мекунанд, ки дар соли ҷорӣ рӯ ба беҳбуд овардааст. «Халқҳои тоҷику ӯзбек санъатдӯстанд. Имрӯз фаҳмидам, ки дар қалбӣ тақрибан 50-60 фоизи аҳолии Тоҷикистон бо санъатам ҷой гирифтаям. Ин барои ман хело бахт ва давлати калон аст. Бахту давлати ҳар санъаткор ин мухлисонаш мебошад ва имрӯз ман яке аз он ҳофизони хуштолеъ мебошам.» Арзиши билети барномаи ҳунарии ин овозхони маъруфи Ӯзбекистон дар Хуҷанд аз 40 сомонӣ то ба 100-200 сомонӣ буд.

Манбаъ: Телевизиони СМ-1

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    Ведутся технические работы
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня