Image Alt Text

Руслани РАҲМОН - яке аз он сарояндагонест, ки бо сурудҳои марғубу дилошӯб байни мардуми форсзабон шинохта гардида, овозхони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мансуб меёбад. Пайвандони Руслани Раҳмон шаҳрвандони муқимии Бухорои Шариф буда, худи Руслан низ 19-августи соли 1988  дар Бухорои Шариф дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар ҳамин зодгоҳаш ба итмом расонида, солҳои 2000 - 2005 мактаби мусиқӣ ва солҳои 2006 - 2009 колеҷи санъатро хатм кардааст. Баъдан аз солҳои 2009 - 2011 дар Федератсияи Россия шаҳри Оренбург дониши соҳаи санъаташро қувватнок бахшидааст. Ohang.Tj тасмим гирифт, ки баҳри ҳаводоронаш равзанаи ошнои бо РУСЛАНИ РАҲМОН дошта бошад, ки ин фурсат фаро расид.



Заррина: Салом бародари гиромиқадр!  Нахуст мехостем бо Шумо ки вақти пурқиммати худро дареғ надошта бо мулоқот ҳастед, арзи сипос намоям.
 
Руслани Раҳмон: Салом портали мусиқавии OHANG.TJ, ташаккури зиёд, ки суроғам расидед!

Заррина: Дар мулоқоти нахуст ҳаминро дарёфт кардан мехостам, ки шавқу завқи сарояндагӣ кай дар қалби Руслан пайдо гардид?

Руслани Раҳмон: Ман аз хурди меҳри сарояндагиро дар қалбам мепарваридам, дар ҳама ҷорабиниҳои маҳал иштирок мекардам ва дар бисёр маҳфилу КВН ширкат меварзидам шояд ҳаминҳо сабаб шуданду меҳр дар дилам пайдо гашта имрӯз вориди саҳна гардида бошам ва бояд ҳаминро қайд намоям, ки бисёри дустонам ба санъат сару кор доранд бархе аз онҳо сароянда низ ҳастанд. Ман аз хурди орзу мекардам,  ки ин ҳама ишқу муҳаббат нисбати санъат доштаамро  ба халқ нишон диҳам ва ба ҳамин ҳамааш сар шуд, ки бори нахуст дар давраи мактабхони вориди саҳна гаштам.

Заррина: Кунҷковиам ором намегузорад, ки худ сарояндаи форсзабон ҳастеду дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сурудҳои ноби тоҷикӣ машҳур гардидаед. Бо сурудҳои тоҷикӣ  мардуми Ӯзбекистон чӣ хел қабул менамоянд?

Руслани Раҳмон: Бояд қайд кард, ки сурудҳои ман хеле зиёд буда ҳамааш дар ТВ Ӯзбекистон пахш мегардад, танҳо бо забони ӯзбекӣ. Чунки ман дар баробари сароидани сурудҳои тоҷикӣ ҳатман бо забони  ӯзбекӣ тарҷума карда, месароям. 
Ҳамаи сурудҳоямро мардуми Бухорои Шариф эътироф намудан. Аз ин ҳама дастгириву маҳбубияти мухлисон, хеле шодам... 

Заррина: Ба ягон кас пӯшида нест, ки коркард ва сабти  як суруд заҳмати гаронро талаб мекунад. Шумо бошед "дар баробари бо забони тоҷикӣ сароидан ҳатман бо забони ӯзбекӣ сурудҳоямро сабт мекунам",  мегӯед. Ин ба гуфтан осон! 

Руслани Раҳмон: Албатта Зарринахон дуруст қайд кардед. Мегӯянд -  меҳнат шараф аст! То заҳмат накунӣ ягон чиро ба осони ба даст оварда намешавад. Агар омад зуд меравад. Шабу рӯз аз паси эҷод ҳастам. Сурудҳое, ки бо забони тоҷикӣ месароям дар шабакаҳои интернети пахш мегардад бо забони ӯзбекӣ сароидаам бошад дар шабакаҳои телевизони Ӯзбекистон. Суруди охирон сароидаамро "ДӮСТ" номгузори кардам ва бо ду забон аллакай сабт шудааст. Дар портали OHANG.TJ бо забони тоҷикӣ сароидаам ҷойгир аст.

Заррина: Аҳсант бояд гуфт бародари азиз! Воқеан таъсирбахш ва чизеро ифода кардаед, ки  дар ин суруд баръало маълум аст. Суруди "Дӯст" - ро ба дӯстони худатон бахшидед ва ...?

Руслани Раҳмон: Дар зиндагиям шоҳиди ҳама чизҳо шудам. Ҳама намуди одамонро дидам. Росташро гӯям дӯстонам хеле бисёр дар Бухорову Самарқанд, Тошкент. Ҳамаи онҳо дӯстонам ҳастанд, ҳамчун ҳамкор, ҳамхизмат аммо дӯстони ҷони не. Дар сурудам ҳаёти имрӯзаро акс додам. Дигар чизе гуфтан намехоҳам дар ин мавзӯъ, маъзарат мехоҳам...

Заррина: Хуб аммо аз дур намеравем. Фарҳод Ҳайдарӣ аз қабили дӯстони наздикатон ба ҳисоб мераванд ба фикран.! Чун бисёр сурудҳоятонро ҳамроҳи эшон дует сароидед?!

Руслани Раҳмон: Рост аст, ки дует сароидем бо бародарамон Фарҳод. Аммо айни хол дар куҷо қарор дорад хабар надорам. Бо Фарҳод танҳо шинос ҳастему халос.

Заррина: Рост аст, ки ҳамсаратон аввал таклифи оиладоршавиро карда буданд?

Руслани Раҳмон: Не Заррина, ин тавр не. Хато аст. Ҳамсарам ба ман  таклифи сурудхониро карда буд охир. (механдад ӯ)  Бо ҳамсарам як ду суруд сароидем. Суруди "ЯК ДОНА"-ро маҳз барои ҳамсарам сароида будам. Шукрона мекунам, ки мо фарзанд дорем. Писарчаамро хеле дуст медорам.

Заррина: Бародари азиз агар рафту Шуморо барои барои зиндагӣ кардан ба Тоҷикистон даъват карданд, қабул мекунед?

Руслани Раҳмон: Албатта бо як сарбаландӣ. Чаро не?

Заррина: Дар охир таманниёти Шумо баҳри мухлисони ҳунаратон.

Руслани Раҳмон: Одами санъаткор бе мухлиси худ дар саҳна ҳеҷ аст. Маҳз ана ҳамон дастгирии мухлисон ҳаст, ки мо сарояндаҳо як нерӯи тозаеро ба худ мегирем. Муваффақияти маро дар ҷодаи санъат бояд шунаванда ва мухлисони ман эътироз кунанд. Мо бо мухлисон зиндаем.

Заррина: Сипосгузорам барои сӯҳбати самими. Дар ҳама ҷода муваффақиятҳо ёваратон бод! Сарбаланду хонаобод бошед!


Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня