Image Alt Text

Равзанаи ошноӣ:


Садои дилфиреб дораду дарди дили ошиқонро месарояд. Бо шунидани садои ширинаш вуҷуди касро аҷаб ҳиссиёте фаро мегирад ва инсонро ба олами андеша ворид месозад. Таронаҳояш баландмазмуну оҳангҳояш гӯшнавоз. Барои хубу шуниданӣ эҷод шудани чунин таронаҳо духтараки резапайкаре мудом дар кӯшишу талош аст. Ӯ аз ҳеҷ ноомади кор дар ҳарос нест, ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад ва шиораш да роҳи интихобнамудааш низ ҳамин аст. Ӯ ном дорад Саодат! Саодат Анварӣ! Шояд ин ном барои бархе ношинос бошад, аммо Саодат пайваста дар талош аст, ки бо интихоби дурусти мавзӯъ ва эҷоди таронаву клипҳои ҷаддид аз санъати волои худ ба ҳамагон дарак бидиҳад.
Саодат Анварӣ 28-уми сентябри соли 1994 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (собиқ ноҳияи Колхозобод) ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова гирифтааст. Яъне, ин ҷо ҳам илм меомӯхт ва ҳам аз нозукиҳои намуди рақси балет огоҳ мешуд. Пас аз хатми Коллеҷи хореографӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе супорида, тӯли чор сол дар шӯъбаи сурудҳои академӣ таҳсил намудааст. Маълумоти сеюмашро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия, дар риштаи менеҷмент гирифтааст. Айни ҳол дар ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Сӯҳбати самимие доштем бо ин бонуи ширинсухан ва андешаҳои ӯро манзури шумо мегардонем.


Сомон: - Салом Саодатбону, аз сомонаи мусиқавии www.ohang.tj ҳастам, бо хоҳишу дархости бешумори мухлисон мехоҳам атрофи фаъолияти эҷодии шумо сӯҳбате дошта бошем, розӣ ҳастед?

Саодат: - Салом додарҷон, шуморо гӯш мекунам ва ба қадри имкон ба саволҳои шумо посух хоҳам гуфт.

Сомон: - Ин тавр бошад хеле хуб. Сараввал бигӯед, ки чӣ сабаб шуду шумо рӯй бар ҷониби ҳунару санъат овардед? Ин як ҳавас буд ё орзуи дерина?

Саодат: - Ман аз хурдӣ ба санъат меҳру муҳаббати беандоза доштам ва маҳз ҳамин меҳри маро нисбати санъат модарам дида, барои ба орзуҳоям расидан ба ман дасти ёрӣ дароз намуданд ва маро ба саҳна оварданд.

Сомон: - Шумо, ки қадамҳои худро кунун ба ин роҳи пурпечутоб гузоштаед, бароятон мушкилӣ пеш намеояд? Кӣ шуморо сарпарастӣ ва дастгирӣ мекунад?

Саодат: -  Албатта дар дунё коре бе мушкилӣ нест. Ҳатто оддитарин кор ҳам ба худ нозукие дорад. Соҳаи санъат низ бисёр нозук ва мушкил аст ва ман ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда ҳамеша муваффақ будан мехоҳам. Дар ин ҷода мададгор ва сарпарасти ман модарҷони азизам ҳастанд, ки аз эшон як ҷаҳон сипосгузорам.

Сомон: - Имрӯзҳо корҳоятон дар ансамбл, дар кадом сатҳ аст?

Саодат: - Шукри Парвардигор айни ҳол бе ягон мушкилии ҷиддӣ корҳо дар сатҳи баланд пеш рафта истодааст.

Сомон: - Бо кадом санъаткорон пайваста ҳамкорӣ доред?

Саодат: - Бо Муҳаммадрафии Кароматулло, Меҳрнигори Рустам, Ситораи Кароматулло, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Амрохон Раҳимов, Ҷамшед Низомов ва дигарон ҳамкории зич дорам.

Сомон: - То имрӯз чанд суруди хешро сабт ва манзури ҳаводоронатон гардонидаед?

Саодат: - Ҳамагӣ 22 суруд омода ва пешкаши мухлисонам намудаам.

Сомон:- Аз дафтари ашъори кадом шоирон шеър интихоб мекунед ва онҳоро кадом оҳангсозон ба риштаи оҳанг медароранд?

Саодат: - Аз эҷодиёти Орзу Исоев, Шаҳрия, Меҳринисо, Низом Қосим ва Хайрандеш шеър интихоб мекунам. Бо Фарҳод Зикиров, Шӯҳрат Ашӯров, Наргис Шарифзода, устод Саидқул Билолов, Диловари Зуҳуриён ва Аҳмад Курчиев бошад, он шеърҳоро ба риштаи оҳанг медарорем ва ман месароям.

Сомон: - Клипҳои худро дар куҷо сабт мекунед? Мисли дигар сарояндагон хориҷаро авлотар медонед ё манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро ба дигар давлатҳо иваз намекунед?

Саодат: - Албатта дар Ватани азизи худамон клипҳоямро сабт мекунам. Муҳим он нест, ки клип дар кадом давлат сабт карда мешавад, муҳим он аст, ки сифату мазмуни баланд дошта бошад ва ба тамошобин писанд ояд. Тоҷикистони худамон низ аз дигар давлатҳои хориҷа фарқе надорад. Биҳишти рӯи замин аст.

Сомон: - Дар нияти баровардани албоми нахустини хеш ҳастед ё аллакай баромадаасту мо бехабар мондем?

Саодат: - Не, ҳоло набаромадааст, бепарво бошед (механдад). Аз паи омода намуданаш ҳастем ва рӯзҳои наздик мебарояд.

Сомон: - Агар махфӣ набошад албоми сурудҳоятонро чӣ номгузорӣ кардаед?

Саодат: - Ҳоло номашро фикр накардаам. Мехоҳам аввал ҳамаи суруду клипҳоямро омода намуда, сипас барояшон номи мувофиқеро номгузорӣ кунам.

Сомон: - Мегӯянд, ки шумо тӯҳфа гирифтанро бениҳоят дӯст медоред, ин то куҷо ҳақиқат дорад?

Саодат: - Албатта дӯст медорам ва фикр мекунам, ки ҳама инро дӯст медорад. Магар ҳаст нафаре, ки қабул кардани тӯҳфаро написандад? Дар асл як сухани пурмуҳаббат метавонад як тӯҳфаи қимматбаҳо бошад, зеро тӯҳфа кардан ин нишонаи қадрдонии инсон аст. Ва муҳим нест, ки он чӣ гуна аст.

Сомон: - Агар нафаре пайдо шаваду сарпарастии шуморо ба ӯҳдаи худ бигирад, розӣ мешавед?

Саодат: - Пеш аз ҳама фикри он сарпарастро мефаҳмам, ки дар майнааш чӣ гапу корҳо тоб мехӯрад, ана баъд метавонам бигӯям, ки қабулаш кардам ё на.

Сомон: - Аввалин суруди сароидаи худро дар хотир доред?

Саодат: - Бале, нахустин таронае, ки ман сароида будам “Сулҳ” ном дошт. Мехостам, ки дар Ватани азизамон ҳама вақт сулҳу салоҳ пойдор бошад ва аз ҳамин сабаб сароиданро аз “Сулҳ” шурӯъ намуда будам.

Сомон: -Дар зиндагӣ хушбахтиро дар чӣ мебинед?

Саодат: - Вақте инсон дар оила бо волидонаш хушбахт аст, ба фикрам дигар хушбахтие аз ин беш буда наметавонад. Ман хушбахтиро дар оромии оилаам мебинам ва вақте дар оила хушбахтам, дар ҳама соҳа корам пештафта аст.

Сомон: - Ба мо гуфта метавонед, ки санъатро ба кадом хотир интихоб намудед, сарват ё шӯҳрат?

Саодат: - Чун ман аз хурдӣ санъатро дӯст медорам, ба хотири шӯҳрат ин соҳаро ба худ касб кардам.

Сомон: - Барои дар ҳаҷми муайян нигоҳ доштани андоматон ба варзиш машғул мешавед?

Саодат: - Пеш дар намуди рақси балет машқ мекардам ва он барои ман як навъи варзиши сабук ба ҳисоб мерафт, вале айни замон бошад машғул нестам.

Сомон: - Либосҳои саҳнавиатонро мехаред ё тарроҳи махсусатон омода мекунад?

Саодат: - Қисми зиёдашро тарроҳи махсуси худам омода месозад. Бештар кӯшиш менамоям, ки либосҳои миллии худамонро ба бар намоям ва ё бо намуди аврупоӣ омехта созам.

Сомон: - Шуғли дӯстдоштаи шумо ҳангоми бекорӣ?

Саодат: - Дар бекорӣ пӯхтани шириниҳоро дӯст медорам.

Сомон: - Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтаед, ки ҷавонони варзишгарро меписандед, ин рост бошад?

Саодат: - Бале, албатта. Ба фикри шахсии ман ҳамаи ҷавонон бояд ба варзиш машғул шаванд, зеро варзиш гарави саломатӣ аст.

Сомон: - Ишқи варзишгареро қабул мекунед ё мехоҳед шавҳари ояндатон дорандаи дигар касбу кор бошад?

Саодат: - Шумо ин паҳлӯи масъаларо дар назар доштед (механдад)? Дорандаи кадом касбу кор будани шавҳари ояндаам муҳим нест. Муҳимаш инсони мефаҳмидагӣ бошад, лекин фақат аз соҳаи санъат набошад (механдад).

Сомон: - Дар оянда чӣ нақшаву ниятҳои доред?

Саодат: - Ҳоло фақат мехоҳам суруд сабт кунам ва сурудҳоямро клип кунам. Албатта ин ҳама заҳмати ман баҳри мухлисони азизам аст.

Сомон: - Таманниёти шумо баҳри ҳаводорони сомонаи овозадори www.ohang.tj?

Саодат: - Пеш аз ҳама шахсан ба директори сомона миннатдории хешро мерасонам, ки дар фикри мо афтода суроғ карданд ва баъдан ташаккур ба шумо, ки бо ман ҳамсӯҳбат шудед. Ба ҳамаи ҳаводорони ин сомона ва мухлисонам хонаободӣ ва сарбаландиву рӯзгори осударо таманно дорам.

Сомон: - Ман низ аз номи кулли кормандони сомона ба шумо муваффақиятҳои эҷодӣ ва барору комёбӣ хоҳонам.

Саодат: - Саломат бошед!

Сӯҳбаторо ва муҳаррири матн: Сомон Муҳаммедов

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня