Image Alt Text

Сомонаи «Tajikistantimes.tj” даври сеюми озмуни «Ягона аз даҳгона”-ро эълон мекунад. Ин даври озмун аз 1-уми март оғоз гашта, то 30 апрел идома меёбад.

Дар ин даври озмун актёр ва актрисаҳои бомаҳорат –Моҳпайкар Ёрова, Мавлона Наҷмиддинова, Абдукарим Машрабов, Тахмина Раҷабова, Набиҷон Пирматов, Фарзонаи Файз, Музаффар Шодиев, Сабина Шаймардонова, Шуҳрати Раҳматулло  ва Сироҷиддин Ғаффурӣ иштирок намуда, барои дарёфти унвони “Ягона аз даҳгона” мубориза хоҳанд бурд. Ғолиби озмунро муштариёни сомонаи “Tajikistantimes.tj” тариқи лайк додан дар сайт ва хонандагони ҳафтаномаи «Оила» бо воситаи пур кардани анкетаи озмун, ки дар ҳар шумораи  газета чоп мешавад, интихоб менамоянд. Овоздиҳӣ тариқи газета бартарӣ дошта, як анкета ҳамчун се овоз ҳисоб карда мешавад.

Мехоҳед, ки ҳунарманди писандидаи шумо аз миёни даҳгона ягона ва ғолиби озмун гардад? Пас, ба сомонаи «Tajikistantimes.tj” ворид гашта, ба  ҷонибдориаш овоз диҳед ё аз ҳафтаномаи «Оила» анкетаи озмунро бурида бигиред ва онро ба номи актёри писандидаатро пур карда ба редаксия фиристед.

Ғолиби озмунро туҳфаҳои зерин интизоранд:

  1. Шоҳҷоиза (кубок)-и ғолиби озмуни “Ягона аз даҳгона”.
  2. Дипломи ғолиби озмуни беҳтарин ҳунарманди муваффақи “Ягона аз даҳгона”.
  3. Гуфтугӯйи мустақими телефонӣ бо мухлисон дар идораи ҳафтаномаи “Оила”
  4. Ҷой кардани аксҳо ва суҳбатҳои ғолиби озмун дар сомонаи “Tajikistantimes.tj” ва тарғиби ӯ дар саросари дунё бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва форсӣ.

Маълумоти иловагиро дар бораи озмун тариқи телефонҳои зерин гирифта метавонед: 2-38-52-52, 98-581-89-81, 93-111-08 -97

Овоз диҳед!

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня