Image Alt Text

Зайнура Пулодова яке аз ситораҳои ҷавони эстрадаи тоҷик, дар ҷодаи саньат аз соли 2005 то ин ҷониб шуҳрат пайдо карда истодааст. Зайнура 30-юми августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе дар оилаи санъаткор, таваллуд шуда ба камол расидааст. Давраи таҳсили кудакиаш дар мактабҳои миёнаи №52 ва баъдан №60 пойтахти кишвар гузаштааст. Баъди хатми мактаб як сол дар консерваторияи миллӣ баъдан дар донишгоҳи санъат бо ихтисосӣ режиссёр донишгоҳро ба инмом расонидааст. Суруди аввалини худро бо номи "Баҳор" ва "Уқоб" пешкаши  мухлисон гардонда буд. 
     

Ассалом Зайнура Пулодова. Хушнуд аз онем, ки барои сомона ҳамроҳи Шумо суҳбат оростем.

Салом Заррина ва аҳли сомонаи ohang.tj. Ман ҳам хушҳолам, ки бо Шумо ҳамсуҳбат ҳастам ва бо ин сомона ҳамкорӣ дорам.

Ташаккур. Мухлисонатон ва ҳаводорони шеьру суруд мехоҳанд донанд, ки Зайнура Пулодова аз кай кори худро бо сомонаи ohang.tj оғоз кард. Яьне ҳамкорӣ дорад.

Бо ин сомона ман тули як сол аст, ки ҳамкорӣ дорам ва хушҳол ҳам ҳастам, ки ал он бо Шумоён ҳамсуҳбатам. Хоҳони онам, ки пешравиятон аз ин ҳам зиёд шавад.

Дар ҷодаи саньат, ки Шумо ба ин гуна дастовардҳо ноил гаштед киро  сабабгор яьне устоди худ мешуморед?

Ман дар оилаи санъаткор ба дунё омада  ба воя расидам. Падарам Ҳотам Пулодов устоди дутор  буда тули 35 сол дар жанри шашмақом кору фаолият мекунанд ва ду бародарам низ дар ҷодаи санъат кору фаолият мекунанд. Падарамро устоди худ мешуморам. 

Ба андешаи ҳамагон мақсади сарояндаҳои эстрада танҳо шоу- бизнез  яъне онҳо бо воситаи сурудҳояшон танҳо маблағ ба даст меоранду халос.  Ба ақидаи Шумо?

 Албатта ҳам шуҳрат ва ҳам пул.(механдад ӯ)

Барои Шумо дар ҷои аввал кадоме аз инҳо боло аст? Пул ё шӯҳрат? 

Агар пул набошад дар замони ҳозира мо ба ягон дастовард ноил шуда наметавонем ин ба ягон кас пӯшида нест. Агар пул набошад, на суруд сабт карда метонему на клип ба навор мегирем. Дар ин дунё ҳама чиз ба пул вобастагӣ дорад. 

Ба ақидаи ман дар ҳаёти ҳозира шахсе нест, ки  тақлид накунад. Аз ҷумлаи баьзе сарояндаҳо. Шумо чӣ? Ба кӣ тақлид мекунед? Ё худ ба кӣ монанд шудан мехоҳед?

Ман ба ҳеҷ кӣ тақлид намекунам. Равиши сурудҳонии ман ба ( ғарб ё шарқ ё...) Ҳиндустон вобастагӣ дорад. Бисёртар сурудҳои ҳиндиро гуш мекунам. Тарзи хондани сарояндаҳо, чӣ хел мехонанд аҳамият медиҳам.

 Мухлиси кадом сарояндаи ҳинд ҳастед?

Лапам Ангишкаш, Ширин Абершар, Арҷид Синх боз дигарон. Бисёртар сурудҳои ҳамин сарояндаҳои номбурдаро гуш мекунам.

Ба фикрам мамлакати афсонавӣ  Ҳиндустонро,  забони ҳиндиро дуст медоред, боз равиши сурудхониатон бо равиши ҳиндӣ алоқамандӣ дорад, бо забони ҳиндӣ озодона ҳарф зада метавонед? 

На он қадар. Аммо шавқу ҳаваси зиёд дорам. Кушиш дорам, ки бо пуррагӣ тарзи ҳаёташонро забонашонро омӯзам.   
 
Ҳамчун сароянда ба кадом давлатҳо сафари корӣ кардагиед?

Албатта ба давлатҳои Ҳиндустон, Дубай, Туркия, Украина, Москва, Кивейт, Ӯзбекистон. Ба баъзе давлатҳо барои саёҳат рафтагиям ба баъзе давлатҳо барои иштирок дар консертҳо. Дар консертҳои дигар давлатҳо бо сурудҳои худ  Тоҷикистони азизамонро ҳамчун намоянда  муаррифи мекардам.

Шумо худ қайд кардед, ки падаратон фалак месароянд. Яъне дар оилаи фалаксаро ба воя расидагиед. Шумо чӣ ягон бор дар жанри фалак  ё шашмақом худро санҷидагӣ ҳастед?

Не то ҳол нахондам. Вақте дар пеши падарам чандборҳо шашмақом мехондам падарам мегуфтанд,  нахон, наметони хондан. Чунки аз ӯҳдаи шашмақому фалак хондан намебароям. Кору фаолиятам ривиши Ҳундустон аст ва ду сол дар сафоратхонаи Ҳиндустон классикаи онҳоро омухтам, мақомро наметавонам хондан. Мумкин, ки пайваста шабу рӯз машқ кунам аз ӯҳдаи мақом хондан бароям.

( механдад)

Бо кадом сарояндаҳо ҳамкорӣ дореду бо кадоми онҳо робитаи дустӣ доред?
 
Бо ҳама сарояндаҳо як хел ҳастам. Ҳамкорӣ бо Манижа Давлатова доштам  суруди "Даф бизанем" оҳанги Манижа ҳаст. Ҳозира бо Зикриоллоҳ Ҳакимов ҳамкорӣ дорем. Дӯсти бошад бо сарояндаи хориҷа бо Юлдуз Усмонова, ки хеле дусти наздик ҳастем. Ба ман ҳамеша роҳ нишон медиҳанд, мефаҳмонанд  ки кор кунам. Хеле инсони соф дил, меҳрубон ҳастанд. Боз бо сарояндаҳо Шабнами Тоҷиддин, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Манижа Давлатова, Меҳринигори Рустам, Фотима Машрабова ва дигарон. Ба ҳамаи онҳо на ин ки дустӣ, ҳамчун апаву хоҳар ҳастем.

Бисёри сарояндаҳоро мебинем, ки ба ғайр аз сарояндагӣ боз ба тиҷорат машғул ҳастанд. Шумо чӣ? 

Не ман ба тиҷорат умуман на шавқу ҳавас дорам на эҳтиёҷ. 


Шумо бисёртар ба саньати ҳинд таваҷҷӯҳ доред мехоҳед, дар  филмҳои ҳинд нақши худро бандед ва ё  бо ягон сарояндаи ҳинд якҷоя  дует сароед?

 
Дар филмҳо нақш бастан намехоҳам на он қадар майл дорам. Аммо мехоҳам бо ҳамроҳи Арҷид Синх дует сароям.

Барои мухлисон дар соли нав чӣ сюрприз доред? Чӣ гуна суруд омода сохтед баҳри мухлисон?


Суруд ва клипи нав омода сохтам, ки номаш сир аст албатта, барои мухлисонам дар соли нав ҳамчун туҳфа пешкаш хоҳам кард.

Ташаккури бепоён барои сӯҳбати самими.

(с) Зарринаи Fайрат

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня