Зарифҷон Аюбов: Аз “Чӯҷаҳои заррин

Зарифҷон Аюбов: Аз “Чӯҷаҳои заррин" то саҳнаи ҳунар.


Зарифҷон Аюбов - сарояндаи ҷавону умедбахш 3-юми декабри соли 1991 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Бо вуҷуди сароянда будан ,омӯзгори ҷавон ҳам ҳаст . Меҳри санъат ,завқи беандозаи ҳунар ӯро водор сохтааст, ки қадам ба саҳнаи ҳунар биниҳад. Соли 2014 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро сарбаландона хатм намудааст. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ тавонистааст, ки дили мухлисони бешуморашро бо суруду таронаҳои дилангезаш тасхир намояд. Ин дафъа, мо кормандони сомонаи ohang.tj тасмим гирифтем, ки бо ин ҳофизи хушилҳон ҳамсӯҳбат  шавем.


Заррина: Салом Зарифҷон! Лутфан, арзи сипоси мо, кормандони сомонаи ohang.tj- ро бипазиред, ки барои бо мо ҳамсӯҳбат шудан, вақти хешро дареғ надоштед. Мехостем баҳри  мухлисонатон перомуни ҳаёт ва фаъолияти Шумо камтар маълумот дода бошем.

Зарифҷон: Салом! Ман низ хеле хурсанд хастам ,ки имруз сомонаи ohang.tj бо ман мусохиба гузарониданӣ шудааст. Ман омодаам  ба саволхои Шумо посух диҳам.

Заррина: Хеле хуб. Суоли аввалини ман чунин аст, ки бори аввал кай ба сахна баромадаед ва суруди аввалинатон чӣ унвон дошт?

Зарифҷон: Бори нахуст дар мактаб, (соли 2001) ҳангоми  синфи дуюм буданам, бо суруди "Точикистон" дар озмуни "Чӯҷаҳои заррин" ҳунарнамоӣ кардаам ва ҷои намоёнро ишғол намуда будам.

Заррина: То ҷое, ки мо медонем, Шумо дар оилаи санъаткор ба воя нарасидаед. Акнун ба мо мегуфтед ,ки  кӣ Шуморо ба ҷодаи санъат раҳнамоӣ кард?

Зарифҷон:Бале, Шумо дуруст қайд кардед. Дар воқеъ,  ман дар оилаи санъаткор ба воя нарасидаам. Ман аз хурдӣ дар дил орзуи санъаткор шуданро доштам ва дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии мактаби ноҳияамон иштирок мекардам. Маҳз ҳамин орзуҳои кӯдакӣ буд, ҳодию раҳнамои ман ба ҷодаи санъат гардид.

Заррина: Бо кадом суруд ба саҳнаи ҳунар ворид гардидед?

Зарифҷон: Суруде, ки бори нахуст сурудаам,  "Кош Модар" ном дошт ва соли 2015 пешкаши мухлисонам гардида буд.

Заррина: Чӣ хеле,ки мо медонем, санаи   15 – апрели соли равон (яъне 2017) консерти аввалини Шумо баргузор гардида буд. Таасуроти Шумо аз ин консерт чӣ гуна аст?

Зарифҷон: Рости гап, қабл аз он метарсидам, ки толор пур мешавад ё не. Вале шукри Худо толор аз мухлисони азизам пур буд. Онҳо маро хеле дастгирӣ карданд ва боиси фараҳмандии ман гардиданд.

Заррина: Айни замон зиёд санъаткороне ҳастанд, ки  сарпараст доранд. Барои баргузор кардани консертхо, ба навор гирифтани клипҳо барояшон маблағ ҷудо мешавад. Оё Шумо ҳам сарпараст доред?

Зарифҷон: Не, сарпараст надорам. Ҳамаи  масъулияти маблағгузорӣ  бар дӯши худам аст.

Заррина: Бештари сурудҳои Шумо дар бобати ИШҚ аст, агар сир набошад, лутфан ба мо бигӯед, ки кадом бонуи хушбахт соҳиби дили Зарифҷон бошад?

Зарифҷон: Бале, зиёд сурудҳои ишқӣ месароям , вале ошиқ нестам . Ман дарди дили мухлисонамро месароям ва ишқи онҳоро васф мекунам.  

Заррина: Бубахшед, камтар саволам бемавқеъ аст... Магар даромади Шумо танҳо аз ҳисоби сарояндагист?

Зарифҷон: Касби асосиам сарояндагӣ аст, вале боз идомадиҳандаи касби модари бузургворам низ ҳастам, яъне ба ҳайси омӯзгор низ фаъолият мебарам. Дар мактаб аз фанни суруд ва мусиқӣ дарс медиҳам.

Заррина: Бар замми сароянда буданатон, оё омӯзгорӣ душвор нест? Бо шогирдон  чӣ гуна муомила мекунед, мушкил нест?

Зарифҷон: Не, мушкил нест. Ҳардуи ин касбро дӯст медорам ва бо ҷону дил машғул ҳастам.

Заррина: Як ҷахон ташаккур, бисёр шод ҳастем, ки имрӯз бо Шумо ҳамсуҳбат гардидем. Орзуманди онем, ки дар оянда аз ин хам бештар муваффақ гардед ва  қуллаҳои баландтаринро фатҳ намоед. Дар охир таманниёти  Шумо барои мухлисон ва сомонаи ohang.tj.

Зарифҷон: Саломат бошед. Таманно дорам, ки сомонаи  ohang.tj, ки худ яке аз беҳтарин сомонаи ҷумҳурӣ ҳисоб меёбад, боз ҳам ба дараҷаи баланд соҳиб гардад ва моро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ муаррифӣ намояд. Ба мухлисони азизам миннатдории худро мерасонам , ки ҳунари маро қадр карда дастгирӣ менамоянд. Бигзор ҳамеша хушбахт бошанд!

Заррина: Ташакури зиёд ба Шумо Зарифҷон. Ҳамеша бо мо бошед!

Зарифҷон: Саломат бошед ва муваффақият ба Шумо!

Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат ¦ Омода кард: Фариза ¦ Муҳаррир: Каримова Ш.

 


Гость

0 комментариев

0 комментариев

Добавить комментарий

avatar
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА