Авторизация
» » Ситора: Ҳамагӣ 15 руз онҷо будем...

Интервью: СИТОРА

Ситора: Ҳамагӣ 15 руз онҷо будем...

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ситора: Ҳамагӣ 15 руз онҷо будем...!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ситора: Ҳамагӣ 15 руз онҷо будем...!.

ҲАМАГӢ 15 РУЗ ОНҶО БУДЕМ...

OHANG.TJ: Аввалан ба шумо изҳори сипосдориамонро баён менамоям, ки вақтатонро ба мо ҷудо намудед.

Ситора: Саломи самими ман ба Шумо низ.

OHANG.TJ: Мегуфтид ки сафари шумо бар давлати Австралия чӣ гуна гузашт ва Чӣ гуна хотираҳо боқи гузошт ин сафар?

Ситора: Сафари ман ба кишвари Австралия хеле хуб гузашт, ҳатто интизораш ҳам надоштам,ки ин қадар хуб мегузарад.

OHANG.TJ: Сафари шумо ба давлати Австралия сафари кори буд ё ин ки танҳо барои истироҳат рафта будед?

Ситора:Албатта сафари ман кори буд чун моро даъват намуда буданд барои ҷашн гирифтани Наврузи Байналмилал 
(Ба фестивали Навруз)


OHANG.TJ: Бо чи дилу ният бо чи орзую умед ва бо кадом нақшаҳо ба сафар баромада будед ва қоло ки аз сафар баргаштед гуфта метавонед, ки ба як зумра орзуҳоятон расидед? Нақшаҳоятонро амали намудед?

Ситора: Хуб албатта,ки ин аввалин сафари ман буд ба ин кишвари дур, дилу ниятам ин буд,ки як консерти бохашамат баргузор намоему хамватанон ва хамзабонони худро шод намоем,чун мегуян "Чигуна,ки соли навро пешвоз гирифти хамонгуна идома мёбад. Ба орзухоям шукр,ки барзиёд расидам,инкадар мардум моро хуб кабул намуданд,хамаи сурудхоямро хамрохам месароиданду мераксиданд,хатто фикр намекардам инкадар ончо машхураму сурудхоям писанди хамагон аст 

OHANG.TJ: Хамаги чанд руз дар давлати хорича будед? Аз кадом шахрхои ин кишвар дидан кардед?

Ситора: Хамаги 15 руз ончо будем дар ду шахри бузурги Австралия консерт доштем яке Мелбурн, ин фестивали навруз буд, консерт хамаги 9 соат давом дошт?хамаги 13 нафар хунармандон иштирок кардаанд! Консерти дигаре дар Аделайда буд, ин консерти хайрияви буд

OHANG.TJ: Умуман то имруз шумо ба чанд давлати дунё сафар карданд ё ин ки ин аввалин сафаратон буд?

Ситора: На, ман ба чанд кишвархо сафар доштам ба мисли Русия ,Туркия ва ба Узбекистон, ва ба дигар кишвархо.... Худо хохад рузхои наздик ба як кишвари дигар сафар дар накша дорем, ин фестивали байналмиллали аст, рузхои наздик ба Шумо ва ба мухлисон хабар медихем.

OHANG.TJ: Шумо ки ба давлатхои зиёд сафар кардаед фикр мекунам ки забонхои хоричиро низ ба хуби медонед

Ситора: Намедонам агар гуям,худтаърифкуни намешуда бошад... Хуб ба забонхои руси ,англиси , узбеки ва каме бо забони тукри харф мезанам.

OHANG.TJ: То имруз оё бо ягон забони хоричи суруд хондаед ва ё дар накша доред? Ё ин ки бо дигар забон суруд хондан барои шумо душвор мебошад?

Ситора: Бале хондаам, чанд сол каблан як суруд бо номи «небо» бо забони руси сароидам, вале то хануз пахш накардаам(механдад у) боз як сурудамро омезиш бо забони точикию англиси карда будам, шояд аз ин чихат ман аввалин будам,ки англисию точикиро омезиш додаам.

OHANG.TJ: Агар махфи набошад мегуфтед ки ба кадом давлати дунё сафари навбати доред?

Ситора: Холо мо бо ташкилкунандагони фестивал гуфтушунид дорем, рузхои наздик хам санааш, хам давлаташ малум мешавад, хатман ба шумо хабар медихем.

OHANG.TJ: Дар хорича бо ки хамкори мекунед? Муаллифи клипхоятон кист?

Ситора: Бештари клипхоямро дар Тошкент сабт мекунам ва бо яке аз режиссёрхои машхури Узбекистон Шухрат Мавлонов хамкори мекунам. Ман то хануз бо чанд режиссёрон хамкори кардам, хам дар дохили кишварамон, хам дар Узбекистон ва Эрон... вале идея, диду-нигохе ки Шухрат Мавлонов дорад, ман дар хечкас надидам.

OHANG.TJ: Мухлисони шумо бесаброна интизори клип кансерти шумо аз давлати Австралия хастанд Кай метавонанд ба пурраги ин консертро тамошо кунанд?

Ситора: Рости ман хам интизорам сабти ин консертро, рузхои наздик дастрас мекунаму ба мухлисон пешкаш менамоям,чун ба фикрам консерти бенихоят дидани буд.

OHANG.TJ: Ва нихоят бозгашт ба Ватани азиз чи гуна буд ? Мегуянд хоки Ватан дигар асту хар гушаи дунё ки набоши боз Ватани худро ёд мекуни.

Ситора: Ох ман бо хамин мисраъхои шеъриям,аз хавопаймо поён шудам:
Ватан ба дил,Ватан ба чон дорам туро,
Зи ишки поки худ имон дорам туро.
Ватан ба калби худ нишон дорам туро,
Шукронаат ки дар чахон дорам туро. 
--- ин мисраъхо аз суруди "Ватан" - ам аст.

OHANG.TJ: Ба гайр аз сарояндаги хонум Ситора боз чи хел хунархо дорад ва дар вакти холигиаш бо чи корхо машгул аст? Шугли дустдошта(хобби) - атон чист?

Ситора: Хуб, ба гайр аз сарояндаги, ман кори худамро яъне бизнеси худамро дорам,ки ба он машгул мешавам, албатта хардуи ин корро бо хам пеш бурдан осон нест,чун ки баъзан вакти якдигарро мегиранд,аммо шукр,ки аз ухдааш мебароям.

OHANG.TJ: Дар хаёт ва фаъолиятатон ки ба шумо рахнамо мебошад ? Касе то имруз оё дили хонуми зебо Ситорабонуро рабудааст ?

Ситора: Дар хаёт рахнамои ман Модарам аст, наздиктарин дусти ман модарам аст, маслихатгуям модарам аст, ба Модарон бояд бовар кард, чун онхо чуз аз хушбахтию сарбаланди аз фарзанд чизе намехоханд.
Холо на, диламро касе нарабудааст ва албатта ки он Шохзодаро интизорам (механдад у) 

OHANG.TJ: Тамаениёти шумо ба мухлисонатон ва ба сомонаи бехтарин сомонаи ohang.tj.

Ситора: Сомонаи ohang.tj бисёр фаъол аст,сурудхои нав ба нав пешкаш менамояд ва як чизро пай бурдам,ки сарояндахои навэчодро дастгири мекунад.аз ин коратон мамнунам. Таманиёти ман ба мухлисон ин аст,ки хамеша сарбаланд бошанд аз завки баланди мусикидониян ифтихор дорам ва бигузор хамеша хаминхел хамдилу хамдасти Хунармандони сахнаи точик бошанд.

Mehrangez:Ташаккури зиёд барои чунин сухбати хушу гуворо мо низ ахли кормандони сомонаи ohang.tj куллахои баланди парвозро дар чодаи санъат бахратон тамманно дорем! 

Ситора: Як чахон ташаккур

Мусоҳиба кард: Меҳрангез
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru