Авторизация
» » Дилрабо Қурбонова: “Ба худ шахси дилхоҳ наёфтаам”

Интервью: Дилрабо Қурбонова

Дилрабо Қурбонова:  “Ба худ шахси дилхоҳ наёфтаам”

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Дилрабо Қурбонова: “Ба худ шахси дилхоҳ наёфтаам”!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Дилрабо Қурбонова: “Ба худ шахси дилхоҳ наёфтаам”!.

“Ба худ шахси дилхоҳ наёфтаам”

Дилрабо Қурбонова сарояндаи навкору ҷавон аст, ки пешаи сарояндагиро интихоб кардааст. Дар оилаи ин нафар шахсе сароянда нест ва танҳо Дилрабо сарояндагиро ҳамчу пеша интихоб намуда қадамҳои аввалинашро сӯи санъат гузошта истодааст. Инчунин Ғолибчон Юсуповро идеали худ меҳисобад ва мегӯяд аз Ғолибчон суруданро омӯхтааст. Дилрабо ҳаёти худро бе мусиқӣ тасаввур карда наметавонад ва мегӯяд, бо монеаҳо ба ин касби дӯстдоштааш расидааст, чунки падару модараш дар аввал розӣ набуданд, ки ӯ сароянда шавад. Балки мехостанд духтари калониашон ҳамчу модараш ҳамшираи шавқат бошад ва ба мардуми Зарафшонзамин хизмат карда бошад. Дилрабо ҳоло оиладор нест ба гуфташ то ҳол ба худ шахси дилхоҳ наёфтааст. 
Сайёрахон: Салому дуруд ба Шумо, шом ба хайр бошад.
Дилрабо:  Ассалом алейкум, шоми шумо низ ба хайр бошад.
Сайёрахон: Фурсате барои сӯҳбат оростан бо мо ҷудо карда метавонед?
Дилрабо:  Албатта. Гӯш мекунам.
Сайёрахон: Гарчанде сарояндаи навқаламед, ҳастанд шахсоне, ки маълумоти кофи дар бораи шумо надоранд. Дар бораи худатон маълумот медодед.
Дилрабо:  Зодаи  шаҳри Панҷакент ҳастам, соли 1996 дар оилаи коргар ба дунё омадаам.  Падарам муҳоҷир ва модарам ҳамшира ҳастанд.Баъд аз ду соли хатми мактами миёна ҳуҷҷатҳои худро дар коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз супоридам ва айни ҳол донишҷӯи курси 2-юм ҳастам. 
Сайёрахон: Шумо аз соли чанд ба сурудхонӣ машғул ҳастед?
Дилрабо:  Ман аз соли 2013 сурудхониро оғоз кардаам.
Сайёрахон: Барои чӣ Шумо маҳс касби сарояндагиро интихоб намудед?
Дилрабо: Барои он, ки аз хурди шавқи зиёд доштам ва доимо мехостам ва орзу мекардам, ки дар оянда сароянда шавам.
Сайёрахон: Ба ғайри шумо дар оилаатон ҳастанд ягон нафаре, ки сароянда хастанд?
Дилрабо:  Муттаассифона дар оилаи мо нест ягон касе, ки ин касбро дошта бошад. Ягона ман ҳастам.
Сайёрахон: То ин дам чанд суруд эҷод кардаед?
Дилрабо:  Ман бисёр суруд  хондаам , аз қатори онҳо танҳо 5 суруди сабтӣ ва 2 клип дорам.
Сайёрахон: Сабабгори муваффаққиятҳоятон кист, барои амалӣ намудани  орзуҳоятон ки ёрӣ медиҳад?
Дилрабо: Аслан агар худи инсон тавонад, кӯшиш кунад, истеъдод дошта бошад, ҳама мехоҳанд ёрӣ расонанд то ба орзуяш расад. Айни ҳол ба ман продюссери карда истодаанд Одилҷон Юсуфов , ки бо дастгирии онҳо клипҳо сабт карда истодаем.
Сайёрахон: Барои аввал дар кадом саҳна суруд сароидаед?
Дилрабо:  Бори аввал соли 2014 дар қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент суруди худамро бо ном “Ман ёри туям” сароидаам. Соли 2016 дар “Андалеб” иштирок карда соҳиби шоҳҷоиза гаштаам.
Сайёрахон: Пайвандонатон барои суруд хондан ба шумо монеъ нестанд? маротиба монеагӣ кардаанд?
Дилрабо:  Вақте, ки ман суруд хонданро оғоз кардам, рости  намегузоштанд, ки ман фарҳанг  равам  суруд  хонда бошам. Онҳо мехостанд, ки ман духтур шавам, чун модарам ҳамшираи шафқат ҳастанд. Мехостанд, ки ман низ касби модарро идома диҳам.  Лекин ман шавқи духтур шуданро надоштам, танҳо мехостам ба соҳаи фарҳанг равам.
Сайёрахон: Дар оила чанд фарзанд ҳастед?
Дилрабо:  Мо дар оила 2 фарзанд ҳастем,  фарзанди калонӣ ман ҳастам
ва як додарча дорам, мактаби миёнаро хатм кардааст ва мехоҳад сароянда шавад.
 Сайёрахон: Шумо оиладор ҳастед?
Дилрабо: Не ҳоло оиладор нестам. Ҳоло ба худ шахси дилхоҳ наёфтаам.
Сайёрахон: Аз байни сарояндагон шумо ба худ идеал доред?
Дилрабо: Бале, идеали ман Ғолибҷон Юсуфов аст, сурудҳояшонро хело дӯст медорам, мухлиси ашадии он кас ҳастам. Рости гап ман сурудхониро аз Ғолибҷон Юсупов ёд гирифтагӣ ҳастам.
Сайёрахон: Лаҳзаҳои хотирмони ҳаётатон, ки ҳеҷ вақт фаромӯш карда наметавонед.
Дилрабо:  Дар ҳаёти ман ин гуна лаҳзаҳо бисёр буд ва то ҳол ҳаст. Аз байни инҳо вақте, ки ман сароянда мешам мегуфтаму падарам намегузоштанд. Онҳо метарсиданд, ки вақте маро танҳо мегузоранд ман суруд мехонам. Вақте ба Панҷакент мерафтанд  аз болоям дарро махкам мекарданду мерафтанд ва ман бошам аз болои девор ҷаҳида ба фарҳанг мерафтам. Баъд вақте хона меомадам бисёр ҷанг мекарданд. Ин аз хотирам фаромӯш намешавад.
Сайёрахон: Ягона орзуи шумо чист дар зиндагӣ?
Дилрабо:  Орзуи ман касбамро то охир идома додан, мухлиси зиёд доштану ба халқу ватанам хизмат кардан ба дили онҳо ҷо шудан, ҳамин аст орзуи ман.
Сайёрахон: Шаҳзодаи хаёлиатонро чи гуна тасаввур мекунед?
Дилрабо:  Ман мехоҳам, ки дар оянда бо шахсе вохӯрам, ки меҳрубон бошад, якдигарро фаҳмем. Дар соҳаи фарҳанг, ки ман кор мекунам ҳеҷ гоҳ зид набошад.
Сайёрахон: Дар вақтҳои холигӣ бо чи кор машғул мешавед?
Дилрабо:   Дар вақти холигиям дар хона ман суруд мехонам, шеър менависам, суруд аз ёд мекунам,  мусиқӣ гуш мекунам. Ман ҳаёти худро бе мусиқи тасаввур карда наметавонам.
Сайёрахон: Аз суруд  хондан дилгир намешавед?
Дилрабо:  Ҳеҷ гоҳ дилгир намешавам.
Сайёрахон: Таманниёти Шумо барои мардуми тоҷик?
Дилрабо:  Он шахсоне, ки дар дил орзу доранд ҷомаи амал пӯшад, ҳеҷ гоҳ хаста нашаванд, ҳама хушбахт бошад. То вақте, ки суруд ҳаст, сарояндагон ҳаст барои хушбахт гардонидани  мардум дар хизмат ҳастанд. Доимо сарбаланду хонаобод бошанд.
Сайёрахон: Ташаккури зиёд, ба шумо комёбиҳоро хоҳонем, сӯҳбат бо шумо хеле гуворову хотирмон буд.
Дилрабо:  Ташаккур, сӯҳбат бо шумо низ хотирмон буд.
Саломат бошед!!!
Сӯҳбаторо: Сайёрахон Махсумова
Муҳаррир: Чинигул Олимова

Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru