Авторизация
» » Устоди ман шодравон Субхони Саид

Интервью: Устоди ман шодравон Субхони Саид

Устоди ман шодравон Субхони Саид

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Устоди ман шодравон Субхони Саид!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Устоди ман шодравон Субхони Саид!.

Эркин Одинаев

Садои дилангези Эркин Одинаев кайҳост, ки дили мухлисон ва хоса модаронро тасхир кардаву ӯро маҳбуби дилҳояшон гардондааст. Моро иттифоқ афтод, ки бо Эркинҷон Одинаев ҳангоми филармонияи давлати машғули кор будан, вохӯрда, сӯҳбате биороем. Мӯҳтавои он сӯҳбати гувороро пешкаши хонандагони OHANG.TJ мегардонем.
Зарринаи Ғайрат: Рости намедорам, гапро аз куҷо оғоз кунам, вале ҳамин гап ба гӯшам расид, ки Эркин Одинаев дар шаҳри Панҷакент барномаи консерти барпо карда истодаанду айни ҳол дар даву този консерт, хеле серкоранд.

Эркин Одинаев: Бале, баъди шаҳри Хуҷанд барномаи консерти навбатии мо дар шаҳри Панҷакент санаи 6 - май аз тарафи Вазорати фарҳанг бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба соли "Рушти сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ" баргузор мегардад. Пешакӣ бояд гуфт, ки чор суруди ҷадид ба барномаи консерти "Деҳаи ман бӯи модар мекунад" аз қалами устод Имомиддин, суруди дигар "Модар" бахшида ба модарони бузургвор ва баъдан сурудҳои дигар ба қалами устод Лоиқ Шералӣ "Ороиши ҷавониям, ишқи ту буду буд" ва "Сад баҳрҳо гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз" ҳамроҳ карда шудааст, ки пешкаши ҳаводорон хоҳад гардид. Баъд аз ин нақшаҳоро пешаки ба Шумо гӯям, (механдад) тасмим гирифтем, ки сипас дар шаҳри Исфара, ноҳияи Ашт, ноҳияи Гончӣ, шаҳри Истаравшан, пас аз он ноҳияи Айнӣ дар охир ИншоАллоҳ дар пойтахт Душанбе шаҳр консерт менамоем. Худованд насиб дида бошад, мешавад.

Зарринаи Ғайрат: Кунчкобиам ором намегузорад, ба ин савол бояд ҷавоб гирам. Чаро ҳамасола дар минтақаи Суғд ташкили баромаду барномаҳои консертиатонро мешунавему дар дигар минтақаҳо қариб ба мушоҳида намерасад?

Эркин Одинаев: Кам ба мушоҳида мерасаду консерт дар Тоҷикобод, Ғарм мондаги ҳастам. Рости гап дар шаҳри Кулобу Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) намондем вале дар нақша ҳаст. Дар шаҳри Ҳисор низ ба нақша гирифтем то ин ки дар дили мухлисон монаду ин хотирашон нақш бандад. 

Зарринаи Ғайрат: "Гулдухтари зарафшонӣ" - ин суруд дар дили ҳазорҳо мухлис ҷой гирифтаву аз хурд то калон то ҳол зам - замааш мекунанд, ки ба гӯш мерасад. Маҳз ҳамин суруд сабаб шуд, ки маҳбубиятро дар байни мардум ба даст овардед?


Эркин Одинаев: Байни халқ маҳбубияту шӯҳрат пайдо кардани ман бо ин суруд не бо суруди "Ҷомаи домодиамро модари зорам надид" буд рости гап. Дуруст ин сурудро низ мардум хеле хуб қабул карданд. 
 
Гулдухтари Зарафшон, остина мечунбонӣ, 
Бо нозу бо карашма ҷигарма месӯзонӣ.


Зарринаи Ғайрат: Таърихи пайдо шудани "Гулдухтари Зарафшон"

Эркин Одинаев: Дар ансамбли Садои Шарқ бо устод Убайдуллои Каромат якҷо кор мекардем. Он кас ба ман матну оҳанги ин сурудро пешниҳод карданд, писандам омад, ба устод гуфтам, ки "Устод ин суруд ба ман мақул шуд. Ин сурудро ман мехонам"  Устод ба ман тӯҳфа карданд.

Зарринаи Ғайрат: ИШҚУ МУҲАББАТИ ДИЛИ ОШИҚ Суруде ҳаст, ки ба ишқатон бахшида бошед?

Эркин Одинаев: (Ту медонӣ, ки ҳар шаб зи ишқат боз бедорам...)
  - мана ҳамин сурудро ба ишқам, ба ҳамсарам бахшидагӣ ҳастам. Ҳангоми сароидани ин суруд ду сол пеш санаи 6 март дар шаҳри Душанбе дар толор ба ҳамсарам дастаи гул туҳфа кардам, ҳеҷ кас ҳатто инро худаш ҳам интизор набуд. (хушхолона бо як табассуми самими ёди он рӯз мекунад) Сабту наборҳояш то ҳозир ҳаст. 
Зарраинаи Ғайрат: То ҷойе медонам, ки сарпараст надоред. Хараҷоту баромади як суруд ва ё клип нархи гаронро талаб мекунад. Ба ғайр сарояндагӣ боз чи гуна ҳунар доред? Ба чӣ кор машғул ҳастед? 

Эркин Одинаев: Бо дастгирии халқу хизмати худ ба ин мартаба расидам. Даромади ман ҳамааш ин аз пушти касби худам сарояндагӣ аст. Ба ғайр сарояндагӣ ягон кор намекунам. Мисол: бизнесмен, тоҷир нестам. (Механдад у)

Зарринаи Ғайрат: Бархе аз сарояндаҳое вомехӯранд, ки барои дарёфти шӯҳрат бо лаҳҷаи эронӣ суруд месароянд. Шумо низ ин падидаро қабул доред?

Эркин Одинаев: Рости гап дар саҳна нахондаам вале дар тӯйҳо мехонам дар ҳолате ки гӯянд, ки ягон суруди эронӣ хонед. Дар саҳнаи тоҷик боре ҳам бо забони эронӣ суруд нахондаам.

Зарринаи Ғайрат: Агар ягон нафар аз сабаби нодори аз Шумо хоҳиш кунад, ки дар тӯям ройгон хизмат кунед, ба инобат мегиред?

Эркин Одинаев: Бале, бале ман ин хел хизматҳоро хеле бисёр кардаги ҳастам. Ин миннат нею ба ивазаш дуояшонро мегирем. Ин ҳамааш дуои эшон ки ба ин поя расидам. Мумкин Эркин Одинаев шудани ман бо дуои онҳо бошад. Дар туйи дӯстон низ албатта ки ройгон хизмат мекунем.

Зарринаи Ғайрат: Қувваи худро боз дар кадом жанр санҷидаги ҳастед ва ё дар нақша доред?

Эркин Одинаев: Асосан жанре, ки ман қабул кардам жанри халқӣ - эстрадӣ аст. Рости гап то ҳол кӯчаи мақомро нагузаштаам, аммо нав омӯхта истодаам аз классикон, ки бояд худро санҷида бинам. Мисол: Ушоқи Самарқанд. Кӯшиш дорам ба мисли устод Ҷӯрабек Муродов ҳамин мусиқии Самарқандро сароида тавонам. Инро аслан ду сароянда, устод Ҷӯрабек Муродов ва устод шодравон Олим Бобоев сароидаги ҳастанд. Ба монанди онҳо ягон сароянда сароидагӣ нест, рости гап. Ман мехоҳам, ҳамин сурудро ба монанди устодон сароям, ки писанди халқ гардад. 

Зарринаи Ғайрат:Ҳар нафаре, ки рӯи саҳна меояд аввал ба касе тақлид мекунад. Шумо ба кӣ тақлид кардагӣ ҳастед?
Эркин Одинаев: Бале, ман низ кардагӣ ҳастам. Ман тақлид неву ин пайрави аст, ки ба устодон Қобилҷон Зарипов, шодравон Субҳони Саид, шодравон Олим Бобоев, Ҷӯрабек Муродов, шодравон Боймуҳаммад Ниёзов мекардам. Рости гап ман ба ин 5 устодон тақлиду пайравӣ карда, сурудҳояшонро мехондам. 

Зарринаи Ғайрат: Дар мавриди чунин ҷавоб боз савол пайдо шуда истодааст, ки ба сарояндагоне, ки сурудҳои дигар миллатро тарҷума карда бо забони худ мехонанд, дар ҳаққи эшон чӣ мегӯед? Ба кори онҳо чӣ баҳо медиҳед?
Эркин Одинаев: Росташро гӯем ин рафтор дар Тоҷикистон муд шуда истодааст. Худам ҳам ҳамин сол ду оҳанги аз забони ӯзбекиро гирифта тоҷикӣ карда, сароидам. Аз Гулсанам Мамазоитова ва намедонам аз кадом бародар бошад оҳанги он касро гирифта тоқикӣ карда сароидам. Суруди "Деҳаи ман бӯи модар мекунад" аз ҳамон яке аз сурудҳо. Дар асл ин суруд ба халқам ба худам писанд омад вале виҷдонам азоб медиҳад. Набояд ин сурудро мехондам. Албатта ин рафторро одамон "дузд" мегӯянд. Ҳастку ин гуна гапҳо байни мардум. 
Зарринаи Ғайрат: Бале, ҳаминро дар назар доштам. Соҳиби сурудҳо огоҳи дорад, ки Шумо аз оҳангҳои онҳо истифода бурдагӣ ҳастед?

Эркин Одинаев: Албатта, ман вақти муаррифи кардани суруд номи онҳоро низ қайд кардам. Мисол: оҳанги ӯзбеки аз Гулсанам Мамазоитова ва номи дигар бародар, ки дар хотирам нест. Ҳамаги ду суруд сароидагӣ ҳастам. Аслан мо бояд эҷод кунем, то ин ки дигарон истифода баранд. Виҷдонам азоб медиҳад. Рости гап сарояндагони ӯзбек ба ҳоли мо механданд, ки "Санъат надоранд, оҳангҳои моро хонда истодааст." Ин гап ба шаъну шарафи тоҷикӣ рост намегирад. Ман ҳаракат мекунам, ки оҳангу суруди тоҷикиро онҳо аз мо гиранд ба ин розиям, но ин миллатпарастиву чизи дигаре нест, аммо инро аз рӯи қонуну қойдааш ҳам гирем туғри намегирад охир. Аз ин пас дигар ин корамро намекунам.
Зарринаи Ғайрат: Ҳамчун мухлис, эҷодиёти кадом сароянда писандатон ҳаст. Ихлосманди кадом сароянда ҳастед?

Эркин Одинаев: Ҳамчун мухсили ҳақиқи ба эҷодиёти устод шодравон Субҳони Саид шавқи зиёд дорам. Ҳамаи сурудҳояшон писанди дилам аст. Аз сарояндаҳои Ӯзбекистон танҳо Озодбек Назарбековро гӯш мекунам тамом.
Зарринаи Ғайрат: Суруди дустдоштаатон чӣ?

Эркин Одинаев: Суруди дустдоштаи ман аз устод шодравон Субҳони Саид аст. 

 
Аё эй ишқи ҷавониям боз ой,
Аё даври ҷавониям боз ой,
Ҷафоҳо мекашам бар зиндагонӣ,
Аё дарди ҷавониям боз ой.
ДӮСТИВУ ҲАМКОРӢ

Зарринаи Ғайрат: Бо кадом ҳампешагонатон дустии қавӣ доред? Бо сомонаи мусиқавии Ohang.tj тӯли чанд сол аст, ки ҳамкорӣ доред? Оё сомона талаботҳои Шуморо қонеъ мекунад?

Эркин Одинаев: Қариб бо ҳама сарояндаҳо ҳамкорӣ дорем. Охир мо ҳамкасб, ҳамкор ҳастем. Дустӣ! Бо сомонаи мусиқавии Ohang.tj бошад аз оғози саршави яъне кушода шудани сомона ҳамкории қавӣ дорам. Абдуҳаким Абдуфаттоев моро дастгирӣ мекунад. Албатта ба талаботу дархости мо ҷавобгӯ. Хушҳолам. Миннатдорам. Боз қариб ки бо ҳамаи телевизенҳои Ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунам. 


ҲАЁТИ ПАСИ САХНАГӢ

Зарринаи Ғайрат: Дар бораи оилатон донистан мехостам. Чанд фарзанд доред? 

Эркин Одинаев: Шукронаи Худованд соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Ду писару ду духтар. Сӯҳробҷону Субҳонҷон писаронам, Юлдузу Бибиҷон духтарчаҳои ман ҳастанд. Сӯҳробу Субҳон касби манро интихоб карданд. Сӯҳробҷон ҳамроҳи ман сарояндаги мекунад ва Субҳонҷон ин номро устоди ман шодравон Субҳони Саид худашон мондагӣ ҳастанд, ин писарам мутриб, навозандагӣ мекунад. Ба писаронам боварӣ дорам, ки яке беҳтарин сарояндаву дигаре беҳтарин мутриб, ифтихори ману халқу Ватан мешавад. 

Зарринаи Ғайрат: Рафту фалаки чархгардон, духтаронатон ҳам касби ҳунармандиро интихоб карданд чи?

Эркин Одинаев: Духтарчаи хурдиям бисёр овози хуб дорад. Суруд мехонад овозаш беҳад маҳин ва гӯшфорам аст, аммо ман гуфтам, ки "духтарҷон! Бас дигар нахон!." Бигзор сароянда нашавад.

Зарринаи Ғайрат: Чаро намехоҳед? Истедоди ирсӣ дорад. Дар оилаи санъаткор ба воя расида истодаанд...
Эркин Одинаев: Ман намехоҳам, ки духтарам сароянда шавад. Савол, саволи бисёрам мушкил. Мавзӯъро дигар кунем бисёрам хуб мешуд.
Зарринаи Ғайрат: Ҳамсаротон чӣ кораанд? Ихтисосманди ягон касб ва ё...
Эркин Одинаев: Ҳамсарам калони хона! (механданд) Хонашин дар тарбияи фарзандон машғул. Охир ман бисёри вақт дар хона нестам, дар хизмати халқ. Кӯдакҳоро ки нигоҳубин мекунад? Албатта калони хона, ҳамсари азизам. 
Зарринаи Ғайрат: Дар фарҷом, ногуфтаҳои нуҳуфтаи Шумо баҳри мухлисони ҳунаратон.

Эркин Одинаев: Мо ҳаракат мекунем, ки сафи мухлисонамон кам нашавад, зиёд шаваду камиро набинад. Он чи мухлисон дархости суруд мекунанд "барои дӯсти хонед", "барои модару падар хонед", "барои Ватан", "дар васфи ишқу ошиқи" он чи ки онҳо дархост мекунанд мо дар хизмати эшон ҳастем, ҳамавақт то даме Худованд ба мо умр додааст бо онҳоем дар хизмат. Дар хонаашон ҳама вақт тӯй бошаду мо санъаткорон дар хизмати онҳо бошем. Ба Шумо ҳам барори кору хушбахти хоҳонам. Ба тамоми кормандоне, ки ҳамроҳатон ҳастанд, ҳамкоратон пешравӣ, дурдборӣ дар зиндагӣ таманно дорам. Сарбаланд бимонетон!

Зарринаи Ғайрат: Сипоси фаровон барои чунин як сӯҳбати самимию таманниёти нек. Обод бошед!

Сӯҳбаторо: Зарринаи Ғайрат
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru