Авторизация
» » Ба наздики бо Манижа Давлатова хамкориро огоз намудем

Интервью: Ба наздики бо Манижа Давлатова хамкориро огоз намудем

Ба наздики бо Манижа Давлатова хамкориро огоз намудем

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ба наздики бо Манижа Давлатова хамкориро огоз намудем!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ба наздики бо Манижа Давлатова хамкориро огоз намудем!.

Мехрнигори Рустам

Меҳринигори РУСТАМ ситораи санъати тоҷиковозхони ҷавони хушсадо маҳсуб меёбадки аллакай на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шинохта мебошад. Меҳринигор 14 уми октябри соли 1994 дар шаҳри Душанбе 
дар оилаи санъаткор чашм ба истиқболи рӯз боз намудаву қадами нахустини хешро  дар синни 5 солагӣ ба остонаи ҳунар ниҳодаастӮ дар мактаби байналмиллалии шаҳри Душанбе таҳсил гирифта, пас аз хатм ба консерваторияи миллӣ дохил шудааст. Худи ҳамон сол донишгоҳро  хатм намуда, алҳол маьлумоти дуюмашро дар ДМТ  ихтисоси ҳуқуқшиносӣ гирифта истодааст. Ба ҷавонии худ нигоҳ накардатавонист на танҳо дар дохили кишварбалки берун аз  он ҳунару маҳорати худро ба мардум нишон диҳад ва саньати тоҷикро ба хориҷиён муаррифӣ намояд.
Сараввал бо ҷоизаеки дар шаҳри Гамбург дар чорабинии 
Daf Bama Music Awards 2016 соҳиб гаштедаз номи  ҳаводорони суруду мусиқӣ,мухлисон ва кормандони соманаи  ohang.tj табрик мекунем.
             Ташаккури зиёд, миннатдорам.
 Ба ин ҷоиза чӣ гуна ноил гардидед?
Гарчанде Шумо ҷавон бошед ҳам, дар дили садҳо мухлисон  ҷои худро доред ва ба ҳамагон маьлумки шумораи ҷоизаҳои Шумо рӯз то рӯз афзуда истодааст. Аслан соҳиби кадом ҷоизаҳо гаштаед?
             Санаи 27 –уми август дар шаҳри Гамбург чорабинии Daf Bama Music Awards 2016 баргузор гардид. Аз ҶТ ман ҳамроҳи ҳамкасбонам Ҷонибек Муродов, Валиҷон Азизов, Шабнами Сурайё ва продюсер Беҳруз Зеваров даьват шуда будем. Дар ин чорабинии "Беҳтарин сарояндаи сол" аз мобайни занҳо  соҳиби ҷоиза гардидам. Сабаби ба ин гуна ҷоиза сазовор гардиданам, шояд меҳнати шабу рӯз ва дастгирии мухлисонам бошад.Дар бораи дигар ҷоизаҳо сухан гуфтанӣ бошем, ҷоизаҳои ман ҳадду канор надоранд, бениҳоят зиёд ҳастанд. Ман аз хурдӣ, аллакай дар синни 5 солагӣ дар озмунҳо иштирок мекардам ва дар  озмунҳои бешумор ҷои аввалро ишғол мекардам. Дар озмунҳои байналмиллалӣ, якчанд шаҳрҳои хориҷа соҳиби медали тилло гаштаам ва инчунин ҷоизаи "Маликаи ҳунар", беҳтарин сароянда дар "Ҷило" насиби ман гардида буд. Бештари ин ҷоизаҳо дар ҷодаи саньат мебошанд.
         Шумо, ки  ба сафарҳои хориҷа зиёд меравед, фикр мекунам, ки забонҳои хориҷиро хуб медонед. Далели пурсиданам он аст, ки бархе мегӯяндки Меҳринигор забондон аст. Аслан кадом забонҳои хориҷиро медонед ва бо кадом забонҳо суруд сароидаед? Бо забони хориҷӣ суруд сароидан душвор нест?
             Банда, ки дар мактаби байналмиллалӣ таҳсил кардаам , барои ҳамин заминаи хуби омӯзиши забонҳои гуногун буд. Дар он ҷо бо забонҳои туркӣ ва англисӣ  дарс мехондем, бисёр забонҳои хориҷиро меомӯзидем. Ҳамин сабаб шуд, ки бо забонҳои англисӣ, туркӣ, русӣ бе ягон монеа ҳарф мезанам. Бисёр сурудҳоро дар жанри опера бо забони франсавӣ, италиавӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, туркӣ, ҳиндуӣ сароидаам.Ба ман бо забонҳои хориҷӣ суруд хондан душвор нест, дар муддати кутоҳ бо матни суруд ошноӣ пайдо мекунаму  тайёр мешавам.
    
 Муаллифи шеьрҳоятон кӣАз шеьрҳои кадом шоир сурудҳоятонро омода месозед?
              Асосан ҳамаи байтҳои сурудаамро Орзу Исоев менависанд.
                 То ҷое мо маьлумот дорем, Меҳринигор бо ягон сароянда дуэт насароидааст, сабаб дар чӣ бошад
                 Шояд ягон ҳунарманди ба дилам наздик набуд ё...( механдад) Рости гап,  пешниҳодҳо зиёд буданд ва дар он вақт, ки синну солам хурд буд, фикр мекардам, ки ҳоло барвақт аст. Айни ҳол бошад, омодаам, ки бо ягон сароянда дуэт сароем.
                   Бо кӣ дует сароиданиедАллакай маьлум аст? 
            Рости гап, вариантҳо зиёданд.  Ҳамроҳи Манижа Давлатова якҷо суруд ва оҳанг сохтем , ки "Дили зор" ном дорад. Худо хоҳад, дар соли нав пешкаши мухлисон хоҳем кард.
               Лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда -  айёми бачагӣҷавонӣ аст.  Хотираҳои нақшбастаи  айёми бачагӣ... Фаҳмиданӣ ҳастемки айёми бачагии Шумо чӣ хел гузаштааст?
                 Рости гап, айёми бачагии ман дар консерту чорабиниҳо гузаштааст. Фақат дар маъракаҳои сиёсӣ,  фарҳангӣ, дар консерту чорабиниҳои гуногун иштирок мекардам, аз ин лиҳоз  гуфта метавонам, ки айёми бачагиро на он қадар хуб гузаронидаам...
                 Киро устоди аввалини худ меҳисобед?  Дар ҷодаи саньат кӣ ба Шумо ёрӣ медиҳад?  Оё ягон сарпараст доред?
                Фикр мекунам, ки  устоди аввалинам дар ҷодаи саньат ин оилаи ман
ҳастанд ва саньаткорӣ ба ман ирсӣ гузаштааст. Ман дар оилаи саньаткор ба дунё омадаам.  Бобоҳоям Рустам Абдураҳим, усто Ғулом,  ки мутриб ва  устои хуби асбоби мусиқӣ  буданд ва бисёр сароиданро дуст медоштанд. Падару модарам низ дар ҷодаи саньат кору фаолият мекунанд. Онҳо ба  ман роҳнамоӣ мекарданд. Модарам ба ман бисёртар дар ҷодаи санъат кӯмак мерасонанд. 
         Ман сарпараст надорам. Сарпарасти ман - худам. Худам кор мекунам, лаҳзаҳое мешавад, ки худамро худам дастгирӣ мекунам  ва албатта оилаам ба ман кумак мерасонанд.
Ба фикри Шумо хислати хуби худатон кадом аст?
          Хислати хоксорӣ дорам. ( механдад ӯ)
            Муаллифи клипҳоятон кист? Клипҳоро дар куҷо сабт мекунед?
              Бисёртар бо клипсозони хориҷа ҳамкорӣ дорам, инчунин бо Шӯҳрат , Абулҳай Зокиров низ. Клипҳоям агар фолклорӣ  бошад, дар Тоҷикистон сабт мекунем, боқимонда  бошад, дар навор гирифта мешавад.
            Ба ғайр аз сарояндагӣ боз дар кадом касб худро  мебинед?
             Бисёртар рассомиро дӯст медорам, оҳанг эҷод мекунам ва умуман касбҳое, ки хоси духтарона аст, онҳоро меписандам.Имсол бошад, барои ноил шудан ба маьлумоти дуюм, ба Донишгоҳи миллӣ,  ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супоридам, алҳол курси 3- юм ҳастам. Мо, ки ҳоло  ҷавонем, бояд дар ҳар соҳа худро санҷем, зеро алъон имконият дорем.
            То ҷое, ки мо маьлумот дорем, Шумо оҳангсоз низ ҳастед Дар боло худатон низ қайд кардедОҳанги сурудҳоятонро кӣ эҷод мекунад?  
            Аз соли 2010 то инҷониб оҳанг эҷод мекунам. Як қисми сурудҳоямро худам оҳанг бастаам. Рости гап,  ба  оҳангсозӣ маро Орзу Исоев ҳидоят карданд. Орзу Исоев мегуфтанд, ки ту оҳанг соз мекунӣ ва сурудҳоят бо тахаллуси Асал бо оҳанги худат мебарояд. Рости гап, ман шарм мекардам, барои ҳамин ба ин хулоса омада будем.Аз ҳамон вақт сар карда, ба сурудҳоям аз оҳанги худам истифода мебарам ва ба ҳунармандон низ оҳанги эҷодкардаамро пешниҳод мекунам.
           Бо кадом ҳунармандон дустӣ доредҲамкорӣ ҳам мекунед?
            Бо ҳамаи ҳунармандон як хел рафтор мекунам ва робитаи хуб дорам. То ин ҷониб бо ягон ҳунармандон ҳамкорӣ надоштам, ба наздикӣ бо Манижа Давлатова ҳамкориро оғоз намудем.
           
            Чизе ки Шумо ба он муваффақ нашудед?
            То ҳол он чизе, ки хостам, шукри Худо ба он  муваффақ шудам. Бо ин хел ҳолатҳо дучор нашудам, ки ноком шуда бошам. Агар одам заҳмату кӯшиш кунад, албатта  ба ҳадафу мақсади худ мерасад.
             Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?  Сюрприз баҳри муҳлисон чӣ?
            Дар оянда нақшаҳо зиёд ҳастанд. Ҳадафи асосии ман ҳамин аст, ки консерти шахсии худамро баргузор кунам. Боз нақшаҳо зиёд ҳастанд... Рости гап, намехоҳам, ки гӯям, зеро метарсам, ки амалӣ нагарданд, дар назди мухлисон дуруғгӯ мешавам. Иншооллоҳ дӯстону мухлисонам мебинанду шоҳид мегарданд.
(с) Зарринаи Fайрат
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru