ATash
  • Читали: 2 880
  • ФИО: ATash
  • Дата добавления: 12-04-2019, 22:31
0
0
На этой странице Вы можете узнать биографию ATash. Скачать или прослушать все песни ATash, со своего телефона на Android, iphone или пк в любое время.

Об артисте ATash

Атхам Турдикулов 17 декабри соли 1997 дар оилаи рассом дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Дар оила 3 фарзанд мебошанд. Атҳам   фарзанди калонии хонавода буда, 2 хохар дорад. Баъди хатми мактаб ба сарояндаги шавку рагбат пайдо намуда ба сароидани реп машгул мешавад. Холо Атхамро мухлисонаш  хамчун Аташ мешиносанд.

Мехрангез : Салом Аташ. Рузатон ба хайр бошад.Аввалан ба Шумо изхори сипосдориамонро баён менамоям, ки вакти хешро дарег надошта бо мо хамсухбат гаштед.

АТАШ:  Ташаккури заёд.  Саломи худро ба кулли кормандони сомонаи ohang.tj   мерасонам шод аз онам  ки бо Шумо хамсухбат мебошам .

Мехрангез: Аташ лутфан дар  бораи худ камтар маълумот медодед . Чун шумо сароянда нав мебошед ва  барои мухлисон хаёту  фаъолияти шумо ачиб аст.

АТАШ:  Номи асли ман Атхам мебошад . Аташ бошад хамчун тахаллус (яъне кличка)- и ман мебошад. Ман баъди хатми мактаб ба ягон донишгох дохил нашудаам ва чун шавки зиёди сурудхони доштам  ба сароидани реп машгул шудам. Холо бошад ба сароидани сурудхои вокалии худ шуруъ намудам.

Мехрангез: Яъне айни замон  шумо дар ягон донишгох тахсил намекунед ? 

АТАШ: Не айни замон дар ягон донишгох тахсил намекунам . Аммо дар оянда накша дорам , ки ба шахри Тошканд рафта дар хамон чо дар Консерваторияи Чумхурии Узбекистон тахсил кунам. 

Мехрангез: Аввалин суруде ки Шумо сароида будед кадом буд?

АТАШ: Аввалин маротиба ман бади хатми мактаб суруди «Ишки ман» - ро бо хамрохи  дустам Азамат сароида будам.

Мехрангез: Дар шумо шавку рагбати сурудхони аз кучо пайдо шудааст ё ин ки дар оилаи  сароянда ба дунё омдаед?

АТАШ: Не дар оилаи мо ягон сароянда нест, ман дар оилаи рассом ба дунё омадаам  ва аз оилаамон   ман аввалин шахсе мебошам , ки дар ин чода фаъолият мебарам. Дар оилаамон Амакам шавки навохтани асбобхои мусикиро дорад, аммо у сароянда нест .

Мехрангез: Агар дар оянда Шуморо  дида яке аз хохаронатон сароянда шудан хоханд шумо зид намебароед?

АТАШ: Рости гап чунин саволро ба ман якумин бор дода истодаанд. Ман хатто дар ин хусус фикр хам  накардаам. Фикр мекунам агар раваду хохаронам хоханд сароянда шаванд ман шахсан худам онхоро ба Коледжи санъат бурда дохил мекунам 

Мехрангез: Чуноне ки мо медонем ба гайри сарояндаги шумо инчунин ба навохтани асбобхои мусики низ махорат доред . Хамин тавр?

АТАШ: Бале . Ман асосан навохтани гитара ва фортапианаро дуст медорам . Навохтани ин асбобхои мусикиро ба ман амакам омузонидааст. Ва хатто гуфта метавонам , ки амакам устоди ман мебошанд, чун дар дили ман мухаббат нисбати саъат , шавку рагбати сарояндагиро махз хамин шахс дохил кардааст.

Мехрангез: Яъне махз амакатонро устоди хеш мешуморед?

АТАШ: Бале амакам ва ин чунин чи хеле ки гуфтам   Азамат дустам ки у хамавакт ба ман маслихатхо медод ва дастгири  мекард. Ва аввалин суруде ки сароида будам хамрохи у буд. Вакте ки ман бади хатми мактаб ба шахри Русия сафар кардам дар хамон чо дар вактхои холигиам аз шабакахои интернети бештар истифода карда навохтани асбобхои мусикиро дида худам ёд мегирифтам.

Мехрангез: Шумо хамаги то имруз чанд суруд бахри мухлисонатон пешкаш кардаед?

АТАШ: 9 суруд дорам. Охирин суруди нави эъчод кардаамро ки «Между нами» ном дорад , ба сомонаи шумо пешкаш намудам. Бисёр миннатдорам ки Абдухаким Абдуфаттоев бо мо хамкори мекунанд ва моро хамавакт дастгири менамоянд. Албатта хамин шахс хастанд ва мо санъаткорон зинда хастем .  Имруз кушиш менамоям то бештар сурухои навро пешкаш намоям бахри мухлисонам.

Мехрангез: Аташ пеш аз хама шуморо бо чашни Навруз табрик менамоям.Мегуфтед, ки дар ин рузхои бахори ки  хамаи сарояндагон бо гузоштани силсила консертхои худ машгуланд, Шумо чи гуна накшахо доред?

Аташ: Ташаккур. Шуморо  ва ахли кормандони сомонаи ohang.tj – ро инчунин мухлисону хаводорони сомонаро низ  бо Наврузи хучастапай табрик менамоям. Айни хол бисёр накшахо дорам . Асосан ба эъчоди сурудхои нав машгул хастам ва ба наздики барои мухлисон сурудхо ва клипхои нави худро пешкаш менамоям.

Мехрангез: Аташ шумо оиладор хастед  ё  ин ки акнун дилу нияти оиладор шуданро доред?

АТАШ: Не холо оиладор нестам ва фикри оиладор шуданро низ надорам, зеро накшахои бузург дорам ва аввал мехохам чои худро дар чодаи санъат пайдо намоям , яке аз сарояндагони бехтарин шуда , махбуби дили хамагон гардам.

Мехрангез:  Дар эъчоди сурудхо бо ки хамкори мекунед , матни сурудхоятон аз тарафи ки навишта мешавад?

АТАШ: Хамаи матни сурудхоямро ман шахсан худам эъчод менамоям , албатта баъзан бо кумаки дусти азизам Азамат .

Мехрангез: Аташ бовари деред ки дар оянда сарояндаи машхур ва махбуби дили хамагон мегардед ?

АТАШ: Бале боварии комил дорам, барои он ки вакте сурудхои якум хондаамро ва хозираашро гуш мекунам , хис мекунам , ки сурудхои хозираам кулан фарк мекунад аз он сурудхо.  Хам аз чихати маъно , хам овоз ва хам баёни ин сурудхо  бехтар ва хубтаранд.  Мухлисонам низ руз то руз зиёд гашта истодаанд ва хаммаи онхо интизори сурудхои нав мебошад. Аз ман пурсон мешаванд ки кай суруди нав бахрашон пешкаш менамоям.

Мехрангез: То дарачае ки мо медонем  холо шумо консерти шахсии худро нагузошаед. Кай мухлисон шоу консерти аввлини Шуморо интизор шаванд? 

АТАШ: Бале ман то инчониб  ягон маротиба консерти худро нагузоштаам , фикр мекунам холо як муддат бо эъчоди сурудхои нав ва клипхо машгул мешавад. Шоу консерти манро бошад хамман интизор бошед. 

Мехрангез: Таманниёти шумо ба кулли мухлисонатон ва хаводорони сомонаи ohang.tj ?

АТАШ: Бори дигар хаммаи точикон ва точикистониёнро бо Наврузи ачам табрик намуда ба онхо сихату саломати орзумандам. Ташаккури зиёд ба директории сомонаи ohang.tj   Абдухаким Абдуфаттоев хамеша тансихату хонаобод бошанд. Ба мухлисонам гуфтаниям сурудхои нави  маро аз сомонаи бехтарин сомонаи ohang.tj метавонед дастрас намоед.

Мехрангез: Ташаккур барои чунин сухбати хушу гуворо . Мо низ кормандони сомонаи ohang.tj ба Шумо дар корхои эъчодиатон  муваффакиятхои назаррасро орзумандем.

Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив