OHANG.TJ
Сейчас играет

Суруди беном

Суруди беном

Поп / Эстрада · Женский вокал · от Баходур О.
0 воспроизведение 24 ноя 2026
0:000:20
Тексты песен
Эй Парчами умед, то парфишон туӣ, Дар осмони бахт рангинкамон туӣ, Сурхии ту, ҳаққо, сурхии рӯ бувад, Рӯсурхии абад зин обрӯ бувад. Ранги сафеди ту бахти сафеди мост, Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост, Мо бо ту меравем то қуллаи мурод, Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод. Эй Парчами умед, эй сабз чун чаман, Аз ранги сабзи туст сарсабзии ватан, Аз файзи сояат сарсабзтар шавем, Чун боғҳои мулк пур аз самар шавем. Эй Парчами умед, эй ном, эй нишон, Дар осмони бахт кардат кӣ парфишон, Бигзор, номи ӯ монад дар ин ҷаҳон, Мисли ту раҳнамо, мисли ту ҷовидон.

Создать похожую песню

Опишите момент, выберите жанр и голос. Зарегистрируйтесь бесплатно и получайте 20 кредитов каждый месяц.

Открыть студию