Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Чамангул Шамсуллозода

Интервью: Ногуфтаҳо бо Чамангул Шамсуллозода

Ногуфтаҳо бо Чамангул Шамсуллозода

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Чамангул Шамсуллозода!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Чамангул Шамсуллозода!.


Суҳбати Орзу Исо бо Чамангул. 


- Орзу: Дуруд азизони ман. Шумо хело инсонҳои бонамак ҳастед, ки ҳамеша барномаҳо моро тамошо мекунед. Ва имрӯз саломи худ ва саломи Чаманро ба шумо мерасонам. Салом алейкум Чаман.

-Чамангул: Салом алейкум. Ба ҳамаи шумоён ба ҳамаи шунавандагон, тамошобинони ин барнома.

- Орзу: Азизони дил хело аламовар аст. Аламовар аст агар ҳунар ва ҳунарманд ношинохта бимонад. Хело аламовар ҳаст агар мардум ҳунармандро ба фаромушхонаи зеҳнаш бубарад. Хело сахт аст. Ва хело аламовар аст агар ҳунарманд дар тули эҷодии худ, худро ба дустдорони ҳунар муаррифи карда натавонад. Вақте ман роҷеъ ба Чаман ҳарф мезанам гоҳ-гоҳ қаҳрам меояд. Гоҳ-гоҳ ба шуур меоям, ки чаро Чаман. Чамане, ки саропо ҳунар аст, Чамане, ки саропо истеъдод аст дар мавқеи, ки бошад нест. Ҳайрон мемонам. Гоҳ-гоҳ ба танбалӣ Чаманро айбдор мекунам. Ва имрӯз Чаман меҳмони барномаи мо ҳаст. Ва нахуст саволи ман ба Чаман ин аст, ки чаро шумо мисли дигар сарояндаҳо ташвиқу тарғиб ва кори худро дӯст намедоред.

-Чамангул: Ростӣ  ҳамаи ҳунарманд, ҳамаи сарояндаҳо дӯст медоранд. То ки реклама кунанд, тарғиб шаванд. Ман низ медорам албатта. Ман танҳо бо танбалиям надодам. Лекин ман бо мардум зиндааам. Ҳамин қадаре, ки ба кумаку дастгирии худам ҳаст, ба шароити ҳамин қадар зурам мерасад. Аз ин зиёд карда наметавонам. Ҳар як чорабинӣ ҳар чӣ ки мухлисон мехоҳанд, ба вазни худам албатта омода мекунам. Ҳар як суруде, ки пешниҳодам мешавад, ман мекунам. Мункин, ки воситаҳои манам суст бошад, ба ҳамин хотир ман қайчӣ шуда, қайчӣ шуда ба сабтҳо мемонам.

- Орзу: Биёед мушаххас дар ҳамин бора. Кай ба сабт рафтед, ки сабти шуморо лағв карданд?

-Чамангул: Зиёд вақтҳое ҳастанд, ки ин рост аст. Агар ба хотире зиёди касонро агар таклиф кунанд, ки мана биёед апачон, хоҳарҷон, ки шумо дар васфи Наврӯз доред. Биёед сабти теливизиони ҳаст, сабт кунем. Лекин ман надидам, ки ягон кас занг занад. Хайр апаҷон шумо суруд доред, заҳмат кашидед. Марҳамат биёед баромад кунед, сабт аст аз телевизиони. Ман розӣ. Шукронаи мардум, ки маро мешунаванд. Тӯй меравам, хурсандӣ меравам зиндагӣ меравад. Ба ҳамин хотир шукрона мекунам.

- Орзу: Воқеан дар ибтидои барнома шумо шеъре сурудед, ки чаман вавқуллода аст. Дар мавзуъҳои гуногун тарона месарояд. Ва Чаманҷон ман аз рӯи оморр мушоҳида кардам, ки барномаи Ногуфтаҳоро бештар муҳоҷиронӣ меҳнатӣ дар Русия буда тамошо мекунанд. Тақрибан аз 70% тамошобинони мо аз Федератсия Русия мебошанд. Ва шояд онҳо мунтазиранд, ки барояшон як порчае таронаҳои дилангез бисароем то хотирашон болида гардад.

-Чамангул: Ман ҳамаи муҳоҷиронро эҳтиром мекунам. Ҳмаи шуморо эҳтиром мекунам. Ин суруди нави ман аст, ки муҳоҷир ба хотири шумоён сурудаам. Ҳозир пешниҳоди шумоён мегардонам. (Чамангул суруд месарояд). Гарчанде садоям хаста буд, дар хизмати мардум будам.

- Орзу: Садоятон бисёр ширадор аст. Садои бисёр зебо доред. Садои махмалин доред. Ва хело таронаи дилангез. Ин таронаро ки эҷод кардааст. Оҳанги кист?

-Чамангул: Албатта ин оҳанги Ҷамшед Низомов ҳаст.

- Орзу: Ҷамшедҷон дуруд.

-Чамангул: Бо кумаки ӯ ин сурудро омода кардам.

- Орзу: Шеъраш аз кист?

-Чамангул: Шеъри Кароматуллои Мирзо ва Нуррулои Ориф. Бо дастгирии ҳамдигар.

- Орзу: Чаман ман гуфтанӣ будам, ки дар ғайр аз шабакаҳои телевизиони, ҳоло воситаҳои тарғибу ташвиқ хело бисёранд. Масалан смонаҳои ичтимоӣ, Facebook. Instagram, YouTube ва ғайра бисёранд. Чаро шумо дар ин шабакаҳо фаъол нестед. Шумо мегӯед, ки ман танбал нестам. Вале ман намебенам, ки мисли дигар сарояндаҳо як ғизо бихуреду дар Instagram бимонед, як чой бинушеду дар шабакаҳои ичтимоӣ бимонед. 

-Чамангул: Не. Лекин ба фикрам дар YouTube зиёда туй мерам, худам дарак надораму дар YouTube мемонан. Ман худам тамошо мекунам. 

- Орзу: Instagram доред?

-Чамангул: Дорам.

- Орзу: Саҳифаи чаманро менависем. Саҳифаи Чаман: chamangul.singer. Обуна шавед ва таронаҳои Чаманро пайгирӣ кунед ва гуш бикунед. Яъне дар Instagram он қадар фаъол нестед. Муошират намекунед?

-Чамангул: Нав кушодам Instagram. Сурудҳо, клипҳо аллакай мешавад. Танбалӣ намекунам.

- Орзу: Баъдан ғайб задед. Ва ба ман гуфтанд, ки Чаман фаъолияташро каме маҳдуд кардааст, зеро ба шавҳар баромадааст. Чӣ гуна ранг гирифт зиндагии оилавӣ ва чун мо даҳ сол боз бо якдигар барнахӯрдем, вонахӯрдем.

-Чамангул: Албатта зиндагӣ пастиву баландии худро дорад. Зиндагӣ бе мубориза намешавад. Гарчанде паст аст, баланд аст. Бояд сабр дошт, зиндагиро пеш бурд. Якто бача дорам. 

- Орзу: Ба шавҳар баромадед?

-Чамангул: Ба шавҳар баромадам.

- Орзу: Аз аҳли санъат аст ё не?

-Чамангул: Не ӯ аз аҳли санъат нест. Ба санъатам зиб буд ва ҳаст. Лекин ман санъатамро дӯст медорам. Бе мухлисон буда наметавонам. Ин дуруғ нест. 

- Орзу: Соҳиби як фарзанд ҳастед? Номаш?

-Чамангул: Бале писарча. Номаш Муҳаммадрасул.

- Орзу: Бисёр номи зебо. Чанд сола?

-Чамангул: Шаш сола. 

- Орзу: Аллакай. Муҳамадрасул агар моро мешунавад дуруд мегуем. Ва Муҳаммадрасул бояд ифтихор кунад, ки чунин модари солор дорад. Ва чунин модари зебо дорад. Зиндагии оилавӣ камтар ба рушди санъати шумо таъсир гузошт ё не?

-Чамангул: Албатта. Хеле ақиб мондам.

- Орзу: Сабаб?

-Чамангул: Сабаб зидди ба туй рафта наметавонам, рашк. Ё ин ки меравам дур меоям. Ҳатто раҳи дур. Хайр акун ман бо мухлисон зиндаам. Дер меоям. Мешавад ангҷол. Шавҳарки ҷанг.

- Орзу: Яъне ҷангҷол то кадом ҳад?

-Чамангул: Зиёд. То ҳадде, ки шаппо мехурӣ.

- Орзу: Яъне то ҳадди задан, лату кӯб.

-Чамангул: Ҳа.

- Орзу: Чаро шумо намехостед. Дар хона нишинеду шавҳар шуморо хуронаду пӯшонад?

-Чамангул: То ҳадди имкон таъмин мекард. Гушна набудем, ташна набудем.

- Орзу: Чаро шумо туй мерафтед?

-Чамангул: Ман соҳаамро дӯст медорам. Ҳама дигарон ҳам медонанд, ки ман зиёд нархи баланд, туй намеравам. Ба нархи дастрас меравам.

- Орзу: Чаро шавҳари шумо намедонист, ки шумо санъаткоред?

-Чамангул: Албатта медонистанд.

- Орзу: Қабл аз издивоҷ маслиҳати шумоён чӣ хел буд?

-Чамангул: Маслиҳат ҳамин буд, ки  ман кор кунам, адр соҳаам ҳамқадам шавам. 

- Орзу: Яъне муқобил набуд?

-Чамангул: Набуд. Баъд муқобил шуд.

- Орзу: Шуморо лату куб мекард, ба полис мурояиат намекардед?

-Чамангул: Кам-кам. Ба поли муроҷиат намекардам. Барои зиндагӣ барои чӣ муроҷиат кунам. Зиндагӣ ҳаст пастию баланди дорад.

- Орзу: Ҳоло накунад, ки баъд аз барнома лату кӯб кунад.

-Чамангул: Бигзор. 

- Орзу: Яъне аз ин мебарояд, ки шумо одат кардед. Ба шумо писанд аст, ки шуморо бизанад.

-Чамангул: Не-не. Нагуид илтимос.

- Орзу: Ояндаи зиндагии худро чӣ гуна ҳатс мекунед ва чӣ гуна мебинед?

-Чамангул: Ростӣ намедонам. Ҳеҷ кас пешомади зиндагии худро намедонад, ки чӣ шавад. Ман ҳам намедоанам, ки зиндагии ман чӣ хел аст. Вале то ҳадде мехоҳам, ки сатҳи худам сурудҳоям пешкашӣ мухлисон пешкаш кунам. Ҳар суруде ҳаст мехоҳам, ки зуд дастрасӣ мухлисон кунам. Рост мегӯам бо мухлисон зиндаам.

- Орзу: Чаро шумо намехоҳед, ки бо продюсерон, бо дастандарконӣ ин ё он барномаҳои консерти ҳастанд ҳамкорӣ кунед?

-Чамангул: Ростӣ зиёд меравам пеши режессёру продюсерон. Мегӯям консерт будаст ман иштирок кунам. Мегӯянд пур номнавис шудагӣ. Ман чӣ кунам зора кунам. Не. Майлаш пур шуд ман меравам.

- Орзу: Масалан барномаи мо ройгон омадед. Ягон кас аз шумо маблағ талаб кард?

-Чамангул: Не албатта. Аз шумо миннатдор. Ташаккур.

- Орзу: Ҳамин гуна афрод, ширкатҳо зиёданд. Шахсоне зиёданд, ки масалан ошиқӣ ҳунаранд. Гирифтори ҳунаранд. Ин гуна шахсиятҳо зиёданд.

-Чамангул: Медонед ман кадом вақт инро дарк мекунам. Вақте, ки ман лозим мешавам, ки туяшон хизмат кунам. Ҳамон вақт мехоҳам, ки ман лозим будаанд. Баъд занг мезананд, ки Чаманҷон ту лозими дар марака. Ҳатман овози зинда лозим будааст. Чаман бояд бе фонограмма хонад.

- Орзу: Шумо фонограмма истифода намебаред?

-Чамангул: Не-не ягон бор. Ман дар туй фонограмма истифода намебарам. Ин рост аст. Вақте туй мешавад ҳама кормандон 3-соат зинда. Вақте, ки кори ман меафтад мерам дар пушти дар муҳтоҷ мешавам, ягон суруди ман намеравад. 

- Орзу: Ман аз тамоми продюсерон, аз тамоми бачаҳое, ки дар баргузории консертҳо саҳм доранд, мехоҳам, ки даъват ба амал биёранд, ки Чаманро аз мадди назар дур нагузоранд. Махсусан аз Баҳриддин, ки ин ҷо дар пушти дурбинҳои наворбардори нишастааст, ин барномаро зери назорати худ қарор гирифтааст. Аз Баҳриддин хоҳиш мекнам, аз Раҷд Аҳмад хоҳиш мекунам, ки Чаманро дастгирӣ кунед. Зеро Чаман арзанда ҳаст, овози хуше дорад. Бовар намекунед як таронаи дигар барои шумоён месарояд.

-Чамангул: Албатта.(Чаман суруд месарояд). Ҳаминхел.

- Орзу: Аҷоиб. Дар жанри фолклор. Аҷоиб хело бо намак. Дар ягон барнома ансамбелҳои давлатӣ ба кор дароед?

-Чамангул: Кӯшиш кардам. Ҳоло дар театри опера ва болет фаъолият мекунам. Ростӣ зиёд рафта будам ба ансамбли “Фалак”, “Дарё” рафта будам, ки ба кор гиранд. Ҷой нест, кор нест, ҳаминхел.

- Орзу: Дар хона шумо чӣ гуна бонуед. Масалан за кору машғулиятҳои хонагӣ наметарсед шумо?

-Чамангул: Не. Гарчанде, ки агар ягон рӯз зиёдтар кором мешавад, шаб ҳам, ки бошад албатта кори хонаам худам мебароям. 

- Орзу: Хонаи шумо дар куҷо аст?

-Чамангул: Хонаи ман ноҳияи Рудакӣ.

- Орзу: Яъне хонаи худатон ҳаст. Худатон харидед?

-Чамангул: Бале. Худомон зиндагӣ мекунем.

- Орзу: Шумо дар русто ба воя расидед?

-Чамангул: Дар деҳа ба воя расидам. Дар қишлоқ. Ҳамин қадар қишлоқи калон, ки 3 хона дорад он ҷо. Ҳозир 35 то шудааст. Дар Чағатой, ҳозир мегӯянд Арғувон. Дар самти Норак.

- Орзу: Дарахти Арғувонро медонед чӣ гуна аст?

-Чамангул: Албатта медонам. Мо баргҳои Арғувон чинда мехӯрдем дар хурдӣ. 

- Орзу: Ранги дарахти Арғувон хело зебо ҳаст. Умуман Чаман худаш чун дарахти Арғувон аст. Зебо, пур аз гул, пур аз ранг. Ман як чизро гуфтанӣ будам. Баҳриддин Сабур яке аз продюсерони маъруфи тоҷик аст. Барномае дорад бо номи “Бонуи пурҳунар”. Мебарад духтарони шаҳрро тапак мекунанд. Шумо намехоҳед он ҷо иштирок кунед.

-Чамангул: Мехоҳам, ки тапак куниро ба дигарон нишон диҳам. Зани деҳот ҳама метавонанд тапак карда.

- Орзу: Духтарҳои шаҳр, бонуи пурҳунар чӣ?

-Чамангул: Не-не. Ман ба ҳамаашон 0 мемондам. Хамир, шакароб ҳамааш 0 мемондам. Хайр кам-кам шакаробу хамир ба нағз буданд. Ҳавлӣ меруванд, наход ҳаминхел рӯванд. Ҳар зан метавонад ҳавлӣ руфта. Новобаста дар шаҳр ё қишлоқ зиндагӣ мекунанд.

- Орзу: Яъне шумо омода ҳастед, ки дар ин озмун иштирок бикунед?

-Чамангул: Ҳа барои чӣ не. Аз дасти ман ҳамааш мебарояд.

- Орзу: Баҳриддинҷони азизи дилам. Як қаҳрамон пайдо кардем барои барномаи ту. Ва ин Чаман аст. Кори деҳаро аз сидқи дил мехоҳад нишон бидиҳад. Хуб Чаманҷон барномаи моро дар сар то сари ҷаҳон тамошо мекунанд. Дар ниҳояти барнома мехоҳам, ки боз садои дилангези Чамани нозанинро танин биандозад. Баъдан худоҳофизӣ мекунем.

-Чамангул: Зинда бошед ман ҳамаи мухлисонамро дӯст медорам. Ҳар чӣ ки дар ин банома гуфтам аз қалби дил буд. Шояд хайр чӣ хел тасвир мекунед шумо. Яъне, ки озод будам. Ман хостам, ки бо бародарам бо дустонам озод сӯҳбат бикунам. Беҳад миннатдорам. Аз бародаронам, ки маро таклиф карданд. Ру ба   руи мухлисон нишастам. Намедонам чиро баён кунам. Зинда бошед. Сурудҳои ман барои шумо ҳаст. Як суруде, ки ман зиёд дӯст медорам. Акаи Орзу ҳам зиёд дӯст медоранд. Дар ёд доред.

- Орзу:  Бале. Хело ташнаи овози Чаманҷон шудам.

-Чамангул: (Чаман суруд месарояд).

- Орзу:  Офарин.

-Чамангул: Ташаккур зинда бошед.

- Орзу:  Садои рудхонаҳои мусаффои кишвар, садои дарё, садои пур аз эҷоз. Ин садои Чамани азизи мо ҳаст. Ва ҳамин ҷо дӯстони заиз худоҳофизи мекунем. Ва хотиррасон мекунем, ки барномаи мо таҳия мешавад бо маркази мебели “Хонаи ман”. Биёд таҷҳизоти хубу зеборо интихоб кунед. Ва дар ниҳояти кор ман ба шумо барор, муваффақият ва сари баланд таманно мекунам. Ва аз шавҳари Чаман як хоҳиш мекунам, язнаи азиз Чаманро азият надиҳед. Хайр саломат бошед!


Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.








Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru