Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Михаил

Интервью: Ногуфтаҳо бо Михаил

Ногуфтаҳо бо Михаил

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Михаил!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Михаил!.


Суҳбати Орзу Исо бо Михаил. 


- Орзу: Дуруд азизони дил. Намедонам Мишелаш бигуям, Михаилаш бигуям, Мишелаш бигуям. Вале мардум бо имсми Михаил меҳмони азизи барномаи Ногуфтаҳоро. Ман дуруди таҳиягарони барномаро ба кулли бинандагони азизро мерасонам ва дуруди шуморо ба Михаил мерасонам.

-Михаил: Сипос. Валейкум салом. 

- Орзу:   Хуш омадед.

-Михаил: Ҳазор раҳмат. Миннатдор, ки моро ба барномаи Ногуфтаҳо даъват намудед. Қадам ранҷа намудем.

- Орзу:   Саволи нахустин чаро Михаил.

-Михаил: Он вақташанда солҳои 1998 зардҳо кам таваллуд мешуданд. Ман ҳамон солҳо таваллуд шудаам. Баъд гуфтанд, ки номи ӯро мемонем Михаил. 

- Орзу:   Дар вуҷуд исматон Михаил аст. 

-Михаил: Ҳа бале. Нусратуллои Инаютулло дар қонунӣ аст.

- Орзу:   Дар шаҳр таваллуд шудаед. Ё дар русто.

-Михаил:  Ман дар Кӯлоби бостонӣ. Дар қишлоқ.

- Орзу:   Дар кадом деҳа.

-Михаил:  Деҳаи Қипчоқ.

- Орзу:   Шунида будам. Деҳаи бисёр зебо. Яъне обу тоб ёфтед?

-Михаил:  Бале то одам нагӯяд азоб накашад ба қадри як чиз намерасад. Ҳатман бояд азоб кашидан лозим. Ин суханони падари ман ҳаст. Падарам гуфтаанд “фарзанди ман бошӣ азоб мекаши, дуо мегирӣ баъд пеш саф мешави”. Ман гуфтам чизе, ки шумо бигуед ман дар пои шумо садқа мешавам. Фақат маро дуо бикунед.

- Орзу:   Падари шумо чӣ кора ҳаст?

-Михаил:  Падарам ростӣ гапашро гуям ҳозир кор намекунанд. 

- Орзу:   Нафақахур?

-Михаил:  Нафақахур ҳам нест.

- Орзу:   Чанд сола аст падари шумо?

-Михаил:  Падари ман асосан таваллуди 1976. 

- Орзу:   Оҳо падару шумо мисли ман ҳаст. Падаратон ҷавон ҳастанд ҳоло чаро кор намекунанд?

-Михаил:  Ростӣ гапашро гуям дар сояи давлатӣ фарзанд ҳастанд. Акун ман бениҳоят хурсанд мешавам. Ҳар падар соҳиби ин хел фарзанд ҳам намешавад, фарзанд ҳам соҳиби ин хел падар намешавад.

- Орзу:   Шумо гуфтед, ки шуморо падар дар зиндагӣ ҳидоят намуд, то  ранҷ бикашӣ, азоб бикашӣ. Ва самар ба даст меорӣ.

-Михаил:  Ва акун ранҷ бисёр кашида нестам. 

- Орзу:   Шумо як писар ҳастед?

-Михаил:  Бале.

- Орзу:   Чаро дигар фарзанд нашуд дар оилаи шумо?

-Михаил:  Ҳаминро ман ҳам фикр кардам.

- Орзу:   Савол надодед ба волидайнҳо?

-Михаил: Гуфтам.Модарам мегӯяд хайр зиндагӣ ҳаст якто мешавад. Худованд ҳаминашро ҳам намедод чӣ кор мекунем.

- Орзу:   Модаратон зардмуй ҳастанд ё падаратон?

-Михаил: Ҳардуяшон.

- Орзу:   Шумо бештар ба кӣ монанд ҳастед?

-Михаил: Зоҳирии ман ба падарам рафта аст. Некин дарунӣ ба падарам рафта ҳастам.

- Орзу:   Бо падару модаратон дар кӯдаки ягон акс доред. Яъне аксе, ки исбот кунад воқеан фарзанди ҳамон нафаред. 

-Михаил: Бале дорам. Вале бо модарам дорам.

- Орзу:   Суол кардед, ки чаро ман бародар, хоҳар надорам?

-Михаил: Худованди карим ҳар як одамро соҳиби бародар кунад, соҳиби хоҳар кунад. Хуш ба давлату ҳамон одаме, ки падар дорад, модар дорад. Як фарзанд будан қаҳин аст.

- Орзу:   Мехоҳед дошта бошед?

-Михаил:  Бале чаро не. Ман падарамро гуфтам. Эй мардаки хайр ман як бачаям. Инро зан бигир ман иҷозат медиҳам. Ман аз очаам иозат мегирам. Ба ман хоҳару бародар кун. Ман дигаронро мебинам қаҳрам мебиёд аламам мебиёд. Хайр мешавад иншооллоҳ мешавад мегуфт. Хайр мардуми Кулоб зандустдор ҳастанд.

- Орзу:   Ин ҳама мухлисон, бародарони шумоянд, ин ҳама мухлисон хоҳарони шумоянд.

-Михаил:  Ҳамаи мухлисон, бале. Ҳам модарони ман ҳастанд, ҳам падарони ман ҳастанд. Ҳам хоҳарону бародарони ман ҳастанд.

- Орзу:   Аввал таронаи дует шумо.

-Михаил:  Бале. Бо устод Бобои Файз. Бениҳоят устоди беҳтарин ҳастанд. 

- Орзу:   Ки таклифи сурудани бадеҳаро бо Бобои Файз дод?

-Михаил:  Падарам.

- Орзу:   Падаратон бо Бобои Файз ошнои доранд?

-Михаил:  Бале. Дӯст буданд. Гуфтанд, ки як суруд месароем. 

- Орзу:   Бобои Файз марди солманд аст?

-Михаил:  Бениҳоят марди хоксор.

-Орзу: Он кас молманд ҳастанд. Падари шумо ҷавон ҳастанд.Дустии онҳо аз куҷо сарчашма мегардад?

-Михаил:  Дустии онҳо. Дар як марака тӯй мешавад. Тарафи Бобои Файз сухан мекунанд, ки ман як фарзанд дорам дар зинадгӣ. Ҳамин биё қатӣ фарзанди ман суруд хонем. Устод Бобои Файз гуфт, амйлаш ба ҷону дил. Иштирок мекунем. Суханрони мекунем. Байт мехонем. Ва инро кардем. Якум суруде, ки мо хондем бо Бобои Файз дар бораи зан буд. 

-Орзу: Кадом як порчаашро бисароед?

-Михаил:  (Михаил суруд мехонад).

-Орзу: Ин лаппиши садое, ки дар шумо ҳаст ман дар дигар сарояндаҳо надида будам. Ин раъшаи садоро. Чӣ тавр инро мекунед, ба воситаи ҳалқ?

-Михаил:  Намедонам росташкӣ. Мегӯянд, ки худо додааст. Ҳамин чеҳраи хуб дар ман додааст. Ва хоксориро бар ман додааст.

-Орзу: Яъне ҷавонӣ хоксор ҳастед?

-Михаил:  Инро ман худ гуфта наметавонам. Аз даҳони мардум мешунавам.

-Орзу: Яъне хоксориатон чӣ гуна аст? Хоксорӣ мешавад вақте ба тӯй бе пул биравед.

-Михаил:  Хоксорӣ не ин хел ҳам намешавад. Хоксорӣ аз пастию баландии зиёд. 

-Орзу: Хоксории зиёд зиёнаш ҳаст. Яъне агар зиёд хоксор бошед ба гарданат менишинанд.

-Михаил:  Бале. Поймол мекунанд.

-Орзу: Яъне ин чизҳоро медонед.

-Михаил:  Падарам ба ман омӯхтаанд. Мисол ягон раҳгузарро мебинӣ бачачон гир аз дасташ ба он роҳ гузарон. Ту нагӯ ки ҳофиз шудаӣ. Ту худро боло нагир. Ва ҳамавақт дуояшро бигир, ки рузе мерасад мисол ту он дараҷае мараси, ки ба ту ҳам ягон нафари ҷавон кумак мекунад.

-Орзу: Росташро бигу ту шаллоқу шатта хурдед аз падар.

-Михаил:  Кам хурдаам. Аз очаам шапалоқи хурдагӣ. Аз очаам мушту лағат. Ҳолиям дар сарам як шрам ҳаст. Ҳамин майда будам очамро ғам додам.

-Орзу: Чаро модар мезад шуморо?

-Михаил:  Охир бачаи шух будам.

-Орзу: Чӣ кор мекардед?

-Михаил:  Ҳоло ҳам ҳаминхелу. Тӯй меравам ғамамро медиҳанд.

-Орзу: Ҳоло шумо беодоб ҳастеду ин ҷо шумо худро боодоб гифта истодаед?

-Михаил:  Не. Мо ҳам беодобем. Ҳамту бачаи хубему. Майдон аз далер ҳаст. 

-Орзу: Он иттифоқеро нагуфтед. Модар чаро шуморо заду ва он захме, ки ҳануз боқӣ мондааст.

-Михаил:  Ин як нишона аз модар ҳаст. Ҳеқ вақт фаромуш намекунам. Ин нишонаҳо мехоҳам дар ман бимонад.

-Орзу: Яъне шуморо бештар модар мезад, барои чӣ?

-Михаил:  Аз ҳад мегузарондам. Барои он ки як бачаи эрка. Ва гапошонро нагирифтам. Дар хона будам, ки як кавши калон буд. Бо ҳамин бизад, ки мебинам аз сарам хун рафта истодааст. Вале боз ба оғуш гирифту гуфт, ки маро ғам надеҳ бачам. Чаро ғам медиҳи маро. Пушаймон шудам. Барои он ки мисли падару модар дилсуз нест.

-Орзу:  Ҳоло ки ситора шудед. Пухта шудед. Маҳбуб шудед. Муноқиша бо падару модар сар намезанад, ва намегӯянд, ки худро ситора нагир дигар?

-Михаил:  Падару модарам. Бисёр мегуянд. Аз худ нарав. Калонсолонро ҳурмат кун, иззат кун. 

-Орзу:  Яъне гоҳ-гоҳ меравед аз худ.

-Михаил:  Бале. Як ҳамин одам меравад сарашро тоб мехурадку. Ҳамин тавр дар ин хел пастиҳо фаҳмидан даркор асабои сара. Чу ман фарзанди яккаву ягона мебошам, азоб кашидаам бисёр. Барои чӣ азоб кашидаам. Не ака ин қаҳин аст. Ва некин камтар меистам ва гуфти шумот ман меҳри хоҳару бародариро дар мухлисонам мебинам. Дар хоки пои шумо садқа мухлисони азиз. Ман бо шумо зинда ҳастам. Ман шумо обрӯ гирифтам. Ман бо шумо ба ин расидаам, ки моро шумо барин устодон ҳурмат мекунанд, иззат мекунанд. 

-Орзу:  Сипос. Зиндагии мо ин тавр ҳаст, ки аз як руз аз як маҳал як истеъдод барояд, аҳли маҳал ифтихор мекунанд, ки аз деҳаи мо аст, аз маҳали мо аст. Ифтихор мекунанд. Чунин ифтихор аз деҳаи шумо буд?

-Михаил:  Бале ин хел ҷойҳо кам аст, ки аз санъаткори худ ифтихор кунанд. Одам дар ҷои худаш беқадр ҳаст. Ин рост аст. Лекин одами хубро ҳурмат мекунанд. Мисол ҳурматашро ҳурмат мекунанд, иззаташро иззат мекунанд. 

-Орзу:  Оила барпо кардед бо ин гуна фалсафа?

-Михаил:  Ростӣ гап оила барпо кардам. Хешу табор гирифтам. Мисол духтари холаамро гирифтам. Аз сабабе, ки хунҳо як баромаданд, фарзандор нашудем. Бо хоҳиши ҳамдигарамон ҷудо шудем.

-Орзу:  Чанд сола будед, ки издивоҷ кардед?

-Михаил:  19-сола. 18-ро буд кардам. Дар 19-солаги издивоқ кардам. Ба хотири як фарзанд. Бениҳоят қаҳин, ки аз оила бояд чӣ шавад. Насл шавад. 

-Орзу:  Чаро шумо қаблан намедонистед, ки издивоҷи хешу табор чандон паёмадҳои хқш надорад. 

-Михаил: Вале калонтарон ки сухан гуфтанд, ҳарф заданд, мо замин намемоним.

-Орзу:  Яъне издивоҷи шумо маҳз бо таҳрики волидайн калонсолҳо шуд?

-Михаил: Бале. 

-Орзу:  Шумо ҳамон духтарро сидқан дуст медоштед?

-Михаил: Ростӣ гап намедоштам. Ва охири вақтҳо одат кардам. Некин мо бо хоҳиши худ аз ҳам ҷудо шудем. Мо бисёр муолиҷа кардем.

-Орзу:  Аслан тифл пайдо нашуд дар батни ҳамсаратон?

-Михаил: Бале. 

-Орзу:  Чанд сол бо ҳам зиндагонӣ кардед?

-Михаил: Чор сол.

-Орзу:  Гӯш кунед ҳатто хусуру хушдоман пешниҳод карданд, ки як зани дигар бигирӣ, ва бо духтари мо ҳам зиндагӣ бикунӣ?

-Михаил: Бале. Падари ман қати хусури ман бачаи амаки ҳастанд. Аз тарафи падар ҳам модар хеш ҳастем. 

-Орзу:  Шумо қабул накардед, ки боз як зан бигереду бо ӯ ҳам зиндагӣ бикунед?

-Михаил: Ман хостам, ки ӯ ҳам аз паи зиндагии худ бишаваду ман ҳам. Накардам ин корро ростӣ гап.

-Орзу:  Чаро?

-Михаил: Виҷдонам набардошт.

-Орзу:  Нигоҳи охирон ҳарфи охирон чӣ буд?

-Михаил: Хайр гуфтам, ки ту духтари холаам. Аз ман хафа набош. Мо аз хурдӣ ҷура будем. Мо ҳайрон шудем. Вай ҳам гуфт, ки гапи калонсолонро мегирам. Мо калонсолонро ҳеҷ вақт айбдор намекунем.

-Орзу:  Ман айбдор мекунам. Барои он, ки ин робитаи зинлагии шумҳо аст. Маҳз онҳо буданд, сабаби ҳама ранҷе, ки ду ҷавон кашид. Яъне бо ҳам омадед ва бо бо хоҳиши онҳо аз ҳам ҷудо шудед. Қабан бояд андеша мекарданд, ки ҳамаи ин ба чӣ натиҷа оварда мерасонад.

-Михаил: Ҳама чиз ёфта мешавад. Лекин падару модарро ёфта намешавад. Лекин рафту омад ҳоло ҳам дорем. Занг мезанан.

-Орзу:  Яъне шумо омода ҳастед, ки як умр худро қурбонии хоҳишҳои берапти волидайн бикунед.

-Михаил: Мекунам.

-Орзу:  Метавонед бигуед, ки чанд соле ки бо ҳамсаратон гузарондед, хушбахт будед?

-Михаил: Хушбахт будам. Лекин қаҳрамон ба ҳамдигар нест. Бо ҳам вомехурем.

-Орзу:  Чанд вақт шуд ҷудо шудед?

-Михаил: Як моҳ шуд. 

-Орзу:  Ин вақт мехоҳед ҷӣ гуна издивоҷ кунед?

-Михаил: Ин вақт хонангиҳо мегуянд, ки худат медонӣ.

-Орзу:  То ҳол чашм накардед, зебосанамро?

-Михаил: Не рости гап не. 

-Орзу:  Ин навбат худатон интихоб мекунед?

-Михаил:  Бале бо дуои падару модарам худам интихоб мекунам.

-Орзу:  Шумо бо чӣ хел духтар мехоҳед издивоҷ кунед?

-Михаил:  Ман фақат духтаре мехоҳам, ки худотарс бошад. Аввалиндараҷа. Ва дуюм дараҷа падару модарама ҳурмату иззат кунад. Сеюм маро қадру ҳурмат кунад. Некин занро низ бояд ҳурмату иззат кардан лозим.

-Орзу:  Барои анҷом додани барнома як чиз намерасад. Садои зебои шумо.

-Михаил:  Мо падару модарро ҳурмат мекунем. Як суруд дар бораи падару модарам. (Михаил суруд мехонад).

-Орзу:  Падар бо вуҷуди оне, ки якка писар дорад. Дигар модари шумо таваллуд накард. Бо вуҷиди ин ҳам зан нагирифт.

-Михаил:  Ман ба падарам гуфтам, ки зан бигир. Нагирифт.

-Орзу:  Шумо фикр накардед, ки пешниҳоди шумо ба модаратон сахт мерасад?

-Михаил:  Модарам ҳам гуфт. Ӯ гуфт падари ту худаш медонад.

-Орзу:  Акун таронае месароед ба сабти экстрада.

-Михаил:  (Михаил суруд месарояд).

-Орзу:  Дар ниҳоят таманно мекунам, ки ҳамеша ҳамаатон дур аз ғаму дард бошед. Муваффақ бошед. Барномаи Ногуфтаҳо ҳамин ҷо ба итмом мерасад. Бо ҳамин Худоҳофизӣ мекунем. Хайр!


Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru