Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Бахриддин Сабур

Интервью: Ногуфтаҳо бо Бахриддин Сабур

Ногуфтаҳо бо Бахриддин Сабур

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Бахриддин Сабур!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Бахриддин Сабур!.

Суҳбати Орзу Исо бо Баҳриддин. Марги падару модар


- Орзу: Салом азизони дил барномаи навбатии Ногуфтаҳост ва мо дар мақбараи Султон Увайс Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинги Вилояти Хатлон қарор дорем, ҳамроҳи Баҳриддин зиёрат кардем. Тасмим гирифтем, ки барномаи Ногуфтаҳоро инҷо ҳамроҳи Баҳриддин шуруъ бикунем, аз волидайн ёд бикунем. Дуруд Баҳриддинҷон ман дуруди ҳамаи тамошобинонро мерасонам. 

- Баҳриддин:   Салом алейкум ба ҳама тамошобиноне, ки ин лаҳза моро тамошо мекунан. Рости гап ин бори дуввум аст, ки ба зиёрати мақбараи Султон Увайс Қаранӣ меоям, бисйр ҳавои тоза дорад.

- Орзу: Волидайн омада буданд ягонбор инҷо?

- Баҳриддин:   Бале раҳмати падарам омада буд, вале раҳмати модарам не.

- Орзу:  Орзу доштанд? 

- Баҳриддин:   Шояд. Некин дар ин бора ҳарф назада буданд.

- Орзу:  Хело хуб. Мо тасмим гирифтем, ки волидайнро ёд бикунем. Ман ба тамошобинон мерасонам, ки аслан бо аҳли ҳунар ва онҳое ки бо тафлеҳ машғуланд, онҳое ки муҷрианд дар ин ё он барномаҳои тафриқи, барномаи фароғати, гоҳ-гоҳ зиндагӣ маҷбур мекунад, ки хандаи дурӯғинро дар лаб ҷой мекунем. Ҳамроҳи тамошобин механдем, сухан меронем, бо чеҳраи хуш, бо табъи болида. Аммо дар пуши ин хандаҳои дуруғ як ҷаҳон мушкилот, як ҷаҳон дард, як ҷаҳон гиря пинҳон шудааст. Ҳамчуноне, ки Баҳриддинро мебинид сархушу сарзинда табассум мекунад. Пушти ин табассум дардҳои зиёде дорад. Модарро аз даст дод, баъдан падарро низ аз даст дод. Ман мехостам имруз роҷеъ дар бораи мавқеи волидайн ҳарф бизанем. Чун баъди даргузашти падар гуфтед, ки бесоҳиб мондам ва ин гуфтаҳои шумо барои ман хело таъсир кард.

- Баҳриддин:   Бале. Бисёр хуб ишора кардед, ки аҳли ҳунарро, аҳли зиёро рӯи саҳнаҳо мебинанд, фикр мекунанд, ки ин эҷодкорон дида шахси хурсанду масъул нест. Вале дар асл ин гуна нест. Ҳар як нафаре, ки руи саҳна мебарояд, ӯ вазифадор аст, ки бо табъи болида, бо чеҳраи кушо бояд суҳбат кунад. Лекин чун мегуянд: 

Ханда бар лаб мезанад, то кас надонад рови ман,

Варна ин дунё, ки дорем ҷойи шодмони нест!

Ва воқеан соли 2016 моҳи январ модарамро аз даст додам. Ва соли 2020 падарамро. Ман даъват меорам ба ҳамаи тамошобинон, ҷавононе, ки моро ин лаҳза моро мебинанд, чун падар модаратон дар паҳлуятон ҳастанд, ҳатман хизмати эшонро ба ҷо оред, ҳамеша барояшон вақт ёбед. Ман медонам, ки назди падар, модар як оҳи мо, як уфи мо ҳазорон бор қалби эшонро пора мекунад. Ва инро ман дарёфтам, ки мо ҳафт сол фарзанд дор нашудем. Баъди панқ сол фарзанд дор шудем. Ӯ ҳам бошад дар ду рӯзагӣ даргузашт. Ва баъдан бади ду сол. Модари бечораи ман набераро надид. Дар фироқи набера, бефарзандии ман бисёр азият кашид.

- Орзу:  Модари шумо каме тӯлонӣ дард кашид, мариз буд.

- Баҳриддин:   Бале. Аз дарди ҷигар марази мекашид.

- Орзу:  Чанд сола буд?

- Баҳриддин:   56 – сола. Хело ҷавон буд. Ва медонед, дар рӯзи тӯйи хоҳарчаам ҳаминхел шуд. Тӯй ба мотам табдил ёфт. Ва хулласи гап охирон рузҳое дар беморхона будам, дигар буйи умедам набуд. Табибон тавсия доданд, ки ба хона баред. Хай овардем хона, шабро субҳ кард. Рузи 25 январи соли 2015 соати ҳашти саҳар модарам аз дунё гузаштанд. Худованд раҳматашон кунад. Ман хело афсус мехурам, ки чизе ки метавонистам накардам. Он замон хело ҷавон будам. Имкон надоштам, ки бикунам. Он орзуҳое, ки зиёрати хонаи Худо бикунад, он имконро надоштам. Хело афсус мехурам, ки хело барвақт даргузашт. 

- Орзу:  Падаратон ногаҳонӣ, бе ягон маризи сару пои худро осмон бурданд. Чӣ гуна сурат гирифт?

- Баҳриддин:   Бале марди тануман буд. Чунон бемориҳое, ки дар тамоми дунё ҳаст. Ва ба хонаи мо роҳ наёфт хушбахтона ин беморӣ. Лекин чун як рӯз обед, дар хона як ду меҳмон доштем. Рафиқони падарам буданд, падарам онҳоро гусел кард. Омад вуриди хона шуд. Ҳама хонангиҳо тайёрӣ ба намози пешин буданд. Як замон модарандар...Рости гап баъди вафоти модарам, падарам боз оиладор шуданд. Модарандар вориди ҳуҷраи ман шуд, гуфт, ки гӯё, ки падарамро чӣ коре кардааст. Мерим, ки аллакай ҷон ба тасмим додаст. Ҳамагӣ дар муддати 20-10 сония ҳеҷ кас нафаҳмид. Сиҳату саломат буд. Ҳамин ворид мешавам, ки дар болои бистараш, дар муддати 20-10 сония аллакай кабуд шудааст. Аз даҳонаш ҳарф меравад. Рости гап тарсидам. 

- Орзу:  Сабаби даргузашт чӣ буд, маълум шуд?

- Баҳриддин:   Баъдан ҳеҷ чизро маълум карда нашуд. Ман ба духтури оилавӣ як бор тамос гирифтам, ба ёрии таҷилӣ тамос гирифтам. Баъдан омад гуфтанд, ки фишораш баланд шудааст, дилаш кафидас. 

- Орзу:  Баъди марги падар гуфтед, ки бесоҳиб мондед, ин чӣ гуна ҳиссият буд?

- Баҳриддин:   Худованд ин ҳиссиётро ба ягон нафар нишон надиҳад. Ҳамин падару модар ду бол ҳастанд. Падару модар барои ҳар як инсон болҳояш ҳастанд. Медонед, бе сарпаноҳ, бе кас мешуморам. Медонам ман мутмаин ҳастам, ки дар ҳар лаҳзаи зинадагӣ ба ҷуз падару модарат ҳеч кас наметавонад, ки ба дарди ту даво бахшад. Ҳеҷ кас наметавонад, ки дар канори ту бошад. Ман пару боли худро, дуо худро, баракати худро аз даст додам.

- Орзу:  Тобуташон рушан бошад, илоҳим ҷояшон ҷаннат бошад. Шумо писар доред, ки....

- Баҳриддин:   Ва як чизро мехуҳам бигуям, модари ман фарзанди маро надид. Вақте, ки модари ман аз ин дунё даргузашт, шояд девона ҳам мешудам. Вақте ман ҳафт сол фарзанд дор нашудам, то охири сол Худованд ба ман фарзандро ато кард. Ҳамон чашмони зебо, ҳамон нигоҳи зеборо ман дар писарам дидам. Беҳад ба модарам монанд буд.

- Орзу:  Чаро мегӯед, ки надид. Руҳаш бо шумо ҳаст!

- Баҳриддин:   Ман эҳсос мекунам, ки руҳи модарам ҳамеша бо ман ҳаст. Ба хотире, ки вақте тифли ман дар таваллудхона ба дунё омад. Соат шаши субҳ буд, вақте ман ба хона омадам, як тақрибан ним соат хоб рафтам. Дар ҳамон ним соат ман хоб дидам, ки модарам як гаҳвораи зебо, ин хел гаҳвораро ман дар зиндагӣ дидагӣ нестам. Модарам бигуфт, ки ин гаҳвораро бигир барои фарзандат ва ҳамеша дар он хоб равон. Баъд бедор шудам. Ман эҳсос кардам, ки руҳи модари ман ҳам шод шуд.

Медонед ширинтарин табассум, нигоҳи модарам буд ман онро гум карда будам. Вақте, фарзандам ба дунё омад, чилаш баромад ман аҳмият медодам, фарзандам бисёр ба модарам монанд буд. Модарам хело занӣ зебо буданд.  Ман Худоро шукр мекунам. Ман бисёр аз Худованде, ки чӣ неъматҳое, ки ба ман лоиқ додааст, сипосгузорам. Вақте падару модарам гузаштан дар пеши чашмони худам, ман бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки инсон хело оҷиз аст. Ҳеҷ наметавони, ки ба дарди падару модар дармон бахши. Наметавонӣ. Банда хело оҷиз аст. Дар пеши марг ҳама оҷил аст.

- Орзу:  Баҳриддинҷон таҳсини шумо. Хулоса чӣ шуд аз ҳама гиряҳо, часпу талошҳо, аз ин ҳама фарёду фиғонҳо?

- Баҳриддин:   Ҳеҷ. Дуо мекунем равонашон аз мо фарзандон розӣ бошад. 

- Орзу:  Накунад Худо аз он рӯзе, ки падар ҷудо аз писар, модар ҷудо аз духтар. Бираванду охирон нигоҳи якдигарро набинанд. Ин аст аз ҳама бад ва рузи сахт барои инсон. Воқеан ҳастанд инсонҳое, ки ҷудо аз падару модар зиндагӣ мекунанд. Ва муҳаббат мемирад. Аз ҳама даҳшатовар мурданӣ муҳаббат аст. Вақте, ки муҳаббат мемирад ин мурданӣ чисм дигар ҳеҷ маъное надорад. Яъне ҳастанд инсонҳое, ки ҳамдигарро дар қалбҳои хқд адфн мекунанд. Аз ҳама даҳшаовараш ин аст, ки мо зинда гӯр накунем якдигарро. Ман фикр мекунам, ки шумо бесоҳиб нестед, ҳеҷ вақт. Чун гуфтед, ки бади марги падар бесоҳиб мондам.

- Баҳриддин:   Дар ёдатон бошад, ман ба шумо навишта будам, хело бесоҳиб шудам. Баъд аз Худованд гуфтам, ки ягона умеду такягоҳи ман шумоед. Ман ҳар лаҳза марга ёд мекунам, ҳар лаҳза мунтазир ҳастам, ки бори дигар ҳосил кардам, ки инсон ҳатто як лаҳза намедонад, ки чӣ мешавад. Масалан баъди суҳба мо чӣ мешавад мо намедонем. Ҳар чӣ шуданаш мункин дар ҳаёти инсон.

- Орзу:  Ба ҳар ҳол Баҳриддинҷон ба зиндагӣ даст додед. Худо кунад, ки фарзандони мо идома бидиҳад. Ман фикр мекунам, ки зиндагии зебо баъди ҳама ин мушкилиҳо дар пеш мову шуморо интизор аст. Ва ягона хоҳиши ман ин аст, ки ҳисси наумедии яъс ва ғамро аз худ дур кунед. Мо медонем, ки марг як руз не як руз меояд ба истиқболи мо. Ва ҳануз, ки зиндаем, боз ҳам табассумро дар лабонамон ҷо карда, ба истиқболи тифлҳоямон, ба истиқболи фарзандонамон, хонаводаамон бояд табассум бикунем.

- Баҳриддин: Бале. Фикр мекунам, ки на танҳо дар муҳити оила, балки бо ҳама бояд некбин бошем. Агар як амали нек карда натавонем, агар як табассум карда натавонем, суханҳои безеб нагӯем, бо бади нигоҳ накунем. Як руз қабл пеш аз марги падарам ба шумо гуфта будам, ки мо рафтем бачам дар андоз ягон шинос дорӣ, ки ман маҳкам кунам. Ман гуфтам дорам бале шинос. Тамос гирифтам. Рафтем маҳкам кард андозашро, корашро буд кард, раҳмати падарам. Бубинед, ҳама чиз ҳикмате дорад дар ҳаёт.

- Орзу:  Чаро маҳкам кард шаҳодатномаи тиҷоратиашро?

- Баҳриддин: Ростӣ гап намедонам, мошинҳои калон дорад. Чанд бор гуфта будам, ки дигар кор накунед, шинед фақат намозатонро хонед дар хона, тамом. Кумитаи андоз рафт, расиде, ки андозаш пушидааст, қатъ кардааст, ҳамонро гирифта омад. Бо меҳмонон омад. Мисле, ки медонист. Вале намедонам.

Падарам хело розӣ буданд аз кори мо. Падару модарам дуо медоданд. Ба ҳар намоишҳое, ки таҳия мекардам, ҳатто бо муйсафедони масчид мерафтанд, ба намоишҳоям. Ва хело илтиҷо мекунам, ки ба қадри падару модаратон бирасед. Аз табассумҳои зебояшон ҳаловат бибаред, аз ҳар лаҳзаи дилашон пурсон шавед. Шарм надоред. Мо медонем, ки мо мардуми тоҷик, медонед ғурурамон баланд, фарзандон.  Ва шояд хело кам гуфта бошем, ки дустат медорам. Бигуед, ки ман туро дуст медорам, фидои номат мешавам. Ман бо вуҷиди оне, ки мегуфтам модар ман  шуморо дуст медорам, вале афсус мехурам, ки барои эшон кам хизмат кардам. Чаро кам гуфтам, ки модарҷон ман шуморо дуст медорам. Барои ҳамин ба қадри падару модаратон бирасед. Бовар кунед пушаймон мешавед. Вале пушаймони суде надорад. 

- Орзу:  Сипос Баҳриддинҷон, хело мамнунам. Ва узр, ки ин ҳама хотираҳоро дубора зинда кардам, ва ба захмҳои қалби шумо нохун задам. Ман манзарат мехонам. Ва бо ҳамин бо чаҳор мисраъ мехоҳам чамбаст кунам, аз номи худам, аз номи Баҳриддинҷон, аз номи эҷодкороне, ки дар руи саҳна механданд. Вале пушти хандаҳояшон ҳазор дард аст.

Чаман гулҳои сурху зард дорад,

Табиат фасли гарму сард дорад. 

Куҷо донанд бедилҳо дили мо,

Ки ҳар як хандаи мо дард дорад.

Мусохибаи мазкур аз ютубканали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru