Интервью: Ногуфтаҳо бо Валичон Азизов
Суҳбати Орзу Исо бо Валиҷон. Моҷарои Валӣ ва Ғолиб.
- Орзу: Дуруд дустони хуле нозанинам, пазмонатон шудам. Агар шумонро набинам, юо шумо ҳарф назанам хуло ғамгин мешавам. Фикр мекунам, ки ҳамаатон хело хурусанду хушҳол ҳастед. Барномаи навбатии ногуфтаҳоро бо Валиҷон Азизов, яке аз ситораҳои пурҷилои санъати тиҷик, шурӯъ мекунем. Ва ногуфта намонад, ки мо ҳамеша дунболи моҷаро меравем. Рӯзноманигор, ки шуди ҳамеша дунболи моҷаро меравӣ ва дунболи моҷаро рафтан ин дар хуни рӯзноманигорон ҳаст. Ба ҳамин хотир азизони дил аввалин суоле, ки аз Азизҷон мепурсам, робита дорад бо Ғолибҷон Юсупов. Чун дар сӯҳбатҳои қабли Ғолибҷон Юсупов нисбат ба як консерте, ки ҳангоми консерти Валиҷон сар сада буд, ҳарф зад. Ва акнун хеле иштбоҳ мешавад, агар мо ба Валиҷон надиҳем, ки ин замон сухан бикунад. Дар ибтидои суҳбат ман дуруди ҳамаи шумоӯнро ба Валиҷон мерасонам.
- Валиҷон: Ташаккур. Дуруд ба шумо бинандагони азиз, мухлисони ҳунар бори дигар ман аз Акаи Орзу сипосгузорам миннатдорам, ки моро даъват карданд. Ва он ногуфтаҳое, ки паси парда буд ана имруз ман мехоҳам, ки бо шоҳиди Акаи Орзуҷон ин ногуфтаҳоро, яъне дарди дилро ифшо кунам.
- Орзу: Ва ногуфтаҳоро дар барномаи «Ногуфтаҳо» мегӯем. Ногуфтащоро аз забони Валиҷон мешунавем. Марҳамат Валиҷон чи моҷаро сар дар он консерт, ки муҷиби барҳам хурдани муносибати шумо бо Ғолибҷон тули як муддат гардид.
- Валиҷон: Ташаккури зиёд. Рости ман ин чизро моҷаро ҳисоб намеукнам, зеро ки моҷаро набуд. Яъне як чизе буд, ки як ҳайратовар буд ё шоу. Рости ман умедам анбуд, ки Ғолибҷон ба консерти ман меояд, дар консерти ман ҳамчун меҳмон мешавад. Ин чиз маро бисёр хушҳол кард, зиёд хурсанд шудам, ки бародари ман, яъне бародаре, ки мо нав қадамҳои санъатро якҷоя бо ҳам шурӯъ кардем. Ӯ ҳатман дар консерти ман омад, зеро ки он консерт зинда буд. Дар ҳама ҷо паҳн шуда буд, ки консерти ман зинда буд.
- Орзу: Кадом сол буд, Валиҷон?
- Валиҷон: 21-уми соли 2016 буд. Зиёд хушҳол шудам. Ғолибҷон баромад ба ман гул дод. Яъне барои ман хурсандиовар буд, вале катар шарм кардам, ки ман ба ӯ даъватнома надодам. Ин камбудии ман буд. Некин ӯ аз самимияту, аз меҳру ихлос худаш чипта гирифта, ташриф овард. Ин зиёд маро хурсанд кард. Ҳангоме, ки ӯ ба ман гул баровард, дар дили ман эҳсосоти хурсандӣ, шодӣ пайдо шуд. Хайр, гулро қабул кардам, оғуш гирифтем. Ва яку якбора фикр кардам, хаёл кардам, вале дар нақша надоштам, ки ин сурудро якҷоя мехонем дар саҳна. Ин эҳсоти хурсандӣ буд ки ман гуфтам: Як мисра ёд аз гузашта кунем, агар мо ёд аз гузашта накунем, ин аллакай беэҳтиромӣ машад.
- Орзу: Яъне якҷоя сурудхонии шумҳо дар нақшаи консерт набуд?
- Валиҷон: Умуман набуд. Ҳамонҷо агар дида бошед, ман навозандагонро қафо гашта гуфтам, нотаи соль, яъне “гиря макун” бо нотаи соль сар мешавад. Зеро оҳанг яке аз оҳангҳои аз ҳама шинохтатарини “Гурӯҳи Эҳсон” буд.
- Орзу: Кадом оҳанг буд?
- Валиҷон: Суруди “гиря макун” буд. Ман ду мисра хондам, рости гап намедонистам, ки Ғолибҷон он ҷо касал аст, бемор аст. Агар ӯ бемор мебуд, микрофона шояд, ки аз дасти ман намегирифт, намехонд. Ба гушам мегуфт, ки ман бемор ҳастам. Дар он ҳама шаҳид ҳастанд, ки микрофона гирифт, хонд. Барои ҳама мақул буд, шунаво буд. Онҷо ҳам камбуди накардаст. Ва як хатогии Ғолибҷон дар ин ҷо он буд, ки ман зуком ҳастам гуфт. Дар ин вақт ҳама хандиданд. Ҳамин гап ба мардум хандаовар шуд. Яъне худашро ошкор кард. Хай сабти фитта баромад. Баъд сабти видео баромад, мардум худ аз худ гап бароварданд, ки гӯё ман душманӣ кардам.
- Орзу: Яъне моҷароро мардум сохтанд?
-Валиҷон: Хайр Ғолибҷон ҳам аз гапҳои бисёри мардум...Ғолибҷон ҳам санъаткори маъруф аст, зеро мо дар як факултет таҳсил карда будем.
- Орзу: Ғолибҷон аз шумо хоҳиш кард, ҳамон тиккаи наворро шумо оммавӣ накунед, ба мардум нишон надиҳед?
-Валиҷон: Не ин гап нашудаст. Ҳангоме, ки студияи “Ҳамсадо” фиттаро баровард, дар шабакаи Интернет паҳн, ки шуд, баъд гуфт ки онро қайчӣ кун. Вале аллакай дер шуда буд. Аллакай ба дасти мардум расида буд.
Ман аз ин чиз зиқ ҳам шуда будам. Пушаймон ҳам шудам. Аз Ғолибҷон мансарат ҳам хостам. Дар дили ман ғарази душмани набуд, ғарази як кас ро паст задан набуд. Зеро, ки он ҷо суруд хонд ҳамаш хуб буд. Ҳатто дар он ягон камбудие дида намешуд. Ҳангоме, ки ӯ камбуди худро исрор кард ба мардум. Мардум дунболи ҳамин ҳамгуна рафтанд. Яъне, шоу шуд. Ғолибҷон барои ман як навгонӣ буд. Шоубизнес ҳамин, ки дар хориҷа, дар Масков бо пул ҳамгона мехаранд. Барои мардуми мо пул лозим нест, худошон ҳамгона месозанд, паҳн мекунанд. Аз дили пок, аз дили тоза ёд аз гузашта кардем, ёд аз “гурӯҳи Эҳсон” кардем. Ман мехостам як ду мисраъ барои мардум аз ҳама оҳани шинохтатарини “гурӯҳи Эҳсон” замзама кунем, аз ёди гузашта кунем, ҳамин мақсади ман буд.
- Орзу: Баъд чӣ шуд. Баъд чӣ гуна муносибати шумоён хуб шуд. Бахди ҳамаи ин ҳамгонаҳо?
-Валиҷон: Рости муносибати мо ягонбор вайрон нашудааст. Ин муносибатро мардум сохтанд. Муносибати мо вайрон нашудаст, то ҳол якхел.
- Орзу: Муносибатотон каме сард гардед?
-Валиҷон: Шояд Ғолибҷон сард шуда бошад. Дили ман не. Зеро агар дал дили ман ягон ғараз мебуд, агар ғараз мебуд дили ман сард мешуд. Хайр ӯ хафа шуд, ман бори дигар манзарат мехоҳам аз Ғолибҷон. Зеро ин гуноҳи ман набуд. Ҳамаи ин ҳамгунаҳои мардум буд. Дар онҷо ягон камбудии ту аз ҷиҳати сурудхонӣ дида намешуд.
Баъд хонаш рафтем, меҳмон шудем. Дар тарабхона шиштем, рузакушои кардем. Он ҷо аксҳо дар Instagram, Facebook баромада буд. Ба мақсаде омадем, ки Ғолибҷон гуфт як оҳанг дорам, ҳаминро ду нафара мехонем, ман консерт дорам! Дар консертам ҳамин оҳангро мехонам, ки мардум дигар ҳамгона нахонану, аз ҳамин моҷаро-ро фаромуш кунанд. Хайр якҷоя суруд хондем. Он ҷо калимаҳо буд, ки аз “гурӯҳи Эҳсон” овоз кардем. То охира муносибати мо вайрон нахоҳад шуд.
- Орзу: Ғолибҷон Юсупов хеле як инсонӣ рушандил, як инсони хубе аст. Ва ин ҳарфҳоро ман метавонам низ ба муносибати Валиҷон низ бигуям. Ман бо Ғолибҷон кам ҳамкорӣ кардам, вале бо Валиҷон бешар, зиндагӣ имкон дод, ки бо Валиҷон ҳамкорӣ бештар дошта бошем. Тӯли чандин сол ман медонам, ки як нафаре, ки маро, наворбардоронро, кули гуруҳи эҷодиро дар Хуҷанд интизор аст. Ин нафар Валиҷон аст. Ҳамеша пешвоз мегирад, хело инсони меҳмондӯст, рушандил аст. Ва мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки робитаи ду шахси рушанзамин барҳам бихурад. Баръакс ҷонибдори робитаи онҳо ҳастем. Танҳо ҳамин чизро мегуям, ки гузаштаҳо, гузаштаанд. Ногуфтаҳоро гуфтем. Ҳоло ман мехоҳам бо иҷозаи кулли тамошобинон роҷеъ ба нақшаҳояш бипурсам. Ҳоло чӣ нақша доред?
-Валиҷон: Ташаккур. Нақшаҳои мо хело зиёд ҳаст. Ростӣ баъзан нақшаҳое аст, кинамехоҳам гуфтан. Зеро ин нақшаҳо...
- Орзу: Биёед дар бори нақшаҳо гап намезанему, дар бораи сарлавҳаҳои нақшаҳо гап мезанем.
-Валиҷон: Сарлавҳаҳои нақшаҳо ҳамин аст, ки навгониҳо дар пеш аст. Бо оҳангҳою клипҳои нав, сафарҳои ҳунарӣ дар пеш дорем.
- Орзу: Дар лавҳаи кутаи хабаркаш, ки дар Instagram нашр мешавад, мо як репортажи кӯтоҳеро аз корҳои эҷодии охирини Валиҷон руй кор овардем. Охирон таронае, ки Валиҷон эҷод кард, попури аст. Ҳаҷми калон дорад, бист дақиқа. Таронае, ки бист дақиқа.
-Валиҷон: Албатта бо қалами Орзу Исо.
- Орзу: Ташаккур. Бист дақиқа ин албатта дона-дона зеботарин таронаҳои ҳар минтақа гирд оварда шудаанд. Таронаи зарафшонӣ, хатлонӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ. Яъне маҷмӯи ин таронаҳо худ як асаре хело зебоеро мемонад. Ва ман қабл аз ҳама бо муносибати таваллуди ин суруд табрик менамоям.
-Валиҷон: Ташаккур. Ба шумо низ табрик мекунам.
- Орзу: Ташаккур. Мехоҳам, ки афроде ҳарф бизанем, ки дар сари ин тарона кор карданд.
-Валиҷон: Шароф Шакарӣ оҳангсоз ҳастанд, бо қалами Орзу Исо, Муҳсин танзимгари садо.
- Орзу: Идея аз ки буд.
-Валиҷон: Идея ани худам буд. Хостам, ки пора-пора оҳанг созам, ки барои ҳамаи минтақаи Тоҷикистон хуш биёяд. Агар ҳамин оҳанги попурӣ ба шумоён писанд омада бошад, ман худамро хушбахт ҳис мекунам.
- Орзу: Хуб видеояшро сабт кардед?
-Валиҷон: Ҳоло не.
- Орзу: Дар нақша доред?
-Валиҷон: Дар нақша дорем.
- Орзу: Дар Хуҷанд сабт мекунед. Аслан видеоҳояторӯнро дар куҷо шумо сабт мекунед?
-Валиҷон: Дар Хуҷанд, Душанбе, Тошкент. Аслан дар ватани худамон, дар Тоҷикистон.
- Орзу: Ман мехостам камтар дар бораи зиндагиатон нақл бикунед, оила, фарзандҳо?
-Валиҷон: Аввалаш, ки падару модар дар ҳаёт ҳастанд. Шукр мекунам, ки падару модарам ҳамеша дар паноҳи ман ҳастанд. Бо дуои онҳо рузамро оғоз менамоям. Шукрона мекунам, ки оилаи обод дорам, завҷаи меҳрубон дорам. Чор дустрӯяки зебо дорам.
- Орзу: Номҳояшон?
-Валиҷон: Мадинахон, Самирҷон, Сумайяхон, Сурӯяхон.
- Орзу: Се духтар ва як писар?
-Валиҷон: Албатта.
- Орзу: Ба фикрам ҳама нозбардори писар ҳаст?
-Валиҷон: Шояд, бале писар акун. Боз духтар ростӣ камтар ба падар меҳрубонтару, самимитар мешавад.
- Орзу: Ба кудаконат дуруд мегӯям, ба аҳли хонавода дуруд мегуям. Як замоне тасмим доштед, ки дар Душанбе манзили истиқомате бихаред. Ин орзуҳоятон амалӣ бигардид?
-Валиҷон: Ҳоло не.
- Орзу: Ҳануз ҳам дар Хуҷанд зиндагӣ мекунед
-Валиҷон: Бале дар Хуҷанд ҳастам. Хайр вақтҳои наздик, ният дорем, ки бихарем.
- Орзу: Дар ноҳояи Айнӣ хонаи падару модаратон!
-Валиҷон: Бале падару модарам дар Айнӣ ҳастанд.
- Орзу: Пазмон мешавед, Айнӣ зуд-зуд меравед?
-Валиҷон: Албатта, махсусан дар фасли баҳор ман бисёртар он ҷо меравам. Зеро ҳавои тоза, ғунчаҳо нав гул мекунад, замин бисёр сабзаҳо мебарояд. Он вақтҳо он ҷо будан барои ман бисёр фарахбахш аст.
- Орзу: Вақте номи зодгоҳро мегирем, ба хаёламон бисёр чизҳо меояд, дар он ҷое, ки калон шудем, по барахна тохтем. Ба ёд меорем рафиқонамонро. Валиҷон ба кадоме ҳамсабақону, рафиқонатон дуруд гуфтан мехоҳед?
-Валиҷон: Ташаккур ман албатта ном ба ном намегирам. Ба ҳамаи ҳамсабақоне, ки якҷоя ба воя расидем ба ҳамаашон дуруд, салом, дуруди пур аз меҳри кудакӣ мерасонам.
- Орзу: Дар бораи таронаи попури ҳарф занем. Биёед пора-пора аз ҳамон суруд замзама кунем, то ки мухлисони шумо ошноӣ пайдо кунанд аз ин таронаи шумо. Намедонам таронаи попурии Валиҷон аз понздаҳ қисм иборат буд, шонздаҳ қисм иборат буд. Кадоме аз қисмҳои он барои шумо дилнишин буд?
-Валиҷон: Албатта ҳамааш.
Он чи зебо, чӣ фиребо.... Қисме аз оҳанги попури эҷод кард Валиҷон.
- Орзу: Дустонӣ азиз дунбол кунед эҷодиёти Валиҷонро. Аз паи таронаҳояш равед, таронаҳои зебо дорад. Изҳори сипос мекунем ба Валиҷон. Дар ниҳояти кор миннатпазирии хешро мерасонем, ба муносибати баҳор, ҷашнҳои баҳорӣ. Валиҷон дар симои ӯ се духтари зебо ва Самирҷон писаракашро табрику таҳният мегӯем, хонуми меҳрубонашро, волидайнашро табрик мегӯем. Умед мебандем, ки чун Валиҷон фазои мамлакати моро тасхир кард, садояш, ҳунараш мусаххар созад дигар кишварҳоро.
-Валиҷон: Ташаккури зиёд.
- Орзу: Барномаи ногуфтаҳо ҳаминҷо ба охир мерасад. Ногуфта намонад, ки барномаи Ногуфтаҳо дар ҳамкорӣ бо маркази мебели “Хонаи ман” таҳия мегардад. Бо мо бимонед ва мунтазири мо бошед. Хайр дустони азиз.
Мусохибаи мазкур аз ютубканали Орзу Исоев гирифта шудааст.