Авторизация
» » "Ха келин пошо кучоба?"-мегуянд гуфта тарсидам

Интервью: "Ха келин пошо кучоба?"-мегуянд гуфта тарсидам

"Ха келин пошо кучоба?"-мегуянд гуфта тарсидам

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с "Ха келин пошо кучоба?"-мегуянд гуфта тарсидам!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью "Ха келин пошо кучоба?"-мегуянд гуфта тарсидам!.

Нодирабегим Усарзода

Нодирабегим Усарзода муддати чанд сол аст, ки дар рӯи саҳна бо сурудҳои дилнишину овози форамаш дили ҳаводоронашро моили худ гардонида маҳбубият пайдо кардааст. Гарчи ӯ бо гуруҳи "Тоҷ" байни мардум муаррифӣ гаштаву бо суруди "Шасту шасту чор"  шӯҳрат пайдо намуд. Имрӯзҳо шумораи сурудҳояш афзудаву овози руҳнавозаш ба дилҳо маскан гирифтааст. Нодирабегим худ дар оилаи санъаткор ба воя расида дар вилояти Суғд, Хуҷанд шаҳр ба дунё омадааст. Падараш Усарҷон Остонов оҳангсоз пайи чанд сол роҳбари мусиқӣ дар театри Хоҷа Камол буда баъд  дар театри  ноҳияи Спитамен хизмати хешро нишон дода буданд.  Модараш Ниёзова Тоҷиниссо артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сароянда, сурудҳои классикиву шашмақом зам-зама мекунанд. Нодирабегим низ факултаи шашмақомро хатм кардаасту айни замон рӯ ба жанри эстрадӣ овард. Ба ақидаи ӯ жанри эстрадӣ ба дили халқ наздик буда шунавандаи жанри шашмақом  замоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунем хеле кам ҳаст на ҳама ин жанрро  гӯш мекунад. Нодирабегим тасмим гирифт, ки дар ҳарду жанр баробар фаъолият барад.

Заррина: Ассалом апаи меҳрубон! Аз сомонаи ohang.tj тафтишатон медиҳам.
Нодирабегим: Салом хоҳари азиз!  Хушҳол аз он ҳастам, ки бо ин сомона ҳамкорӣ дорам. 
Заррина: Муташаккир ҳастем. Вақте бо сомона қарор додем, ки бо Шумо ҳамсӯҳбат мешавем баробари ин овозаҳо пайдо гашт, ки "Нодирабегим хеле сертафтиш, серкор аст." Мутаассифона аз василаи ин бохабар нашудем. 
Нодирабегим: Бале, ҳаёту зиндагии санъаткор фақат ба санъат вобастагӣ дорад ва пайваста шабу рӯз дар фикри ривоҷу равнақ ёфтани кору фаъолият мебошад. Алҳол дар ҳамин рӯзҳои баҳорӣ аниқтараш  3, 4, 5 моҳи май тасмим гирифтем, ки консерт барпо намоем тайёри ба ҳамин консерт, каме серкор ҳастем. Имрӯза тайёриро нав ба итмом расонида ба хона омадам. Аз фурсат ғанимат истифода  бурда мухлисонро ба консертам, ки  дар театри Камоли Хуҷандӣ барпо мешавад, даъват менамоям. Дар баробари ин имрӯз суруди тоза эҷоде ки дар ин шабу рӯз омода кардаамро яъне бо ном "Атласи  тоҷик"  клипашро ба навор гирифта аллакай  омода кардем дар телевизионҳо барои ҳаводорон дар ҳамин шабу рӯз  пахш мегардад. 
Заррина: Ба мухлисони ҳунаратон чӣ хел муждагони доред? Умуман барои онҳо чӣ гуна сюрприз дар консерт омода сохта истодаед?  Чиҳоро интизор бошанд? 
Нодирабегим: Дар асл сюрпризро намегӯянд аммо ба Шумо мегуям. Худо  хоҳад  консерти оилавӣ мешавад, ки хоҳари калониям Маҳфузахон баромад мекунанд ва боз сурудҳои ҳамсарам ва модарҷонам  инчунин иштироки ду гурӯҳ духтарча ва писарчаҳои нав тасисёфта ба консерт ҷилои дигар хоҳад дод.
Заррина: Ба фикрам дуруст дарк кардам, ки ҳамсаратон ҳам дар консертатон сурудҳои хешро ба Шумо арғувон мекунанд.  Оилаи Шумо ба ҳунари Шумо монеа нестанд? Ва ё боре шудааст, ки зиддият нишон дода бошанд?
Нодирабегим: Рости медонед чӣ? Ман худ дар оилаи санъаткор дар фазои санъат ба воя расида боз бо хости Худованд шукрона, ки келини оилаи санъаткор шудам. Ману ҳамсарам дар як факулта хондем фақат ҳамсарам аз ман як курс боло. Ба андешаи ман агар санъаткор ба санъаткор оила барпо кунад  олиҷаноб мешавад. Чунки онҳо дар ҳама ҷабҳа ҳамдигарро мефаҳманд, дастгирӣ мекунанд ва умуман ин хеле хуб нур болои нур мешавад. Ба оила барпо кардани мо 10 сол пур мешавад, ки Худоро шукр мо ҳамдигарро мефаҳмем ва дар ҳама чиз ҳамсарам маро дастгирӣ мекунанд. Мо 10 сол пеш аз ин 8 октябр тӯй шудем. Модарҷонам вақти тӯйи мо аниқ нашуда ба тӯйи мардум ба хизмати халқ даъватнома гирифтанд, ки баъди тӯямон 15 октябр тӯйи мардум буд ва ман бояд ба ин тӯй мерафтам. Модарам вақти тӯй бо шухӣ гуфтанд, ки " Нодирабегим ба хизмати халқ ба тӯй омода шавед."  Баъди гуфтаи модарҷонам ба хуштоманам нигоҳ кардам, ки хуштоманам ин гуфтаи модарамро  бо табассум қабул карданду ягон чиз нагуфтанд ва ман ба худам гуфтам " Ҳа байни одами бисёр ягон чиз нагуфтанд" ва ниҳоят ҳамон рӯз омад хуштоманам омада  гуфтанд, ки " Нодирабегим коратона кунеду тайёритона бинид имрӯз ҳамсаратон ки тӯйба мерид" рости бовар накардам ман худ ба худ гуфтам, ки агар ҳозир тайёр шуда буром яке " Ҳа КЕЛИНПОШО куҷоба" мегуянд гуфта тарсидаму анҷомамро пӯшида баромадам ҳатто ба наздашон нишаста  розигиашонро ҳам нагирифта худашон маро фаҳмида иҷозат доданд, ки касбамро идома диҳам ва ман аз ин рафтори онҳо  худро хеле хушбахт ҳис мекунам чунки на ҳамаи хусуру хуштоман ба ин розӣ мешаванд. 
Заррина: Бале. Нодирабегим ки худ дар фазои санъат ба воя расидаги ҳастеду боз дар баробари ин  дар гумонам, ки  меравад, ки нахуст устоди худ киро ҳисоб мекунед? Оилаи хеш ва ё каси дигар?
Нодирабегим: Албатта ки падару модарам ҳастанд. Аз онҳо ҳам пештар ба ман тарзи суруд сароиданро бибиям ёд медонанд бибиям ҳам гӯям хато намекунам. Инчунин ба ман устод Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Камолиддин Ҳамдамов ва  Насиба Амонбоева ҳаққи устоди доранд.
Заррина: Бори нахуст байни мардум бо гуруҳи "Тоҷ" муаррифияти худро пайдо кардед ба фикрам. Сабаб дар чист, ки гуруҳи " Тоҷ " фаъолияти худро қад кард? 
 
Нодирабегим: Не ҳоло қад накард гуем ҳам мешавад, чунки ман Нодирабегим Усарзода бо гуруҳи "Тоҷ" кору фаъолиятамро идома дода истодаам. Аслан гурӯҳи "Тоҷ"- ро ману хоҳарам Мадинахон таъсис додем. Аввал аз номаш оғоз кунем сабаби тоҷ номгузори кардани гуруҳ Тоҷикистон ва номи модарам Тоҷиниссо аст, ки  ин пешноҳодро ба устод Ҷӯрабек Муродов гуфтем, ки ба он шахс ҳам хеле писанд омад. Соли 2007 ташкил шуда байни мардум шинохта шуд.  Вақте хоҳарам оиладор шуд аз санъат дур рафт ҳоло кору фаъолияташро дар бонк идома дода истодааст. Сабаби қатъ гардидани фаъолияти гуруҳ оиладор шудани хоҳарам аст.
Заррина: Дар таҳияи албом кӣ ба Шумо дасти ёрӣ дароз мекунад, ки худ дар фазои санъат ҳастед? Умуман сарпараст, продюсер, режиссёр доред?
Нодирабегим: Дар таҳияи албом ба ман модарҷонам хоҳаронам ёрӣ мерасонанд. Продюсер, сарпараст, саррежиссёр ҳама ҳамаи ин оилаи ман ҳамсарам, модарам ва хоҳаронам мебошанд. 
Заррина: Дар симои фарзандон идомадиҳандаи касби волидайнро мебинед?
Нодирабегим: Намедонам инро вақт нишон медиҳад. Писарчаам бисёр доира навохтанро дӯст медорад ҳама сатилҳоро чапа гардон карда бо ҳамсояҳо ороми намедиҳад ва ҳама гӯшашонро мепушонанд. Духтарчам Худоро шукр 8 апрел 1 сола мешавад аллакай ба сурудҳои худам рақс мекунад. Худо медонад мумкин идома диҳандаи касбамон шаванд.
Заррина: Худро ба ҳадафи хеш расида ҳисоб мекунед ва ё на?
Нодирабегим: Бале расидам лекин ин охири роҳ не. Ба ҳадаф асоси расидам аммо 100% не.
Заррина: Дар фарҷом гуфтаниҳо Шумо ба мухлисон ва сомонаи мусиқавии ohang.tj
Нодирабегим: Ба тамоми мардуми Тоҷикистон хонаи ободу рӯзгори осоишта ва саломатии бардавом хоҳонам ва ohang.tj аллакай мақоми худро байни халқ пайдо кард аз ин ҳам ба қуллаҳои болотар барояд. Ба аҳли ohang.tj комёбиҳо орзумандам.

Заррина: Арзу сипос мекунем барои чунин як  сӯҳбати хушу ошкоро, ки хоҳиши моро рад накардед. Бароятон  дар ҷодаи санъат кору эҷодатон барору комëбиҳо хоҳонем чун дар пеш барои консерт омодаги дида истодаед муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорем, беҳтарин дастовардҳо насибатон гардад.
(с) Зарринаи Fайрат
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru