Авторизация
» » Хамсари санъаткор намехохам

Интервью: Хамсари санъаткор намехохам

Хамсари санъаткор намехохам

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Хамсари санъаткор намехохам!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Хамсари санъаткор намехохам!.

Фарахманд Каримов

Имрӯзҳо қариб дар ҳамаи хиёбонҳои шаҳри Душанбе суруди “Оҳи дили зор” танинандоз аст, ки он, бешак, дили ҳазорон нафарро ба ҷӯшу хурӯш овардааст, чун он тарона аз ҳаёти ошиқони дилшикаста ҳикоят мекунад. Баъзеҳо мӯътақиданд, ки он дар жанри “рэп” суруда шудааст, дигаре мегӯяд, ки он танҳо “тарона” аст, аммо суруди мазкур ҳам ба рэпу ҳам ба тарона шабоҳат дорад. Мо тасмим гирифтем, ки бо он нафаре, ки маҳз оҳанги “Оҳи дили зор” –ро эҷод намудааст, Фараҳманд Каримов ҳамсӯҳбат шуда бошем.
Садои Фараҳманд дилнишину рӯҳнавоз аст. Ҳарчанд, ки хеле ҷавон бошад ҳам, садояш хеле марғуладор аст. Вақте кас сурудҳои Фараҳмандро гӯш мекунад, бешубҳа ба дунёи дигар ворид мегардад. Дунёе, ки пур аз савту навои ҳаловатбахшу гуворо, таскинбахши рӯҳу ҷон...
Фараҳманд Каримов 26-уми майи соли 1996 дар деҳаи Урметани ноҳияи зебоманзари Айнӣ дар оилаи ҳунарманд Парвиз Каримов ба дунё омадааст. По ниҳодани Фараҳманд ба рӯи саҳна ин тасодуфӣ нест, зеро гузаштагони ӯ ҳунарманд буданду ин касб дар хуни ӯ ҷорӣ аст. Аз айёми хурдсолияш бештари лаҳазоти зиндагияшро бо сурудхонӣ мегузаронид ва ба навохтани пианино шавқу рағбати зиёд зоҳир мекард. Чунки ӯ ҷавонест аз аҳли санъату фарҳанг ва фазлу дониш. Айни замон истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд буда, кору фаъолияташро дар ҳамин ҷо пеш бурда истодааст. Бар замми овозхони беҳамто буданаш, инчунин, актёр низ ҳаст. Тӯли 6 сол аст, ки дар Театри тамошобини наврас ба ҳайси як тан ҳунарманд имрӯзҳо фаъолият дорад. Донишҷӯи бахши сеюми шӯъбаи иқтисодчии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки Фараҳманд соли 2011 дар лоиҳаи “Овози тиллоӣ”, дар соҳаи “ватандӯстӣ” ҷойи нахустинро ишғол намуда буд. Инчунин, соли 2012 дар ғолиби озмуни “Turkce olimpiatlari” шуд. Озмуни мазкур дар давлати Туркиё баргузор гардида буд ва Фараҳманд дар он ҷо бо суруди “Beyaz mendil”  ҳунарнамоӣ карда, медали нуқраро ба даст овард.
 
Шаҳноза: - Салом Фараҳманд! Нахуст ба Шумо арзи сипоси хешро баён менамоем, ки пешниҳоди бо  мо сӯҳбат карданро пазируфтед. Хеле мамнун ҳастем.
Фараҳманд: - Салом, ба аҳли кормандони сомонаи беҳтарини Тоҷикистон – www.ohang.tj ва ба кулли мухлисони ҳамдилу ҳамҷони ман. Сипос, ман низ фараҳманд аз онам, ки бо Шумо ҳамсӯҳбат гардида истодаам.
Шаҳноза: - Сараввал “Соли ҷавонон”-ро бароятон муборакбод мегӯям, чун Шумо низ аз зумраи он ҷавононе ҳастед, ки нерӯи созанда доред ва ба синну солатон нигоҳ накарда аз ӯҳдаи бисёр корҳо мебароед!
Фараҳманд: - Ташаккури зиёд! Аз лутфатон бисёр шодам! Ман ҳам дар симои Шумо тамоми ҷавононро бо идашон муборакбод менамоям. Орзуи онро дорам, ки бигзор то абад ҷавондилу саодатманд бошанд. Инчунин, кулли мусалмонони оламро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон, моҳи пур аз нуру зиё таҳният намуда, аз Ҳазрати Ҷонсозу Ҷаҳонсоз барояшон саодату саломати мустадомро таманно дорам.
Шаҳноза: - Бисёр сипос ба унвони Шумо. Ба Шумо низ ҳумоюн бод! Мо мехостем атрофи кору фаъолияти эҷодиатон барои хонандагони сомонаамон як сӯҳбати хотирмоне дошта бошем.
Фараҳманд: - Марҳамат, бо ҷону дил! Ман тайёрам, ки ба ҳамаи саволҳои Шумо ба қадри имкон ҷавоб диҳам.
Шаҳноза: -Чӣ хеле ки худи Шумо қайд кардед, айни ҳол дар донишгоҳ, дар риштаи иқтисод таҳсил доред, пас чӣ боис гашт, ки Шумо яку якбора ба санъат рӯй овардед?
Фараҳманд: - Аз хурдӣ дар рагҳои ман хуни санъат ҷорӣ аст. Яъне, ин пешае нест, ки ман яку якбора интихоб карда бошам. Ин пеша барои мо як пешаи муқаддас ва авлодист. Падарам Парвиз Каримов суруд мехонанд, бобоям дар вақташ ғижжак менавохтаанд. Бародарам бошад, бо Дамирбек Олимов ва Гуласал Пӯлотова якҷоя Коллеҷи санъатро хонда тамом карданд, вале дар ин соҳа кор накарданд.  Ман иқтисодчӣ бошам ҳам, санъаткориро ҳамчун соҳаи дуюм барои худам интихоб намудаам.
Шаҳноза: - Аввалин суруде, ки Шумо сароидед ва бо воситаи он дар роҳи пурпечутоби санъат мавқеи худро пайдо намудед, аввалин суруде, ки то қадри имкон Шуморо ба мардум наздику ошно гардонид, кадом аст?
Фараҳманд: - Ман аз овони кӯдакӣ суруд мехондам. Аввалин суруде, ки ман хонда будам ин дар боғчаи кӯдакон буд ва “Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон” ном дошт. Аммо суруде, ки ману бародарам Исмоилҷон Исмоиловро ба мардум шиносонд,  суруди “Оҳи дили зори ман” аст. Ҳамин суруд муаррифгари ману Исмоилҷон буд ва хеле шодам, ки суруд ба шунавандагон писанд омаду санъати моро хеле хуб қабул намуданд.
Шаҳноза: - Ҳангоми сайругашт дар кӯча ва ё дар ягон ҷои дигар вақте садои худро мешунавед, ки дигарон гӯш карда истодаанд, чӣ ҳиссиёт Шуморо фаро мегирад?
Фараҳманд: - Албатта, вақте садои худро мешунавам, то як андоза маро ҳаяҷон фаро мегирад ва кам-кам фахр ҳам мекунам, ки суруди моро гӯш мекунанду моро ҳамчун овозхон қабул кардаанд.
Шаҳноза: - Дар ҳақиқат, суруди сароидаи Шумо бо Исмоилҷон хеле хуб баромадааст ва ин боиси фахр низ ҳаст, зеро аз дил баромаду ба дил ҷо гирифт, мардум хеле хуб қабул карданд, хусусан нафарони ошиқ. Акнун бигӯед, ки бо Исмоилҷон боз нияти сароидани дуэти дигарро доред ё ки аллакай омода асту баромаданашро мунтазир шавем?
Фараҳманд: - Ҳарчанд бадхоҳон нисбати мо ҳар гуна овозаҳо бароварданд, ки гӯё муносибати ману Исмоилҷон сард шудаасту боз монанди ин овозаҳои дигар. Аммо ҳамаи ин бигзор дар гузашта бимонад, ҳамааш паси сар шуд ва имрӯзҳо мо бе ягон саросемагӣ аз паи омода намудани дуэти нав ҳастем ва пас аз моҳи шарифи Рамазон, Иншооллоҳ, аввалин шуда дар сомонаи www.ohang.tj онро барои мухлисон пешкаш месозем.
Шаҳноза: - Чаро маҳз баъди моҳи шарифи Рамазон? Чӣ хеле ки медонед мухлисонатон бесаброна интизори ҳар як таронаи нави Шумоанд ва ҳарчи зудтар онро гӯш кардан мехоҳанд?
Фараҳманд: - Бояд як чизро қайд намоям, ки суруде, ки бидуни саросемагӣ омода мешавад, ба дилҳо зуд ҷой мегирад. Мо суруди “Оҳи дили зори ман”-ро бе саросемагӣ сабт намуда будем ва дар муддати тӯлонӣ омодаву пешкаш гашт ва бубинед, мардум чӣ хел хуб қабул карданд. Ба ҳамин хотир, дуэти навро низ ҳамин тавр омода карда истодаем.
Шаҳноза: - Метавонед дар бобати чӣ гуна эҷод шудани таронаи мазкур ба мо маълумот дода бошед? Инчунин, мехостем бифаҳмем, ки чӣ боис гашт, ки Шумову Исмоилҷон бо ҳам як муддат ҳамкориро қатъ намудед?
Фараҳманд: - Медонед, чанд вақт дар сари ман оҳанги дилнишине садо медод. Мехостам, ки рӯзе аз рӯзҳо онро эҷод намоям, чун худам низ оҳангсоз ҳастам. Мо бо Исмоилҷон аз хурдӣ дӯстӣ доштем, рӯзе ӯро дар кӯча дидам ва ба студияам даъват намудам. Вақте ки ӯ омад, барояш оҳанги он таронаро бидуни матн дар пианино навохтам, ки худи ӯ низ мафтуни ин оҳанги зебо гашт. Сипас, ҳардуямон аз рӯйи он дар муддати як ҳафта шеър эҷод намудем. Мо тасмим гирифтем, ки саргузашти якчанд ошиқони дилшикастаро дар сурудамон таҷассум гардонем, то ки муассиру дилнишин бошад. Албатта, вақте ки шахс дар чизе комёб мегардад, душманон мехоҳанд, ки пеши роҳи нусрати он нафарро гиранд. Мутаассифона, ба ману бародарам Исмоилҷон, ҳар гуна суханҳои фитнаангез расониданд, ки ин боиси сард гаштани муносибати мо шуд. Ҳатто Исмоилҷон дар барномаи “Кӣ мега” нисбати ман ҳар гуна суханҳоро раво дид. Аммо, хушбахтона, баъди чанде ӯ низ дарк намуд, ки ҳамаи он суханҳо бофтаанд, бо ман аз нав дар тамос шуд ва гуфт, ки дурӯғ будани он суханҳоро дарк кардааст. Мо бо бародарам Исмоилҷон, алъон муносибати олӣ дорем ва Иншооллоҳ умедворам, ки ин риштаи дӯстии мо то абад пойбарҷо хоҳад монд.
Шаҳноза: - Шумо оиладор ҳастед ё на?
Фараҳманд: - Имрӯзҳо чунин саволро хеле зиёд ба ман медиҳанд (механдад). Ман ҳанӯз 21 сол дорам ва ҳоло муҷаррадам.
Шаҳноза: - Ҳамсари ояндаи худро чӣ гуна дидан мехоҳед? Ӯ бояд мисли Шумо иқтисодчӣ бошад ё ҳунарманди театру санъаткор? Рафту Шумо ба духтаре дил мебандед, ки рэп месарояд, қабул мекунед?
Фараҳманд: - Ҳамсари ояндаи ман бигзор иқтисодчӣ бошад, аммо ман ҳамсари санъаткор намехоҳам. Намехоҳам, ки оилаи ман ҳунарманди театр ва ё мисли ман овозхон бошад. Пеш аз ҳама нафаре бошад, ки маро, кори маро хуб бифаҳмад, вале худаш аз ин кор дур бошад, барои ман хуб аст. Ҳатто як ёрӣ мешавад ин барои ман.
Шаҳноза: - Тасаввур кунед, ки ҷавондухтаре ба назди Шумо меояд ва пешниҳоди сароидани дуэтро мекунад, оё қабул мекунед? Бояд фаромӯш насозем, ки он духтар ҳам мисли Шумо муваффақ шудан мехоҳад!
Фараҳманд: - Агар хато накунам, имрӯзҳо садҳо нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарон ба мо занг зада, пешниҳоди ҳамкорӣ мекунанд. Дар асл мо барои ҳеҷ гуна ҳамкорӣ зид нестем, вале пеш аз ҳамкорӣ мо ҳунару истеъдод ва то кадом андоза хуб будани овози ҳамон нафарро ба назар гирифта, сипас таклифи ҳамкориро қабул мекунем.
Шаҳноза: - То имрӯз ҳамагӣ чанд суруд сабт ва пешкаши мухлисон намудед?
Фараҳманд: - То имрӯз ҳамагӣ 10 суруд сабт кардаам, вале ҳамаашон паҳн нашудаанд. Зеро баъзе сурудҳоям дар дигар равия сароида шудаанду мардум моро бо дигар равия шинохтанд.
Шаҳноза: - Яъне, мардум Шуморо дар равияи рэп, бо сурудани рэп шинохтанд, ҳамин тавр?
Фараҳманд: - Агар хабар дошта бошед дар консерти “Рӯзи ҷавонон” рэпсароёни мо дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад доштанд ва рэп имрӯзҳо ба як қолаби муайян дароварда шудааст. Санъати рэп бо номи “санъати муосир” ба санъати тоҷикон ворид шуд. Ман мехоҳам, ки худро ҳамчун сарояндаи рэп неву сарояндаи сурудҳои санъати муосир худро ба мардум муаррифӣ намоям.
Шаҳноза:- Киро дар зиндагӣ устоди хеш мешуморед?
Фараҳманд: - Албатта, нахустустоди ман дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ волидайни арҷмандам мебошанд. Инчунин, амакам ва устодам – Толиб Карими Озарахш барои бо нозукиҳои санъат шинос гардиданам, нақши бузург бозидаанд. Муаллима Майсара Муминова, корманди собик литсей тоҷикӣ –туркии шаҳри Хуҷанд низ ҳамаҷониба дастгиру роҳнамои ман буданд, ки аз якояки онҳо хеле миннатдорам.
Шаҳноза: - Дар оянда чӣ нақшаву ниятҳо доред?
Фараҳманд: - Ният дорам, ки моҳҳои сентябр дар Театри тамошобини наврас нахустконсерти худро рӯи кор орам ва бародарам Исмоилҷон Исмоиловро он ҷо ҳамчун меҳмони фахрии барнома даъват намоям. Барои ҳамин имрӯзҳо аз паси омода намудани сурудҳои нав ҳастам ва инчунин, банди кори театру аз паси дарсҳои донишгоҳ.
Шаҳноза: - Таманниёти Шумо ба кулли мухлисонатон ва ҳаводорони сомонаи www.ohang.tj?
Фараҳманд: - Ба мухлисонам, хусусан ба ҷавонон гуфтаниям, ки бекоргардӣ накунанд ва аз паи омӯхтани илму ҳунар ва касбу кор бошанд, зеро ояндаи давлату миллат мо-ҷавононем. Миннатдории худро ба директори сомонаи www.ohang.tj Абдуҳакимҷон Абдуфаттоев мерасонам, ки маро доим дастгирӣ мекунанд. Ба мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, таманнои онро дорам, ки ҳар орзуе, ки дар замири хеш доранд, ҷомаи амал бипӯшад. Боқӣ тансиҳату хонаобод ва хуштахту пирӯз бошанд.
Шаҳноза: - Ташаккури зиёд барои чунин сӯҳбати хушу гуворо. Мо низ аҳли кормандони сомонаи www.ohang.tj ба Шумо дар корҳои эҷодиатон муваффақитҳои назаррасро орзумандем.
Фараҳманд - Саломат бошед!
Муҳаррир: Каримова Ш. // Суҳбаторо: Шаҳнозаи Собири // Омодасоз: Сомон Муҳаммедов
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru