Авторизация
» » Баҳодур Илҳомӣ: Устод Ҷӯрабек Муродов-ро ман идиали худ меҳисобам

Интервью: Баҳодур Илҳомӣ: Устод Ҷӯрабек Муродов-ро ман идиали худ меҳисобам

Баҳодур Илҳомӣ: Устод Ҷӯрабек Муродов-ро ман идиали худ меҳисобам

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Баҳодур Илҳомӣ: Устод Ҷӯрабек Муродов-ро ман идиали худ меҳисобам!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Баҳодур Илҳомӣ: Устод Ҷӯрабек Муродов-ро ман идиали худ меҳисобам!.

Баходур Илхоми

- Ассалому алейкум бародари азиз!  Сипос мегӯям ки имруз хоҳиши моро рад накардед   бо мо ҳамсӯҳбат ҳастед.   
 -Ассалому алейкум ба кули мухлисон ва ба кормандони OHANG.TJ. Ман аз  соли 2012 то инҷониб фаолияти худро дар театри ҷавонони  ба номи Одилҷон Назаров ҳамчун бастакор (композитор) идома дода истодаам.  Дар бисёр озмуну чорабини фаъолона иштирок намудаам аз соли 2007 то соли 2009  мухбири рӯзномаи "Лочин" будам, аз ҳама хурсандиовараш ин будки  соли 2019 дар  шаҳри Душанбе фестивал озмуни Парасту  баргузор гардид ва мо аҳли театр  дар он  сазовори ҷои 3-юм  гардидем.
-Мегуфтед дар давоми фаъолияти худ бо чигуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидаед? 
-Мушкилии ман ҳамин буд,ки ман он сурудҳоеро ки эҷод мекардам  мехостам шеърҳояшро худам  навишта бошам аммо ба ин каме мушкили мекашидам.
 
-Оё сурудҳое ки эҷод мекунед  шеъраш азони худатон аст? 
-Не ман бо бисёр шоирон ҳамкори дорам аз ҷумла бо устод Толиб Озарахш, Махками Баҳридин ба мисоли инҳо боз бо дигар шоирон низ ҳамкорӣ дорам.

Бисёр нафарон мегӯянд вақте ҳофизон суруд мехонанд садояшон дигар аст аммо дар вақти сӯҳбат  каме дигар мешавад, чаро? 
-Санаткори ҳақиқӣ  хоҳ дар вақти сурудхонӣ  хоҳ дар вақти сӯҳбаткардан садояш дигар намешавад Чунонеки медонед  имрузҳо техника тарақи кардааст, агар хато накунам  садои баъзе  ҳофизонро сохтакори мекунанд   шояд аз ҳамин сабаб тағир меёбад. 

-Ғайр аз касби сарояндагӣ боз кадом ҳунарҳоро доред? 
-Ман ҳунари  актёри ҳам дорам,  соли 2019 дар озмуни пораи дили модар иштирок карда сазовори ҷои 3-юм гардидам. Боз ҳунари пазандагиро дорам аз ҳама  кори дӯстдоштаи ман ин деҳқонӣ кардан мебошад. 
-Касеро дар ҳаёти худ ҳамчун идиал қабул кардаед? 
-Бале  яке аз ҳофизи  шинохтаи мову шумо устод Ҷӯрабек Муродов - ро ман идиали худ меҳисобам. 

-Сарояндаи ҳақиқӣ чигуна бояд бошад? 
-Сарояндаи ҳақиқӣ аввал  инки хоксориро пешаи худ карда бошад ва  асбобҳои мусиқиро навохта тавонад. 

-Худи  Шумо чанд намуди асбоби мусиқиро навохта метавонед? 
Ман пианина, гитара ва доираро навохта метавонам.
 
-Вақте Шумо роҳи санатро пеш гирифтед  ягон нафари зид буд аз касби интихоб намудаи Шумо? 
-Не ҳама тарафдори ман буданд  зеро ин касб ба ман аз бобоям мерос мондааст бобоям  Маъруфхӯҷа Баҳодуров  низ санаткор будан  аз ин лиҳоз ман хостам давомдиҳандаи касби бобоям бошам. 

-Ҳоло барномаҳое ҳастанд,  ки ҳофизонро пинҳони якчанд лаҳза сапт мекунанд ваё ба барномаҳо даъват мекунанду шартҳоеро мегузоранд  ҳофизон бояд онро иҷро кунанд. Ингуна барномаҳо ба шумо писанд аст агар ҳа чаро? Агар не бозҳам чаро? 
-Ин гуна барномаҳо баман хело писанд аст, чароки  дар  ин гуна барномаҳо   сохтакори дида намешавад ончики ҳақиқат аст  онро барои мухлисону муҳибони мо   намоиш медиҳанд.

-Дар ҳаёт рузи фаромӯшнашавандаи Шумо ин кадом рӯз буд? 
-Рӯзи фаромӯшнашавандаи ман вақте  ман соли 2007 ба мактаби мусиқи рафтам   дар онҷо  аввалин устоди ман Муродҷон Ӯрунов барои  навохтани  гитара  маро ҳамчун шогирд  қабул  карданд  ва  боз  он  рӯзеки яке аз бастакори беҳтарини  кишварамон Руслан Боимухамедов  маро шогирди худ қабул карданд ва нозукиҳои ин касбро ба ман омӯхтанд  ин аст рӯзҳои фаромӯшнававандаи ман. 
-10 калимаи дӯстдоштаи Шумо? 
Аввал Аллоҳ,  Қуръон, Фарзанд, Хоксори  Шукр,  Падар Модар,  Фаровонӣ Саломатӣ,  Муваффақият, ин аст  калимаҳое ки  ман дӯст медорам. 

-Дар зиндаги аз чи метарсед? 
-Дар зиндаги  аз  сухани дурӯғ ва хиёнат метарсам.
 
-Дар пеш чи нақшаҳо доред? 
-Дар  нақша  дорамки  кишварамон тинҷиву амони  шавад мехостам сурудҳои нав ба нав эҷод кунам ва як консерти беҳтарин барои мухлисони азизам ташкил кунам сурудҳои нав ба нав эҷод карда фақат ба таври зинда сурудшои худро хонда бошам.

- Бисёр нафарон мегӯянд  чаро ҳофизон зиёд шудандду аммо пешқадам нестанд  ва барои чи Устод Ҷӯрабек Муродов Ҷӯрабек Набиев Боимуҳаммад Ниёзов чаро ин нафарон пешсаф буданд? 
-Барои он ки дар он давраҳо он техникаҳоеки имрӯз  садои ҳофизонро  суни  месозаад набуд онҳо ба таври зинда месароиданд барои ҳаминҳам онҳо  пешсаф буданд. 

-Дар охир таманиёти Шумо баҳри мухлисонатон ва сомонаи OHANG.TJ 
-Аввал мехоҳам худованд ҳамагонро дар паноҳаш нигаҳ дорад ҳамеша саломату сарбаланди ва хушиҳои рӯзгорро таманно дорам
-Саломат бошед  мо  аҳли кормандони сомонаи OHANG.TJ барои Шумо қулаҳои баланди  санатро таманно дорем ҳамеша саломат бошед

Мусоҳибагиранда: Абдуғаниева Маҳфузахон
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru