Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Даврон Раҳматзод

Интервью: Ногуфтаҳо бо Даврон Раҳматзод

Ногуфтаҳо бо Даврон Раҳматзод

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Даврон Раҳматзод!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Даврон Раҳматзод!.

Ногуфтаҳо бо Даврон Раҳматзод

Суҳбати Орзу Исо бо Даврон. 


- Орзу: Дуруд дӯстони хубам. Барномаи навбатии ногуфтаҳоро шурӯъ мекунем. Шумо ҳеҷ медонед, ки таронаҳои зебо, таронаҳои мондагортаринро дар иҷрои ҳунармандони бисёр ҳам машҳурамон ки иҷро мекунад. Ин оҳанҳои зебову қашангро кӣ месозад. Албатта Даврон Раҳмазод. Оҳангсози муътабари кишвари мо. Даврон имрӯз меҳмони барномаи Ногуфтаҳо. Ва аз Даврон мепурсем, ки чӣ муҷиби офаридани ин ҳама зебоиҳо шуда бошад. Хушомадед Давронҷон. Барномаи Ногуфтаҳоро шурӯъ мекунем. Ва ногуфта намонад, ки барномаи Ногуфтаҳо дар ҳамкорӣ бо маркази мебели Хонаи ман сабт мешавад. Бори дигар аз тарафи ҳама мухлисон дуруд мегӯем. Дуруд.

-Даврон: Саломат бошед Орзуҷон. Ташаккури зиёд барои даъват ба ин барнома. Ман аввалан саломи худро ба тамоми тамошобинони ин барнома мерасонам. 

- Орзу: Хеле мехостам роҷеъ ба кудакиатон ҳарф бизанем, ки дар чӣ гуна шумо ба воя расидед, ки ин қадар муҳаббат нисбат ба санъат падид омад.

-Даврон: Аслан мегуем, ки ҷавонии мо дар вақти Шуравӣ гузашт. Он вақт вақти хуб буд. Беҳтар буд. Оилаи мо оилаи санъаткорон буд. Мумкин, ки аз ҳамон вақт бошад дар қалби ман. Падари ман ҳам кам-кам аз санъат бохабар буданд. Амакаҳоям институ санъатро. Мункин шавқи мо аз ҳамон вақт бошад. Мумкин, ки ирсӣ ҳам бошад.

- Орзу: Дар мактаб тарона месароед?

-Даврон: Албатта. Тарона месароидам. Ҳар вақте тарона месароидам. Метарсидам. Баъде мутаваҷҷеҳ мешуданду дар вақти хондани суруд қарсак мезаданд, ҳатто суруд аз хотирам мебаромад.

- Орзу: Бачагиҳо дар куҷо гузаштанд?

-Даврон:  Дар шаҳри Қайроқум.

- Орзу: Баъзан мешавад, ки аз ҳунар ҳам хаста мешавед. Вақте, ки ҳунар лобалои бархурдҳои шадиди рузгор қарор мегирад, одам хело дилмонда мешавад. Ин рӯзҳо буд дар шумон?

-Даврон:  Албатта. Ҳар як одам мушкилӣ дорад. Бе мушкилӣ намешавад дар зиндагӣ.

- Орзу: Биёед дар бораи мушкилӣ гап мезанем.

-Даврон:  Мушкилиҳо дар вақти ҳозира иҷтимоӣ мешаванд. Вақте мушкилоти иҷтимоӣ шуд, барои тавлиди шеъру оҳангҳо. Одами эҷодкор, ки одами эҳсотарин аст ба фикрам. Таъсир мерасонад ба фикрам.

- Орзу: Ин иҷтимо шуморо то кувоҳо бурд?

-Даврон:  Ин иҷтимо моро то ғурбат бурд. Албатта аз сари мо ҳам муҳоҷироти меҳнатиро гузаштем.

- Орзу: Чӣ мекардед он чо?

-Даврон:  Тамоми мардуми тоҷик чӣ кор мекунад дар он ҷо? Сохтмон албатта.

- Орзу: Ростӣ ман ҳам ин рузҳои ғурбатро бо корҳои сохмониву вазнин аз сар гузарондам. 

-Даврон:  Бале ҳамаи тоҷикон инро аз сар гузарондааст.

- Орзу: Вале мактаб аст ин?

-Даврон:  Бале. Ба як мард мегӯянд чил ҳунар кам аст. Ва бисёри онҳоро мо дар Русия омухтем.

- Орзу: Кадом намуди ҳунарҳои сохтмонӣ аз дастатон меояд. Ба ғайр аз овозшонӣ?

-Даврон:  Қариб, ки ҳамааш.

- Орзу: Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба муҳоҷират рафтед?

-Даврон: Ғурбати мо аслан мавсими буд. Баъдан, ки дилбохтаи ҳунар будаму мехостам чизе офарам ҳамин дилбохтагии ман буд, ки ба Душанбе овард.

- Орзу: Дар ғурбат тарона месароидед?

-Даврон: Албатта месароидам.

- Орзу: Барои кадом мардумон?

-Даврон: Мардумони ҳар миллат буданд он ҷо. Мардумони қафқоз хуш қабул мекарданд моро. Вақте дар ягон ҷамъомад менишастему ман гиторро мегирифтам ягон чиз месароидам ба онҳо хуш меомад. Мегуфтанд, ки мо забонро намефаҳмему лекин бисёр лаъли тоҷикӣ ба мо мақул аст. 

- Орзу: Чӣ хел таронаҳо месароидед дар он ҷо?

-Даврон: Таронаҳои мардумӣ, таронаҳои асосан аз Аҳмад Зоҳир.

- Орзу: Чӣ гуна шумо ба шоу бизнес роҳ ёфтед, ин дарвозаро ба шумо кӣ боз кард?

-Даврон: Писар амаи ман вобаста буданд бо шеър. Тарабхона доштанд. Занг зад, ки ту биёи ва дар тарабхона баромад кунӣ. Ба тарабхона омадам. Азбаски шармин будам баромад кардан нахостам. Дар ҳамон ҷо фаҳмидам ки ба саҳна ҷурат надораму баромад карда ҳам наметавонам. Баъд дар ҳамсоягии ҳамон тарабхона Фарҳод Зокиров зиндагӣ мекард. Бо ӯ шинос шудам. Ман аввал таронае, ки худам эҷод карда будам, гуфтам ки мо бояд ҳаминро такмил диҳем. Баъдан Фарҳод занг зад, ки як нафар ба ҳамин тарона харидор аст. Агар розӣ бошӣ ҳамин таронаро он кас хонад. Ту метавонӣ дигар таронаро эҷод кунӣ. Ин ҳамин боис шуд, ки фурсат ба сурудхонии худам нашуду фақат эҷодӣ шуда рафт.

- Орзу: Хуб акнун биёед мефаҳмем, ки Даврони Раҳматзод бо киҳо ҳамкорӣ дорад. Тули ҳамин солҳое ки фаъолият мебарад. Бо киҳо бештар?

-Даврон: Қариб, ки бо ҳама. Бисёри сурудхонон.

- Орзу: Агар аз ҷиҳати омор ба эҷодиёти Даврон назар афканем. Даврон қариби 500 тарона, ба кулли сарояндаҳои тоҷик иншо кардааст. Таронаҳои хело зиёд аст. Ба Шабнами Сурайё, Меҳрнигори Рустам, Нигина Амонқулова, Садриддин, Валиҷон ва дигарон. Таронаҳои хело зиёд аст. Аслан вақте, ки ба зиндагӣ як шахси эҷодкор назар афканем, боз ҳам мебинем хусусиятҳои дигари хулқу хӯйи ӯро. Аслан ман мехоҳам, ки аз Даврон роҷеъ ба зиндагиаш бипурсам. Дар бораи зиндагиатон ҳарф бизанед. Хонавода?

-Даврон: Зиндагии муқаррари дорем. Ягон зиндагии пурдабдаба надорем. Ҳамсарам хуб ҳаст, фарзандонам ҳам шукри худованд хубанд.

- Орзу: Чанд фарзанд доред?

-Даврон: Ду писар ва як духтарча.

- Орзу: Номашон?

-Даврон: Шамшод, Дилшод ва Меҳрнигор.

- Орзу: Меҳрнигор чанд сола аст, аз ҳама хурдӣ?

-Даврон: 6-сола.

- Орзу: Дар бораи волидайн ҳарф бизанед.

-Даврон: Падар раҳматианд. Модар зиндаанд. 

- Орзу: Бо шумо зиндагӣ мекунанд?

-Даврон: Не бо бародари хурдӣ. Дар Адрасмон

- Орзу: Меҳмони меоянд?

-Даврон: Бале меоянд. Дер-дер.

- Орзу: Айни замон корҳои эҷоди бо киҳо доред. Ман масалан то ҷое маълумот дорам корҳои шумо аллакай берун аз марз рафт. Бо хонандагони хавориҷ ҳамкорӣ доред. 

-Даврон: Бале бо хонандагони Афғонистон, Узбекистон ҳамкорӣ дорем. 

- Орзу: Бо кадом сарояндаҳо?

-Даврон: Номи сарояндаҳо дар хотирам намеистад. Бо Юлдуз Усмонова ҳамкорӣ доштем, бо Юддуз Турдиева. 

- Орзу: Юддуз Турдиева дӯстони азиз агар ёдатон бошад, чанде қалб аз овозхонони машҳури Ӯзбекистон як тарона иҷро кард, “Паси он панҷараи танҳои” моли Даврон ҳаст. Шеъраш аз Сафар. Яъне як шоири ҳам хеле хушкалом аст. Ва ногуфта намонад, ки барои Юлдуз ҳам тарона эҷод кардааст. Чанд тарона эҷод кардед?

-Даврон: 3-4 тарона ба фикрам.

- Орзу: Миёни ин таронаҳо таронаи “Эй ошнои гумшуда боз омадӣ”, “Марав-марав борон” Даврон иншо кардааст.

-Даврон: Бояд як чизро қайд кунам. Дар тули ҳамкории мо беш аз 500 тарона, ман ин таронаҳои худро ягон бор ҳисоб накардам. Зиёда аз нисфи таронаҳои ман бо ҳамкорӣ бо Орзу аст. Мо ҳамкории бисёр тангу танг дорем. Инҷо, ки барномаи Ногуфтаҳо аст, дар чизе дар диламон аст мегуем. Шаби дароз як оҳанге эҷод кардем. Бишастем оҳанг эҷод кардем. 

- Орзу: Ман Давронро хуб медонам мо ҳар ҳафта шояд, ки ҳамдигарро мебинем. Вале фикр мекунам, ки барои шумо ҷолиб аст ошнои пайдо кардан бо дунёи Даврон, бо эҷодиёти Даврон, бо ҳиссиёти Даврон. Одатан бархе одамон мегӯянд, ки бояд илҳомам биёяд. Вақте илҳом биёяд, то омадани илҳом шояд, ки  як ҳафта ду ҳафта меугзарад. Баъд илҳоми эҷоди меояду сари иншои таронае, шеъре, ғазале менишинад. Вале эҷодкорӣ асил, эҷодкоре, ки воқеан эҷодкори табиист, худодост аст, ҳамеша илҳом дорад. Илҳоми эҷоди ҳамеша бо уст. Ҳеҷ ҳаводисе наметавонад ин хурушро дар қалби эҷодкор барҳам бидиҳад. Ҳозир як пешниҳоди ҷолиб мекунам ба Даврон ва шумо мебинед, ки дарҳол, дар ҳаминҷо дар назди шумо метавонад як оҳанг иншо кунад. Ҳамин тавр. Ман ҳозир аз ҳамин навиштаҳои телефонам, ки шеърҳоямро дар телефон қайд мекунам, ки аз ёдам набарояд. Дар ёддоштҳои ҳамин телефон. Ман аз ёддоштҳоям тақрибан кадом шеъре ки пеш омад мегирем ва оҳанг эҷод мекунад. Ман намедонам ин кадом шеър аст. Дар васфи модар, иҷтимоӣ, ошиқӣ аст ман намедонам. Вале месанҷем ҳолу маҳорати ҳунармандро. “Дуруди телевизиони” гирифта шуд. Имтиҳон мекунем ҳунари Давронро. Аксариятон медонанд, ки мо оҳангсоз, композитор. Вале ин замон оҳангсозе, ки дар ҳамин лаҳза дақоиқ метавонад оҳанг иҷро кунад. Ин муҷиза аст.

-Даврон: Як чиз сарлавҳаашро ҳам ба оҳанг дарорем. Ба рости Орзуҷон дар он ҷо қайд кард, ки одаме, ки ҳунарманд аст, албатта доим илҳом бо худ аст. Ман мегуям, ки бале илҳоми мо доимо дар мо аст. 

(Даврон оҳанг месарояд). 

- Орзу: Боз як чизи дигар. Аз байни ин таронаҳо тақрибан мегирем. Боз ҳамин шеър. Боз як бори дигар. “Ба пушти шишаҳо рагбори мард аст вале дар қалби ту сармои январ...”. Имтиҳон мекунем.

-Даврон: (Даврон оҳанг месарояд). 

- Орзу: Боз як имтиҳони дигар. Ин шеър хело дароз аст, 160 мисра дорад. Дигар шеърро мегирем. “Рухса аз кор гирифтам, ки туро ба диёри ғазали тоза барам”.

-Даврон: (Даврон оҳанг месарояд). 

- Орзу: Охирон пешниҳод. “Имшаб ҳиҷоби панҷараи ошёни хеш...”.

-Даврон: (Даврон оҳанг месарояд). 

- Орзу: Ин аст кори эҷоди. Ин аст муҷиза. Ин аст зебои. Яъне агар мо зебоиро дӯст медорем. Пас зеборо инсонҳое меофарад, ки муаллифи зебоиянд. Даврон муаллифи зебоист. Барномаи Ноугфтаҳо ҳамин чо ба итмом мерасад. Хотиррасон мекунам, ки барномаи Ногуфтаҳо дар ҳамкорӣ бо маркази мебели хонаи ман таҳия мегардад. Бо мо бимонед. То барномаҳои дигар бидруд мегуем. Хайр!


Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru