Интервью: Ногуфтаҳо бо Парвин Юсуфи
Суҳбати Орзу Исо бо Парвин. Парвин аз саволҳо мегурезад!
- Орзу: Салом дустҳои дустҳои ҷон ҷони ман. Хело пазмонатон шудам, барномаи Ногуфтаҳоро шурӯъ мекунам. Тақрибан як сол пеш дар ҳамин шабу руз ман агар иштибоҳ накунам, вохурӣ бо пири фарвардин буд, ё бо пири урдубиҳишт буд. Бо Парвин Юсуфӣ. Яке за сарояндаҳои мумтоз, ҷаззоб ва хушсадои Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудем. Як барнома таҳия кардем. Вале бади як рӯз ин Парвини тонно занг зад ва гуфт, ки инҷои барнома ба ман писанд нест. Барномаро аз нав сабт кунем. Барномаро бояд ин тавру он тавр кунем. Хулоса ба ягон мувофиқа наомадем бо Парвин. Ва баъд аз як сол дар ҳамон боз вохирӣ парвардину урдубиҳишт Парвинро такроран даъват кардему ва инак меҳмони мо аст. Ва танҳо нест. Парвин бо аҳли навозандаҳо омадааст.
-Парвин: Бале мо дархост кардем, ки камтарак барои ҳамин барнома сурудҳои зебову дилнишин пешкаш намоем ва Бахтиёрҷон аз ҳама ба фикри ман дар рӯи санъати мо як гиторнавозӣ беҳтаранд. Яке аз ҳунарманди ҷавонӣ Тоҷикистон ва ғайра. Ин кас Алексадр Салимов ҳастанд. Он кас бисёр битбокс, брекдавнс ва ритмҳои замонавиро ба воситаи битбокс месароянд. Ва Фаридунҷон низ яке аз шогирдони Бахтиёрҷон ҳастанд. Бо ҳам месароянд. Дар ҳар як маъракаҳои наздик ва чорабиниҳои давлатӣ ягон консертҳо бароманд мекунанд.
- Орзу: Хуб ман дуруди ҳамаи тамошобинонро ба шумо мерасонам.
-Парвин:
Навруз шуду лолаи хушбӯй баромад,
Булбули ошиқ ба тамошои дафу чанг баромад.
- Орзу: Саволи нахустини ман ҳамин аст. Порсол пеш чаро барномаро вайрон кардед?
-Парвин: Чиро?
- Орзу: Барномаро. Дар ёд дошта бошед дар боғчаи Отели Сариноз сабт карда будем. Борон гирифт. Вақте борон гирифт, нисфашро сабт гирифта будем. Баъд аз борон барномаро идома додем. Боз сабт кардем. Ва дар охир Парвин гуфт, ки барнома бояд аз нав сабт шавад. Чаро?
-Парвин: Росташро гуям хафа намешавед?
- Орзу: Не.
-Парвин: Ба фикри ман шумо як занбурковаке ҳастед, ки хонаи занбурро мековед.
- Орзу: Яъне бисёр кунҷков будам.
-Парвин: Ҳа барои ҳамин.
- Орзу: Чӣ гуфтам ман?
-Парвин: Шикастед гапи маро. Ман шеър гуфтанӣ будам барои тамошобинон. Бо иди омада истодаи Навруз табрик гуфтанӣ будам.
- Орзу: Бигуед. Парвин як сол пеш шумо барномаро написандидед. Сабабаш кунҷковии ман буд. Саволҳо бисёр аз ҳаёти шахсии шумо буданд.
-Парвин: Мункин шояд.
- Орзу: Яъне шумо дуст намедоред дар бораи умуман ҳаёти шахсии худ ҳарф заданро. Мехоҳед роҷеъ ба ҳаёти ҳунармандии шумо суҳбат кунем.
-Парвин: Чаро не. Албатта ҳар як ҳунарманд сирри худро дорад, ва ҳама одамон. Вақте, ки бисёр кунҷковӣ мекунанду мекованд ин кори хуб нест.
- Орзу: Чаро хуб нест?
-Парвин: Агар ман шуморо бисёр кунҷковӣ кунам, ин хел саволҳо тиям метавонед ҷавоб бидиҳед. Ин хел озод?
- Орзу: Албатта озод. Чӣ масалан мехостед бипурсед?
-Парвин: Чӣ ғам доред имрӯз. Чӣ ғам метавонад шуморо аз осмон ба замин занад?
- Орзу: Аслан ғам надорам. Баъди таронаи Наврузие, ки хондед, аслан ғам надорам.
-Парвин: Мана шумо оҳиста-оҳиста мегурезед.
- Орзу: Ман нагурехтам. Ман гуфтам, ки айни замон ғаме надорам. Ва Худо ғамро наёрад ба сари ҳеҷ кас. Ман ғам надорам. Ман фикр мекунам, ки он шеъри зебое, ки шумо қироат кардед. Хуб мешавад ҳам сароед.
-Парвин: Бо ҷону дил ба шумо месароем. Бо шамин мутрибони беҳтарин. Навозандагони хуб ҳастанд.
- Орзу: Навозандагони қадимаатонро тарк кардед. Ин навозандаҳо мебинам нав ҳастанд. Мисли ҷӯҷаҳое, ки нав аз тухм баромадаанд.
-Парвин: Тарк накардам. Барои он, ки зиндагӣ ҳамин хел аст. Ягон чиз дар ҷояш намеистад.
- Орзу: Карим дар куҷост?
-Парвин: Намедонам. Ӯ дар Дубай буд. Мункин, ки баргашта бошад. Ин зиндагиаст. Мо бояд қабул кунем ҳамин чизро.
- Орзу: Биёед суруд мехонем барои дустони қадими, барои дустони ҳозира, барои ҳамаи ихлосмандони пур аз муҷизаи Парвин.
-Парвин: Бо ҷону дил месароем. Як таронае, ки ман бисёр меписандам, дуст медорам. Таронае бо ном “Офтоб мешавад”. Як худам ҳам каме менавозам. (Парвин ва гурӯҳи навозандагон тарона месароянд).
- Орзу: Браво. Хеле ҷолиб.
-Парвин: Каме хатогӣ кардам узр мепурсам.
- Орзу: Ман хатогиро ҳис накардам. Ба вақд омадам, зеро ошиқи ин садо ҳастам. Ошиқи ҳунари Парвин ҳастам. Ва як чиз мегуям ба шумо. Ман 20-сол пеш аввалин бор аз Парвин аввалин мусоҳибаро гирифта будам. Хароб будам лоғар, ҷавонак. Вале ман пир шудам. Вале Парвин ҳамон Парвин аст. Ҳеҷ тағйир наёфтааст. Ҷавон, шодоб, зебо ва росташро бигуед, ҷароҳӣ пластикӣ кардед ё не.
-Парвин: Агар хоҳед ман ҳозир рафта мекунам. Шухӣ кардам.
- Орзу: Кардед ё не?
-Парвин: Вобаста аз оромии инсон, вобаста аз фикру кирдори инсон баъд ман ҳар як крем мемолам, барои ороиш.
- Орзу: Чӣ гуна крем?
-Парвин: Ҳар як ҳунарманд бояд ба худаш нигоҳубин кунад.
- Орзу: Не савол дигар буд, чӣ гуна крем.
-Парвин: Ман вақте, ки аз хоб бедор мешавам, мегирам дар як стакан оби ҷушондагиро пур мекунам. Баъд стаконро пур мекунам ва баъд лимонро меаҳам. Оби лимондор мехурам. Ҳар як саҳар менӯшам. Баъд аз он ҳаракат мекунам, аввал бисёртар об бинушам. Баъд аз он тамрини чисмонӣ. Агар ин корро накунам фарбеҳ мешавам. Ё масалан барои саломатии инсон хуб аст. Ман албатта ҳамчун ҳунарманд худро нигоҳубин карда бошам.
- Орзу: Яъне зоҳирӣ бояд зебо бошанд.
-Парвин: Ҳама чиз бояд зебо бошад. Кирдору рафтор ва инсон бояд ба худ ниго дошта бошанд.
- Орзу: Ин ҷавонҳоро нав ба тими эҷодии худ гирифтед?
-Парвин: Ҳа нав.
- Орзу: Дар бораашон маълумот бидиҳед.
-Парвин: Чӣ тавре, ки ман медонам Бахтиёр бисёр мутриби хуб аст. Ва аллакай дар чандин маракаҳо, чандин консертҳо баромад карда истодааст. Бисёр писандам меояд навохтани Бахтиёрҷон. Алексадр Салимов ҷияни ман мебошад.
- Орзу: Решаатон ягон нафар рус аст аз авлоди шумо?
-Парвин: Намедонам. Шояд бошад.
- Орзу: Чаро Алексадр?
-Парвин: Искандар ба руси Александр.
- Орзу: Яъне дар ҳуҷҷат Искандар ҳастед.
-Парвин: Не Алексадр. Хайр чаро шумо ҳайрон мемонед. Дар ҳайрон намонед. Чандин сол пеш бисёр номҳои русӣ мемонданд.
- Орзу: Чаро бо ман ҷанг мекунед?
-Парвин: Ман ҷанг мекунам. Мебахшед. Агар ҷанг кунам ман...
- Орзу: Алексадр якбор шумо маҳорататонро нишон диҳед. Чӣ ном дорад, битбокс.
-Алексадр: (Александр битбокс месарояд).
- Орзу: Ҷолиб ҷолиб, офарин.
-Парвин: Бисёр ба ҳунар аст.
- Орзу: Боз ғайри таронаи “Ту омади” хондед дар ибтидои барнома, боз чӣ омода намудед ҳамҷоя.
(Парвин ва гуруҳи навозандагон тарона менавозанд ва месароянд).
Як чизи дигар бинандагони азиз таваҷҷуҳ бикунед. Квиллинг.
-Парвин: Ман мехоҳам намоишгоҳ бикунам ягон вақт.
- Орзу: Як дақиқа имкон бидеҳед ман ақалан пешгуфтор бикунам.
-Парвин: Истед-истед ман камтарак пешгуфтор кунам. Ман мехоҳам намоишгоҳ бикунам.
- Орзу: Як дақиқа масалан амаки ман деҳқон, квиллинг чист намедонад. Як дақиқа ақалан ман бифаҳмонам ақалан, ки квиллинг чист?
-Парвин: Майлаш.
- Орзу: Квиллинг як равияи ҳунарӣ аст. Таърихашро худи Парвин мегуяд. Ҷолибияш дар он аст, ки бо дасту ранг намешавад. Бо қоғазҳои ранга борик-борик мебуранд, мепечонанд, ҳар хел шакл медиҳанд. Ва кори чунин намудро ба худ қабул мекунад. Дар байни халқони тоҷик одамоне кам ҳастанд, ки бо квиллинг машғул мешаванд. Зеро меҳнати хело тоқатфарсо аст. Ин тоқатро Парвин дорад. Квиллингро Парвин метавонад. Акнун ттаърихашро шумо медонед.
-Парвин: Аслан дар охири асри XIV сари асри XV ин квиллинг ташкил шуд дар Аврупо ташкил шуд. Ва барои барои бунувони олиқадр. Ва ҳамин кор квиллинг буд. Ин яке аз корҳои оддии ман. Ин чакан кори сеюми ман ҳаст. Якум корам ба дасти Брайн Трейси рафт. Вай спикири умимиҷаҳонӣ аст. Дар соҳаи квиллинг расми чакан нест.
- Орзу: Асосгузори квиллинг бо чакан Парвин Юсуфӣ ҳаст.
-Парвин: Ташаккури зиёд.
- Орзу: Фақат ба квиллинг ширеш ва қоғази ранга лозим халос.
-Парвин: Ширеш қоғази ранга, нигин ва каме муҳра.
- Орзу: Шумо ба ҳама тақдим мекунед ё фақат ба Трейси.
-Парвин: Ман мехоҳам, ки як намоишгоҳ тайёр кунам.
- Орзу: Агар харидор пайдо шавад шумо намефурӯшед?
-Парвин: Мебинем.
- Орзу: Масалан як квиллинг чанд пул арзиш дорад?
-Парвин: Вай бисёр корҳои мушкил ва корҳои гирён аст. Ҳоло бад мегуям. Аз ҳама кори мушкилтарин ин кори кишлоқ аст. Ман идея доштам. Дар сомона хостам, ки ҷустуҷу кунам. Ва наёфтам. Ва кӯҳ кашидан хело дар соҳаи квиллинг мушкил аст. Ман, ки идея дорам хаёл кардам чӣ гуна кунам. Ва ман ки акнун таҷриба дорам кишлоқро сохтам. Ин баррачаро бинед, ин замини киштро бинед.
Як вақтҳо мешавад, ки илҳомам мегурезад. Мемонаму мегардам ва агар илҳомам пайдо шуд, ягон фикр омад баъд ҳаракат мекунам.
- Орзу: Фардо боз накунед, ки мисли моҳӣ урдубиҳишти соли гузашта занг бизанеду бигуед, ки не барномаро намехоҳам.
-Парвин: Не имруз беҳтар шуд. Шумо имрӯз чубатонро камтар кардед.
- Орзу: Сипоси зиёд.
-Парвин: Саломат бошед ташаккури зиёд. Барои он ки моро даъват кардед ва чуби занюурковакро як тараф мондед. Зинда бошед саломат бошед. Хайр!
Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.