Интервью: Ногуфтаҳо бо Мунира Ҳакимова
Суҳбати Орзу Исо бо Мунира. Лавров Мунираро чӣ гуфт?
- Орзу: Салом алейкум дустони азиз лутф бикунеду барномаи навбатиро пазиро бошед. Барномаи навбатии мо нафаре ҳаст,ки солиёни сол ҳунармандонро муаррифи кард, самимона дар бораи ҳунарҳояшон ҳарфҳои баланд зад, дар бораи рузгорашон қиссаҳои ҷолиб кард. Ҳамеша ин шахсиятро ман ситорасоз меномам. Ва чӣ хел ситорасоз. Кораш фақат ситорасозӣ буд, васфу ситоши ҳунарманд буд. Вале ҳоло ман надидаам,ки дар ҷое ӯро васф карда бошанд. Роҷеъ ба ӯ ҳарф зада бошанд. Ва имруз мо дар бораи нафаре ҳарф мезанем,ки шамеша ҳунармандонро муаррифӣ мекунаду, худашро ҳеҷ гоҳ муаррифӣ накардааст. Суханвари ҳамтост, муҷрии беҳамто, дастоварди миллати тоҷик Мунира Ҳакимова меҳмони мо ҳастанд. Хушомадед!
-Мунира: Саломат бошед.
- Орзу: Дастовард гуфтам, воқеан шумо дастовардед. Ман дуруди ҳамаи тамошобиноро ирсол мекунам.
-Мунира: Ташаккур ман меҳру муҳабатро пайваста эҳсос мекунам. Шукр мекунам. Шукри тамоми ҳунармандони Тоҷикистонам. Шукри бузургони Тоҷикистонам. Зеро, ки мо пеш аз ҳама меросбарори фарҳанги ғанию бойи чандин асраи худ ҳастем. Мо пешбарандагони сийсати давлат ҳастем. Ва меъморони сухан, санъат, театр ҳастем. Пас мо оина ҳастем барои мардуми Тоҷикистон.
- Орзу: Роҷеъ ба рӯзгори шумо мухлисонатон кам медонанд. Ҳаёти оилавӣ, фарзандон, шавҳар.
-Мунира: Оиладорам. Акои Фаридун. Бисёр баромуз ҳастанд, бисёр дастгирӣ мекунанд. Чор фарзанд дорам. 2-писар ва 2- духтар. Номҳои зебо доранд. Зеро дар номгузорӣ ҳам мон хело-хело фикр мекунем. Ва чӣ хеле, ки ман Мунира бошам, Манучеҳр дорам, Мавзуна дорам, Манзура дорам, Масрур дорам.
- Орзу: Калониатон чӣ аст?
-Мунира: Мавзуна.
- Орзу: Медонам, ки Мавзуна роҳи шумо хост бимонад, вале то охир кор накард?
-Мунира: То охир кор накард. Мубориза бурдан нахост шояд,ки. Бисёр вай мекард. Мавзуна баромад мекард, мисли модарат гап зан мегуфтанд. Шояд ҳамин дар ҳарос гузошт ӯро. Некин ҳоло кору фаълият карда истодааст. Дар филҳои бозӣ мекунад. Даъват мекунанд, ки дар роликҳо, дар муаллифии корхонаҳо, идораҳо.
- Орзу: аммо сарупо ба шуғли шумо дода нашуд?
-Мунира: Дода нашуд. Хайр шояд, ки роҳи ӯ дигар аст.
- Орзу: Фарзанддор ҳаст Мавзуна?
-Мунира: Бале Мавзуна фарзанддор ҳаст.
- Орзу: Дар Самарқанд издивоҷ карда буд?
-Мунира: Бале. Баъд бо мурури замон такозои зиндагӣ ба Душанбе баргашт. Мутаассифона.
- Орзу: Мавзуна баргашт аз Самарқанд. Саҳифаи тозаро дар зиндагӣ кушод?
-Мунира: Бале кушод. Боз фарзандаш. Бисёр писари калони зебо дорад. Бо забони англисӣ озод ҳарф мезанад. Мактаби миёнаи президентиро хатм намуд. Ҳозир дар Ҷумҳурии Хитой таҳсил дорад. Курси сеюм ҳаст.
- Орзу: Писари калони чӣ?
-Мунира: Писари калони мактаби байналмиллалиро тамом карда буд. Забони англисиро вай пеш бурд, дӯст дошт, зиндагиашро пеш бурда истодааст.
- Орзу: Оиладор ҳаст?
-Мунира: Соҳиби ду фарзанд.
- Орзу: Яъне духтар,писар, духтар боз писар.
-Мунира: Бале. Қудоҳои хело меҳрубон дорам.
- Орзу: Қудоҳое, ки бо писар.
-Мунира: Бо духтарам бо писаронам. Табиб ҳаст. Соҳиби 2-фарзанд ҳаст. Мо интизори фарзанди сеюмаш ҳастем. Хайр зиндагӣ пеш меравад.
- Орзу: Зиндагии Манзура чӣ гуна ҳаст?
-Мунира: Хуб шукрона. Домоди хело боақл дорем, бофарҳанг дорем.
- Орзу: Писраи хурдӣ чӣ?
-Мунира: Писари хурдӣ навакак оиладор шуд. Соҳиби писар шудем. Номашро Мубориз мондем. Мубориз бошад дар зиндагӣ.
- Орзу: Инро шумо мондед?
-Мунира: Бале ман интихоб кардам.
- Орзу: Номи набераҳоро шумо мондед, ҳамаашро?
-Мунира: Не ҳамашро не. Мо имконият додем, ки қудоҳо, бибиҳо дар номгузорӣ ҳам фаъол бошанд, шарик бошанд. Яъне бо маслиҳат.
- Орзу: Бобои Фаридун чӣ ҳол дорад?
-Мунира: Ҳоли беҳтарин доранд. Фаъолият доранд. Бо набераҳо ҳам дар коранд. Он кас шахси бузург ҳастанд,ки дар кор хоҳанд бошанд. Фаъол бошанд.
- Орзу: Ва ногуфта намонад, ки Фаридун шавҳари Мунира роҳбари ҷамъиялти чернобилчиёни Тоҷикистон ҳаст ба фикрам. Ва ҳамеша бо мардум ҳаст дар байни мардум ҳаст. Бо он нафароне, ки чернобелчиён ҳастанд. Ва ҳамеша бргузоркунии ин ё он чорабинӣ ҳаст. Он чуноне, ҳамсарашон Мунира низ ҳамеша дар талоши зиндагӣ ҳастанд. Воқеан шумо зиддӣ якдигаред?
-Мунира: Саломат бошед. Мо ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунем. Пур мекунем дуои якдигарро.
- Орзу: Ман мехостам роҷеъ ба ҳунар ҳарф бизанем. Ин садо ин хурдсолӣ буд. Ё шумо бад ҳис кардед, ки шумо як садои тиллоиед.
-Мунира: Орзу мекардам. Орзуҷон шояд, ки пеш аз ҳама шукри худованд мекунам, ки ман чунин падару модари бузургвор дорам. Руҳашон шод бод. Маро дастгирӣ карданд падарам дар соҳаи кино фаъолият дошатанд. Дар солҳои душвор бо он камераҳое,ки ҳозир ҳаст сабук аст. Дар он вақт камераҳои вазнин, гарон кади дар бунёди ҳамин кушодани Вахш, дар ин куҳҳои баланд. Падарам ҳамеша бо ин камера буданд. Кинодокументалист, корманди шоистаи Тоҷикистон буданд.
- Орзу: Модар чӣ?
-Мунира: Модарам дар пайвасти филмҳо монтажёр буданд. Дар киностудия зиёда аз 45 сол.
- Орзу: Ҳар дуяшон синамогар?
-Мунира: Бале. Шояд ҳамонҳо сабаб шуда бошанд. Ки ман аз синни 3 солагӣ дар филми “Зумрад” фаъолият кардам. Маро даъват карданд. Ба модарам пешкаш карданд, ки ҳамин духтарчаи худро гирифта биёед. Хайр омадам дастгирӣ карданд.
- Орзу: Дар наухстин филм?
-Мунира: Дар нахустин филми “Зумрад”. Духтарчаи Зумрадро бозидам. Ана бад рафта-рафта дар синни 6-солагӣ ҳоло маро аз боғча мегирифтанду дар тарҷумаи филмҳо Қутбиддин Олими Яқуби нахустин режиссёри дубляж буданд. Дар киностудияи “Сафина” буд ҳоло. Дар ҳамон ҷо. Баъд “Филормония” шуд. Баъд “Сафина” шуд. Ба ҳар ҳол санъат аз он ҷой дур нашуд. Аз 6-солагиам курсиро мемонданд ба болош баромада ман дубляж мекардам. Нақши кӯдаконро. Аз мактабам вақте дарсҳоро буд мекардам давон-давон ба дубляж меомдам.
- Орзу: Масалан ҳамин корҳо ҳаққи заҳмататонро пардохт мекарданд?
-Мунира: Бале пардохт мекарданд.
- Орзу: Чӣ қадар?
-Мунира: Хайр он қадар бисёр нею. Ҳамон солҳо ҳам қадру қиматашон буд.
- Орзу: Махсус барои ҳамин шумо, ба номи ҳамин кӯдаки хурдсол маблағ меомад?
-Мунира: Бале.
- Орзу: Волидайнҳои шумо аз ҳамин Душанбеанд ё аз Самарқанду Бухоро?
-Мунира: Решаҳо Самарқанду Бухоро. Худам дар ҳамин ҷой таваллуд шудам.
- Орзу: Хешу пайвандон он ҷой?
-Мунира: Хайр он қадар намондаанду хешу пайвандон. Ҳастанд. Як сол ду сол ба равем ба зиёрат меравем. Самарқанду Бухоро ҷои муқаддас. Боз қувват мегирем.
- Орзу: Акнун овозро садоро кай дарк кардед?
-Мунира: Дар мактаб бештар дар чорабиниҳои мактаби иштирок мекардам. Овози маро мегуфтанд,ки бисйр мардумро ба ваҷд меорад. Баъд рафта-рафта дар синфи 8-9 будам. Маро ба клуби дугонаҳо даъват карданд. Ба телевизион. Дар борнома иштирок кардам. Баъд рафта-рафта дар барномаи мусиқавии сапеда буд. Мустақим буд. Дар он ҷой фаъолият кардам.
- Орзу: Шаши саҳар? Барои хонумҳо худаш шаши саҳар хестан ин худаш барои хонумҳо қобили қабул нест. Зеро,ки 2-соат дар он ҷой бошанд.
-Мунира: Ман шаби дароз омода медидам. Як соат ду соат хоб мекардам. Боз чори саҳар мехестам. Омодагӣ медидам. Ана баъд радио. Бо навбат кор мекардем. Мактаби бузурги радтиоро гузаштам. Ман аз саҳна ғизо мегирам. Фикр мекунам, ки дарунам пур аст. Гӯё, ки ман ҳамин чизро.
- Орзу: Ҷудо буда наметавонед аз ин касб?
-Мунира: Не ҷудо буда наметавонам.
- Орзу: Агар ба шумо пешниҳод кунанд, ки фарз кардем 1 млн доллар ва шумо аз ин касб даст мекашед?
-Мунира: 1 млн доллар дар назди миллионҳо, 6 млн, 7 млн нафар мардум. Дар чорабиниҳои мардум ман. Дар шодию хурсандии мардум ман шарик ҳастам.
- Орзу: Ин сухани касе ҳаст, ки ошиқи касбаш ҳаст. Ва касб барои ӯ мисли ҳавое, ки нафас мекашаду истисно мекунад зарур ҳаст.
-Мунира: Ман омадам, ки ҷилваи нози ҳунар кунам,
Бо килки шулаъ қиссаи шаб мухтасар кунам.
Дуди ҳазор дидаро дида нодиданӣ,
Чашми ҳазор чашмаро пур аз гуҳар кунам.
- Орзу: Ин қадар шакар гуфторед шумо.Ҳамон ҳарфе, ки фуруғ гуфтааст. Танҳо садост, ки мемонад. Яъне садои шумо садои таърихӣ. Садое, ки дар маҷолису маҳофили сиёсӣ борҳо танин андохтааст. Садое, ки махфилҳоро ифтидоҳ бахшидааст. Садое, ки намояндагони мамолики мухталифро шодбош гуфтааст. Ман мехоҳам аз ҳамон чорабиниҳои сиёсӣ ҳарф бизанед, ки ҷараёни баргузориашон чӣ хел аст барои як муҷриб?
-Мунира: Пеш аз ҳама масъулияти баланд. Ҳам ифтихорманди аз давлату давлатманди. Аз Тоҷикистони азизамон. Александр Лукашенко президенти Белорусия як рӯз истода, дар Данғара буд ин вохӯрӣ. Истода гуфтанд, ки “чихел овози баланд доред,чихел барандаи хуб ҳастед”. Сони баъд ба бинандагон муроҷиат карданд.
- Орзу: Шумо он ҷо бо русӣ ҳарф задед?
-Мунира: Бале. Ба хотири меҳмони олиқадр. Баъд аз ин вазири корҳои хориҷаи Русия омада буданд, Лавров. Дар як нишаст. Баъди суханрони Русияро бо дӯстии Тоҷикистону Русия, ки решаҳояш хеле-хеле бениҳоят амиқ аст. Шеър гуфтам.
- Орзу: Лавров мутман буд шуданд.
-Мунира: Хайр бо тамкинии хоси худашон. Бисёр ҷиддӣ ҳастанд. Нағз гуфтанд. Динаро аҳли нишаст нишаста буданд. Дар Русия ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунам, вақте рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия бууд. Баромада Тоҷикистонро муаррифӣ кардам. Шеър гуфтам. Э расми хуби тоҷиконро гуфтам.
- Орзу: Олӣ. Аз ҳама шахсони боломақом ягон нафарӣ аз онҳо боре ба таври кушод суханҳои хуб, комплимент мекарданд?
-Мунира: Бисёр мегуфтанд. Бо ҳарфҳои руси мегуфтанд. Намедонам иҷозат ҳаст ё не. Аввал президентҳо. Президенти Узбекистон, Қирғизистон, Русия.
- Орзу: Путин?
-Мунира: Ҳа бале. Ӯ мегуфт магар ӯ тоҷик ҳаст. Ӯ сода ба русии тоза ҳарфт мезанад. Ҳарфҳои Путин. Ин ифтихор аст.
- Орзу: Шумо гуфтед, ки дар консертҳо гоҳ-гоҳ микрофонҳо аз кор мемондан, муфассалтар дар бораи ҳамин?
-Мунира: Хайр техника аст. Ин дар вақти омадани Юрий Михайлович Хрушков буд. Мери шаҳри Москва дар ҳамон вақтҳо. Ин чорабинӣ дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид. Баромад кардам. Микрофон аз кор баромад. Аллакай дорои саҳна будем. Ман ҳамраҳ доштам. Микрофони ҳамраҳ. Дар хотир надорам баранда кӣ буд он вақт. Мо ду нафар будем. Ҳамраҳӣ ман сухан гуфтанд. Ман бо забони русӣ. Микрофон аз кор монд. Аз они он кас кор кард. Аз они ман монд. Микрофонро поён гирифтам, баланд бидуни микрофон бидуни ҳарос як сухан кардам. Тамом, қарсак заданд.
- Орзу: Аксарияти сарояндоҳо дар ҳаёти худ ҳолатҳои форсмажори доранд. Ё ин ки пошнои баланд мепушанду, пошпо мехуранд. Ин дар ҳаёти шумо буд?
-Мунира: Буд. Дар майдони Исмоили Сомонӣ. Саҳнаи калон сохтанд. Рузӣ Ваҳдати Миллӣ буд. Рӯи саҳна баромадам. Қолин партофта буданд. Дар ҳамон лаҳза ман суханамро гуфтам, ё ба эҳсосот дода шудам. Қафо рафтаму гуфтаки сони поямро мондам, ки ғутта зад. Қолин тахта фурӯ рафтааст. Ҳамту афтидам. Бо ин мустаҳким буд. Сони мишмишҳои зиёд пайдо шуд. Ки арондандми, ки чӣ ин ин хел шуду, ғалтид.
- Орзу: Солҳои чандум буд?
-Мунира: Солҳои 1995-1996 буд. Сони баъд гуфтанд, ки бояд ахбор барояд.
- Орзу: Яъне бубинанд, ки сиҳату саломат.
-Мунира: Ҳа бале.
- Орзу: Ман зеҳн мондаму мушоҳида кардам, ки дар шумо як саловату, ғуруру, як устуворӣ мушоҳида мешуд. Акун биёед ба мавзӯъҳои дили мегузарем. Масалан як шеъри ошиқонаи зебо. Бо ишораву имоҳо.
-Мунира:
Ман, ки худ ошиқу ошиқ нажодам,
Дӯст дорам, ки ҳама ошиқ бошанд.
Модар ту шеъри беҳтарини ман,
Ту атри ёсамини ман.
Ту моҳи нозанини ман,
Худои дар замини ман.
Аё модар фидоят ман,
Бимирам ман барои ту.
Ман ман зарат мехоҳам, ман ба наздикӣ модарам модарам аз ҳаёт гузаштанд.
- Орзу: Ҷояшон Фирдавсӣ барин бошад. Талабшо шуморо дар филми “Беҳуда хорам мекунӣ” шуморо барои нақшофарӣ даъват кард. Ва як нақши бисёр хотирмонро бозидед шумо.
-Мунира: Орзуҷон мардум дӯст доштанд. Боз баҳои баланд гирифтанд. Бисёриҳо занг мезаданд, мегуфтанд, ки Мунира сари Кулоб нарав. Барои чӣ? Сангборонат мекунанд. Ғам доди духтарро.
- Орзу: Яъне модеме, ки кор то ин ҳад рафта бошад, шумо аз иҷрои нақш хело хуб баромадед.
-Мунира: Бисёр савол медоданд, ки дар ҳаёт ҳам ин зан ҳамин хел ҳаст? Не тамоман дигар. Некин ин бори дигар исбот шуд, ки хайр аз ин чаҳорчубаи барандагӣ баромадан даркор. Дар як кас шояд кушодан даркор. Ҳунарӣ ӯро, истеъдоди ӯро. Ҳеҷ вақт дер нест.
- Орзу: Барои дигар шудан ҳама вақт ҳаст.
-Мунира: Бале ин ҳам ба хотири мардум. Ба хотири мардум, ба хотири фарҳанги мардум, ҳунар.
- Орзу: Умуман фаъолияти Мунира Ҳакимова. Ин бонуи хушсалиқа. Ин бонуи шакаргуфтор. Дар маҷмуъ як модел ҳаст. Ва ин модел солиёни сол тавонист, ки пойбарҷо боқӣ бимонад. Аз рӯи ин модел бисёриҳо мехоҳанд ба саҳнаҳо роҳ ёванд. Ба шабакаҳои телевионӣ роҳ ёванд. Хуб то ҳадде мувафақ мешаванд, то ҳадде комёб мешаванд. Вале ҳеқ кас Мунира намешаванд. Вале ин модел бо исми Мунира беназир аст. То ҳамин ҷо расидем. Ба Мунира сипос мегӯем аз номи ҳамаи мухлисони арҷманд. Баъди муддати мадиде бонуро мо метавонем бо хотираҳои хело сабз ба барнома даъват кунем. Хуш омадед.
-Мунира: Ташаккур.
- Орзу: Саломат бошед. Хайр!
Мусохибаи мазкур аз Ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.