Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Ситора Абдураҳмонова

Интервью: Ногуфтаҳо бо Ситора Абдураҳмонова

Ногуфтаҳо бо Ситора Абдураҳмонова

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Ситора Абдураҳмонова!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Ситора Абдураҳмонова!.

Суҳбати Орзу Исо бо Ситора. Ситора танҳо монд


- Орзу: Дуруд дӯстони азиз барномаи ногуфтаҳоро шурӯъ мекунем. Хотиррасон мекунем, ки барнома таҳия мешавад дар ҳамкори бо маркази мебели “Хонаи ман”. Барномаи навбатии мо таҳия мешавад, бо нафаре, ки ситора ҳаст дар осмони ҳунар, дар осмони экстрадаи тоҷик ва номаш низ Ситора ҳаст. Ситора Абдураҳмонова. Ситора Абдураҳмонова дар муддати чанд сол як 6-7 соли охир чандин таронаҳоро манзури ихлосмандонаш гардонд. Лекин дар ягон ҷой роҷеъ ба зиндагиаш ҳарф назадааст. Нагуфтааст, ки чӣ рузу рӯзгор дорад. Нагуфтааст, ки бо ки зиндагӣ мекунад. Бо ки ҳамхона аст. Киро дӯст медорад? Ситораҷон дуруд ман саломи кулли мухлисонро ба шумо мерасонам.

- Ситора: Салом алейкум. Ташаккур мегӯям, ки маро ба ин барнома даъват гуфтед. Аз фурсат истифода бурда мехостам тамоми тамошобинони шуморо, моро дуруд бигуям. Тамошо кунед моро.

- Орзу: Ситора ҳамин чанд муддате пеш таронае баровардед. Таронаи “Рӯзи хуш бе ту намешавад”. Ин кӣ будааст, ки бе ӯ намешавад.

- Ситора: Бале ба наздикӣ як суруди нав омода намудем. 

- Орзу: Як порчаашро замзама кунед. Ба фикрам баҳра мебаранд мухлисон.

- Ситора: (Ситора суруд месарояд).

- Орзу: Офарин, офарин. Ин дуои бад ба кӣ тааллуқ дошт.

- Ситора: Рост мегӯед. Дар YouTube навиштанд, ки як марди дӯсдоштаашро ҳамин қадар дуои бад кунад. Ман хостам як ҷавоб нависам. Боз нанавистам. Хостам гӯям,ки ҳамин қадар дили шуморо меранҷонд. Шумо ҳам аз ин гапҳои бад мегуфтед. Ман гуфтам шуморо ҳеҷ кас то ҳамин дараҷа наранҷондас. 

- Орзу: Шуморо ранҷонданд?

- Ситора: Бале ранҷонданд.

- Орзу: Биёед дар бораи ҳамин гап мезанем. Ва чӣ гуна дилашон шуд, чӣ гуна дасташон шуд, ки ин корро бикунанд. Ин ягон қиссаи дурударозӣ ошиқона ҳаст?

- Ситора: Ман намехоҳам дар бораи ин гап бизанам. Ин бисёр  шахсӣ аст. Ман мехоҳам махфӣ бошад. 

- Орзу: Агар номи ин иштирокдорони ҳамин қиссаро нагирему қисса кунем чӣ мешавад, чӣ гуна шинос шудед?

- Ситора: Як чанд сол, ки мешавад. Ҳозир намешиносем. Шиноси ношиносем. Намехоҳам дар бораи ин гап бизанам.

- Орзу: Яъне киро талхӣ кард. Кӣ киро ранҷонд?

- Ситора: Ӯ маро ранҷонд. Вале ҳамааш гузашт. Ҳамааш хуб ҳаст. Ӯ ҳам хуб аст.

- Орзу: Яъне сахт азият кашидед. Ки ҳозир мегӯед, ки хубед. Он вақт хуб набудед.

- Ситора: Як дилшикаста шудам. Руҳафтода шудам. Вале ҳоло хубам. Барои ман як таҷриба буд. Мегӯянд ку ин чизе ки мешавад як таҷриба ҳаст.

- Орзу: Оила барпо накардед. То ин сарҳат нарасид?

- Ситора: Қариб омада будем. 

-Орзу: Яъне маслиҳатҳо ҳама чиз буд. Кӣ муқобил буд, хонаводаашон?

- Ситора: Дигарон.

-Орзу: Яъне ғайр аз он нафар боз дигарон миёни шумоён даромад?

- Ситора: Мешавад. Қариб, ки ҳаминхел. 

-Орзу: Шумо мубориза шояд набурдед. Шояд қавӣ иродагӣ нишон надоде?

- Ситора: Ин ҷои мубориза бурдан ҳам набуд. Вақте, ки ин сеюм одам пайдо мешаваду, дуюм нафар мубориза набарад. Ман барои чӣ мубориза барам. 

-Орзу: Дуруст аст. Яъне аз ҷониби дӯсдоштаи шумо ягон кӯшише набуд, ки бо ҳам бимонед.

- Ситора: Набуд ин як охирон нуқта буд.

-Орзу: Намешуд, ки вергул як вергул бимонеду давом бидиҳед.

- Ситора: Не дигар намешуд. Ман ҳам ба ҳамин хулоса омадем, ки нуқта бимонем.

-Орзу: Аз ҳам ҷудо шудед. Боз як чизи дигар нафари сеюмро мешинохтед?

- Ситора: Бале мешинохтам.

-Орзу: Дугонаи шумо буд?

- Ситора: Дугона набуду як шинос буд. Акнун наздик гӯем ҳам мешавад.

-Орзу: Яъне рафту омад доштед, салом алейк доштед?

- Ситора: Бале салом алейк доштем. 

-Орзу: Дар ҳайрат наафтодед бо фош шудани ҳама асрор?

- Ситора: Ба ҳайрат омадам. 

-Орзу: Бо ҳам бархӯрд кардед?

- Ситора: Не. Гап ҳам назадем. 

-Орзу: Бо телефон ҳам?

- Ситора: Не нахостам. Ин як принсипи зиндагии ман буд, ки дар пеши як кас раваму аз пушти як нафарӣ дигар. Сад ҳамон нафар ҳам барои ман азиз бошад ҳам ман наметавонам худамро паст занам. Ман аз ӯ як суруд месароям. Дуои бад мекунам. Ин хубтар.

-Орзу: Яъне тамоми эҳсосатонро дар суруд ҷой мекунед?

- Ситора: Бале. Суруд бисёр ҳамин ба ҳадаф расид. 

-Орзу: Оҳангаш моликӣ буд?

- Ситора: Оҳангаш аз гурӯҳи экстрадаи узбекӣ аст. 

-Орзу: Яъне аз Узбекистон. Коркардашон низ дар Узбекистон анҷом доданд?

- Ситора: Аз ҳамон ҷо буданд.

-Орзу: Сабти клипро кӣ анҷом дод?

- Ситора: Ман бо продюсери худам. Баҳриддин Сабур дар Ӯзбекистон бо клипмекири ҷавон, боистеъдод Мавлонов сабт кардем.

-Орзу: Ороиши либозу ин чизҳоро чӣ?

- Ситора: Бо Лидия Андре.

-Орзу: Ӯ дустӣ мо ҳаст. Хело инсонӣ зебо аст. Лидияҷон дӯстат дорем. Агар ин замон моро мешунавӣ ёдат кардем. Пазмонат шудем. Лидияҷон муваффақ бошӣ ӯ. Азизи дили мо. Кулли ҳунармондони мо дустат медоранд туро. Клип бениҳоят зебо сабт шуд. Вақти зиёд сабт шуд дар таҳияи ин клип?

- Ситора: Ду руз сабт кардем. Ҳама клипҳои ман як рӯз сабт мешуд. Вале чор моҳ мунтазири ҳам клипу ҳам суруд будем.

-Орзу: Ва он бутӣ бераҳм медонад, ки клип дар бораи ҳамон аст?

- Ситора: Шояд. Сад дар сар.

-Орзу: Ситорабону шумо гуфтед,ки бо нафари сеюм вонахурдед. Вале бо нафари дуюм, бо он нафаре, ки дусташ медоштед вохурдед?

- Ситора: Не. 

-Орзу: Ӯ аз кадом аҳли фарҳанг аст, тиҷорат, варзиш, муҳандис аст, муаллим аст, чӣ аст?

- Ситора: Намегӯям. Мехоҳам, ки пинҳон бошад.

-Орзу: Хайр ҳақ доред. Ман шуморо маҷбур карда наметавонам. Ба ҳар суръат модоме, ки роҷеъ ба ин  пайванд, роҷеъ ба ин муҳаббат суруд эҷод кардед. Яъне шумо ӯро сидқан дӯст медоштед?

- Ситора: Дуст медоштам, замони гузашта!

-Орзу: Ишқ сахт аст?

- Ситора: Ишқ сахт аст. Шумо ҳам ба фикрам сахтиашро чашидед. Ба фикри ман ҳамаамон чашидаем ишқ чӣ қадар сахт аст.

-Орзу: Сузон аст, оташин аст, бераҳм аст. Ҳар чизе роҷеъ ба ишқ мегуем ҳаст. Ҳамзамон зубо аст, латиф аст, шаффоф аст. Хайр ин ишқ аст. Агар ишқ беҷавоб бимонад хело душвор аст. Аҳли хонавода бо чӣ кор машғуланд. Падар модар, бародар чӣ гунаанд? Бо чӣ кор машғуланд?

- Ситора: Падарам, модарам, бародарам хуб ҳастанд. Падару модарам кор карда истодаанд. Дар тиҷорат ҳастанд. Ман ҳам тиҷорат мекунам. Дастгирӣ мекунанд маро. Ташаккур мегӯям ба онҳо.

-Орзу: Шумо ҳам тиҷорат мекунед?

- Ситора: Бале мисли падарам модарам дар тиҷорат ҳастам. Каме кор мекунам. Каме ба онҳо ёрӣ мерасонам.

-Орзу: Яъне дар тиҷоратӣ оилавӣ шумо ҳам ҳақ доред?

- Ситора: Ҳақ дорам.

-Орзу: Аз ҳама маблағи зиёди тиҷоратро ки сарф мекунад?

- Ситора: Ҳа ман сарф мекунам. Аз ҳама кори камро ман мекунам. Вале ман зиёд сарф мекунам.

-Орзу: Муқобил нестанд. Ягонбор намегӯянд, ки маблағ зиёд сарф шуд?

- Ситора: Не намегӯянд.

-Орзу: Яъне сарпарасти шумо хонавода ҳастанд?

- Ситора: Бале.

-Орзу: дар ҷодаи санъат кӣ ба шумо кӯмак мекунад?

-Ситора:Ҳамкорӣ мекунам бо бисёр танзигарон, оранжировкачиён ҳамкорӣ мекунам. Яке аз онҳо Ёқубҷон Абдуллоев астанд. Бо оҳангсозони узбекҳо ҳам кор мекунам. Ба наздикӣ як кор шуд.  Ман дили Ёқубҷонро ранҷондам. Ман мехостам бахшиш пурсам. Он кас маро бахшиданд. Вале ман то ҳол худро набахшидаам.

-Орзу: Ман кунҷков шудам. Чӣ иттифоқ афтод. Акун ин робитаи ошиқона нест, ки як сири пушида бошад. Ё бо Ёқуб ҳам сири пушида аст?

-Ситора: Не ако сири пушида нест. Вале аз тарафи ман ноҳурмати шуд.

-Орзу: Чӣ шуд. Биёед ҳамин ҳодисаро каме муфассалтар карда ...

-Ситора: Маро мекушанд бовар кунед.

-Орзу: Не ман фикр мекунам Ёқуб хело ҷавонӣ дурандешу оқил аст. Бо мо дуст аст. Фикр мекунам, ки ин узрҳои шуморо мепазиранд. Чӣ шуд?

-Ситора: Вақте, ки ҳамин сурудро месароидам. Ҳамин суруди охиронро. Ҳамин дуои бад кардам. Дар бисёр ҷойҳояш кӯмак расонд. Гуфт, ки Ситора ин хел нахон. Ширинии садо гум мешавад. Ин ҷояшро хон ин ҷояшро нахон. Ин хел кун он хел кун гуфт. Бисёр кӯмак расонида буд. Гапашонро нагирифтам. Аз ҳамин камакак нороҳат шудам.

-Орзу: Ёқуб ранҷид?

-Ситора: Ӯ ранҷид. Зиёд ранҷид. Як паёмак навишт ҳамаашро фаҳмидам. 

-Орзу: Чӣ навишт дар паёмак?

-Ситора: “Кори худатро кардӣ”.

-Орзу: Акнун имкон доред ки ҳар чӣ ки хоҳед ба ӯ бигуед.

-Ситора: Ман ҳамаашро гуфтам. Як бори дигар ман узрхоҳӣ мекунам. Бахшишҳои зиёд. Ислоҳ кардам ҳамаашро. Хатогиамро фаҳмидам. Гуфтагиашро кардам. Дар ҳақиқат фикри он кас бисёр хуб буд. Ман гуш накардам. 

-Орзу: Ин айби шумо буд. Иқрор ҳастед, ки айби шумо ҳаст.

-Ситора: Бале иқрор ҳастам.

-Орзу: Хело хуб. На ҳар кас дар зиндагӣ метавонад иқрор бошад. Ки ман иштибоҳ кардам. Ин ҳам иқрор шудан ба иштибоҳи худ, ҷасоратро талаб мекунад. На ҳама метавонад. Махсусан санъаткорон. Махсусан аҳли ҳунарро агар дар рӯи гуноҳаш дастгир кунӣ агар мегӯяд, ки ман накардам. Вале Ситора истисно аст. Ситора иқрор ҳаст, ки иштибоҳ кардааст. 

-Ситора:  Бале. Дар клип, дар фотосессия, дар оҳанг Ёқубҷон маслиҳатҳои бисёр хуб медиҳад. Рафту омади оилавӣ дорем. Бо оилаи он кас бо хешу таборҳояшон ҳам. Вай кас бо мо ҳамчунин. Барои ҳамин ранги хоҳару бародар шуда ҳастем.

-Орзу: Ҳеҷ чиз набудааст.

-Ситора:  Бисйрашро пинҳон кардам. Намезоҳам гап бизанам. Аллакай гузашт рафт. Ҳамдигарфаҳми шуд. Он кас ҳам бахшиданд.

-Орзу: Ёқубҷон азизед барои ҳамаи мо. Ва фикр мекунам, ки ҳамкориҳои шумо бо Ситора давом мекунад. Ситораҷон як савол ҷои он гумшударо ҳеҷ кас нагирифтаанд?

-Ситора:  Не то ҳануз дили ман озод ҳаст. Медонед ман мехоҳам ҳоло зиёдтар кор кунам. Фикри худро якбор ба як ҷой монаму фақат кор кунам. Мехоҳам як албоми нав нависем. Мегуям ба консерт ҳаракат кунам. Консерти нахустини худро дар Душанбе барпо кунам. Фикрам фақат бо ҳамин банд аст.

-Орзу: Сохтани оила бо барпо кардани оила ин нақшаҳои дуюмдарҷаи шумо ҳаст?

-Ситора:  Не акун дуюмин дараҷа нестасу. Ҳоло вақташ не.

-Орзу: Фарзанд доштан мехоҳед?

-Ситора:  Мехоҳам. Ман як хоҳарча дорам. Мехоҳам духтарча дошта бошам.

-Орзу: Фикр мекунам, ки ояндаи орзуҳотон амалӣ мегардад. Аз чӣ гуна мард мехоҳед фарзандро?

-Ситора:  Мард бошад. Номард не мард.

-Орзу: Бо ҳамин ҳарф шумо воқеан дар дилатон буд баён кардед. Яъне мард бошад. Ташаккур Ситорабону. Таманно мекунем, ки консертатон барпо шавад. Оила бунёд кунед. Ва он мардро пайдо кунед. Ва нахустин фарзандатон духтарча бошад. Дустони азиз ҳамин ҷо суҳбати мо бо Ситорабону ба анҷом мерасад. Дар   хотима ман танҳо ба шумо мувафақият таманно мекунам. Хоҳони онам, ки ҳамеша сарбаланду сарафроз бошед. Хайр!

Мусохибаи мазкур аз Ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru