Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Латофат Давлатова

Интервью: Ногуфтаҳо бо Латофат Давлатова

Ногуфтаҳо бо Латофат Давлатова

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Латофат Давлатова!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Латофат Давлатова!.

Суҳбати Орзу Исо бо Латофат. Молу сарватро дод

- Орзу: Салом алейкум дустони азиз. Замоне ном ба номи Латофат буд. Латофати зебо, хушсадо, сарватманд. Латофате, ки пулсозтарин чеҳрае буд дар миёни щунармандон. Солщо гузаштанду Латофат сукут кард. Ман намедонам Латофат куҷо рафт. Ва имрӯз мо Латофатро пайдо кардем. Ва имрӯз ӯ меҳмони барномаи Ногуфтаҳо аст. Хушомадед Латофатбону. Ман имрӯз салому дуруди ҳамаи тамошобинонро мерасонам. 

- Латофат:  Салом алейкум тамошобинони азиз, мухлисони азизи муҳтарами ман.

- Орзу: Латофатбону хуб кардед, ки омадед. Таклифи моро пазируфтеду омадед. Не нагуфтед.

- Латофат:  Саломат бошед, раҳмат. Бисёр хурсанд шудам. Мунтазир шудам баромадро.

- Орзу: Шумо баромадро мунтазир шудед. Ва ман солиёни сол аст, мунтазири баромади шумо ҳастам. Ин овози нотакрор, ин овозе, ки мисли дарёст. Ҳозир мешунаведу боварӣ ҳосил мекунед. Насли мо Латофатро мешиносанд. Вале насли ҷавон шояд бо овози сеҳрангези Латофат ошноӣ надошта бошанд. Якбор садоро дар биёред.

- Латофат:  (Латофат суруд месарояд).

- Орзу:   Офарин ба шумо. Хело ҷолиб. Латофатбону чаро сукут кардед ин қадар солҳо бо чӣ кор машғулед, ақни замон?

- Латофат:  Ростӣ гап ин ҳаёт. Зиндагӣ пеш меравад. Ростӣ гап ғамдор будам. Ду бародарам гузаштанд, хоҳарам гузаштанд. Ростӣ гап натавонитам. Дигар натавонистам баромад карда. Хайр маракаҳо, консертҳо меравам. Хайр зиндагӣ маҷбур мекунад. Мисол ба маракаҳо меоянд, бисёр маҷбур мекунанд, зора мекунанд, хайр меравам. Натавонистам баромад карда, ғам болои ғам омад.

- Орзу:   20-сол қабл шумо хело занӣ сарватманд будед. Дар ёдатон ҳаст?

- Латофат:  Дар ёдам ҳаст. Некин ман дидам, ки аз инҳо гар ягон заррае фоида набудаст.

- Орзу:   Ҳамаи ин аз даст рафт?

- Латофат:  Не тақсим кардам. Ба духтарам, наберачаҳо. Хайр ин мушкилӣ не. Ҳама инро ёфта метавонӣ некин саломатиро не. Хайр бисёр бародарон аз ман дур шуданд, хоҳарам, ҷиянам.

- Орзу:   Шумо гуфтед, ки аз молу сарват ҳеҷ фоидае набудаст, чӣ тавр?

- Латофат:  Молу сарват дар чӣ назар дорам, тилловорӣ. Хайр ҳастанд, ман ҳамаашро тақсим кардам.

- Орзу:   Чаро?

- Латофат:  Хайр ёдоварӣ.

- Орзу:   Шумо гуфтед, ки ҳеҷ фоидае нест. Масалан одамҳо ба хотири ба даст оварданӣ пул чӣ корҳое, ки намекунанд. Фиреб медиҳанд якдигарро, аз гиребонӣ якдигар мегиранд, савганд ёд мекунанд,ба дуздиву ғоратгарӣ даст мезананд. Вале шумо мегӯед, ки пулу мол ҳеҷ фоидае надорад. Чаро?

- Латофат:  Ман хона дорам, дар дорам ҳама чиз дорам. 

- Орзу:   Дар куҷо зиндагӣ мекунед?

- Латофат: Дар Душанбе. Ман мисол гарданбанд мекардам, гушвор мекунам ҳама чизро бисёр мекунам. Ягон марака меравам. Мардум мешинанд. Ман доимо дар мобайнӣ халқ ҳастам. Аз ҳамин хел фасонӣ, бовар кунед хиҷолат шудам. Ман дидам, ки аз ин фасониву зарзеврии бисёр, худнамои кардан, шарм кардам, хиҷолат кашидам. Намедонам аз хотири чӣ.

- Орзу:   Як вақт дар дукони антиқа фурӯшӣ Ҷаъфар дида будам, дар ёдатон ҳаст. Чун шумо рафтед, баъдан онҷо нафаре буд гуфт, ки рузгорӣ Латофат ба мушкилиҳое печ дар печ шуд, не?

- Латофат: Не худобашукр ҳама чиз мерасад. Баъзе вақтҳо бародарам ҳаст, меравам хабар мегирам. Бисёр мухлиси ман ҳаст.

- Орзу:   Баъдан нафаре буд он ҷо шиносои пешинаи шумо шаст шояд, гуфт, ки шумо камтар аз бонк қарз гирифтед?

- Латофат: Хайр ин мешавад ҳама. Қарз гирифтам баъд сахт кардам.

- Орзу:   Чаро қарз гирифтед?

- Латофат: Хайр мешавад. Мисли ҳама. Фақат дар вақташ дода натавонистам, баъдан таҳ кардам.

- Орзу:   Баъдан гуфтанд шумо хонаатонро аз даст додед. Ё фурухтед қазибонкиро соф кардед. Ин дуруст аст?

- Латофат:  Не хонаам ҳаст. Камтар муҳлаташро камтар дертар кардам. Баъд охирашро ҳамаашро супурдам.

- Орзу:   Чаро шумо қарз гирифтед?

- Латофат:  Зарур буд. Хайр зиндагӣ.

- Орзу:   Чӣ зарурат.

- Латофат:  Ман гуруҳи калон доштам. Бо гуруҳи калон ба Русия рафтем. Гуруҳи калон ҷавобгарӣ ҳаст. Онҳоро нигоҳубин мекунӣ. Барои ҳамин пул гирифтам.

- Орзу:  Шумо бо тиҷорат машғул будед?

- Латофат:  Хайр ин хел гуимам мешавад.

- Орзу:   Яъне шумо ба Россия барои барпо кардани консертҳо рафтед. 

- Латофат:  Ҳа консертҳо. Таклиф карданд. Барои ҳамин шумо қарз гирифтед.

- Орзу:   Фоида гирифтед.

- Латофат:  Фоида гирифтам, қарзҳои бонка соф кардам. Ба якчанд шаҳрҳо рафтем. Дар Петербург бовар кунед дарҳоро шикастанд.

- Орзу:   Барои овозӣ шумо на танҳо дар, тирезаю сақфу бому ҳамаро мешикананд. Ба ин овози зебои шумо.

- Латофат: Хайр як тарафи дарро бовар кунед 100 доллар, шикастанд. Дуто консертам шуд. Бовар кунед яктояш 3800, яктои дигараш 2200, боз дигараш 3400 доллар шуд. Бисёр илтимос карданд, ки ман консерт диҳам. Мондем консерт. Ман зинда хондам. Аз таронаи халқӣ, ман экстрадаро дуст медорам. Ман аз хурдиам мухлиси Муқаддас Набиева мебошам.

- Орзу:   Як порае аз таронаи Муқаддас Набиеваро ин ҷо барои мухлисон бисароед.

- Латофат:  (Пора аз суруди муқаддас Набиева).

- Орзу:   Офарин садоятон ҳоло ҳам дилкаш аст. Чаро таронаи навро сабт намекунед.

- Латофат:  Сабт кардем. 8-то сабт кардем.

- Орзу:   Ҳоло дар ягон муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият мекунед?

- Латофат:  Ҳа мекунам. Ман як 5-6 сол пеш 8-то оҳанги Ҷаъфарӣ Ҷалолиро сабт кардам. 

- Орзу:   Ташаккур ба Ҷаъфар, ки Латофатро дастгирӣ кард.

- Латофат:  Бисёр мухлиси ман ҳаст.Бародари ман ҳаст. Боз сурудҳои дигар сабт кардем. Худохоҳад ба наздикӣ дар барнома иштирок мекунам.

- Орзу:   Ба чӣ ниёз доред?

- Латофат:  Ниёз дорам, ки...

- Орзу:   Барои он, ки сарояндаҳо 5-6 дарона дар як сол сабт карда, ба мухлисон пешкаш мекунанд. Аммо шумо инкорро намекунед. Шояд вазъи иқтисодӣ намегузорад инро.

- Латофат:  Не вазъи иқтисодӣ не. Вазъи иқтисодӣ дуруст ҳаст. Ман сабт кардаму ғамдор шудам. Ман наметавонистам суруда. Ҳаминхел сурудҳоям истоданд. Бовар кунед дар радио телевизион Валодя Шников сабти овози маро он ҷо кардем. Як рӯз роҳбарӣ ансамбли Гулчан омаданд, Зокир Эшонов. Сабт рафта истода буд. Ӯ гуфт ин хул сарояндаҳо ҳастандми. Ман гуфтам овозам баъзан гум шуда меистад. То барқароршавиаша интизорӣ мекашам. Ман ҳаракат кардам.

- Орзу:   Фаразндон чӣ гуна ҳастанд. Зиндагии оилавӣ чӣ гуна ҳаст. Ҳама чиз мерасад?

- Латофат: Ҳама чиз мерасад. Духтарам институти муаллимаи забонҳои модариро тамом кард. Писарам институти тиҷоратиро тамом кард. Оиладор ҳаст. Духтарча дорад. Духтарчаам 4 духтар дорад. Калониаш 12 сола. Ман ҳаминхел шодам. Бо онҳо нафас мегирам. Маънои зиндагии ман.

- Орзу:   Шоҳҷаҳонатон чанд сол шуд гузаштанд?

- Латофат: Хайр хело шуд. Вале азобҳое, ки ман бисёр дидам. Ман бисёртар вақтамро ба фарзандонам додам.

- Орзу:   Чӣ азоб, азоб гуфтед.

- Латофат:  Хайр азоб. Суруд сабт кардан даркор, оранджировка рафтан даркор, кёдакони ман майда-майда буданд.

- Орзу:   Бо ягон кор машғул шудед, ғайр аз сарояндагӣ?

- Латофат:  Ҳа. Институт кор кардам. Ҳама ҷо мефиростанд. Муалллима шудам. Кӯдакон майда буданд.

- Орзу:   Хуб ғамҳо пушти сар шуданд?

- Латофат:  Ҳа ғамҳо пушти сар шуданд. Фарзандҳо калон шуданд. Ягон мушкилӣ надорам.

- Орзу:   Ҳоло кор мекунед?

- Латофат:  Ҳа ман филормония кор мекунам. Ҳама ҷо рафтам. Баъзе ҷойҳоро нарафтам. Айваҷ, Мурғобро, Шаҳритусро нарафтам. Дигар ҳама ҷо рафтам.

- Орзу:   Айваҷ наравед. Онҷо гармтарин нуқтаи Тоҷикистон ҳаст. Месӯзед. Бениҳоят гарм аст. Ман як бор рафтам. Қариб аз ҳуш рафтам.

- Латофат:  Баъд Сарихосорро надидам.

- Орзу:   Сарихосор ҷои хуб аст. Сабз зебо.

- Латофат:  Тамоми ноҳияҳоро дидам. Фарзандони ман Орзуҷон муъминабоде ҳастанд. Худова шукр.

- Орзу:   Кор мекунанд. Шуморо нигоҳубин мекунанд?

- Латофат:  Ҳа кор   мекунанд. Ҳамаи онҳо маро нигоҳ мекунанд. Хешовандон ёрдам карданд, то фарзандонам калон шудана. Аз онҳо хело миннатдорам. Бисёр инсонҳои бомаърифат, наҷиб. Бовар кунед студент буданд.

- Орзу: Яъне ин замон масалан шуморо дустон, хешовандон дастгирӣ мекунанд. Дар вақташ шумо низ дастгирӣ карда  будед?

- Латофат:  Ҳа дастгирӣ мекардам. Аз хотири он, ки ман тез-тез баромад мекардам, баъд фиттаҳои тӯёна ҳам тез-тез мерафт. Бисёр одамҳо ба тӯй даъват мекарданд. Аз худди Балҷувон, Конгур. Варзоб, Фархор бисёр дӯст медоранд маро.

- Орзу: Имсол сармо, ки гузашт мавсими тӯю маъракаҳо мешавад. Ва мутмаинам, ки шуморо ба Балҷувон даъват мекунанд, Фархор ва баъд ноҳияҳои сабзу хуррам даъват мекунан.

- Латофат: Умедворам. Бисёр Балҷувонро ёд кардам. Хайр меравам худохоҳад.

- Орзу: Шумо, ки Балҷувонро ёд карда бошед ҳама мардуми Балҷувон, тамоми халқи Тоҷикистон шуморо ёд кардаанд.

- Латофат: Саломат бошед.

- Орзу:   Тавассути барномаи мо, як имконият шуд,ки мухлисонатон шуморо бубинанд, садои шуморо бишнаванд. Дӯстони азиз суҳбати мо ҳамин ҷо бо сарояндаи хело мумтоз шинохта ба ҳамин ҷо ба анҷом мерасад. Ва ман ҳаминро мегӯям, ки Латофат ва насли Латофат ҷавонии худро дар солҳои бисёр душвор, бисёр сахту сангин пушти сар карданд. Яъне ҷавониашон дар он   вақтҳое гузашт, ки зиндагӣ душвор буд. Вале ҳанӯз ҳам вақт ҳаст, ногуфтаҳоро бигуем, нокардаҳоро бикунем. Ва ба онҷойҳои норафта биравем. Ҳанӯз ҳам Латофат нерӯ дорад, қувват дорад. Аз ҳама муҳим овоз дорад. Ҳамин тавр нест.

- Латофат: (Латофат суруд месарояд).

- Орзу:   Сипос, сипос ба Латофат. Ба ин бонуи хушсалиқа бурдбориву танисиҳативу тавфиқ таманно мекунем. Ҳамин ҷой барнома ба анҷом мерасад. Бо мо бошед. Хайр!

Мусохиба аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru