Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Файзали Фозилов

Интервью: Ногуфтаҳо бо Файзали Фозилов

Ногуфтаҳо бо Файзали Фозилов

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Файзали Фозилов!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Файзали Фозилов!.

Суҳбати Орзу Исо бо Файзали Фозилов. 

- Орзу: Дуруд ба ҳамаи шумоён. Барномаи Ногуфтаҳоро шурӯъ мекунем. Медонед инсон вақте ягонаашро, чизи барояш хело азизро гум мекунад ё аз даст медиҳад, дилаш хело барои он чиз месӯзад. Ва имрӯз, ки мо Файзали Фозиловро дар рӯи саҳна кам мебинем. Яъне тавре менамояд,ки мо як чизи бароямон хело азизро гум кардааму диламон месузад. Ва имруз Файзалиро даъват кардем, ки роҷеъ ба ҳамаи танассуфҳо, роҷеъ ба ин ҳама сукутҳо, роҷеъ ин ҳама хомушиҳо ҳарф бизанад. Дил ба дил, чашм ба чашм бо мову шумо ҳарф бизанад. Барномаи навбатии Ногуфтаҳо бо иштироки Файзали Фозилов, яке за хушсадотарин ҳунармандони кишвари Тоҷикистон. Файзалиҷон хушомадед.

- Файзали: Ташаккури зиёд бародари азиз. Ташаккури зиёд моро даъват кардед, вақти худро дарғ надодед моро даъват кардед.

- Орзу: Якум саволи ман ҳамин аст, шумо дар куҷоед?

- Файзали: Ман ҳаминҷо ҳастам, мемонам.

- Орзу: Муддати дароз сукут кардед, на таронае, на овое, на хабаре чаро?

- Файзали: Ба қавле ҳамин хел бояд мешудаст, даркор будаст.

- Орзу: Ҳама тафмим мезаданд, ҳама бо як боварӣ мегуфтанд, ки ояндаи Файзали дурахшон аст ва ин ситора хомуш нахоҳад шуд. Ва имруз худаш хомуширо интихоб кардааст. Ман мехоҳам пурсам, ки дақиқан канор рафтани шумо аз рӯи саҳнаи ҳунар дар чист?

- Файзали: Иншооллоҳ ҳамааш хуб аст. Ба монанди ман сарояндаҳо бисёранд. Ҳамаашон бо навбат ҳунарнамои кунанд.

- Орзу: Яъне шумо гӯё чоӣ худро ба дигар  кас додед?

- Файзали: Не ҷоӣ худро ба ҳеҷ кас надодаам. Ягон кас ҷои якдигарро гирифта наметавонад. Дар асл ҳамин хел. Чанд муддат ба Москав ба назди ёру дӯстон рафта будам. Ба истироҳат. Хело сайр кардем истироҳат кардем. Тамошо кардем. 

- Орзу: Дар он ҷо ҳунарнамои накардед?

- Файзали: Барномаи ҳунарӣ дар он як ба қавле дар махфилҳо иштирок кардем, баромад кардем. Дар ин муддат чанд боз чанд суруди дигар тайёр шуд. Иншооллоҳ рузҳои наздик пешкашӣ мухлисон мегардад. Мо умед дорем, то вақте ҳастем дар паи хизмати мардум бошем.

- Орзу: Мункин реша дар об бошад.

- Файзали: Реша дар об ҳаст, иншооллоҳ.

- Орзу: Аммо ҳамон решае, ки дар об ҳаст ҳеҷ самарашро чанд соли охир намебинем.

- Файзали: Самараш ҳамин аст, ки аз паи пухта расидан аст. Баъзан дарахтон ҳастанд, ки дар тули 1-2 сол мепазанд.

- Орзу: Ман мехостам роҷеъ ба Сироҷиддин бипурсам, ки ӯ чӣ хул аст. Сироҷиддин ҳам сукут кардаст. Ё шумо рӯзгорӣ Сирочиддинро такрор кардан мехоҳед. Сироҷиддин низ рӯзҳо саду садоҳои зиёдеро барангехт, баъдан сукут кард яку якбора. Ё шумо рӯзгорӣ Сирочиддинро такрор кардан мехоҳед, ин чист?

- Файзали: Сироҷиддин як шахси, ки овози худодод доранд, беҳтарин инсон ҳастанд. Баъд аз оне, ки бародари ман ҳастанд, амакам ҳастанд. Бародари хурдии падарам, мо амак намегӯем бародар мегӯем. Аммо чунин аст, қонуни садои дурушт. Дар ҳаёти ҳар як шахс аст,гоҳ ин хел, гоҳ он хел.

- Орзу: Қонуни садои дурушт, мисол меорам аз ин, ки чанде пеш хабарҳои кӯтоҳ-кӯтоҳ оид ба роҷеъ аз дунё рафтани модаргузоратон нашр шуд.

- Файзали: Бале ҳамин тавр.

- Орзу: Ва навиштанд, ки Сироҷиддин ин мусибатро хело сахт қабул кард. Ҳоло ӯ хуб аст?

- Файзали: Албатта сахт қабул мекунад. Ин зарбаи сахт аст. Ҳоло хуб аст. Иншооллоҳ, ки паи эҷоли сурудҳо аст. Дар тамос аст. Дидорбинӣ мекунем тез-тез.

- Орзу: Файзалиҷон роҷеъ ба зиндагии оилавиатон ҳарф бизанед. Аксарияти мухлисон мехоҳанд маълумот дар бораи оилаи шумо пайдо кунанд.

- Файзали: Шукронаи Худованд, ман худро хушбахт ҳис мекунам. Яке аз хушбахтарин одамони олам. Соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Як духтарча дошатам. Калониам духтарча буд. Бо номи Меҳрнигор. Дуюминам писар Муҳаммадаминҷон. Сеюмин Яқубчон. Боз як ҳафта пеш соҳиби духтарча шудам. Бибимарям.

- Орзу: Аз кӯдакон ба санъат ягон нафар ба санъат шавқу рағбат доранд ё не?

- Файзали: Шавқу рағбат доранд. Писари хурдиам хело кушиш мекунад. Аммо ман зидди ҳамин чиз ҳастам. Хело дунёи мушкил аст. 

- Орзу: Яъне чӣ мушкилӣ дорад, масалан?

- Файзали: Қурбониро талаб мекунанд.

- Орзу: Шумо чиро қурбонӣ кардед?

- Файзали: Ман худамро қурбонӣ кардам. Мисол хело заҳматҳои зиёд дорад.

- Орзу: Дар бораи душворӣ гап мезанем. Чӣ хел душвориҳо ҳаст?

- Файзали: Душворие ҳастанд, ки санъаткоронӣ мо вақте бо ҳам рафту омад мекунанд. Бисёртарашон, 90%-ашон. Онҳо ин гуна менамоянл, ки дустӣ ҷонӣ ҳастанд. Аммо ман, ки дуруғгуиро ки дӯст намедорам, ба ман писанд нест дуруғ гӯи. Ман бад мебинам одами дурӯғ гӯйро. Ман бо чашми худам дида будам, ки ғайбат мекунанд.

- Орзу: Масалан чӣ?

- Файзали: Масалан таъна мекунанд, ки ин дӯстат хонда наметавонад. Аммо ин хел нест. Дар як зинаи охир қарор дорӣ. Дар он ғоре ҳаст, ки ту бояд биафтӣ аз он ҷой, нопадид мешӣ. Ягон санъаткоре нест, ки ба ту кӯмак кунанд. Ин ҳамин хел аст. Ман бо чашми худ дидам. Ман ном ба ном намегуям. Ин некин дар санъаткорон ҳаст.

- Орзу: Яъне он бусу оғуш ҳамааш дуруғ аст? Яъне он хулосаи шумо қатъӣ аст?

- Файзали: Қатъӣ аст. Ман мегардам дар махфилҳо, тӯйҳо чизе ки ҳаст, ман ҳамон чизро гуфта истодаам. Аниқ ҳаст. Худи шумо низ шояд донед. Аммо мо дуо мекунем, ки меҳр зиёд шавад. Якдигарро на барои пул, ягон мол, ягон чиз дуст надоранду. Барои санъати асил якдигарро дӯст доранду, дӯсти ҷасил шаванд.

- Орзу: Яъне шуморо ҳамин чиз аз санъат дилсард мекунад?

- Файзали: Ягон вақт ин чиз маро дилсард намекунад.

- Орзу: Барои ҳамин шумо фарзандонатонро дар санъат диданӣ нестед?

- Файзали: Яке аз душвориҳо ин ҳамин аст. Ин як сабабаш ҳаст.

- Орзу: Хулоса фарзандонатонро дар кадом касбу кор диданӣ ҳастед.

- Файзали: То онҳо калон мешавад шояд ҷикрошон иваз мешавад. Мехоҳам ягон писарам табиб шаванд. Духтури дандон.

- Орзу: Чаро маҳз духтури дандон?

- Файзали: Кори нозук ҳаст. Нозукиро талаб мекунад. Агар аз уҳдаи он барои аз уҳдаи ҳама кор мебарои. Санъат ҳам худ нозук ҳаст. Вақте, ки санъатро фаҳми иншооллоҳ аз уҳдаи ҳама чиз мебарои. Сабаби дигараш ин аст, ки ҳамин шаӣу рӯз, ки мо зиндагӣ дорем, санъат беқадр шудааст.

- Орзу: Чаро?

- Файзали: Тракторчӣ ҳатто ҳофиз шудааст. Ҳар як кор ҳар як шахс барои ягон кор офарида шудааст. Як кас бояд муаллим шавад як кас сароянда шавад, як кас бояд тарроҳ шаванд.

- Орзу: Вале ба ҳар ҳол намехоҳед, ки фарзандонатон санъаткор бошанд?

- Файзали: Агар аз ман пурсанд, ман намехоҳам санъаткор шудани онҳоро.

- Орзу: Вале ин фикри хато аст Файзалиҷон. Масалан пизишк мегӯяд пизишк нашавад, муаллим мегӯяд муаллим нашавад. Шояд он ранҷу машаққате, ки мо дидем ин барои мо буд. 

- Файзали: Ба фикри ман дандон пизишкону муаллимон нагӯянд, ки писарам нашаванд. Розӣ ҳастам, дар бораи санъаткорон, дар интернет, байни мардум овозаҳо бисёранд. Барои ҳамин намехоҳам.

- Орзу: Агар солҳоро пас мегардонидем, ба пеши шумо  интихоб мегузоштанд, санъаткор мешавед ё дандон пизишк мешавед, кадомиашро интихоб мекардед?

- Файзали: Ман санъаткор мешудам. Барои оне, ки мушкилиро дидам, бо ки бояд дӯст шуд. Ҳамаашро дидам. Як чизро фаҳмидам санъат покиро меписандад.

- Орзу: Яъне шумо таҷриба кардед, ки шумо кадом вақт пок будеду кадом вақт не?

- Файзали: Шояд.

- Орзу: Нопокиро шумо кадом вақт таҷриба кардед, майнӯшидед, сигор?

- Файзали: Майнуши ҳам нопокӣ аст. Ҳа таҷриба кардам. Яъне майнуширо бо хирадон куну бо бехирадон накун.

- Орзу: Чаро бо бехирадон нушидан мункин не?

- Файзали: Ба расвоӣ мекашад шуморо. Хуллас, ки ростқавлу поквиҷдон будан лозим аст, дар кадом соҳае, ки набошем.

- Орзу: Метавонем, ҳамаи инро як мактаб унвон кунанд.

- Файзали: Бале чаро не! Мактаб ҳаст шахсан барои ман. Ҳамаи ин давиданҳо тохтутозҳо барои ман як илҳоме бахшидааст, ки мехоҳам ҳарруз суруд нав эҷод кунам. Барои ман илҳоми дучанд бахшидааст. Ҳамаи ин афтиданҳо хестанҳо. Ростӣ ҳамаи ин паси сар шуд. Таҷриба омӯхтам. Пухтатар шудам. Дарки шеър, мусиқӣ барои ман дигар хел шуд. Хуллас ки дарки зебоипарастӣ.

 - Орзу: Бо садои дилангези шумо барномаи инрӯзаро ба анҷом бирасонам.

- Файзали: Як мисаъ мехонам аз ҳамин суруде, ки аз овони хурдӣ кушиш мекардам, ки ҳаминруз бирасаду ва бисароям. Шеъраш аз ҳазрати Миррид ҳаст. Мегӯянд, ки “бо тира дида нашавад маҳрами чашм”. Гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамеша покдилу покдоманро софдил бошед. (Файзали суруд месарояд).

- Орзу: Садои Файзалии нозанини мо, медонед ҳам хусусиятҳои суннати дорад, ҳам хусусиятҳои академикӣ дорад. Яъне садое ҳаст, ки дар ҳама намуди жанрҳо истифода бурд. Садояш ба ҳама намуди жанрҳо мувофиқ ҳаст. Дар ниҳояти барнома ҳаминро мегуям. Санъаткор аслан барои худ зиндагӣ намекунад. Фақат барои мардум. Ҳунараш барои мардум ҳаст, садояш, маҳораташ, истеъдодаш барои мардум аст. Ҳамаи эҷодкорон. Барои ҳамин чун ба шумо зиндагӣ мекунанд, ба қадрашон бирасед. Зеро одамони эҷодкор, эҷожкоронӣ азалӣ интихобшудагонанд. Ва шумо аз ҳунари ин нафарони интихобшуда баҳра мебаред. Таманно мекунем, ки садои дилангези Файзалиҷон ҳамеша садо диҳад. Ҳамиҷо хайру хуш мекунем. Барномаи ногуфтаҳо ба охир мерасад. Хайр то барномаҳои дигар.

Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.

Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru