Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Мансур Негматов

Интервью: Ногуфтаҳо бо Мансур Негматов

Ногуфтаҳо бо Мансур Негматов

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Мансур Негматов!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Мансур Негматов!.

Суҳбати Орзу Исо бо Мансур Негматов


- Орзу Исоев: Салом алейкум дустони ази ин Ногуфтаҳои крантинӣ ҳаст. Рӯз ба рӯз ман фикр мекунам, ки вазъ ба сӯйи беҳбудӣ меравад. Мутмаинам, ки дар хона нишастаед ва ҳамаи қоидаҳои бехатариро риоя мекунед. Ва мо чизеро кофтуков, ҷустуҷӯ мекунем, ки руҳамонро болида гардонад. Ва аз ҳамин лиҳоз тасмим гирифтем, ки барномаи Ногуфтаҳоро то қатъи карантинӣ, то ба анҷом расидани марҳилаи карантин бо ҳамин тарз гузаронем. Ин замон суҳбати хело муҳим дорем бо яке аз продюсеронӣ тоҷик, бо яке аз блогерӣ номдори тоҷик, Мансур Негматов. Мансур дар айни замон дар фатҳи алоқа мунтазири мову шумо ҳаст. Салом Мансурҷон.

- Мансур Негматов: Салом, салом ба Орзуҷон, салом ба мардуми тоҷик.

- Орзу Исоев: Мансурҷон қабл аз ҳама хуруҷӣ бемории каронавирус, қабл аз ҳама ин овозаҳо, ҳамгонаҳо ман дида будам чандин боз, ки шумо бо корҳои хайриявӣ машғул мешудед. Иқдомоти хайриявиро анҷом медодед. Ба камбизоатон кумак мекардед. Вале дар ин шабу рӯзе, ки мо қарор дорем, ҳамин гуна корҳо хело муҳиманд. Имрӯзҳо шумо бо чӣ кор машғулед.

- Мансур Негматов: Ҳа мо мебинам, корҳои хайриявӣ боз ҳам бисёр шуд. Ман чӣ қадар мебинам мардум ширкатҳои хайриявӣ карда истодаанд, хайрӣ бисёр карда истодаанд. Бо сабти видео мепартоянд. Ман бисёр хурсанд шудам. Пеш чӣ хел буд. Як одам ягон корӣ дигар машҳур мешуд. Чӣ гуям зозир кори хайр дар дараҷаи аввал истодааст. Мебинам чӣ хел одамон духтурҳоро дастгирӣ мекунанд, ҳама чизҳои ба онҳо лозимиро мебаранд. Ҳазор раҳмат ба табибоне, ки сабр кардосиян. Дар ҷои аввал табибони тамоми дунё ҳастанд. Ҳазор раҳмат ба шумоён, миннатдор аз шумон.

- Орзу Исоев:   Дар Тоҷикистон низ мо теъдоди муайяни табибоннро аз даст додем. Ин боиси таассуф аст. Ва уоқеан ҳам, Мансур дар ҳамин шабу рӯз агар мушоҳида карда бошед, дар сар то сари дунё корҳои хайриявӣ авҷ гирифтааст. Аз тарафи футболистони машҳур, аз тарафи ҳунарпешаҳои машҳур корҳои хайриявӣ ба анҷом расида истодааст. Дар мамлакати мо чӣ гуна аст. Шумо, ки продюсер ҳастед, аз тарафи ҳунар, ситораҳо, шахсони сарватманд шумо корҳои хайриявиро мушоҳида кардед?

- Мансур Негматов: Бале, мушоҳида кардам. Бисёр санъаткорони мо, шахсиятҳои ситораи мо, футбалистон барои мардум, барои халқӣ ғариб дар куҷое, ки набошанд бисёр корҳоро кардосиян. Ҳамин мардум, ки дар пасти ҳаст ҳозир, агар мо дасти ёрӣ надиҳем, дар вақти соз будани онҳо мо даркорем. Ҳама чизҳои моро тамошо мекунанд, тамошо мекунанд то он рӯзҳое, ки аз тарафи ғариб ба Тоҷикистон пул даромад наомада истодааст. Бозорҳо маҳкам шуда истодааст, даромад нестас. Ҳазор раҳмат мегуям ба мардуми ғариб, ки мардуми ғариб ба мо ҳастан. Ба онҳо сабр, сабр мехоҳам. Акаи Орзу ман рӯзе мегуям, ки ҳама одамон хайрхоҳ шудаанд. Рӯзе мешавад, ки ҳама хайрхоҳ мешаванд. Бовар кунед одамони хайрхоҳ оморашон(статистика) баланд шуда истодаанд. Дар интернет бисёр одамон ба, ки кӯмак кунем мегӯянд. Лекин бисёр одамон интернет надоранд. Одамоне, ки интернет доранд, метавонед бигӯед, ки ба кӣ кӯмак лозим. Телефони ҳамон одами хайрҳоҳро гиред бигуед ба он кас адреси одаме, ки ба кӯмак ниёз дорад. Он кори хело хуб мешавад. Ташаккури зиёд ба он одамоне, ки кори хайрро анҷом расонидосиян. Ба табибон ташаккури зиёд, ки шумо ҳастед.

- Орзу Исоев:   Мансурҷон шумо, ки дар доираи одамони сарватманд зиёд мечархед, аз ҷонибӣ сарватмандон кумакҳо анҷом расонида шуданд. Шумо медонед. , бозабар ҳастед аз ин?

- Мансур Негматов: Бале Орзуҷон одамоне ҳастанд, ки намехоҳан номашонро бигуянд. Бисёр мансабдорон ҳастанд. Номашонро намегуям. Некин дар интернет ёфта истодаанд. Ки хайрӣ карда истодаанд. Некин вақте харидҳои зиёд мекунанд, корҳои калонро ба анҷом мерасонанд, ба ҳама маълум мешад. 

- Орзу Исоев:   Ҳозир шумо бо воситаи ягон нафарӣ сармоядори ягон нақшаи хайрхоҳонаи худро амалӣ кардед?

- Мансур Негматов: Мо бисёр кардем.

- Орзу Исоев:   Ҳозир чӣ нақша доред?

- Мансур Негматов: Нақша дорем. Мо “дасти Меҳрубонӣ” дорем, ташкилоти хайриявӣ. Мо хазина барои маъёбон ва бепаноҳон кардем. Барои он ки мардум бисёр одамон ёрдам дода истодаанд. Мо бепаноҳонро гуфтем гирем. То инруза мо ташкил кардем, кӯмак мегиран. Мо як гуруҳе ташкил кардем, барои ғарибон. Ин гуруҳи моро мардум мешиносанд. Бисёр одамон ба ин гуруҳ саҳмгузорӣ карданд. Аз бисёр давлатҳои хориҷа саҳмгузорӣ мекунанд.

- Орзу Исоев:   Ин ягон фонди махсус ҳаст?

- Мансур Негматов: Бале ин фонди махсус ҳаст, ки ин фондро як шахсият ташкил кард. Блогер номаш Назар аст. Назар фикр кард. Баъд 20-то блогерони мо номбаариашон намекнам. Худошон медонанд Ҳазор раҳмат, ки то ҳозира ҳастанд, қати мардум ҳастанд. Беҳтарин гуруҳ ҳастанд, ки аз мо бисёртар хайр карда истодаанд. “Ёрдам ба ғарибон” аст. Боз ба YouTube мепартоям худотон мехонед. 

- Орзу Исоев:   Мансурҷон чанде пеш дар шабакаи YouTube-и шумо, ман мусоҳибаатонро бо яке аз ҳунармандони машҳуру писанд Меҳрубони Рушан тамошо кардам. Ва дар ин суҳбат шумо вазъи бисёр ногувори Меҳрубонро дар миён гузоштеду, матраҳ кардед. Мехостам дар ин бора бипурсам аз шумо?

Мансур Негматов: Акаи Орзуҷон Меҳрубон яке аз санъаткоронӣ худи мо ҳаст. Дар шаҳри Москов дар карантин мондааст. Аз сабабе, ки вай. Хайр вай ба мо бисёр чизҳоро нақл кард.

- Орзу Исоев:   Чӣ нақл кард?

Мансур Негматов: Ҳамин нақл кард, ки дар садама мондаам. Вазъият шуд. Вазъият бисёр безеб ҳаст. Як одаме, ки қарздор ҳаст. Қарзашро надод, гурехта аст. Хайр мушкилот ҳаст, мушкилот. Аз ман хоҳиш кард, ки фақат чӣ расон видеоҳои маро ҳама ҷо бирасон. Ман гирифтам парофтам. Ҳама фикр мекунанд, ки ман барои бисёр дидани одамон мекунам. Вале одамон тавзеҳ(комментарий) намуданд, ки мо фаҳмидам ту барои намоиш кор намекардӣ.

- Орзу Исоев:   Шумо напурсидед аз Меҳрубон, ки чаро ба Россия сафар кардаст?

Мансур Негматов: Не напурсидам. Ба фикри ман консерт рафта буд, моҳи декабр-январ.

- Орзу Исоев:   Рустами Нур низ дар Россия ҳаст, дар карантин ҳаст?

Мансур Негматов: Не ӯ омадааст. Меҳрубон намедонам барои чӣ рафтагӣ аст ба он ҷо. Ростӣ гап ман нафаҳмидам.

- Орзу Исоев:   Гуфтед, ки касе фиреб додааст меҳрубонро. Кӣ фиреб додааст Меҳрубонро?

Мансур Негматов: Намедонам, мегуяд дустам фиреб кард. 60000 доллар гирифтаю юа хонааш рафтааст. Аз банк қарз гирифтааст. Вая бояд месупуридми шояд. Намедонам аниқашро. Мушкилӣ болои мушкилӣ.

- Орзу Исоев:   Фаҳмо. Ҳоло ба Меҳрубон чӣ гуна кумак расонидед. Ё ин ки ба воситаи шумо чӣ хел кӯмак расониданд?

Мансур Негматов: Ба воситаи ман. Чӣ қадар маблағ шуд, чӣ қадар шуд мо намедонам. Ба суратҳисоби Меҳрабон меравад. Ҳамаи ин махфӣ ҳаст мо намедонем.

- Орзу Исоев:   Чӣ нақша доред бо Меҳрубон. Ягон барномаи дигар таҳия мекунед, ки аз натиҷаи ҳамаи ин кӯмакҳо мардумро бохабар кунед?

Мансур Негматов: Бале бояд шавад. Ӯ гуфт, ки баъди панҷ шаш рӯз ман ҷарроҳиро гузаронам, баъд ба алоқа мебароем.

- Орзу Исоев:   Ҳоло, ки шумо директори Кохи Суруш таъин шудед, дар ин шабу рӯзи карантинӣ консерт ҳам нест, чорабиниҳо ҳам баргузор намегарданд, вазъ чӣ гуна ҳаст. Коргаронро чӣ гуна таъмин мекунед?

Мансур Негматов: Коргаронро ростӣ гап бо ҷавоб додем, ба рухсатӣ ҷавоб додем. Бо сабабе ҷавоб додем, ки мо бо ширкат Фавзро даъват кардем. Ҳамаҷойро обработка, тоза кард. Мо маҳкам кардем. Аз сабабе, ки вазъият ногувор ҳаст. Одам зиёд мешавад, агар ягон чорабинӣ, консерт шавад. Агар ягон нафарӣ ба ин касалӣ сироятёфта бошад, ҳама сироят мешаванд.

- Орзу Исоев: Мансурҷон боз як суол пешниҳод мекунам. Ҳамин пандемия ба кору тиҷоратӣ шумо таъсир расонд, ҳаминро бигӯед.

Мансур Негматов: Акаи Орзуҷон бовар кунед ин касал ба ҳама таъсирӣ худро расонд. То 2021 туй нест. Ба инаш чӣ мегуед.

- Орзу ИсоевНамедонам ростӣ гап. 

Мансур Негматов: Хайр акун Акаи Орзуҷон ин дар муддати 2-3 моҳ намешавад. Ин барои Худованд, агар Худованд ғаму сӯзӣ мардуми руйи дунёро бахшидам гӯяд. Мункин, ки Худованд медонад акнун. Мисли Худованд бузург нест. Тамоми халқҳои дунё фақат Худо мегӯянд.

Худованд ин касалро дур кун. Карантин одамонро наздик карда бошад. Шояд Худованд ҳамин хел карда бошад, ки одамон бо ҳамдигар наздик шаванд. Чунки ман худам бисту чанд рӯз ҳаст, ки ман дар хона ҳастам. Берун мебароям вақте, ки ягон харид бошад. Мункин ҳамин чиз бошад. Аз Худованд талаб мекунем, ки ҳамин касал дур шавад. Чунки як ҷӯра, як дӯста бинӣ саломат кунӣ. Меҳр дар даруни хона пайдо шудааст. Берун меҳр нест. 

- Орзу Исоев: Дар ин шабу рӯз аксари одамҳое, ки нақшаи барпо кунии тӯю сур доштанд. Ин нақшаҳоро барҳам заданд. Дар барномаи кории шумо низ ҳамин гуна тӯйҳое буданд, ки масалан пешакӣ нақша кашидед. Вале ин нақша қатъ шуд, бо сабаби каронавирус?

Мансур Негматов: Бале бисёр шудаст. Бачаи клиентҳои ман, ки аз шаҳри Ню-Йорк ҳастанд, онҳое, ки пешпардохт карда буданд. Ҳама чизро тайёр карда будем. Хайр онҳо мегуянд, ки мо пешпардохт карда ҳастем, пешпардохт мемонад. Кай ки тинҷӣ шуд ҳама чизе, ки ҳисобу китоб кардем баъд мекунем. 

- Орзу ИсоевМансур шумо ҳамеша дар корҳои хайрхоҳона ширкат меварзед. Ба мардуми эҳтиёҷманд кумак мекунед. Акнун барои дастгирии коргарони худ, шуммо чӣ тасмимҳоро анҷом расонидед барои дастгирии онҳо. Яъне онҳоро ба рухсатӣ ҷавоб додед, онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Инро дар мадди назар гузоштед ё не?

Мансур Негматов: Бале Акаи Орзу. Ман онҳоро хабар гирифта истодаам. Ман ҳамсояҳо гирду атрофро мебинам, ки онҳо созанд ё не. Коргаронӣ ман шукри Худо ман гуфтам пеш аз рафтанашон. Чизе, ки доред харид карда мондан гиред, захира кунед. Сол соли муш. Мушиша нишон дод.

- Орзу Исоев: Шумо чӣ кӯмак кардед ба кормандони худ?

-Мансур Негматов: Бисёр кардам ман. Хариди рузғори хонаашонро кардам. Касе ки муроҷиат мекунад ба ӯ кӯмак мекунам.

Мо блогерон миллионер нестем. Чизе ки тавонистем, онро мекунем. Аз мо ягон хафагӣ набинед. Мебинам шумо менависед. Мегӯям интизор шавед. Боз баъди ду рӯз менависед. Ман мефҳмам, ки барои шумо қаҳин аст. Некин шумҳон ҳам моро фаҳмед, ки мо то тавонистаномая кардосем. Ҳозир ин вақт барои ҳама мушкил ҳаст. Ҳама баробар шудаанд. Мо ҳам мехоҳем ба ҳама дасти ёрӣ дароз кунем. То аз дасти худ омаданаша карда истодаем. Ҳама одамоне, ки ин қадар заҳмат кашида истодаанд ба ҳамаи шумҳон раҳмат.

- Орзу ИсоевМансурҷон ҳамон суратҳисобе, ки “Кӯмак ба ғарибон” ва суратҳисобӣ Меҳрубонро шумо ба ман ирсол карда метавонед, ки то ман ба саҳифаам бигузорам, то мардум онро бубинанд.

-Мансур Негматов: Бале ман ба шумо ирсол мекунам. 

- Орзу Исоев: Бисёр хуб. Сипос Мансурҷон.

-Мансур Негматов: Ҳазор раҳмат барои суҳбатҳо. 

- Орзу Исоев: Бинандагони гиромӣ то барномаҳои баъди бо шумо Худоҳофизӣ мекунам. Хайр!

Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru