Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Мадина Акназарова

Интервью: Ногуфтаҳо бо Мадина Акназарова

Ногуфтаҳо бо Мадина Акназарова

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Мадина Акназарова!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Мадина Акназарова!.

Суҳбати Орзу Исо бо Мадина. Ба шикам кордро гузоштанд

- Орзу: Салом тамошобинони азиз, муштариён. Имрӯз дар меҳмонии мо Мадинаи зебо, Мадина Акназарова мебошанд. Салом Мадинахон 

- Мадина: Салом, ташаккур.

- Орзу: Ман пайгирӣ мекунам аз пайи саҳифаи шумо дар Instagram. Дар он ҷой қариб 1.5 миллион муштариён (подписчики) ҳастанд. Ин ҳама фиреб ҳаст. Ё одамонӣ ҳақиқианд, зинадаанд, сохтагӣ нестас. Лекин росташро гӯед?

- Мадина: Ин ҳама рост аст. Ман ягон бор ба фиреб роҳ надодаам. Тамоми тамошобинони ман зинда ҳастанд ва фаъол ҳастанд, одамони ҳақиқианд. Ман хаёл мекунам, ки ман бояд ҳақиқи кор кунам, барои чӣ ин муштариён лозиманд, агар ман ҳамаашро созам. Онҳо фақат халал мерасонанд, омори инсонро паст мекунанд муштариёни бардуруғ. 

- Орзу: Аз ин мебарояд, ки шумо тарафдори саҳнаи сохта, фиреб нестед? Ин корро дӯст намедоред.

- Мадина: Бале ман чунин корҳоро дӯст намедорам. Худоро шукр, омори ман хуб аст. Ба умедам, ки то оқиб ҳаминхел мемонад.

- Орзу: Шумораи муштариёни шумо хело бисёранд. Аз ин мебарояд, ки шумо дер боз ҳисобӣ (аккаунт) кушодед?

- Мадина: Соли 2016 кушода будам. Лекин ним сол руст буд. Он вақт шумораи муштариён 100 нафарро ба хаёлам ташкил медод. Ҳама одамони шинос буданд. 

- Орзу:   Ва дар айни ҳол “Тик-ток” маъмул аст.

- Мадина: Ҳа. Ман ба “Тик-ток” нав дохил шудам. Баъзан дилгиркунанда мешавам ва ягон чизи ҷолибро ба навор мегирам. Ба онҷо видеоҳои шавқовар ба навор гирифта мепартоям.

- Орзу:   Баъзан ман мебенам дар он ҷо видеоҳои ҷолибу шавқовари шумо ҳаст. Ин натиҳаи карантин ҳаст.

- Мадина: Рости ин натиҷаи карантин ҳаст. Дар хона мондем, ягон бор дар таърихи ҳаёти ман ин гуна набуд.

- Орзу:   Ё ин бо бачагиатон алоқаманд аст.

- Мадина: Рости ҳамаи видео роликҳои ман бо ҳазлу шухӣ алоқаманд мебошанд. Ман аз хурдӣ юморӣ хуб дорам.

- Орзу:   Аз тарафи дигар ин хел нест ку. Аз тарафи дигар Мадина духтари ҳаминхел ҷиддӣ менамояд. Ин видеоҳо бошад, Мадинаи дигарро барои ман нишон доданд.

- Мадина: Одамоне, ки маро хуб медонанд, одамони наздиконам, дӯстонам, медонанд, ки ман хандаовар, хурсандиовар ҳастам. Бо ман зиқ намешавед.

- Орзу:   Мадина биёед акнун дар бораи ҳаётатон гап мезанем. Падару модаратон. Дар бораи шумо кам иттилоот аст.

- Мадина: Падару модарам дар ҷудоӣ ҳастанд. Мо чор нафар зиндагӣ мекунем. Модарам, ман ва бобою бибии дӯсдоштаам. Ман дар оила як фарзанд ҳастам. 

- Орзу:   Мадина барои чӣ падару модаратон талоқ шуданд?

- Мадина: Падару модарам дер боз талоқ шуда буданд. Рости гап модари ман одами тиллои мебошад. Дар 22 соли ҳаётам ман ягонбор нашудаам аз модарам суханҳои бад дар бораи падарам. Агар боре нафрат пайдо мекардам... Дар дили ман кинаю нафрат ба падарам набуд.

- Орзу:   Шумо гуфтед баъзан нафрат пайдо мешуд.

- Мадина:   Масалан ягон филм тамошо мекунем, дар бораи қиссаи одами шинос мешунавам. Падараш ба ӯ чӣ гуна муносибат кард. Баъд ман ягон сухан гуфта мемонам. Модарам фақат ба ман мегӯяд: “Ташаккур гӯй ба падарат, барои он, ки туро ба ҳаёт овардааст, ба ту ҳаёт бахшидааст. Барои ту ҳамин кифоя аст”.

- Орзу:   Яъне, ки дар дили шумо хафагӣ аст?

- Мадина:   Мункин дар хурдсолиам бошад. Вақте калон мешудам. (гиря кард Мадина).

- Орзу:   Узр мехоҳам Мадинаҷон, бахшиш мехоҳам.

- Мадина:   Ман ягон бор аз барои падарам гиря накарда будам. Ростӣ ман ба ин ягон бор аҳамият надода будам.

- Орзу:   Мо мегӯем, ки ба ин аҳамият намедодем. Лекин дар ҳақиқат аз ин ба ҳеҷ ҷо рафта намешавад. Барои ман низ ҳамин хел буд. Ман 3-4 сола будам вақте падару модарам талоқ шуданд. Ман онҳоро айбдор намекунам. Ин ҳаёт, тақдир аст. 

- Мадина:   Медонед ман ба шумо як чизро мегӯям, барои чӣ гиряам омад. Як давраи ҳаётам буд, ки ман 13-14 сола будам. Вақте падарам пайдо шуд, ба ман меҳрубонию ғамхорӣ кардани шуд.

- Орзу:   Яъне баъди он, ки роҳи падару модаратон ҷудо шуда буд. Чанд сола будед он вақт?

- Мадина:   Ба хаёлам ман 6-7 сола будам. Вақте ба синфи якум рафта будам онҳо ҷудо шуданд. Ҷудогии онҳо ба ман таъсир нарасонд. Модарам ба ман ҳама чизро мекард. Падарамро бобоям иваз мекунад. Ман баъзан фикр мекунам, ки ман духтари модарам нестам. Духтари бобою бибиам ҳастам. Ман бобою бибии олиҷаноб дорам. 

Як давраи ҳаётам буд, ки падарам пайдо шуда ба ман меҳрубонию ғамхорӣ мекард. Маро ба ягон ҷойҳо мебурд, ягон туҳфа мекард. Ман аз ӯ ягон чиз хоҳиш карда метавонистам. Ин дер давом накард. Ӯ боз парофта рафт. Мо робитаро бас кардем, сухангӯиро бас кардем. 

Вақте, ки шумо аз ман пурсидед. Ба хотирам омад падарам, ғамгин шудам.

- Орзу:   Ман шуморо хело хуб мефаҳмам Мадинаҷон. Мо дарди муштарак дорем.

- Мадина:   Ташаккури зиёд ба модарон. Ман фикр мекунам, ки тамоми замин бо меҳрубонии модарон зинда аст. Ҳамаи муҳаббату меҳрубониҳоро ба ту ба модар дода метавонад.

- Орзу:   Шумо дигар вохурӣ накердет бо падарат?

- Мадина:   Тобистони гузашта ман бо вохӯрдам. Ба дидорбинии бобою бибиам рафта будам. Ҳозир мо дар алоқа ҳастем. Ӯ хуб аст, агар хатогӣ накунам дар ақни ҳол дар Помир зиндагӣ мекунад. 

- Орзу:   Боз хонадор шуд?

- Мадина:   Ҳа нав хонадор шуд.

- Орзу:   Ба падарат меҳру муҳаббат дорӣ?

- Мадина: Ростӣ надорам. Ба модарам меҳру муҳаббати зиёд дорам, ба наздиконам, ки дар ҳаёти ман иштирок мекунанд. Инсон он одамро дӯст дошта наметонад, агар ӯ дар ҳаётат ширкат наварзад. Ман ӯро хело ҳурмат мекунам. Ӯ падари ман ҳаст. Вале инсон худро маҷбур карда наметавонад, ки дӯст дорад. Ман ба ӯ нафрат надорам, вале дӯст дошта наметавонам.

- Орзу:   Модарат боз хонадор нашуд?

- Мадина: Не хонадор нашуд. Модари ман ҳамин хел одам, ки ҳаёти худро ба ман мебахшид, аз хурдсолиам.

- Орзу:  Модарат кадом ихтисосро тамом кардааст?

- Мадина: Модарам ихтисоси педагогиро тамом кардааст.

- Орзу:  Ӯ шахси эҷодӣ ҳаст?

- Мадина: Бале ӯ шахси эҷодӣ ҳаст. Ӯ либосҳои хело аҷиб, зебо медӯзад.

- Орзу:  Дӯзанда?

- Мадина: Не дӯзанда нест. Вақте мо Питербург рафта будем, мо дар он ҷо зиндагӣ карда будем. Холаам дар он ҷо мактаби рақс дорад. Модарам ба онҳо либосҳои арабӣ ба онҳо медӯхт. Ҳамааш корӣ дастӣ буд. Хело ва хело либосҳояш зебоянд. Холе корӣ вазбин аст.

- Орзу:  Модарат бо ин кораш маблағ кор мекард?

- Мадина:  Бале. Бо ин кор маблағи хуб мегирифт. Мо нағз зиндагӣ мекардем. Ба ҳеҷ чиз ниёз надоштем.

- Орзу:  Ғарибӣ ба мардҳо мушкилтар ё ба занҳо?

- Мадина:  Ростӣ ман ба ин ҳеҷ чиз гуфта наметавонам.

- Орзу:  Шумо аз ин рузҳо гузаштааст-ку?

- Мадина:  Буд масалан дар мактаб. Маро хафа мекарданд барои он, ки ман аз дигар миллат будам. Аз Тоҷикистон будам.

- Орзу:  Ин хело маълум буд?

- Мадина:  Баъзан маълум буд. То рафт калонтар мешудем, ин ҳамаш мерафт. Дар оқиб мо ҳама дӯст шудем. Бо ман нағз рафтор мекаргӣ шуданд. Дар гирду атрофи ман бисёртар русҳо буданд. Дӯстони ман ҳам. 

- Орзу:  Чанд сол зиндагӣ кардед дар он ҷо?

- Мадина:  13-сол. Ман мактабро дар он ҷо ба итмом расондам. Барои ҳамин ман тоҷикиро на он қадар хуб медонам.

- Орзу:  Аз кадом сол то кадом сол дар он ҷо зиндагӣ кардед?

- Мадина:  Дар аввал ман то мактаб рафтан дар он ҷо ду сол зиндагӣ кардам. Баъд дар Хуҷанд 2-сол таҳсил кардам. Аз синфи 3 ман ба мактаби Питербург дохил шудам. Манро модарам ба он ҷо боз гирифт. Ва мо он ҷо зиндагӣ кардем. То синфи 9.

- Орзу:  Табъиз нисбати духтарон чӣ гуна зоҳир мешуд? Метавонед ягон мисол биёред?

- Мадина:  Дар мактаб барои ман як ҳодиса буд. Ман он вақт дар синфи 6-7 мехондам дар ёд надорам. Як духтар буд. Фикр мекунам ӯ на он қадар аз оилаи солим буд.  Рус буд. Ӯ аз пешам мегузашту ягон рафтор, карда мегузашт. Аломатҳои натсистиро нишон дода мегузаш. Лекин вай сахт пушаймон шуд. Аз тарафи ӯ таҳдидҳо бисёр буданд. Ба ғайр аз ин дигар ҳодисаҳо набуд.

- Орзу:  Аз тарафи ӯ таҳдидҳо буданд?

- Мадина:  Майлаш мегӯям. Як рӯз бади дарс, дар качели савор будем, ҳамроҳи ҳамсинфонам. Ӯ омад. Ба ман ҳар гуна аломатҳоро нишон дод. Ман намефаҳмидам ин аломатҳоро. Ту тоҷик ҳасти, ту чурка ҳасти рав инҷо гуфт. Ман аҳамият додам, ки бади ин ҳамсинфонам оромана рафтанд. Ӯ ҳама чизҳоро дод мезад, аломатҳоро нишон дод. Ман дар хотир дорам охирон дугонаам рафт.   Ман рюкзакамро гирифтам, ба ақиб гаштам. Ӯ ба пеши ман омад ва гуфт: “Гуш кун ту чурка”.  Дар хотир дорам ман муйи дарози хушрӯ доштам. Онҳо маро иҳота карданд. Ман ақиб гаштам, ниго кардам, нафаҳмидам чӣ шуда истодааст.

- Орзу:  Чанд нафар буданд?

- Мадина: 5-нафар буданд. Писарон ва духтарон буданд. Ӯ омад ба пеши ман ва гуфт: “Ту инҷо чӣ кор кардосӣ. Дигар ман туро дар инҷо набинам”. Ман гуфтам: “Ин майдонҷаро барои ҳама сохтагӣ. Ман ҳақ дорам дар инҷо бозӣ кунам”. Ӯ гуфт: “Агар ман боз туро дар инҷо бинам. Агар боз ба инҷо биёйи...”. Баъд ӯ кордро гирифт ва ба шикамам дошт. Хунук буд ман бо либоси зимистона будам. Хело тарсидам. Намедонистам чӣ кор кунам. 

- Орзу:  Чанд сола будед он вақт?

- Мадина: 13-сола будам. Вай аз мӯям қапид. Ман тавонистам, ки халос шавам ва гурехтам. Аз қафои ман нарафтанд. Ман ба хона рафтам. Модарам дарро кушод. Ман афтидам. Ягонбор дар ҳаётам ман ин хел набудам. Ман ба ларзидан даромадам. Ӯ маро ба тафтиш кардан даромад, ки ҳама ҷоям хуб аст ё не? 

Модарам гуфт: “Чӣ шуд, чӣ кор кард ба ман бигӯ”. Ганда стресс шуда будам. То мактабро ӯ тамом накард,  ман рафта наметавонистам. Мактаби ман байналхалқӣ буд. Муаллимони хело хуб доштам.

Баъд ӯро бо модараш даъват кардам. Ӯ дар ҳолати хело мушкил буд. Ӯ панҷ фарзандро худ калон мекард, дар чанд ҷой мекард. Ба ӯ мушкил буд. Баъд он духтарро даъват карданд. Малум буд, ки ӯро 3 бор ба хаёлам аз синфаш монда буданд. Духтари бузбала, калон буд. Тарсондан. Ҳатто ҳаминхел буд, ки завуч ӯро қариб зада буд. Модари ман дошт. Модари ман хело инсони нағз. Ба ӯ раҳмаш омад. Ӯ гиря кард, узр пурсид. Ризи дигар ба пеши ман омада узр пурсида буд. Вале то он сол ба итмом нарасид, ман метарсидам ба мактаб рафан. Метарсидам бо ӯ вохӯрдан, дар ягон ҷой дида мондан. Ӯ дар синфи 11 таҳсил мекард.

- Орзу:  Яъне дар дил монд?

- Мадина:  Медонед ман одами бадхотир нестам. Вақте, ягон нафар совол диҳанд, баъд ба хотирам меояд. Лекин тез аз хотирам мебарояд.

- Орзу:  Чӣ хел писарон ба шумо рафтор мекарданд?

- Мадина:  Медонед, дар мактаб ман ба ҳеҷ кас мақул набудам. Ман фарбеҳак будам. Дар хаёл надорам, қарид 70 кг вазн доштам.

- Орзу:  Чӣ хел шумо дигар хел шудед?

- Мадина:  Вақте ба Душанбе омадем. Ба хаёлам обу ҳаво таъсир кард, ё тарзи дурусти хурок хӯрӣ бошад. Рафтори ман мисли писарҳо буд. 

- Орзу:  Агар рафтори мисли писар дошта бошед, бо онҳо забонро тез меёфтед?

- Мадина:  Ҳа меёфтам. Буд як чанд дӯстонам. Онҳо ҳамсинфонам буданд. Дар аввал бо ҳам муносубатамон нағз набуд. Баъд нағз шуд.

- Орзу:  Онҳо медонанд, ки Мадина яке аз овозхонӣ машҳурӣ Тоҷикистон мебошад?

- Мадина:  Бале. Нависта буданд. Гуфтанд: “Мо боварӣ доштем, ки ту машҳур мешавӣ. Ба муваффақиятҳо ноил мегардӣ. Офарин ба ту”.

Ман аз давраҳои мактабӣ дар олимпиадаҳо суруд мехондам. Дар озмунҳо ширкат меварзидам. Онҳо фақат медонистанд, ки ман овози хуб дорам, суруд хондам метавонам. Ва менавистанд.  Ту хело дигар шудӣ мегуфтанд.

- Орзу:  Дар давраҳои мактабӣ ишқу муҳаббат набуд?

- Мадина:  Не набуд ягон бор. Дар 9-ум синфи буд бахаёлам. Вақте, ба кӯчида истода будем. Ӯ некин рус набуд. Агар хатогӣ накунам ӯ кавказ буд. Ин то ба Душанбе кӯчидан омаданамо шуда буд. 

Медонед, вақте аз мактаб мебаромадам ҳамсинфонам ба пешам оманду гуфтанд, ки туро як нафар интизор аст. Ман баромадам одамҳои аҷоиб истода буданд. Бисёр гулҳо буданд. Ман нагифтам тарсидам. Баъд дуюм, сеюм рӯз низ. Баъд он одам ба ман навистан гирифт.

- Орзу:  Модаратон намедонистанд?

- Мадина:  Ман ба модарам гуфта будам. Ман як амак доштам. Шавҳари холаам Тахмина буданд. Ман ба ӯ гуфтам ин ҳодисаҳоро. Барои он, ки ӯ ба ман менавист, онҳо анъанаҳо доранд ва метавонанд духтарро дузида гурон баранд. Ман тарсидам. Баъд ба амакаам гуфтам. Ӯ ду ҳафта маро ба мактаб мебурд, меовард. Баъдан онҳо аз ман дур шуданд.

- Орзу:  Шумо баъдан Душанберо чӣ хел қабул кардед?

- Мадина:  Ман Душанберо хело дуст медоштам. Мо тобистонро фақат дар Душанбе мегузарондем. Вақте мактаб тамом мешуд, таътили тобистонаамро дар Душанбе мегузарондам.

Вақте таътил ба итмом мерасид боз ба Питербург бармегаштем. Ман як моҳ ба дипрессия мефаромадам. Дар онҷо холӣ, хунук буд. Бобою бибиам набуданд дар онҷо. Ва як рӯз модарам меояду ба мегӯяд: “Чӣ фикр мекунӣ, ки агар мо ба Душане бикучем”. Ман ҳатто фикр накардам, розӣ шудам.

- Орзу:  Дар   омади гап пурсиданӣ будам, шумо чӣ хел якбора ба сурдхонӣ даромадед?

- Мадина:  Бобоям хост, ки ман ба колеҷи мусиқавӣ дохил шавам. Маро ба шӯъбаи академӣ, яъне сарояндагии оперӣ равон карданд. Ман дар он ҷо 4 сол таҳсил кардам. Ман ҳамзамон дар театри опера ва баллет таҷрибаомӯзӣ кардам. Ман кор мекардам аз 17 солагиам. 

- Орзу:  Барои чӣ экстрада шуморо ба худ ҷалб мекунад?

- Мадина:  Ҳамин хел шуд. Маро ба ҳамон ҷой равон карданд. Ман профессори хуб доштам. Медонед вакалӣ академӣ хело мушкил ҳаст. Барои он хело кор кардан лозим аз болои худ.

- Орзу:  Вакали ту чӣ гуна аст?

- Мадина: Мессо сопрано(миёна). Вақте ман нав ба саҳна мебаромадам. Ӯ ба ман гуфт: “Туро дидам ман ва чӣ саркӯб додӣ”. Ман суханҳои ӯро хело дӯст медоштам.

- Орзу:  Каме вақт аз жанрӣ экстрада дур шудед, ва жанрӣ фолклориро низ хондед.

- Мадина:   Ман сурудҳое, ки ба дилам писанд меояд, мехонам. Агар хоҳиш ё мақсад гузоред, ҳамаи сурудро хонда метавонед.

- Орзу:  Мадина биёед қисме аз вакали академӣ месароед.

- Мадина:   Намедонам, кай боз нахонаам. Мадина қисме аз вакали академӣ, экстрада месарояд.

- Орзу:  Ман аз ту ба важд меоям. Чанд борҳо ҳам гуфта будам.

- Мадина:   Ташаккур. 

- Орзу:  Метавонед акнун аз вакали фолклорӣ сароед?

- Мадина:   Мадина аз вакали фолклории помирӣ месарояд.

- Орзу:  Хело зебо, гармоналӣ ҳаст, ки ҳатто парандаҳо месароянд. Хело овозӣ хуб. Ташаккури зиёд Мадинахон. 

Акнун чӣ хел. Вақте шуҳон ба Душанбе кӯчида омадед, дар аввал суруд намехондед. Ба модаратон мушкил набуд?

- Мадина:   Не мушкил набуд. Модарам фосилавӣ кор мекард. Фармоиш мешуд, модарам тайёр карда мефиристод. Бо дастраскунӣ мушкилот буд. 

Дар айнӣ ҳол модарам кор намекунанд. Ман иҷозат намедиҳам. Агар хоҳан ягон чизро кунан, мекунан.

- Орзу:  Чанд пул як либоси тайёр?

- Мадина:   Дар он вақт 15000 сомон.

- Орзу:  Хуло хуб кор мекарданд. Барои чӣ ин тиҷоратро мавҷ накардед?

- Мадина:   Барои он, ки ин корӣ хело мушкил аст. Аз пушти ин кор саломатии модарам бад шуд. Ин ҳамаш кори дастист. Фақат менишинӣ, миёнат ва чашмонат дард мекнад. Барои чӣ ӯ дар айни ҳол  кор мекунад. Дам бигирад, ман мекунам.

- Орзу:  Барои шумо либос мекунанд?

- Мадина:   Ҳа, албатта баъзан мекунад.

- Орзу:  Дар кадом чорабиниҳо?

- Мадина:   Буд як чорабинӣ дар Ҳаёт. Бисёр зебо буд. Лекин ман онро як бор пушидам. Вай даррид. Ҳама ҷояш биссер буд. Дар хона даррид. Модарам гуфт, камтар хӯрок бояд мехӯрад. Ман хӯрок хӯрданро хело дӯст медорам.

- Орзу:  Ман аз оне, ки шумо чӣ хел дар бораи бобоятон сухан меронед, хело таассуротбахш будам. Мехостам, ки шумо ба бобои худ махсус ташаккур гӯед.

- Мадина:   Ӯ ҳатман барномаи маро тамошшо мекунад.   Ман ба бобоям ва бибиям ташаккури зиёд мегӯям. Онҳо хело одамони хуб ҳастанд. Ман ҳатто сухан надорам. Бобоям медонад ман ба ӯ чӣ хел рафтор мекунам. Ҳатто ҳодисаҳое буд, ки сурудҳоямро якҷоя интихоб мекунем. Ӯ камтар ҳам  менависал. Бобои ман ҳам юрист ва ҳам педагог шуда кор мекард. Бибиям ҳам муаллима ҳастанд.

- Орзу:  Ҷамбаст мекунем ба охир мерасонем. Чӣ гуфтанӣ доред мухлисонатон.

- Мадина:   Ба ҳама пешравиҳо таманно мекунам, саломатӣ мехоҳам. Дар ин вақтҳои вазбин. Ман умедворам, ки ҳамааш хуб мешавад ва ба ҳаёти пештара бар мегардем. Раҳбат барои он, ки даъват кардед.

- Орзу:  Бо ҳамин ба итмом мерасонем тамошобинони азиз. Имрӯз дар меҳмони Мадина Акназарова буд. Хайр то боздид.

Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru