Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Нигина Амонкулова

Интервью: Ногуфтаҳо бо Нигина Амонкулова

Ногуфтаҳо бо Нигина Амонкулова

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Нигина Амонкулова!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Нигина Амонкулова!.

Суҳбати Орзу Исо бо Нигина. Ногуфтаҳо дар бораи падару модар

- Орзу:  Дуруд дустони азиз. Барномаи Ногуфтаҳоро шурӯъ мекунем. Ҳамаи шумоён медонед, ба ба Ногуфтаҳо бо ҳарфҳои ногуфта меоянд, меҳмонони азизи мо. Вақте, ки ҳунармандро даъват кардем, гуфт ман ногуфтае надорам. Дар бораи фаъолияти ман, дар бораи эҷодиёти ман. Ҳама ҳама чизро дар бораи фаъолияти ман медонанд. Вале гуфт як ногуфтае дорам. Пурсем чӣ гуфт! Гуфт дар бораи зиндагию, муҳаббати падару модарам кам ҳарф задам. Яъне ногуфтаҳои зиёд дорам. Воқеан дуруст мегӯянд, падару модарҳои мо он чунон зиндагие кардаанд, ки агар дар атрофи зиндагию муҳаббати онҳо соатҳо ҳарф бизанем кам аст. Ва ин соат Нигина Амонқулова бо ногуфтаҳояш дар бораи падару модар ба барномаи қадам монданд. Хушомадед Нигинабону. Хело ҷолиб аст дар бораи волидайнӣ шумо, чӣ гуна зиндагӣ доштанд, чӣ гуна ҳамаи ин солҳоро паси сар карданд?

- Нигина:Падару модари ман бисёр худашон инсонҳои хуб ҳастанд. Падарам бисёр шахси хоксор. Марди ба номус як марди ба номус як марди тамкин аст. Модарам ҳам як занӣ зебо, барои ман аз ҳама зеботарин як шахси хоксор аст.

- Орзу:  Ошиқ шуда ба ҳамдигар издивоҷ карданд?

- Нигина:Чӣ хел охир фарзандон фақат ҷамъ мешудем, барои мо хело ҷолиб буд, ки лаҳзаи шинос шавии падару модарамонро донем. Бисёр савол медодем. Яъне волидайнҳои падару модарам мегуянд, ки мо ҳамон як духтарро келин мекунем, падарам аз ҳамон руз фақат аз пайи ҳамон хонумаш мешаваду. Аз пасаш назорат меберад. То куҷо меравад. Соати чанд ба кор меравад, соати чанд аз кор  меояд. Ва ҳар руз вақте аз кор мебарояд, аз ҳамон кор, аз дурӣ то хонааш монда баъд ба хонаи худ мерафт.

- Орзу:  Яъне фосиларо нигоҳ медошт?

- Нигина: Фосиларо нигоҳ медоштанд. Барои он, ки он вақтҳо бисёр қавӣ буд. Мункин набуд, ки як духтари ҷавон бо писаре танҳо ба танҳо гап занад.

- Орзу:  Модари шумо чанд сола буданд он сол?

- Нигина: Модари ман 20 сола буд. Аллакай хонда буд дар Донишгоҳо Касбии Хуҷанд. Таҳсилашро тамом карда буд. Ва аллакай омада кор мекард. 

- Орзу:  Бо кадом ихтисос?

- Нигина:  Муҳосиб яъне бухгалтер.

- Орзу:  Баъди ба шавҳар баромадан модари шумо корро идома доданд ё не?

- Нигина: Бале идома доданд. Падарам ҳам кор мекарданд, модарам ҳам.

- Орзу:  Нахустин фарзандашон писар барояшон?

- Нигина: Бале, нахустин фарзанд писар ҳаст. Ӯ бародари ман ҳаст. Хуршед ном дорад. Баъдан ман. Баъд Хусрав, Хайём, Умедҷон. Боз се писари дигар.

- Орзу:  Аз духтарон фақат шумо, як духтар?

- Нигина: Бале.

- Орзу:  Акнун дар бораи падаратон сухан кунед. Падаратон бо кадом ихтисос кору фаолият мебаранд?

- Нигина: Падари ман дар базаи нақлиёти кору фаолият мекунанд. Яъне ронанда.

- Орзу: Ишқи ронанда бо муҳосиб. Падари шумо ин қадар фарзандҳоро тарбият мекарду, ин қадар шароити хонаро таъмин мекард. Боре шикоят намекард, ки душвор аст гуфта?

- Нигина: Мункин дигарон кунанд. Некин ҳама вақт падарам моро бо ҳама чизҳои беҳтарин таъмин мекард. Ҳама либосҳои беҳтарин, шароити хуб доштем.

- Орзу:  Таваҷҷуҳи пардару модар бештар ба як духтар набуд?

- Нигина: Бале каму беш бештар буд. Бачаҳо рашк намекарданд. Фақат ҷангу ҷидол мекарданд. Ҳамин як духтар, ки будам зурашон ба ман мерасид. 

Ман аз мактаб омадам, аз ошхона хӯрок хурдам. Баъд додари аз ман хурдӣ омад. Ошхонаро маҳкам кардам. Даро-даро хӯрдам. Додари хурдим омад, аз тиреза омад тақ-тақ кард, аз дар омад тақ-тақ кард. Дигар кушода нашуд. Чун ман ҳама вақт барои онҳо хӯрок мепазам. Ман як духтар ҳама чиз гардани ман. Ман гуфтам хайр як бор барои худам кунам. Баъд хурдам, дигар илоҷ надоштам, бояд мебаромадам. Хайр ин қадар шиштам бисёр тақ-тақ карданд. Омаданд. Бисёр таҳдид карданд. Рафтанд. Баъд гуфтам оҳистарак бароям. Оҳистарак дарро кушодам.  Аз ошхона то хоная тақрибан як даҳ қадам ҳаст. Гуфтам ба хона равам, ки натонистам. Омаданд дастгир карданд. Ҷазояшро гирифтам.

- Орзу:  Модоме, ки бачагии шумо шавқовар буд, ҳатман шумо ба падару модар аз рафтори бачаҳо хабаркаши мекардед.

- Нигина:  Албатта хабаркашӣ мекардам. Падару модарам, ки ин чизро нағз намедиданд, бенатиҷа буд хабаркашиҳои ман.

- Орзу:  Нигинабону ягонбор масалан гуфту гузорӣ падару модарро дидед, ки дар бораи ягон масъалаҳои ҷиддӣ суҳбат кунанд, пинҳон аз чашми кӯдакон. 

- Нигина:  Бале дидагӣ ҳастам. Фиикр мекунам инро ҳама диддагӣ ҳаст. Фикр мекунам он лаҳзаҳо ҳаминхел эҳсосӣ мешаванд. Фикр намекунан, ки инҷо кудак ҳаст. Ҳама ин чизро мебинад.

- Орзу: Ҳоло дар Панҷакент, ки истиқомат мекунад, аз аҳли хонавода?

- Нигина: Аз аҳли хонавода, онҷо акои калиниам зиндагӣ мекунанд. Бо ҳамроҳӣ оилааш, ҳамроҳӣ чор фарзандаш. Падару модарам инҷо ҳастанд Душанбе ҳастанд, ман инҷо ҳастам.

- Орзу:   Падар ба синни чанд даромадан?

- Нигина: Падарам ба 56-сола ҳастанд. Модарам 54-сола.

- Орзу:  Душанберо чӣ гуна пазируфтанд. Онҳое, ки як умр дар Панҷакент зиндагӣ карданд.

 - Нигина:  Бале дар аввал душвор буд, чӣ хеле, ки барои ман ҳам душвор буд. Чун лаҳҷа дигар аст. Муносибати одамон дигар аст. Барои ҳамамон душвор буд. Лекин ман ҳамин ҷо будам, онҳо наметавонистанд маро танҳо монда раванд.

- Орзу: Бародаронӣ калонӣ чӣ дар Душанбе зиндагӣ карда натавонистанд?

- Нигина:  Не натавонист.

- Орзу:  Ҳадяе, ки модаратон бисёртар дӯст медоран чист?

- Нигина:  Модарам фақат вақте, ки гул мебарам, дигар хел қабул мекунан. Чунки барои зан гул ҳамеша арзиши баланд дорад.

- Орзу:  Ягон хул сюрприз барои падару модар кардаед?

- Нигина:  Не, фикр мекунам накардам. Барои он, ки ҳамаи он корҳое, ки мекунам бо маслиҳати онҳо мекунам.

- Орзу:  Барои ба саҳна омадан ягон дучорӣ мушкилӣ во нахурдед аз тарафи хонавода?

- Нигина: Не, чаро буд. Падарам розӣ набудам. Чун гашта аз мардум фаҳмид, ҳунарӣ ман ба онҳо писанд аст. Қабул карданд. Дигар илоҷе надошатанд.

- Орзу:  Яъне рафторӣ шумо нақш бозид. 

- Нигина:  Модарам намехост, ки чун гап тез паҳн мешавад. Мардум байни худ зиёдтаровоза мекунан. Модарам рости гап намехост.

- Орзу:  Кӣ ҷонибдор буд аз тарафи оила?

- Нигина:  Фақат ман. Бародарон тамоман намехост.

- Орзу:  Аз хешу паёвандон чӣ ягон кас розӣ будан?

-Нигина: Бибиям мехост, холаи падарам мехуст, ки ман ҳунарманд шавам. Чун дар он даврҳо дар ҳукумати шаҳр кор мекардан.

- Орзу:  Ҳоло дар кқҷо кор мекунанд?

- Нигина:  Ҳозир дар Мазраи таърихии Саразм кору фаъолият мебаранд. Боз бибиам буд. Бибии ман як занӣ бисёр аҷоиб ҳаст. Худаш ҳам ҳамавақт суруд хонда мегардад. Ҳар махфил мешавад, хона меҳмон меоянд, ӯ суруд хонда мекардад. Чун падари бибиам ҳам ҳунарманд буд, бо дутор суруд мехонд, чун ҳунар дар қалби онҳо ҳаст. Он кас мехостанд, ки ман ҳунарманд шавам. 

- Орзу:  Хуб рафтори падаратон, масалан чиро намеписанданд, чиро дӯст намедорандРафтори падаратон чӣ гуна ҳаст?

- Нигина: Падари ман аз хурдсолие, ки медонам бисёр мардӣ ҷиддӣ ҳаст. Бо ҷиддияташ ба воя расонидааст. Мардӣ саросема, мехоҳан ҳамаи кораш дар вақташ шавад.

- Орзу:  Хуб модоме, ки ҷиддӣ ҳаст ман фикр мекунам, ки ҳангоми сархушӣ кардан ҷазо медод?

- Нигина:  Бале, чаро не. Боре дар хотир дорам, мо дар лаби об зиндагӣ мекунем. Боре хотир дорам акои калониам ба поён рафту дер омад. Дер омад, мо ҳама хавотир шудем. Падарам хавотир шуд. Кофту ков баромад. Борон борид, жола борид. Баъд омад бародарам. Падарам химчаро гирифту заданӣ шуд. Химчаро гирифту, баъд дастро боло кард, ки ман дод гуфтам. Ӯ дид, ки ман дод гуфтам, ман сахт тарсидам. Дигар ба ӯ нарасид. 

- Орзу:  Модар чӣ хашми модар, кӯдакон ягон кор мекунанд.

- Нигина:  Ман фикр мекунам агар модар хашми худро нишин надиҳад, фарзандон аз худ мераванд. Модарам ҷояш биёяд хашми худро нишон медод, чояш биёяд насиҳат ҳам мекунан, навозиш мекард. Модар чӣ гуна ҳаст. Ҳамон модар ҳаст.

- Орзу:  Модаратон масалан касби дусдошта дошт дар хона?

- Нигина:  Бале модари ман аз хурдсолиаш тоқӣ медухт. Бибии ман савдогар буданд, тоқӣ мефурӯхт. Модари ман тоқӣ духта ба бибиам медод.

- Орзу:  Акнун масалан, хӯрокҳои дӯстдоштаи падаратон ҳаст, ки модаратон доимо ба хотири он кас тайёр кунанд?

- Нигина:  Бале, падари ман хӯрокҳои гӯштиро дӯст медорад. Он чизҳое, ки гушташ бисёр ҳаст. Фақат оши палав, дар Панҷакент, ки оши як ба як мекунад, гуштбирёнро дӯст медорад. Он чизҳое, ки гуштӣ бисёр дорад.

- Орзу:  Модоме, ки лаззат писанд бошанд, хеле калон ҳастанд.

- Нигина:  Не. Падари ман хело хароб. Падари ман ҳар чиз хур несту. Ҳама чизро чинда-чинда мехураду. Некин фарбеҳ нест.

- Орзу:  Суханҳои маъмули модаратон, масалан шуморо аз хурди чӣ хел сазо мекунан.

- Нигина:  Маро дар хона Бону, Бонуҷон гуфта сазо мекунан. Амакҳоям ҳама Бону мегӯянд.

- Орзу:  Нигина намегуфтанд, чаро Бону?

- Нигина:  Не кам номамро мегирифтанд. Чун ман якто будам. Чун аз набераҳои духтарӣ ҳам якто будам бобои ман ҳам фақат Бону мегуфтанд, падарам ҳам.

- Орзу:  Акнун Нигинабону роҷеъ дар бораи ҳаёти хусусии шумо ҳарф мезанем.

- Нигина:  Ростӣ гап ба ман ин саволҳоро бисёр медиҳанд. Фақат мегуям, ки ҳаёти шахсии ман фақат ба худам тааллуқ дорад. Чун намехоҳам шавҳарам, фарзандонам, падару модарам, аҳли хонаводаам зер таъсири зиндагии саҳнавии ман бошанд. Зер таъсири суханҳои мардуму, ҳамаи он моҷароҳое, ки месозанд бошам.

- Орзу:  Ба ҳар ҳол фақат бо ду ҳарф бигуед, ки зиндагиатон хуб аст, хушбахт ҳастед ҳаминашро бигуед ба мо куфоя ҳаст.

- Нигина:  Бале, зиндагии ман ором ҳаст, ки ман метавонам санъатро давом диҳам.

- Орзу:  Кудакон чӣ хеланд?

- Нигина:  Кӯдакон бисёр хубанд. Кӯдакон маънои зиндагии ман ҳастанд.

- Орзу:  Калон шуданд?

- Нигина:  Бале, калониам синфи 3 мехонад, хурдиам 1.5 сола шуд.

- Орзу: Ба Нигина, ба азизони дилаш. Махсусан ба писарони нозанинаш, ба Довуд ва Аъзамҷон муваффақият ва хониши аъло таҳният мекунем. Бояд онҳо фахр кунанд, ки чунон модари нозанин доранд. Модаре даранд, ки тамоми форсизабонони дунё ҳунари модарашонро дӯст медоранд. Таманно мекунем, ки ҳеҷ гоҳ садои Нигина аз зиндагии мову шумо дур нагардад, поянда бошад. Ба волидайни Нигина низ изҳори сипос мекунем, ки чунин як нобиғаро ба дунё оварданд. Яъне тифли ба дунё овардаи эшон як нобиға ҳаст, ифтихори мо ҳаст. Барои Нигина муваффақиятҳо таманно мекунем. Орзу дорем, ки дам ба дам, ҳар ҳафта таронаҳои тоза ба тозаи Нигинаро бишнавем. Ҳаминҷо барномаи мо ба охир мерасед. Бо шумоён худо ҳофизӣ мекунем. То барномаҳои навбатӣ. Барномаро ҳатман тибқи дархости шумо бо иштироки дигар ҳунармандон таҳия хуҳем кард. Ин буд барномаи Ногуфтаҳо бо иштироки Нигинабону. Хайр то боздид.

Мусохибаи мазкур аз ютуб канали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru