Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Сафармухаммади Рустам

Интервью: Ногуфтаҳо бо Сафармухаммади Рустам

Ногуфтаҳо бо Сафармухаммади Рустам

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Сафармухаммади Рустам!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Сафармухаммади Рустам!.

Суҳбати Орзу Исо бо Сафармухаммад. Қисми 1. Фиреб дар озмун.


- Орзу: Дуруд дустони нозанину, хеле ва хеле зебои ман. Барномаи Ногуфтаҳоро шуруъ мекунем. Ин лаҳза бо иштироки яке аз ҳунармандони ҷавон, маъруф, номдор ва маҳбуби мо. Агар дар ёд дошта бошед чанде қалб, аз Тоҷикистон як сарояндаи навқадам, хушсадо Сафармуҳаммади Рустам дар озмуни байналмиллалии овозхонон дар озмуни «Silk Way Star» ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафт. Онҷо ширкат кард, рӯи саҳнаи калон ва ҳунари худро нишон дод. Дар маҷмуъ намояндагони чанд мамлакат, шаҳрвандони чанд мамлакат ҳунарнамоии ҳунармандонро аз кишварҳояшон тамошо карданд. Саҳна зебо буд, ҳунарнамоии ҳунармандон низ зебо буд, вале ҳамаи овозаҳо, мушкилоти ҳунармандон дар паси парда монд. Ва имрӯз дар барномаи Ногуфтаҳо Сафармуҳаммади Рустам аз вақеъот, аз ҳодисоти пушти парда ҳарф мезанад. Ва ин замон саломи дуруди шумоёнро ба Сафармухаммад мерасонам. Дуруд Сафар хушомади ба барномаи Ногуфтаҳо.

- Сафармухаммад: Салом Акаи Орзу, ташаккури зиёд барои даъват ва ба ҳамаи тамошобинони барнома. Аз чӣ шурӯъ мекунем саволҳои шумо.

- Орзу:  Шурӯъ мекунем аз ногуфтаҳо. Он чизе, ки пушти саҳна монд, он чизе, ки дар микрофони ҳеҷ журналисти нагуфтед. Яъне дардҳо ва ҳарфҳое, ки ногуфта монданд.

- Сафармухаммад: Ҳамагӣ 12 қисм буд. Дар қисми якуми ҳамин озмун, гуем ки аз дуюм қисм озмун хубтар, тозатар буд. Адолат каму беш буд. Баъдан ҷое шуда будки, продюсери калон ба мо мегуяд, ки ба мо хондани шумо муҳим нест. Ба мо бисёр асабоният шудани шумҳон, руҳафтода шудани шумҳо, яъне гиряҳои шумҳо ба мо даркор барои навори хуб гирифан. Вақте, ки ман ҳамин суханҳои продюсерро шунидам, бисёр руҳафтода шудам. Мақсади мо ҳунарро нишон додан буд. Яъне сурудҳои тоҷикие, ки тайёр кардем онҳоро нишон диҳем. Дигар давлатҳоро бо фарҳангҳои миллати Тоҷикистон шинос карданӣ будем. На ин ки гиряву асабоният шудани худ.

- Орзу:  Гузашта аз ин дар пушти парда боз чӣ гуна моҷароҳо, ногуфтаҳо байни иштирокчиён ба по мехест, чӣ гуна ҳарфҳои ногуфта монданд? 

- Сафармухаммад: Гоҳ вақто мешуд, ки коргарон байни якдигар ҷанг мекарданд. Яъне одамон асабоният мешуданд дар он ҷо бисёр одам буд, проект, ки калон буд.

-  Орзу:  Чанд мамлакат иштирок карданд.

- Сафармухаммад: 9-мамлакат иштирокчӣ буд, бисёр асабӣ мешуданд. Вақтое мешуд, ки иштирочиён низ бо коргарони озмун ҷанг мекарданд. Рӯзе будки, ки Умар ба ман гуфт. Барандаи ҳамун озмун буд, ба пеши ӯ рафта гуфт ки имруз ман ба ту ду ё як бал медиҳам. Ҳоло ман баромад накарда будам, ҳеҷ кас баромад накарда буд. Дар ҳаяҷон будам, ҳайрон шудас. Гуфтас мо ба чунин қарор омадем.

-  Орзу:  Баъд ӯ ин гуфтаҳоро чӣ гуна қабул кардаст?

- Сафармухаммад: Якум қисми озмун буд, адолат каму беш буд. Вақте мо дуюм қисм омадем, бисёр мушкилиҳо зиёд буд. Рӯзе буд, ки ҳар як иштирокчии озмун бояд худро ба қайд гирад. Ёрдамчии продёсер пастпорҳои ҳамаи иштирокчиёнро гирифта, бояд ба қайд мегирифт. Аз ману аз иштирокчии Озарбойҷонро нагирифтанд. Ба ин баъд бар мегардем, барои он, ки ин ҳодиса дар охири якум қисми эфир буд. Вайте, ки мо якум қисми эфирро гузаронедему, бояд бар мегаштем. Вақте, ба аэропорт рафтем, дар аэропорт, дар хатти марз бояд ман гузарам ва баъд аз як соат ба Ҷумҳурии Мардуми Чин парвоз кунам буд. Полис меояд, шумо ба қайд гирифтаги не гуфт. Ман ҳайрон шудам. Бурдан маро ба панҷара шиштам. Ман ҳайрон ман чикор кардам.  Қоғази сафед хома монду гуфт, навис. Ман ҳайрон шудаму, пурсидам чӣ нависам. Навис ман мегӯям гуфт. Мо туро дар озмун дида будем, қати овозхони маъруфи мо баромад мекунӣ. Баъд прадюсер, юрист омад корро барои ҳал кардан. Ба тарзи судӣ ҳал кардан. Ҳамон рӯз ман бо овозхони Озорбойчон бояд парвоз мекардем. Вақте рафтам ба меҳмонхона овозхони Озорбойҷон нишастааст, гиря чашмонаш варам буданд. Маро дида хурсанд шуд. 

Баъд рӯзи дигар ба суд рафтем. Аз ман пурсиданд дар суд, ки ман гуноҳи кардаамро ба ӯҳда гирифтам. Ман гуфтани будам, ки ин бо гуноҳи ман нашудааст, бо хатогии продюсер шуда буд. Вале он ҷо суд аст, намешуд. Ҷарима супурдем. 

-  Орзу:  Чӣ қадар ҷарима супурдед.

- Сафармухаммад: Намедонам 200 доллар буд ба фикрам. Аз тарафи ташкилкунандаҳо ҷарима супурда шуд, барои он ки онҳо ба ин хатогӣ роҳ дода буданд. Ҳатто одами ба ин хатогӣ роҳ додаро аз кор озод карданд. 

-  Орзу:  Сафармухаммад ман мехоҳам, ки дар бораи беадолатиҳое, ки аз тарафи ҳакамон нисбати иштирокчиён шуда буд сухан кунед.

- Сафармухаммад: Барои онҳо ҳамаи он корҳое, ки мекарданд дуруст буд. Дар қисми дуюм ҳамаро дар як меҳмонхона чой карданд. Яъне ин муқобили қонунҳои ҳамин озмун буд.

-  Орзу: Ҳамин гуна муносибатҳое буд, ки суруди хеле мураккабу мушкилро ба овозхоне бидиҳанд, ки ӯ аз иҷрои ин суруд набарояд?

- Сафармухаммад: Акаи Орзу, ҷое буд, ки ман мехостам он сурудро хонам. Он суруд беҳтар буд. Ба ман гуфтанд, ки саҳнаро мо ба дигар суруд тайёр кардем. Агар хоҳи бо ҳамин баромад бикун, нахоҳи накун. Бисёр зиқ шуда будам. Беадолотиро ганда мебенам. Сурудро додам, суруди «Маминкий сыночек». Ва як суруд буд, бо духтарон «Сараки очаҷон» бояд мехондем. Ҳамон сурудро хондем. Маънояш ба ман мақул нашуд. Сурудро ман тағйир додам, соати шаши бегоҳ. Суруди нав гирифтам. Барои он, ки ба ман мақул нашуд тарҷумаи гапҳо. Ба забони қазоқи мехондем. Сад фисад гуфта метонам, ки ман назар ба дигар овозхонон аз ӯҳдаи ин хуб баромадам.

-  Орзу: Малум буд. Дар ниҳоят нисбати кадом иштирокчиён беадолатиҳо шуд? Дили шумо ба кадом иштирокчиён сухт.

- Сафармухаммад: Ба Янлира ӯ аз кишвари Бошқирғизистон буд. Ӯ шоу кард, баромади хело хуб кард. Ман ягона иштирокчӣ будам, ки як нагирифта будам. Ҳама гирифта буд як. 

-  Орзу: Барои чӣ Янлира як гирифта будӮ ягон гапи дағалона гуфта буд?

- Сафармухаммад: Ӯ аз он одамоне набуд, ки дағалонӣ мекард. Ӯ аз ҳама оромтарин иштирокчии ҳамин лоиҳа буд. 

-  Орзу:    Шояд агар ҳамон мақолае мегуфнд, ки агар хело хуб боши ба шонаҳоят савор мешанд. Ҳамин гуна шояд шуда бошад. 

- Сафармухаммад: Барои он, ки аъзои ҳакамони Бошқирғизистон мисли Янлира хонда наметавонист. 

-  Орзу:   Яъне дили шумо бештар ба Янлира сухт?

- СафармухаммадБале. Баъд Янлира дар охир дар қоғаз ӯ як чанд ду-ду навист. Баромадаш вақте баромад, баромадашро ба охир равонду. Варақҳоро ба дасти ҳакамон доду, гуфт ана ин дуҳои шумоён. Дар он ҷо артисти маъруфи Қазоқистон бисёр аз кори кардаи ӯ ба ғазаб омад. 

-  Орзу:   Ҳоло робита доред бо он иштирокчиёни озмунба ҳамдигар менависед?

- СафармухаммадҲа менависем. Боз як чизи дигарро нақл бикунам дар бораи Янлира. Он кас дар сарашон захми доран. Барои ҳамун агар аҳамият дода бошед дар ҳамаи баромадҳо дар сарашон шляпа доранд. Намедонам ба садама дучор шуда бошанд. Баъд он кас буданд  аз ҳама ҷудо либосҳояшро иваз мекарданд. Рузе шунида буд, гап зании доварон буд, онҳо ба иштирокчиён холмониро маслиҳат мекарданд. Вале ман ба ӯ бовар накардам. 

-  Орзу:   Чигуна беадолатӣ ҳаст. Иштирокчӣ ҳоло баромад накардаасту,  балҳояш некин маълум аст. 

- СафармухаммадБаъд ман бовар накардам ба он кас. Вақте баромад карда шудем. Вақте баҳоро доданд, ба Янлира баҳои паст доданд. Вале яке аз онҳо бали ҳашт доданд. Ва ӯ ба ман мегуяд, ки дар онҷо набояд ҳашт мебуд. Ман гуфтам, ки ин бали ту, чи хел ҳашт набуданаш даркор. Не ман ҳамаи гуфтугӯи ҳакамонро шунида будам. Баъд ҳакамон гуфтанд, ки дар он ҷо як хатоги шудааст, ҳашт зиёдист. Дар ҳамон ҷо рӯҳафтода шудам.

-  Орзу:    Ҳамаи он ҳодисаҳои дар он ҷо шуда ба шумо як мактаби буд.

- СафармухаммадЯк мактаби калон буд барои ман. Ба ҳамаи он одамоне, ки маро таклиф карданд, ба ҳамаи онҳо ташаккури зиёд мегуям. Барои мактаби беҳтарине, ки барои ман буд, ташаккур мегӯям.

-  Орзу:   Ва медонед дустони азиз ин шабеҳи он аст, ки гоҳ-гоҳ ба душманаш ташаккур мегӯяд, ки душмани варзид. Дар натиҷаи варзидани ҳамин душманӣ инсон обутоб меёбад. Барои худ сипар месозад. Ва ин ҳама хидмати душмани ӯст. Ва азизони дил ҳамин ҷо суҳбати мо бо Сафармуҳаммад ба анҷом мерасад. Як иштибоҳе мешавад агар ман аз Сафар як порчае аз он сурудҳояш зинда барои шумо насарояд. Суруди «Мерси ин замон»-ро мехостам сароед барои тамошобинон.

- СафармухаммадСуруди «Мерси ин замон»-ро месарояд. 

-  Орзу:   Овози хуб аст. Аз номи кулли мухлисон сипос мегӯем. Ва умед мебандем, ки нуфузи  мардуми тоҷикро ғайр аз озмуни «Silk Way Star» боз дар дигар озмунҳои байналмиллали баланд мебардорад, ва ном бардори номи тоҷик мегардад. Инҷо хайру хуш мекунем. Барномаи Ногуфтаҳо бо ҳамин ба анҷом мерасад. Хотиррасон мекунем, ки барномаи Ногуфтаҳо дар ҳамкори бо маркази мебели «Хонаи ман» таҳия гардид. Бо шумо хайру хуш мекунем, ҳамеша дар ҳавою ханаҳои тоза зиндагӣ бикунед, хайр!

Мусохибаи мазкур аз ютубканали Орзу Исоев гирифта шудааст.

Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru