Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Файзигул

Интервью: Ногуфтаҳо бо Файзигул

Ногуфтаҳо бо Файзигул

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Файзигул!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Файзигул!.

Суҳбати Орзу Исо бо Файзугул.


- Орзу: Дуруд тамошобинони азиз, дуруд ба ҳамаи алоқамандони барномаҳои ногуфтахо, хамеша бо шабакаи мо бимонед ва мо ҳамеша дархосту пешниҳодҳои шуиоёнро ба инобат мегирем. Имруз дар барномаи мо Файзигул Юсупова иштирок доранд.

- Файзугул Юсупова: Салом, Орзучон.

- Орзу: Ман саломи кулли тамошобинонро ба шумо мерасонам.

- Файзугул Юсупова: - Саломат бошанд, ман ҳамеша мухлисони азизро дуст медорам, ба ҳамаи тамошобинон танисиҳати таманно дорам!

- Орзу: Ягонбор бо шумо гуфтугӯи дил ба дил, чашм ба чашм накардем,  ин аввалину нахустин бор.

- Файзугул Юсупова: - Бале, ман бисёр хурсанд шудам, ки имруз ман дар барномаи ногуфтаҳо иштирок мекунам. Ман ҳамаи барномаҳои шуморо тамошшо мекунам. Ва имруз боз ҳам ташаккур мегуям. Ба дидоре, ки имруз дар як фазои Тоҷикистони биҳиштосо, зебо ва ҳавои тоза ҳамсӯҳбат ҳастем. Ман бовар кунед як моҳ боз аз хона набаромадаям, дар карантин будам. Имруз бо даъвати шумо боз ҳам ба берун баромадам.

Ман хамчун як модар, як зан гуфтани ҳастам, ки парвардигор ҳамин касалро аз Тоҷикистон нест кунад. Мо чи қадар рузҳои душворро паси сар кардем. Бовар кунед солҳои 90-ум, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд... 

– Сухани Файзигулро Орзу бурид. Ва сухан кард:

  • Орзу: Файзигул бубахшед ман сухани шуморо буридам, чун ёдовар шудем аз солхои 92. Он солҳо шумо хеле ҷавон будед. Ҷавонии шумо, қурбонии ҳамун солҳои бисёр сахту душвор буд.

Файзугул Юсупова: Бовар кунед, Орзуҷонако ман ҳамун солҳоро ба ёд меорам! Дар бисёр барномаҳо маро суол мекунанд дар ҳамин чиз! Як ҷасорате доштам ки тарс надоштам. Хозир, ман тарсу ваҳм дорам дар дил.

   Дар кадом барномае, ки иштирок намекардам дар он ҷойҳо силоҳбадастон буданд. Факат аз Худованд талаб мекардам, ки оё ман ба хона зинда мерам ё на? Агар ба хона марафтӣ, медоштанд мошинро, мефароварданд. Мепурсиданд аз кучо Дар ҳар ҷо шеваро дигар мекардем.

Ҳамин вақтҳоро паси сар кардем. Он вақтҳо масалан ёд дорам, ки духтараки ҷавон будам, дар Кохи Борбад ки толори боҳашамат буд, дар як моҳ ҳатто ду конқерт медодам.

  • Орзу: Номи консерт ба номи Файзигул буд? Тамоми шаҳр ба по мехест ва ҷониби Корхи Борбад мерафт?

Файзугул Юсупова: Файзигул некин баромад мекарду Орзуҷон, мегуфт ки, оё ман зинда мемондошам ё на? Лекин бар замми ҳамаи дидаи ман ман нотарс будам.

  • Орзу: Файзигул ман боре шунидам, ки дар ҳамон давру замон, кадоме аз силоҳбадастон маҷбур шуморо ба худ зан карда гирифт? Аксари тамошобинони мо дар бораи ин ҳич иттилое надоранд. 
  • Файзугул Юсупова: Орзуҷон, хаминқадар солҳо ба ман ин суолро медоданд ман посухе намедодам, мегурехтам. Вале имруз барномаи мо, ки барномаи ногуфтаҳо ҳаст. Ман мехоҳам, ки посухи ин суолро ҳамин бинандаҳо бидонанд.

Соле, ки ман дар Кохи Борбад консерт медодам. Дар саҳна баромад мекардам, вақте, ки ба ивази либос мерафтам, ва дар он ҷо силоҳбадаст омаду ба ман гуфт: - Файзигул дар тафи дасти чап як қумандон нишастааст, ту суруд хонда ба назди у мерави. Ман гиря кардам.

Баъд ман ноилоҷ хонда – хонда рафтам. Ба пеши хамон қумандон рафтаму дастамро ба ӯ дароз кардам. Ӯ аз ҷояш хесту дасти маро қапид. Ман сурудамро хондан гирифтам. 

  • Орзу: Кадом суруд буд
  • Файзугул Юсупова: Суруди Алла Пугачова “Позови меня собой” буд. Ман ин сурудро дуст медоштам. Баромади ман бо ҳамин суруд сар шуд. Ман фикр кардам, ки худнишонтиҳи аст, консерт тамом шавад онҳо ҳам мераванд.
  • Орзу: Баъд чӣ?
  • Файзугул Юсупова: Баъдан консерт тамом шуд. Тамоми хешовандом дар берун интизор буданд. Ман ба берун баромадам. Лекин ягон нафари хешовандонро надидам. Маро ба мошин бор карданд. Баъд гиря кардам. Хаминқадар гиря кардам, илтиҷо кардам ки маро сар диҳед. Лекин сар надоданд. 

 Пагоҳ баромада рафтанд. Дар он хона янгаи он нафар буд.

  • Орзу: Баъдан фаҳмидед, ки ӯ кист? 
  • Файзугул Юсупова: Дар аввал нафаҳмидам, баъд фаҳмидам. 

Баъдан саҳар шуд, боз омаданд. Ҳамроҳ мулло оварданд, маро маҷбуран никоҳ карданд. Бовар кунед Орзуҷон қариб як сол на модар, на падар. Ягон касро намедидам. Дар ҳамон ҳавли фақат кор мекардам. Боре бемор шудам. 

  • Орзу: Тан додед ба тақдиратон.
  • Файзугул Юсупова: Не тан надодам, роҳ надошатам.
  • Орзу: Таҳдид мекард?
  • Файзугул Юсупова: Таҳдид мекард, мегуфт агар аз ман ҷудо шавӣ мекушам туро.
  • Орзу: Чӣ нақша доштед шумо?
  • Файзугул Юсупова: Мехостамки ҳамин қафас кушода шаваду ман бароям, парвоз кунам. Баъдан боре бемор шудам. Маро ба беморхона бурд. 
  • Орзу: Дар кадом беморхона?
  • Файзугул Юсупова: Дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат. Баъд омаду дар куҷои Душанбе, дар як хона маҳкам карду маро аз пуштам. Бедонамки дар тарафи аэропорт буд. Маро дар он хона як ҳафта гузошту, гуфт ман мебиём. Дар поён ду нафар муҳофиз монда буданд. 
  • Орзу: Аҳли оила намекӯшиданд, шуморо наҷот диҳанд?
  • Файзугул Юсупова: Аҳли оилаи ман ҳама ҳунарманд ҳастанд, ва ҳама метарсиданд. Як роҳи халоси ёфтам. Бо як кампири рус шинос шудам. Аз он тараф муҳофизон надоштам. Бо ӯ шинос шудаму гиря кардам. Ҳатто русиро намедонистам, кам медонистам. Он кампири рус трубкаи телефониро ба швабра бастаю ба ман равон карду баъд пурсид, ки ягон кас дорам ки ӯ ба онҳо занг занад. Баъд ман ба онҳо номери телефон додам. Занг  задам.
  • Орзу: Шумо ба кӣ занг задед?
  • Файзугул Юсупова: Ман ба як бародарам занг задам, ки ҳ то ҳол намехоҳад, ки коми ӯро дар ягон ҷо муаррифи кунам. Занг задам ҳамсояам буд. Занг задам, ки Ака илтимос маро раҳо кунед. Ман намедонам, ки инҷо куҷо ҳаст.   Баъд гуфт, ки телефонро ба он писразан бидеҳ. Он пиразан адресро ба ӯ фаҳмонд.
  • Орзу: Баъд омаданд ҳамон кас?
  • Файзугул Юсупова: Баъд омаданд, бо швабра ба ман варақи дароз доданд. Гуфтанд, ки раҳо ёфтани туро фақат президенти кишварамон метонад. Чизе, ки мехоҳи ба номи президент нома навис. Чизе, ки тавонистам ба он варақ бинавистам. Баъд ҳамон бародар гирифта мактуби маро расонданд. Баъд аз як ҳафта аз тарафи Ҷаноби Олӣ маро раҳо карданд. 
  • Орзу:  Он шавҳаре, ки шуморо маҷбурӣ зан кард ҳеч чизе нагуфт?
  • Файзугул Юсупова: Гуфт аз ман чӣ мехоҳӣ. Ман гуфтам, ки фақат озодӣ мехоҳам. 
  • Орзу:  Файзигул, вале он саду садоҳое, ки дар миёни мардум пайдо шуд, ба ман гуфтанд, ки аз ҳисси рашк ба пои шумо тир заданд?
  • Файзугул Юсупова: Не ин рост нест, ӯро баъди 15-20 рӯз ӯро боздошт карданд. Ман дигар ӯро надидам. 
  • Орзу: Мехостед бубинед?
  • Файзугул Юсупова: Не, медидаму мегурехтам.
  • Орзу: Шумо дар давоми ин ҳама муддати зану шавҳари натовонистед ӯро дӯст бидоред?
  • Файзугул Юсупова: Не, натавонистам. Барои ман муҳим факат санъатам, озодӣ муҳим буд. Некин як моҳ озод будам. Аз маърака омадаму дар хона хоб будам. Апам бо ҳамроҳи язнаам барои нигоҳубини духтарчаам омаданд. Аз маърака омада хоб будаму, пагоҳ саҳар ман худи ноҳияи Шуробод сафар мекардам ба маърака. Соат 2 - йи шаб буд, монда хоб будам. Як кас омаду ба кифтам зад. Ман фикр кардам, ки рӯз шуд, ман бояд ба маърака равам. Чашмонамро кушодам ва ниго кардам, ки як одам бо маскаи сиёҳ, дар даст тапонча истодас. Гуфт овоз набарор аз ҷояд хез. Баъд рафтам, хай хонаи майда 2 ханагӣ буд. Баъд рафтему дарунӣ ҳоҷатхона ниго кардам, ки дар ҳоҷатхона янгаам нишастагию, аз сараш хун мерезад. Ва маро ҳам дароварданд. Фақат як овоз мебаромад, ки лом биёр-лом биёр. Баъд овози садои сандуқ баромад. Он вақтҳо сандуқ доштем. Аз ҳамунҷо маблағҳое, ки ман бо заҳмату меҳнат чамъ карда будам гирифтанд. Ҳамаро гирифтанд. Дарро кушоданду, маро аз сарам кашида берун бароварданд, ба сарам як чанд бор заданд, ин ногуфтанӣ ҳаст. Баъдан апаам ҳаминхел гиря мекунадки, апамро сар диҳед. Чизе, ки мехоҳед баред, апаамро назанед. Ба хона дароварданд. Овози баланди тир шуд. Ман ҳатто нафаҳмидам, ки ба пои ман тир заданд. Гушамро қамидаму, гиря кардам. Дарамро аз пушт маҳкам карданду, фаромада рафтанд. 
  • Орзу: Чанд нафар буданд?
  • Файзугул Юсупова: 5 – нафар буданд. Хаминро медонам, ки аз ҷой хестаму дидам ваҳ маро парондиянд гуфтам. Аз ҳуш рафтам. 
  • Орзу: Фақат пул гирифтанд?
  • Файзугул Юсупова: Фақат пул гирифтанд. Баъд дар беморхона хоб рафтам. Боз аз саҳна дур мондам. 
  • Орзу: Ҳоло дигар азият намедиҳад ин захм?
  • Файзугул Юсупова: Албатта азият медиҳад. Вақте, ки ҳаво хунук мешавад дард мекунад. Ман шукр гузор ҳастам, ки мо занҳо озод ҳастем.
  • Орзу: Шумо чанд фарзанд доред ҳоло?
  • Файзугул Юсупова: Ман соҳиби 5 фарзанд ҳастам.
  • Орзу: Баъдан издивоҷ кардед?
  • Файзугул Юсупова: Не ман аз хонаи ятимон 2 писаракро гирифта ба воя расондам. Баъд писари апаамро низ калон карда будам.
  • Орзу: Чаро апаатон фарзандонашонро худ ба воя нарасонданд?
  • Файзугул Юсупова: Апаам бемор буданд. Фарзанди апаамро ҳисоб намекунам. 1-ум фарзандам аз якум шавҳарам, 3 фарзанд аз они худам буданд. 2 нафар писароне, ки ман ба воя расондам, ҳоло соҳиби фарзанд ҳастанд. Шукрона мекунам, ки 5 набера дорам. 
  • Орзу: Ҳоло мақоми шавҳари Файзигулро, ки ишғол мекунад?
  • Файзугул Юсупова: Ягон нафар. Ба ягон нафар боварӣ надорам.
  • Орзу: Шояд ягон нафаре пайдо гавад, ки куллан шуморо  ошиқ бикунад.
  • Файзугул Юсупова: Ин насиб. Ба ин ҳеҷ чӣ гуфта наметавонам.
  • Орзу: Инҷо суҳбати мо ба анҷом мерасонад бо Файзигули ҳамешабз, ҳамеша рӯшан. Хаста набошед, хушомадед ба барномаи мо. Ва боварӣ дорам, ки дар барномаҳои оянда таклифотҳои моро мепазиред. Мунтазирӣ боз омаданӣ шумоем!
  • Файзугул Юсупова: Саломад бошед, бори дигар!
  • Орзу: Хайр тамошобинонӣ азиз,  ин буд сӯҳбати мо Файзигул. 
  • Мусохибаи мазкур аз ютубканали Орзу Исоев гирифта шудааст.
Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru