Авторизация
» » Ман бо писари Том Круз танхо дуст мебошам

Интервью: Ман бо писари Том Круз танхо дуст мебошам

Ман бо писари Том Круз танхо дуст мебошам

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ман бо писари Том Круз танхо дуст мебошам!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ман бо писари Том Круз танхо дуст мебошам!.

Карина Комил

Карина Комил бонуи ҳунар ва зебоист. Ӯ дар муддати кӯтоҳ бо  сурудҳои ҷаззобу дилнишин ва клипҳои диданӣ байни мардум шинохта гардида, мухлисони худро пайдо намудаст. Карина Комил дар саҳифаи “Инстаграм”-и хеш бо гузоштани расми намунавие, ки аз пазируфта шудани вай ҳамчун симои сомонаи “OHANG.TJ”хабар медиҳад, чунин навиштааст: “Дӯстон, ман кайҳо боз сомонаи мусиқавиеро ҷустуҷӯ мекардам, то аз он ҷо сурудҳои тоҷикиро гӯш кунаму зеркаш намоям ва дар охир пайдо намудам, ки он “OHANG.TJ” мебошад”.
Ин ҳофизаи хушовози тоҷик айни ҳол дар шаҳри Дубай қарор дошта, вале аслан дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия зиндагӣ мекунад. Мо бо мақсади ошноии хубтар бо ҳаёту фаъолияти Карина Комил тариқи вайбер суҳбат намудем, ки муҳтавои онро барои хонандагони “OHANG.TJ” пешкаш мегардонем.
Саидсултонхон Саидғанизода: Ассалому алайкум, мехоҳам суҳбатамонро аз хабарҳои тозае, ки оид ба зиндагӣ ва фаъолияти Шумост оғоз намоем.
Карина Комил: Салом алайкум, аввалин хабари мароқангез ин аст, ки клипи навам баромад. Ҳамчунин гуфтан мехоҳам, ки ба шаҳри Сан-Франсиско рафта будам ва ҳамроҳи дугонаам дар як шабнишинӣ иштирок кардам. Он ҷо писари Том Круз менавохт ва мо бо вай шинос гардида, якҷоя расм гирифтем. Ман он расмро дар саҳифаи инстаграми худ ҷой дода, номи Коннор Крузро ишора намудам. Баъди он, ВАО-и Амрико навиштаанд, ки гӯё ман бо Коннор Круз вомехӯраму муносибат дорам, вале ингуна нест. Ман бо писари Том Круз танҳо дӯст мебошам ва то ҳол суҳбат мекунам, аммо пас аз он воқеа дигарбора ба Амрико парвоз накардаам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Бисёр хуб, шумо дар куҷо ва чи хел оила ба дунё омадед?
Карина Комил: Падару модарам дар Россия ба дунё омадаанд ва ман низ 5-уми март солашро намегӯям (механдад) дар шаҳри Краснокамски Россия таваллуд шудаам. Ҳангоми чордаҳсолагиам волидонам маро ба хонаи бобоям, ки дар шаҳри Душанбе мебошад, фиристоданд ва ман дар ин шаҳр якчанд сол зиндагӣ карда, забони тоҷикиро омӯхтам. Чунки падару модарам бо забони тоҷикӣ гап намезаданд. Падари ман варзишгар (хоккеист) ва модарам муаллимаи забони русӣ мебошанд. Ташаккур ба модарам, ки аз кӯдакиам мехост дар ҳама намуди соҳаҳо худро кам кам санҷида бинам ва ба худам писандашро интихоб намоям. Ниҳоят, ҳофиза шуданро интихоб кардам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Карина Комил, оид ба ному насабатон чӣ гуфтанӣ ҳастед?
Карина Комил: Номи аслиам Карина буда, Комил номи падарам аст. Ӯро хеле дӯст медорам. Ман хоҳари калонӣ ҳам дорам, ки номаш Комила мебошад. Афсӯс, ки ҳамин номро ба ман нагузоштанд (механдад). Ба ман чизҳои ғайриоддӣ маъқул аст. Бинобар ин хостам, ки дар насабам номи падарамро ҳамчун тахаллус қабул намоям.
Саидсултонхон Саидғанизода: Беҳтарин! Чӣ сабаб шуд, ки ҳофиза шудед?
Карина Комил: Аз хурдӣ ба санъат шавқу рағбат доштам. Дар айёми чордаҳсолагӣ бо дугонаҳоям реп мехондем, дар озмуну чорабиниҳои давлатӣ иштирок мекардем ва машҳур гашта будем. Тибқи гуфтаи модарам, ӯ низ дар вақташ мехостааст, ки ҳунарпеша шавад, вале модараш розӣ нагардидааст. Модарам зани замонавӣ ва фарҳангдӯст буда, эҳсоси хуби интихоби мӯдро дорад. Бародарам ҳам дар яке аз гурӯҳҳои рокӣ ҳамчун таббол (нақорачӣ) фаъолият мебурд. Хулоса, оилаи мо оилаи санъаткор мебошад. Бояд бигӯям, ки якуним сол пеш консерти Мино дар шаҳри Москва шуда буд. Дар консерти мазкур бо ҳофиз ва бастакори ҷавон Руслани Умарзод вохӯрдам. Маҳз ӯ барои ҳофиза гардидану дар ин ҷода фаъолияти ҷиддиро сар карданам сабаб шуд. То имрӯз бо Руслан ҳамкорию дӯстӣ дорам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Дар санъат киро устоди хеш меҳисобед?
Карина Комил: Устоди ман Руслани Умарзод буда, то ҳол ба ман ёд медиҳад. Бисёр вақт занг зада мегӯяд, ки Карина чӣ кор карда истодаӣ? Машқ кун! Кор надорӣ? Доим суханаш ҳаминхел аст (механдад).
Саидсултонхон Саидғанизода: Ғайр аз Руслани Умарзод боз бо киҳо ҳамкорӣ доред?
Карина Комил: Ман танҳо бо Руслан ва дӯсташ Шоҳрухи Соҳиб, ки ӯ низ бастакори сурудҳоям ба ҳисоб меравад, ҳамкорӣ мекунам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Консерти шумо кай барпо гашта буд?
Карина Комил: Консерти ман ҳамроҳи Руслани Умарзод 15-уми декабр, пеш аз соли нави 2018 баргузор гардид, ки дар он 12 сурудамро пешкаши мухлисон кардам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Нахустин сурудатон кадом аст?
Карина Комил: Якумин суруди ман бо номи “Ҷон лай лай” мебошад, ки аз ҷониби шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов ва Муқаддас Набиева иҷро гардида буд. Мо ин сурудро бо Руслани Умарзод дуэт хондем.
Саидсултонхон Саидғанизода: Сурудҳое, ки шуморо машҳур карду ҳама бо номи Карина Комил шинохтанд, кадом сурудҳост?
Карина Комил: Ба фикри ман суруди “Ҷон лай лай”, барои он ки ин сурудамро  аз “Ютуб” зиёд тамошо кардаанд. Инчунин ба ман занг зада мегӯянд, ки суруди “Тоҷикбача” хеле маъруф мебошад. Аз он лиҳоз, ки ман дар Тоҷикистон нестам ҳаминхел баҳо медиҳам, ки ҳамин ду суруд маро шинохта кард.
Саидсултонхон Саидғанизода: Ягон асбоби мусиқиро навохта метавонед?
Карина Комил: Бале, скрипка навохта метавонам. Ман 4 сол бо скрипканавозӣ машғул шудаам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Кадом корҳоро дӯст медоред ва ғайр аз ҳофизагӣ ягон ихтисос ҳам доред?
Карина Комил: Ман аксбардорӣ, ороишу зебоиро дӯст медорам ва ҳамаи ин корҳо барои ман мебошад. Аз сабаби он ки дар суратгирӣ ва озмунҳои зебоӣ бисёр ширкат меварзидам, гумон мекунам, ки ин корҳо роҳи ҳаёти ман шудааст. Ман соҳиби маълумоти олӣ буда, донишгоҳи давлатии Томскро аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардаам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Олӣ! Шумо гуфтед, ки волидонам ва ман бо забони тоҷикӣ не, балки бо русӣ гуфтугӯ мекунем. Пас, барои чӣ бо забонӣ русӣ суруд намехонед?
Карина Комил: Ҳамеша дар Тоҷикистон ҳузур надошта бошам ҳам, суруду мусиқии тоҷикӣ намегузарад, ки ман тоҷикиро фаромӯш намоям. Забони тоҷикӣ, суруду зарбҳои тоҷикиро дӯст медорам ва аз ин рӯ, бо забони тоҷикӣ суруд мехонам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Аз сарояндаҳои тоҷик киро бештар гӯш мекунед?
Карина Комил:Аз сарояндаҳои тоҷик зиёдтар сурудҳои Шабнами Сурайё ва Зулайхо Маҳмадшоеваро гӯш мекунам. Сурудҳои онҳо ба дили ман мебошад.
Саидсултонхон Саидғанизода: Киро идеали худ меҳисобед?
Карина Комил: Дар зиндагиам идеали ман ин модарам аст.
Саидсултонхон Саидғанизода: Дар кадом жанрҳо суруд мехонед ва ё хондан мехоҳед?
Карина Комил: Ман имрӯзҳо дар жанри халқӣ месароям ба мисли суруди “Тоҷикбача”, ки ҳама медонанд. Ба наздикӣ боз як суруди навро бо номи “Ҷӯраҷон” дар жанри мазкур ҳамроҳи Руслани Умарзод омода карда истодаем, ки клипашро дар Тоҷикситон  сабт хоҳем кард. Албатта, ман чизҳои халқиро чун лоиҳаи тиҷоратӣ фурӯхта метавонам ва инчунин одамон дӯст медоранд, лекин ба назарам дар мусиқӣ навгониҳо пайдо шавад хуб аст.
Саидсултонхон Саидғанизода: Шумо бо варзиш машғул мешавед?
Карина Комил: Ба ман тамошои футбол писанд аст ва ҳатто барои дастаи футболамон “Истиқлол” суруд ҳам сароидаам, ки он дар бозиҳои даста садо медиҳад. Ифтихор мекунам ва хеле хуш аст, ки суруди ман ба чунин қуллаи баланд баромадааст. Алббата, ман бо варзиш машғул мешавам, давидану ба толори варзишӣ рафтанро дӯст медорам. Дар ин рӯзҳо худро маҷбур карда истодаам, ки шиновариро омӯзам, зеро он ба саломатӣ муфид аст.
Саидсултонхон Саидғанизода: Кадом хислати одамиро намеписандед?
Карина Комил: Дӯст намедорам, ки ягон кас дурӯғгӯйи кунад. Ҳатто ба мақоле, ки “Дурӯғи маслиҳатомез беҳ зи рости фитнаангез” мебошад, бовар надорам. Зеро гумон аст, ки дар ин дунё як дурӯғи маслиҳатомез бошад. Одаме, ки ба ман дурӯғ гуфт бахшида наметавонам.
Саидсултонхон Саидғанизода: Аз чӣ метарсед?
Карина Комил: Аз гум кардани шахсони наздикам метарсам, ки ин бисёр даҳшатовар аст.
Саидсултонхон Саидғанизода: Шумо оиладор ҳастед?
Карина Комил: Ман ҳозир дар як давраи зиндагӣ қарор дорам, ки бояд аз пайи рушду инкишофи ҳунару кори худ бошам. Ба ин хотир, наметавонам, ки барои оиладоршавӣ вақт ҷудо намоям. Мумкин дар сисолагӣ бо шумо дар бораи оила, шавҳар ва фарзандон суҳбат намоям.
Саидсултонхон Саидғанизода: Барои хонандагон ва мухлисони сомонаи “Оҳанг.тҷ” чӣ гуфтаниҳо доред?
Карина Комил: Чуноне ки гуфтам, ман ҳамеша дар Тоҷикистон нестам ва ҳам наметавонам, ки аз “Ютуб” сурудҳои тоҷикиро бинам. Ман кайҳо боз сомонаеро ҷустуҷӯ мекардам, то аз он ҷо сурудҳои тоҷикиро гӯш кунаму зеркаш намоям. Ташаккур мегӯям ба созандагони “OHANG.TJ”, ки сомонаи мазкурро рӯйи кор оварда, дастрасии мусиқии тоҷикиро барои онҳое, ки мисли ман дар хориҷ аз ватан зиндагӣ мекунанд, боз ҳам осонтар намуданд.  Ба шунавандагони мусиқӣ шунидани мусиқиҳои хубу хушсифат, пайваста дар мавҷи мусиқиҳо будан ва табъи хуш доштанро хоҳонам!
Саидсултонхон Саидғанизода: Ташаккур, хушҳолем аз суҳбати гарму самимӣ! Барои шумо низ эҷоди нав ба нав, парвозҳои баланд ва дар зиндагӣ муваффақ буданро орзумандем!

Сӯҳбаторо: Саидсултонхон Саидғанизода

Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru