Image Alt Text


Дар олами санъат будан ба қалби  инсон  оромиш мебахшад. Сарояндае, ки меҳмони навбатии  сомонаи Ohang.Tj аст, хеле чавон мебошад ва бар замми ҷавон буданаш, аллакай дар роҳи санъат қадамҳои устувори хешро гузоштааст. Ӯ аз сӯзи дили ошиқон, аз нолаи қалби хунчакони дилдодагон месарояд. Дилшод Зоиров  дар таърихи 17- уми майи соли 1993 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд чашм ба олами хастӣ кушодааст. Соли 2000 -ум қадамхои нахустини худро ба мактаби рақами 23-и зодгоҳаш мегузорад. Баъди хатми муваффақонаи мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи Политехникии ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ месупорад. Донишгоҳро соли 2015 ҳамчун мутахассиси соҳаи меъморӣ хатм намуда, боз ҳам барои идомаи таҳсил ба магистиратураи ҳамон донишгоҳ дохил мешавад. Алҳол хатмкунандаи  донишгоҳи мазкур мебошад. Мо, кормандони сомонаи Ohang.Tj бо ин сарояндаи ҷавону умедбахш сӯҳбате оростем, ки алъон онро тақдими шумо мегардонем.


Юлдузой: Салом бародари гиромӣ! Дар ибтидои сухан, миннатдории хешро баён менамоем, ки ин лаҳза ҳамсухбати мо гардидед.

Дилшод Зоиров: Ташаккур, ман низ хеле шодам, ки бо Шумо ҳамсухбат ҳастам ва омодаам, ки  ба суолхоятон посух гуфта бошам.

Юлдузой: Хуб, чӣ боис гардид, ки маҳз ҷодаи санъатро интихоб кардед. Чун медонем, ки  Шумо мутахассиси дигар соҳа ҳастеду дипломе, ки дар даст доред, ба санъат алоқамандие надорад?

Дилшод Зоиров: Оилаи мо оилаи санъаткорон аст, гарчанде падарам санъаткор нестанд, вале бобову амакам  пешаи санъатро интихоб кардаанду санъаткор хастанд. Аз хурдӣ дар фазои созу мусиқӣ ба воя расидаам. Шояд ана ҳамин муҳит боис гардид,ки ман овозхон шавам.

Юлдузой: Вақте устод мегӯем, ба назари мо симои нафаре ҷилвагар мегардад, ки дар роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ  моро ба равшаниву осониҳо роҳнамоию ҳидоят кардааст. Дар ҷодаи санъат киро устоди худ меҳисобед?

Дилшод Зоиров: Он нафаре,ки ба ман нозукиҳои санъатро омӯзонидаанду дастгириям намудаанд ва сабабгори  вориди саҳна шуданам гардидаанд, устодам  Илҳомҷон Зоиров мебошанд. Инчунин, ногуфта намонад, ки  Акрам Шарипов низ ба ман ҳаққи устодӣ доранд, ки аз ҳардуяшон ҳам як ҷаҳон миннатдорам.

Юлдузой: Вақтхои охир ба мушоҳида мерасад, ки  бархе аз сарояндагон барои як суруд омода намудан, аввал оҳангро тайёр мекунанду баъд шеърро интихоб. Шумо кадомашро ба мадди аввал мегузоред?

Дилшод Зоиров: Нафаре, ки дар дил нисбати санъат шавку рағбати зиёд дорад,  ҳар як корро бо меҳр анҷом медиҳад. Ба фикри ман, шеърро интихоб накарда, оҳанг омода карда намешавад. Ман сараввал  шеърро интихоб мекунаму баъдан оҳангро.

Юлдузой: Дар зиндагӣ ҳар кас аз чизе метарсад, ҳамин тавр не? Мо фаҳмидан мехоҳем, ки Дилшод Зоиров аз чӣ метарсанд?

Дилшод Зоиров: Хеле суоли бамаврид додед, вале суолест,ки ҷавобаш мушкил... Ман дар зиндагӣ аз тӯҳмати ноҳақ сахт метарсам аз гум кардани ашхосе метарсам,ки бароям хеле азиз ҳастанд.

Юлдузой: Шумо зиёд сурудҳоеро месароед, ки ба мавзӯи ҷудоӣ бахшида шудаанд. Сабаб дар чӣ бошад? Оё аз касе бевафоӣ дидаед?

Дилшод Зоиров: Не аз касе бевафоӣ надидаам, ман танҳо дарди дили ошиқони ин замонаро месароям.  Чун, мутаассифона, тақрибан ҳамаи  дилдодагон дарду ғами ҷудоиро чашидаанд...

Юлдузой: Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки  оё Дилшод ошиқ ҳастанд?

Дилшод Зоиров: Бале, ошиқ ҳастам: ошиқи зиндагӣ, ошиқи зебоиҳои табиати биҳиштосои Ватан ва ошиқи касби худ.

Юлдузой: Пас аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Шумо ишқи нафареро (яъне ягон бонуеро) дар дил намепарваред?

Дилшод Зоиров: Дар зиндагӣ касе нест, ки ошиқи духтаре нашуда бошад, вале ман танҳо ва танҳо дар дилам ишқи касбамро мепарвараму дар замирам ишқи санъат ҷӯш мезанад.

Юлдузой: Шумо он рӯзеро дар ёд доред, ки нахуст дар саҳна суруд сароида будед?

Дилшод Зоиров: Албатта, он рӯз, дар ҳақиқат ҳам рӯзи фаромушнашавандаи ҳаёти ман буд, он замон 6- сола будам (соли 1999) ва дар чорабинии  Наврӯзии шаҳри Конибодом суруд сароида будам, ки ҳаргиз аз ёдам намеравад.

Юлдузой: Овозаҳоро гирди номатон чӣ гуна қабул мекунед?

Дилшод Зоиров: Овоза ин танҳо овоза асту халос ва ҳеч аҳамияте барои ман надорад, зеро гирди номи санъаткор хоҳ нохоҳ овозаҳо паҳн мешаванд.

Юлдузой: Идеали Шумо кист? Ба кӣ монанд шудан мехохед?

Дилшод Зоиров: Ман ба касе монанд шудан намехохам. Дар роҳи санъат ҳар нафар роҳу равиши худро дорад, аз ин лиҳоз, ман низ мехоҳам, ки аудитория Дилшодро бо сабку услуби худаш шиносад.

Юлдузой: Дар фарҷом мехохем, ки таманниёти Шуморо нисбат ба сомона ва мухлисонатон шунида бошем.

Дилшод Зоиров: Пеш аз ҳама, миннатдории худро баён менамоям, ки маро даъват намудед, то ҳамсӯхбататон гардам. Барои тамоми кормандони сомона пешравию муваффақиятхоро таманно дорам. Бошад, ки бо гузоштани суруду оҳангхои тозаэъҷоди ҳофизон, дили хар нафареро, ки аз сомона истифода мекунанд,  шод гардонида бошед ва ман дар радифи ин суханҳо гуфтаниям, ки аз ҳамкорӣ бо сомонаи Шумо хеле фараҳмандам.

Юлдузой: Ташаккур, ба Шумо низ таманно дорем, ки дар ҷодаи санъат ба қуллаҳои баландтарин расида бошед ва то абад комёбиву нусрат ҳамқадаматон бошанд!

Суҳбаторо: Юлдузой Мирзоева ¦ Муҳаррир: Каримова Ш.

 

 

 

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    Ведутся технические работы
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня