НОВОСТИ / АФИША
Консерти Валичон Азизов Комментариев: 0Дата: 21.11.2016

Консерти Валичон Азизов Консерти Валичон Азизов

Паблик чат дар Viber Комментариев: 0Дата: 19.11.2016

Паблик чат дар Viber Паблик чат дар Viber

Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам. Комментариев: 0Дата: 12.11.2016

Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам. Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам.

Меҳринигори РУСТАМ: Ба наздикӣ бо Манижа Давлатова ҳамкориро оғоз намудем. Комментариев: 0Дата: 07.11.2016

Меҳринигори РУСТАМ: Ба наздикӣ бо Манижа Давлатова ҳамкориро оғоз намудем. Меҳринигори РУСТАМ: Ба наздикӣ бо Манижа Давлатова ҳамкориро оғоз намудем.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Комментариев: 0Дата: 06.11.2016

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нозими Юсуфзод (10 декабр) Комментариев: 0Дата: 05.11.2016

Нозими Юсуфзод (10 декабр) Нозими Юсуфзод (10 декабр)

Фотима Машрабова: Ба худам монанд шудан мехохам. Комментариев: 0Дата: 23.10.2016

Фотима Машрабова: Ба худам монанд шудан мехохам. Фотима Машрабова: Ба худам монанд шудан мехохам.

E-mail Рассылка Комментариев: 0Дата: 19.10.2016

E-mail Рассылка E-mail Рассылка

Гуласал Пулотова (Мусоҳиба) Комментариев: 0Дата: 16.10.2016

Гуласал Пулотова (Мусоҳиба) Гуласал Пулотова (Мусоҳиба)


Добрый деньДобрый вечерДоброй ночи, Гость!

ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА:

ИКРОМ ИСЛОМИ (Мусохиба)

  • Автор: admin
  • Дата: 18.04.2016
  • Просмотров : 867
  • Коммент: 0

ИКРОМ ИСЛОМӢ: «Устоди аввалинам магнитафон мебошад…»

Суруду мусиқии дилнавоз аз давраҳои қадим рӯҳнавози мардум буду ҳаст ва мемонад. Имрӯзҳо дар саҳнаи ҳунари ҷаҳон миллионҳо сарояндагони номӣ бо оҳангҳои марғубу гӯшнавоз дар қалби мухлисон ҷой доранд. Чун ситораҳои тобноки эстрада муаррифӣ шудаанд. Дар ин радиф сарояндагони ватанӣ низ дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи махсусро касб кардаанд. Оҳангҳои дилнишини бо лафзи ширини тоҷикона матлуби ҳамагон аст. Яке аз ҳофизи шинохтаи мурдуми тоҷик, ки савту навояш пур аз эъҷози муҳаббат ва оҳангҳояш ҷаззобу дилфиребанд, Икром Исломӣ мебошад, ки айни ҳол дар арафаи қайди 20–солагии фаъолияти эҷодиаш қарор дорад. Алъон, кормандони сомонаи мусиқавии OHANG.TJ тасмим гирифтем, то бо ин сароянда сўҳбате ороем.

–Санъат ин неъмати Худованд буда, суруду мусиқӣ метавонад, дили ҳар шахсро таскин диҳад. 

Санъат чист ва санъаткор кист?

–Санъат ин ибодат аст. Инсон метавонад бо 3 восита ибодат намояд: бо роҳи дин, илм ва санъат. Вақте ки санъаткор рӯйи саҳна баромада, қарсақҳои баланди мухлисонашро мешунавад, дар дилаш муҳаббати бесарҳад нисбат ба санъат пайдо мешавад. Санъаткор бояд ба қадри санъати худ расад. Санъаткор бояд халқро тарбия намояд.

– Айни ҳол дар куҷо фаъолият бурда истодаед?

–Алҳол, дар театри давлатии мусиқавӣ мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси ҳофизи дараҷаи 1-ум фаъолият бурда истодаам.

– Барои маоши моҳонаатон қонеъ ҳастед?

–Маоши моҳонаи мо хуб аст, шукр. Аммо мо фақат ба даромади театр такя наменамоем, балки боз даромадҳои иловагӣ аз тӯйҳо дорем ва шукрона наменолам. (механдад)

– Назари Шумо ба овози зинда ва «фонограмма».

–Овози зинда овозест, ки равону форам ва мақбули ҳамагон аст. Овози зинда аз қаъри дили санъаткор садо дода мешавад. Аммо фонограммаро низ мо набояд нодуруст фаҳмем, зеро  ин низ дар мавридаш зарур аст. Мисол, ҳангоми ягон суруди шӯх сароидан мо бо ҳаракатҳои махсус мехонем, дар ин вақт воқеан  барои сароянда мушкил аст, дар ин вақт шунаванда фонаграммаро назар ба овози зинда бештар қабул мекунад, зеро бе ягон хато ба гӯш мерасад. Лекин мавқеи овози зинда дигар аст, агар ҳозир дар тамоми Тоҷикистон ҳамаи консертҳоро бо истифодаи фонаграмма манъ созанд, ман омода ҳастам, ки бо овози зинда гузаронам, чун аллакай ман худ оғоз намудаам.

– Аввалин суруди Шумо чӣ ном дошт ва мухлисон чӣ гуна қабул кардаанд?

–Агар фаъолияти эҷоди ман соли 1995 бошад, суруди аввалини ман соли 1996 бо «Модар» сароида шудааст. Мухлисон бо қарсҳои баланд қабул карданд, ки ин восита барои дучанд шудани илҳоми ман гардид.

Чанд сол муқаддам дар дастаи «Фариз» фаъолият мебурдед, чӣ сабаб шуд, ки ин гурӯҳ аз байн рафт ва фикри Шумо боси вайрон гаштани гурӯҳҳо?

–Гурӯҳи «Фариз» аз байн нарафт. Гурӯҳи «Фариз» ман, яъне Икром Исломӣ ҳастам,  фақат дӯстам Хуршед, ки ҳамроҳам суруд мехонд, аз санъат рафта, роҳи тиҷоратро пеш гирифт. Ва ҳозира гурӯҳҳое, ки аввал ташкил менамоянду сипас пароканда мешаванд, шояд онҳо ягон реҷаи худро дошта бошанд ва мехоҳанд мустақилан роҳи худро дар ҷодаи санъат пайдо намоянд.

– Сафарҳои ҳунарии Шумо дар куҷоҳо сурат гирифтааст?

–Бале, сафарҳои ҳунарии ман аз соли 2005 то инҷониб сурат гирифтааст. Ба шаҳрҳои Руссия, шаҳрҳои Дубай, Тошканд ва дигар шаҳрҳои  дунё рафта, клипҳо сабт намудаем ва барномаҳои консертӣ гузоштаем.

– Дар ҷодаи санъат киро устоди худ меҳисобед?

–Аввалин устоди ман магнитафон мебошад. Аз магнитафон сурудҳоро гӯш карда, азбар менамудам. Дар ҳамон давраҳо сурудҳои Андиро бисёр гўш мекардам ва дар пайравии он сурудхониро омӯхтам. Вақте ки сурудхониро оғоз кардам, албатта роҳи санъатро ба ман устодон Анвар Қосимов, Ҳасан Камол, дӯсти беҳтаринам, ки ман устод мешуморам Ҷамшед Исмоилов ва дигарон нишон доданд.

– Агар махфӣ набошад, чанд фарзанд доред ва нафаре аз онҳо касби падарро интихоб карданӣ ҳастанд?

–Ман се фарзанд дорам: Шаҳромхон, Шоҳинахон ва Исломхон. Айни ҳол Шаҳромхон ба навохтани фортопиано шавқ дорад, вале боз касби ояндаашро вақт нишон медиҳад. Ман фарзандонамро маҷбур намекунам, ки санъаткор шаванд. Муҳимаш мехоҳам онҳо ба қавле «аз кӯчаи одаму одамигарӣ» набаромада, соҳибкасб шаванд ва ба ҷомеа хизмат намоянд, фарқе надорад, онҳо кадом соҳаро интихоб менамоянд.

 Шиори Шумо дар зиндагӣ.

–Шиори ман дар зиндагї аз болои худ кор кардан аст. Кадом ҳофизе, ки як суруди олиҷанобро ба табъи мухлисонаш мерасонад, бояд аз ҳамон қонеъ нашавад, зеро суруди хубро мухлисон аъло қабул мекунанд, суруди хубтарро бошад, бештар истиқбол мегиранд.

– Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки ба наздикӣ бахшида ба 20-солагии фаъолиятатон консерте барпо мекунед. Ҳоло омодагӣ чӣ гуна рафта истодааст?

–Омодагӣ хуб аст, вале то санаи муайяншуда боз беҳтар мешавад, яъне ҳадафе, ки назди худ гузоштаам, иншоаллоҳ кӯшиш мекунам, бирасам. Мехоҳам табъи мухлисонам каме бошад ҳам болида бошад ва консерте, ки барпо мекунем, хотирмон гузарад.

– Ташаккури зиёд. Таманнои Шумо ба кулли мухлисон ва сомонаи OHANG.TJ

– Ба ҳамаи онҳо саломатї, шодии дил ва ба кулли мушкилиҳо барор мехоҳам ва бо суханони Ҳаким Саноӣ гуфтаниям:

Эй дӯст, сари меҳри мурооти ту дорам,

Эй давлати дил, хидмату тооти ту дорам.

Ҳоҷоти ту гар ҳаст, ба ҷону дилу динам,
Ҷону дилу дин аз паи ҳоҷоти ту дорам.

Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур, сурудҳои нави Шуморо интизорем, ба консертатон комёбиҳоро орзумандем.

–Саломат бошед!

Сӯҳбаторо: МАҲНОЗА ТӮХТАЕВА

 

Раздел: Мусоҳиба
ПОХОЖИЕ ПУБЛИКАЦИИ
КОММЕНТАРИИ НА САЙТЕ
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.