НОВОСТИ / АФИША
Консерти Валичон Азизов Комментариев: 0Дата: 21.11.2016

Консерти Валичон Азизов Консерти Валичон Азизов

Паблик чат дар Viber Комментариев: 0Дата: 19.11.2016

Паблик чат дар Viber Паблик чат дар Viber

Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам. Комментариев: 0Дата: 12.11.2016

Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам. Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам.

Меҳринигори РУСТАМ: Ба наздикӣ бо Манижа Давлатова ҳамкориро оғоз намудем. Комментариев: 0Дата: 07.11.2016

Меҳринигори РУСТАМ: Ба наздикӣ бо Манижа Давлатова ҳамкориро оғоз намудем. Меҳринигори РУСТАМ: Ба наздикӣ бо Манижа Давлатова ҳамкориро оғоз намудем.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Комментариев: 0Дата: 06.11.2016

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нозими Юсуфзод (10 декабр) Комментариев: 0Дата: 05.11.2016

Нозими Юсуфзод (10 декабр) Нозими Юсуфзод (10 декабр)

Фотима Машрабова: Ба худам монанд шудан мехохам. Комментариев: 0Дата: 23.10.2016

Фотима Машрабова: Ба худам монанд шудан мехохам. Фотима Машрабова: Ба худам монанд шудан мехохам.

E-mail Рассылка Комментариев: 0Дата: 19.10.2016

E-mail Рассылка E-mail Рассылка

Гуласал Пулотова (Мусоҳиба) Комментариев: 0Дата: 16.10.2016

Гуласал Пулотова (Мусоҳиба) Гуласал Пулотова (Мусоҳиба)


Добрый деньДобрый вечерДоброй ночи, Гость!

ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА:

Низомчон Азимов: Якум таронаам бо номи Модар

  • Автор: admin
  • Дата: 20.09.2016
  • Просмотров : 2653
  • Коммент: 0

Низомҷон Азимов 9 июли 1992 дар ноҳияи Шаҳристон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Низомҷон таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст.Соли 1997 аввалин кадамҳояшро ба даргоҳи илму фан ба Гимназияи 1 ноҳияи Шахристон гузошта баьдан таҳсилашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умуми 1 ба номи Камоли Хуҷандӣ  ноҳияи Шаҳристон идома додааст ва соли 2009 ин мактабро хатм карда худи хамин хол ба донишгохи саньати академик Бобоҷон Ғафуров шаҳри Хуҷанд дохил шудааст аммо соли 2012 худи аз хамин донишгоҳ ба дигар факултет яьне факултети забонҳои шарқ интиқол гирифт. Низомҷон аз хурди шавқу рағбат нисбати саньат дошт ки ҳоло яке аз ҳофизони машҳури Тоҷикистон мебошад.

     Заррина: Аввалан миннатдорем ки бо мо ҳамсуҳбат шудан розӣ шудед! Мехостам фаҳмам,ки фаолияти кориро дар соҳаи саньат аз кай оғоз кардед?
    
       
Низомҷон: Ташаккур ман фаолияти кориро соли 2014 дар телевизион ва радиои "Танин" дар шаҳри Хуҷанд оғоз кардам. Дар он ҷо ман як сол  ҳамчун ровӣ кор ва фаьолият кардам айни ҳол низ бо онҳо ҳамкори дорам  аз соли 2015 то ин ҷониб дар соҳаи саньат ҳамчун саньаткор кору фаолиятамро идома дода истодаам.

Заррина: Аввалин устоди Шумо дар роҳи саньат ки ҳастанд? ё ин ки буд?

Низомҷон: Аввалин устоди ман худи Модар ва Падарам мебошанд ва дар чодаи саньат ки ба ман ҳакки устоди доранд устод Шермуҳаммад Шерматов, ки дастгириҳои он кас барои ба чодаи саньат ноил гаштани ман роли бисёр бозид ва ман аз он кас минатдор ҳастам.

 

  Заррина:  Шумо нав гуфтед,ки тули як сол аст дар соҳаи саньат ҳастам аммо дар ин муддати кутоҳ дар дили садҳо нафар чой гирифтед,ба ин гуна дастовард чи тавр ноил гаштед ё....
       
             
Низомҷон: Ман аз хурди сахт орзу доштам ки ҳофизи шинохта шавам ва пайваста ба ин сайю кушиш мекардам шукри Худо ки шинохта шудам. Вакте ки ман ровиги мекардам аввалин кадамхо аз он ҷо оғоз гардид, наворбардори телевизиони "Танин" Рустам Ҳоҷибоев ва Даврон Турсунов ба соҳаи саньат ворид гаштанам саҳми беандоза доранд. Онҳо бо ман шабу руз кор мекарданд Мо якчоя тули як сол 5 клип ба набор гирифтем, ки хамаи ин клипхои ба наворгирифта ройгон буд. Дар байни суруди клипхо "Ишқи рафта" дар дили мардум ҷой гирифт, ки маҳз бо ҳамин суруд наонқадар бошад ҳам шинохта шудам.
      


       Заррина: Суруди аввалини Шумо ҳамин ишқи рафта буд,ки бо ҳамин шинохта шудед?

          Низомҷон: Не суруди аввалини ман суруди "Модар" буд баьдан "Нигорам" ин суруди сеюмин буд. Соли 2014 дар суруди сол,ки дар шаҳри Хучанд дар кохи Абу Абдуллоҳи Рудакӣ баргузор гардид бо суруди "Модар" иштирок  карда будам.

         Заррина:  Аллакай шумораи сурудҳои шумо руз то руз афзудааст. Савол ба миён меояд,ки матни сурудҳоятонро худ менависед ё аз шеьрҳои шоирон истифода мебаред?

                 Низомҷон: Матни сурудҳои маро дусти наздикам дар ноҳияи Айни  Виру Алиев менависад. То ҳол низ вай менависад.

            Заррина: Медонед чи?ман дар як чи дар ҳайратам, ки шумо саньаткор шудан мехостед аммо донишгоҳро хатм накарда ба дигар факултет яьне забонҳои шарқ интиқол гирифтед ва боз баьди хатм ба магистратура ДДТТ (ТГУК) ҳуҷҷатҳои худро супоридед?

            Низомҷон: Бо баьзе сабабҳо аз факултети саньат ба шарқшиносӣ интиқол гирифтам аз ин пушаймон нестам чун ки дар ин факултет бисёр чизҳоро омухтам.Ба саньат дер намешавад боз  ҳуҷҷатҳоямро ба факултети саньат супоридам.

            Заррина:  Ба фикрам дар дили мухлисонатон як савол ҳаст ки Низомҷон Азимов оиладор бошад ё на?

           Низомҷон: Не айни ҳол муҷаррад ҳастам ва алббата  падару модарам касеро интихоб кунанд интихоби ман чунин аст ....

           Заррина: Бисёри ҳофизонро медонам ки ошиқ шуда баьдан ба соҳаи саньат ворид шудагиян инро аз шумо бараксро мебинем.
  
             
Низомҷон: Ман аз хурди орзуву ҳаваси ҳофиз шуданро доштам.Ҳофизонро дида ҳавас мекардам баьди он ки ба орзуям расидам ҳушу ёдам факат дар клип куниву оҳанг созкуни буд.

 


          


         Заррина: Низомҷон Азимов чи нақшахо дорад дар ин замони истиқлолият?
       
           
Низомҷон: Бояд қайд кард рузи 25 сентябр дар анфитеатри  Арбоб консерти калон барпо карда истодаем ки ин консерти 6-умин дар тули як сол мебошад. Се консерти ман ройгон буд.

         Заррина: Кариб ки ҳамаи сурудҳои шумо бо дастгири дустонатон мебошад ва боз 3 консерти ройгон барпо кардагиед.Ба фикри ман хамаи сурудҳоятон ройгон омода мешаванд ё ман хато кардам? 

          Низомҷон: Барои суруд кардан ба микдори муайян маблаг сарф мешавад  барои клип омода сохтан кардан низ чунин маблаги муайян меравад. Ман ҳамин моҳи омадаистода 3 то 6 октябр ба давлати Ӯзбекистон сафар дорам барои клип омода сохтан ба суруди "Модар 2017" ва як чанд сурудхои дигар ки худи аранжировкаи хамон сурудхо  дар шаҳри Тошкент дар студияи Tarona.Recrods омода шуда истодааст.

Заррина: Ohang.tj дар ҶТ ягона сомонаи таронаҳо аст. Ба андешаи ман шумо бо ин сайт ҳамкори доред. Ҳамкориро кай оғоз кардед ва дар бораи ҳамин сомона чи гуфтан метонед?

        Низомҷон:  Тули як сол аст ки бо Ohang.tj аз рузе,ки бо маьмурияти сомона Абдуҳакимҷон шинос шудам, ҳамкори дорам суруду клипҳои ман пайваста тариқи реклама пахш мегардад. Вақте ки ман вориди ин сомона мешавам сурудҳои нав ба нави ҳофизонро гуш мекунам  Ohang.tj интихоби муваффақ...

 

 

 Аз Худованд бароятон қуввати зиёд ва азму иродаи қавиро талабгорем!

        Сипоси беандоза,барои Шумо низ тозаэҷодкориҳо хоҳонам!


                                  Сӯҳбаторо   Зарринаи Ғайрат

Раздел: Мусоҳиба
ПОХОЖИЕ ПУБЛИКАЦИИ
КОММЕНТАРИИ НА САЙТЕ
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.