Image Alt Text


Инсон дар зиндагӣ худ мӯъҷизаи нотакрори офаридаи Худованд аст. Аммо боз нафароне ҳастанд, ки бо рафтору кирдор ва рангу ҷилои ғайриоддии худ аз дигарон фарқ мекунанд ва байни мардум маҳбубияти хосаеро соҳиб гашта, онҳоро сӯяшон моил менамоянд. ОЛИМҶОН МАҲМУДОВ аз зумраи чунин ҳунармандонест, ки тӯли фаъолияти 20-солаи ҳунарии хеш садҳо нигоҳҳо ва ақлҳоро сӯяш хондааст. Ӯ дар 20-соли дар соҳаи санъат буданаш пастиву баландиҳои санъатро дида унвони аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Дар баробари ин дар Кохи Рӯдакӣ ба ҳайси роҳбари мусиқӣ кор мекунад ва дар ансамбли "Садои Суғд" хамчун сароянда фаъолият дорад. Дар мактаби Лоиқ Шералӣ, ки худ сабақ гирифтаи ҳамин муассиса аст ба шогирдонаш сабақ медиҳад, лек то хол худро шогирд меҳисобад.
     Олимҷон Маҳмудов зодаи Хуҷандшаҳр буда, рӯзи охирони моҳи майи соли 1979 чашм ба олами ҳасти кушодааст. Мактаби №17-и Ҳаким Карим таҳсили ибтидоиашро гирифта, дар даврони мактабхонӣ дар муассисаи санъати №1-и Лоиқ Шералӣ таҳсил гирифтааст. Аввал дар донишкадаи санъати Содирхон Ҳофиз дониши мусиқиашро сайқал дода, баъдан дар факултаи санъати ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров дохил шуда таҳсилашро идома додааст. 


Заррина: Салом Олимҷон Маҳмудов, мусоҳиби Шумо аз сомонаи мусиқавии OHANG.TJ

Олимҷон Маҳмудов: Салом ба аҳли OHANG.TJ Мамнун ва сарфароз ҳастам, гуш мекунам.

Заррина: Хостам сӯҳбатамон аз пояи аввали ба санъат вуруд омаданатон оғоз шавад. Нахусттаронаи Шумо бо кадом унвон, кай тавлид гардид? Ба кӣ бахшиденаш?

Ай ёре ман, бе ҳамтои ман, чашмон сиёҳ. 
Дар ҳиҷри ту сӯхтам ман, ай ёри бевафо.
Дар васфи рӯят сароям, таронаҳо. 
Дар тору пудам туи мисли ғазалҳо. (бо як завқу майл мехонад)

Олимҷон Маҳмудов: АЙ ЁРЕ МАН!!! Чизи аввалин ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ин сурудро соли 1998 сароида будам. Ин суруд ба дилдодаам бахшида шудаасту қариб 20 сол мешавад. 

Заррина: Барои маълумоти муфассал, ба мухлисони ҳунаратон, нахуст албоматонро кай пешкаши аудутори худ гардонидед? 

Олимҷон Маҳмудов: Нахуст албомамро баъди 5 соли нахусттаронаам соли 2003 пешкаш карда будам, ки ҳар дам ёди он рӯзҳоро мекунам. Ҳама чизро вақт мегузаронад, вале хотираҳояш дар ёдҳо то абад боқӣ мемонад.

Заррина: "Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз" Имрӯз бисёре аз сарояндаҳои ҷавон пайгири суханҳои соддаву сабук ҳастанд. Олимҷон Маҳмудов дар интихоби шеъру суханҳо ба кӣ такя мекунанд?

Олимҷон Маҳмудов: Кӯшиш мекунам, ки аз эҷоди устодони сухан шеър интихоб кунам ва дар ин роҳ ба саводи худ такя мекунам. Бештар матнҳои мушкилу лирикиро меписандам. Бахшида ба соли 2018 ба мухлисони азиз суруду таронаҳои ҷадидро аз эҷодиёти шоирони муосир ва халқӣ омода карда истодаем, ки мунтазирашон намекунам... 

Заррина: Бо боварӣ гуфта истодаед, ки дар ояндаи наздик интизорашон ҳастем... 
Олимҷон Маҳмудов худ дар соҳаи санъат кору фаъолият доред, мехоҳед фарзандонатон ҳамқадами Шумо, давомдиҳандаи касби падарашон бошанд?

Олимҷон Маҳмудов: Бале мехостам, лек медонед чӣ?  Касбе, ки мо имрӯз дорем, сарояндагӣ, ин Худодод аст. Истеъдод модарзоди мешавад. Ба ин гап фарзандонам ба сарояндагӣ шавқ ва истеъдод  надоранд гуфтани нестам, аммо онҳо хостанд соҳиби дигар касб шавад. Духтарам касби духтуриро интихоб карду писарам барномасоз ....( умуман оянда соҳиби кадом касб мешаванд ба тоҷики наефтам) ба худ касб кардаасту чун ба касби сарояндагӣ ба халқамон хизмат кунам эшон дар оянда ба Ватани хеш ба ин намуди касбашон хизмат мекунанд, ИншоАллоҳ.

Заррина: Дар давоми сӯҳбат, аз тарзи суханронитон ҳаминро пай бурдам, ки аз интихоби касб пушаймон ҳам шудагиед?! Боре шудааст, ки  фикри тарки санъатро кунед?

Олимҷон Маҳмудов: Ҳаёт - ин як мубориза аст, ки агар ҷаҳд накунӣ, бохт мекунӣ. Дар зиндагӣ ҳама чиз шуданаш мумкин! Дар давоми 20 сол чиҳоро аз сар нагузарондам.  Баъзан мешавад чунин фикр. Аммо санъатро партофта наметонам чунки ин касби ман! Ҳаёти ман! Бе касбам ба касали дучор мешавам, ки даво надорад... (механдад ӯ)

Заррина: Чи хеле, ки гуфтед, "Бе касбам ба касали дучор мешавам, ки даво надорад..." касби сарояндагӣ ба Шумо мероси гузаштааст?

Олимҷон Маҳмудов: Не, касбам меросӣ нест. Шавқу завқи худам аз кӯдакӣ, ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ ба сурудхонӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштам ва ҳамеша зери лаб сурудҳоро зам-зама мекардам. Дар чорабиниҳои мактабӣ ва ҷашни мавлуду маъракаҳои ёру дӯстон ҳамеша суруд мехондам. Маҳз дилбастагии зиёд нисбати ин ҳунар буд, ки ба имрӯз ба чунин мақом расидем.

Заррина: Олимҷон Маҳмудовро медонем, ки худ дар жанри эстрадӣ шинохта гашта дар туйю маракаҳо дар аз жанри шашмақом истифода мебаранд, лек савол ба миён меояд, ки ба жанри рэп таваҷҷӯҳашон чӣ хел бошад? Чи хеле ки ҷавонони имрӯза ба рэп рӯ овардаанд, ки замони имрӯз инро талаб мекунад?!

Олимҷон Маҳмудов: Ба ман ҳам писанд аст... (механдад ӯ) Насиб бошад дар жанри рэп низ худро санҷиданиям, мо ҳам ҷавон охир. 

Заррина: Ҳаст лаҳзаҳое, ки аз кардаву гуфтаи хеш пушаймон шуда бошед?

Олимҷон Маҳмудов: Ба гумонам нафаре дар зиндагӣ ёфт намешавад, ки аз кардаву гуфтааш пушаймон нашуда бошад. Аммо кӯшиш мекунам, ки хатогиямро зуд ислоҳ кунам ва нафаре аз ман озурда нашавад. Мехоҳам дар лабони мардуми мо ҳамеша табассум ҳувайдо бошад, бениёзиву чеҳрахандонии онҳо орзуи ҳамешагии мо ҳунармандон аст.

Заррина: Бо сомонаи мусиқавии OHANG.TJ пайи чанд сол аст, ки ҳамкорӣ доред? Оё ин сомонаи талаботҳои Шуморо қонеъ карда метавонад? 

Олимҷон Маҳмудов: Аз таърихи пайдоиш то имрӯз ҳамкории қавӣ дорем. OHANG.TJ албатта, ки ҳамаи талаботҳои моро ба ҷо меорад, метавонад, аз ин хеле шодем. Ба чунин қулла баромада истодан кори саҳл нест. Мегӯянд, ки ба баланди баромадан осон бувад, лек дар он ҷо мувозин истодан кори осон набувад. OHANG.TJ аз зумраи онест, ки ҳамеша дар як самт аст.

Заррина: Ташаккур ба Шумо!!! Дар фарҷоми сӯҳбат ногуфтаҳои нуҳуфтаи Шумо ба мухлисони ҳунаратон.

Олимҷон Маҳмудов: Орзу дорам, ки барои мухлисону ҳаводорони арҷмандам ва кулли мардуми азизи кишварам соли нави 2018-и омодаистода аз соли 2017 нигоҳ карда, соли бобарор ва амалӣ гардидани орзуҳои некашон бошад. Бигзор Худованд барояшон бахти безавол ва тани сиҳатро ато фармояд. Беҳтарин таронаҳоро баҳри болидагии қалбу рӯҳи Шумо омода намуда истодаам ва дар наздиктарин фурсат пешкашатон хоҳам кард. Ба OHANG.TJ тансиҳативу хонаободӣ ва осудаҳоливу хушбахтиро ҳамеша аз даргоҳи Худованди бузург дар талабам!

Заррина: Ҷаҳони сипос, барои чунин сӯҳбати озоду самими ва таманниётҳои беназир! Сарбаланду пирӯз бошед!!!


Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Комментарии

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо на сайт под своим именем.

ВАЖНО:

    CallCenter: (+992)92 949 3636 (VIBER)
ПАРТНЕРЫ НАШЕГО САЙТА

О нас пишут

Информация

ohang.tj

Ohang.tj - это начинающие артисты и звезды, самые свежие русские и зарубежные треки и клипы, а также более тысячи треков в архиве сайта.

Обратная связь

Вход на сайт

Запомнить меня