Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо шодравон Баҳром Ғафурӣ

Интервью: Ногуфтаҳо бо шодравон Баҳром Ғафурӣ

Ногуфтаҳо бо шодравон Баҳром Ғафурӣ

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо шодравон Баҳром Ғафурӣ!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо шодравон Баҳром Ғафурӣ!.

Суҳбати Орзу Исо бо Баҳром. Писараш дар карантин монд


- Орзу: Салом алейкум дӯстони азиз, тамошобинони арҷманду муҳтарам. Барномаи ногуфтаҳои карантинӣ ҳаст. Қаблан таманно мекунам, ки ҳамаи шумо сиҳатманд бошед. Дур аз ин балоҳои Covid-19 бошед. Бовар намекунем, ки меҳмони барномаи мо имрӯз ки аст. Меҳмони барномаи мо Баҳром Ғафурӣ. Сарояндаи маҳбуб, писандидаи мову шумо. Ва ин дам мо бо Баҳромҷон маслишат кардем. Баҳромҷон ба мо вақт ҷудо карданд, барои иштирок кардан ба барномаи мо. Айни замон Баҳром мунтазири занги телефонии мо ҳастанд. Баҳромҷон мунтазири мо ҳастанд. Ало.

-Баҳром: Ало, салом алейкум.

- Орзу: Салом Баҳром, хуб ҳастед.

-Баҳром: Салом Орзуҷон ман мунтазири шумо ҳастам. Салом ба он нафароне, ки моро мебинанд. Салом ба мухлисони азиз. Салом ба ҳама.

- Орзу: Зиёд мушоҳида мекунам, ки шумо зуд-зуд ба Россия меравед. Чаро?

-Баҳром: Ташаккури зиёд имсол нарафта будам, порсол рафта будам. Барои он ки бисёр даъват мекарданд, бародарон бисёранд. Ман даъвати онҳоро қабул кардам рафтем. Маракаҳо консерҳо буд дар он ҷо. Бо ҳам хушҳоли кардем, дидорбинӣ кардем. 

- Орзу: Дар бораи писарҳоятон гап бизанед, чанд писар доред, дар куҷо мехнанд?

-Баҳром: Орзуҷон писаронӣ ман рости гап айни замон  яктояш дар Москав ҳаст. Дар карантин ҳаст. Чунки вай дар Хитой мехонд якумро курсро тамом кард. Баъдан дар он ҷо мехост таҳсил кунад. Бо забонҳо машғул шавад. Мақсад ёд гирад забонро. Ин насиб набудаст. Ин вабое сар зад. Ба Москов рафт. Ман ҳамчунин гуфтам ба писарам, ки ба хона биё. Гуфт ба Москав меравам, он ҷо он лаҳзаҳо ин касалӣ набуд. Баъдан рафт ба Москав он ҷо низ авҷ гирифт ин касалиҳо дар карантин монд. Дар хонаи як бародари наздикам дар он ҷо монд.

- Орзу: Бародари худатон низ дар Россия буд?

-Баҳром: Вай бародари наздики ман ҳаст, Садиҷон. Ӯ дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Марди сарватманд ҳастанд. Ӯ гуфтанд бе ташфиш фарзандӣ шумо фарзандӣ мо ҳаст. Хайр раҳмати калон гуфтам, дар ин вазъияти вазнин бисёр хурсанд. Худо шуморо низ хурсанд кунад. Айни ҳол он ҷо ҳаст. Дируз зодрӯзи писарам Анӯшервон буд. Ростӣ бо интернет табрик гуфтем. Хайр ҳаминхел. Дуюм фарзандам Эҳсонҷон. Ӯ ҳам таҳсил мекунад, дар академия. Ӯ ҳам якум курс мехонад. Айни замон дар хона ҳаст.   

- Орзу: Хуб Баҳромҷон ман ба Саъдиҷон низ ташаккур мегуям, ки дар ҳамин рӯзҳои вазнин фарзанди шуморо дастгирӣ мекунад. Сипос ба Саъдӣ. Ба Анушервон агар ӯ моро тамошо мекунад, таъкид мекунам, ки худро эҳтиёт кунад. Аз хона набарояд дар хона нишинад.

-Баҳром: Ман ҳам ба бародарам ташаккур мегӯям, ки ҳамаи хубиҳои кардагии ӯ ба ӯ баргардад. Ташаккури зиёд.

- Орзу: Хуб акнун Баҳромҷон. Биёед акнун барои ҷавонони саховатманду сарватманде, ки дар Федератсияи Русия бародарҳои худро, ҳамватанони худро дастгирӣ мекунанд, сипос бигуему таронааро тақдимашон бигардонем. То дастгириашон дучанд шавад.

-Баҳром: Майлаш Орзуҷон. Ман саломи худро барои ҳамаи муҳоҷирон, барои онҳое ки берун аз марз ҳастанд мерасонам.

- Орзу: Садои нотакрори Баҳром.

-Баҳром: (Баҳром суруд месарояд).

- Орзу: Аҷоиб суруди беҳад зебо. Оҳангаш ҳам бисёр зебо. Пайванд шуданд. Ташаккури зиёд.

-Баҳром: Ба шумо низ ташаккур.

- Орзу: Баҳром чаро ин қадар сурудҳои ғамангез мехонед. Ин қадар сурудҳои ин хел хусусияти минор дошта мехонед. Чаро?

-Баҳром: Чунки дар хона гитор ҳаст. Сурудҳои шух бо гитор намебарояд. Вақте бо гитор мехоҳи суруд эҷод кунӣ фақат  оҳангҳои ғамгин, оҳиста, ором мебарояд. Срудҳои шух ҳам дорам. Бо гитор навохта намешаванд.

- Орзу: Аксари мухлисони шумо, шуморо ҳамчун сарояндаи муваффақ мешиносанду эътироф мекунанду дӯст медоранд. Вале аксари онҳо намедонанд, ки шумо оҳанг месозед. Шояд баъзеашон донанд, ки шумо оҳанг месозед. Ва беъзе аз сарояндаҳо оҳангҳои шуморо гирифта мавриди истифода қарор додаанд, сурудаанд. Ва ғайр аз ин ихлосмандони шумо надонанд, ки шумо шеър ҳам менависед.

-Баҳром: Рости гап шеър менавистам. Ва аз назари шоирон ҳам мегузарондам. Барои он, ки ман шоир нестам, кушиш мекунам, ки аз назари одамони мутассади гузаронам.Бо Фароди Мирод кор мекунем. Он кас ҳам баъзе шухрҳои маро дуруст мекунанд.

- Орзу: Бале он кас яке аз рӯзноманигоронӣ хеле ҳирфаи ҳастанд. Бародари мо Фарҳодҷон. Дуруд Фарҳод.

-Баҳром: Бале тешаккур мегуям ба Фарҳод. Барои он, ки тӯли чанд сол аст бо ҳам ҳамкорӣ мекунем. Суруди “Муҳоҷир ба чаро”-ро навистааст. Дар вақти берун аз марз меравем, ин сурудро қариб даҳ бор хоҳиш мекунанд, ки сароям. Барои ҳамин ман аз Фарҳод бисёр миннатдор ҳастам, ки ин сурудро эҷод карданд, ҳадя карданд.

- Орзу: Чанд  сол шуд ин таронаро, тақрибан 10 сол шуд, ки иншо шуда бошад. Вале ҳоло ҳам дар вирди задбони ҳамагон ҳаст. Яъне ин тарона дар фезрести таронаҳои тоҷикон боқӣ мемонад. 

-Баҳром: Бале. Тӯли 15 сол шуд. 

- Орзу: 15-сол ин тарона дар вирди забони ҳамагон аст. То ҳол ин таронаро дӯст медоранд. Ва оҳангзои шуморо кадоме аз сарояндаҳо гирифта ба истифода додааст? Ҳаминро бигуед, дар бораи оҳангсозиҳоятон, ҳамкорӣ бо дигар сарояндаҳо?

-Баҳром: Ман ин чизҳоро чанд бор гуфтам. Ман бисёртар оҳангсозиро бо Садриддинҷон сар карда будем. 

- Орзу: Кадом сурудҳо буданд?

-Баҳром: “Ҷир-ҷир садои борон”, “Зери борон”.

- Орзу: Шеъри  “Зери борон” низ аз они шумо?

-Баҳром: Бале. Суруди “Зери борон”-ро бо шеъраш иҷро кардаам. Садриддинҷон хело хуб хонданд. Суруди “Зиндагӣ чунинеро” ҳам бо шеъраш саҳми худро гузоштем. Сурудҳои “Дубора ишқи маро бовар кун” ва чандин боз сурудҳое буданд. Чанд суруд ёдам нест. Даҳ суруд изофа буданд, ки Садриддинҷон онҳоро хуб хонданд.

- Орзу: Ҳоло бо Садриддинҷон робита доред?

-Баҳром: Бале бо Садруддинҷон робита дорам. Ҳолпурсӣ мекунем. Айни ҳол дар Канада ҳастанд. Бо аҳли хонаводаи худ.

- Орзу: Хело пазмон шудем Садриддинро ва  Худованд нигоҳубинаш бошанд дар куҷои дунё, ки бошанд. Ба ғайр аз Садриддин бо кӣ ҳамкорӣ доред. Фақат бо Садриддин?

-Баҳром:  Баъдан сар шуд. Бо устод Маҳмуд як оҳанг кардем, устод Саъди Бӯриев як оҳанг карда будем. Бо баъдан Вали Афғон хонданд. Боз суруди “Чакғчаки борон сар мешавад”-ро хонда будем. Суруди “Духтари афғон”-ро писари афғон хонданд. Онҷо навишта накарданд, ки моли ман ҳаст. Дар онҷо навиштанд, ки оҳанги каси дигар аст.

- Орзу: Оҳангро аз худ карданд, ҳамин тавр?

-Баҳром:  Гӯё, ки ҳаминхел.

- Орзу: Яъне ин вайронкунии ҳуқуқии моликияти зеҳни аст.

-Баҳром:  Ман хушҳол ҳастам, ки оҳангҳои маро хонанд. Бигзор хонанд. 

- Орзу: Баҳромҷон ин оҳангҳоро шумо мефурӯхтед ё ҳадя мекардед. Яъне менеҷменти ин кори эҷодиятонро монда будед ё не?

-Баҳром:  Ростӣ гап ман ба ҳайси композитор кушиш накардаам. Ба композитори сурудҳои худам ҳастам. Ба он сурудҳое ки сохта будам ба онҳо ҳадя карда будам. Барои худам эҷод карда будам. Вақте, ки хостанд оҳангҳоро ҳадя кардам.

- Орзу: Ба хонумҳои сароянда тақдим накардед?

-Баҳром: Ба Манижа Давлатова эҷод карда тақдим карда будам.Суруди “ин шаб шаби мо шаби ҳиҷрон аст”.

- Орзу: Фаҳмидам. Ин оҳанги шумост. Чӣ лаҳзаҳои ҷолибе буданд, чӣ лаҳзаҳои мондагору пур аз хотира буданд. Баҳроҷон оҳиста-оҳиста синну сол ҳам меравад. Фарзанҳоямон аллакай калон шуданд. Фарзандҳоямон кӯдак буданд. Ва ҳеҷ фикр намекардем, ки ин лаҳзаҳо мераванду Анушервон меравад ба Хитой таҳсил. Ману шумо аз як наслем. Тақрибан синну соли мо ҳам аз 40 гузашт. Вале шумо дар саҳна ин қадар ҷавонед, пайкаратонро хело хуб нигоҳ медоред, машқҳои ҷисмонӣ мекунед. Ман мекунам,ки шумо ба мардҳо маслиҳат диҳед, ки чӣ гуна шумо пайкаратонро ин қадар хуб нигоҳ дошта тавонистед. Яъне варзишро шумо меписандед. Маслиҳату тавсияи шумо. Зеро дар ин сунну сол  агар мо аксари мардҳоро бубинем, ба назарам як 80 кг шикам дорад, 100 кг дигар худашон. 

-Баҳром: Орзуҷон ман ҳам шикам кардам, шикамро дарун кашида бо шумо суҳбат кардосиям. Тӯли чанд вақт шуд, ки варзиш накардам. Дируз дар боғи ботаникӣ будем. Ҳамон ҷой рафтам камтар мехоҳам дар он ҷо варзиш кунам. Чунки иммунитети одамро баланд мекунад. Дар он ҷо 2 рӯз шуд, ки варзиш кардосиям. Баъдан барои ҳамеша ҷавон будан, зебои дар дасти худи инсон ҳаст. Агар касе бошӣ набошӣ кушиш бикунем, ки зебо битобем.

- Орзу: Яъне шумо режим медоштед, парҳез мекардед.

-Баҳром: Рости гап ягон бор  парҳез накардаам. Ҳам наметонам.

- Орзу: Чиро дӯст медоред зиёдтар аз хӯрокҳо, кадом ғизоро?

-Баҳром: Ростӣ гап ба ман фарқе надорад. Болаззат бошад хӯрдан мегирам. Ин лаҳзаҳои вазнин худатон медонед, варзиш ҳам намерасем. Ҳамин мекушам, ки ба боғи ботаникӣ варзиш кунам.

- Орзу: Ҳунармандон бисёранд, шоирон зиёданд,ровиҳо ҳам зиёданд. Вале муҳааббати онҳоро на ҳама ба даст оварда метавонанд. Ман надидам инсонеро, ки Баҳромро дӯст надоранд, ӯро эҳтиром накунанд. Ва барои Баҳром кавкӯбӣ накунанд. Ин ғайр аз ҳунарӣ шумо, ғайр аз садои зебои шумо, боз одамгариву аз инсонпарастиву инсонгароии шумо вобаста аст, ки хуло инсони хубед. Дили рӯшан доред Баҳромҷон.

-Баҳром: Аз аввал ростӣ гап як меҳрибародари, самимӣ, ки дар дили ҳамдигаромон ҷой гирифта буд. Ман шуморо бениҳоят дӯст медорам,ки хушхолам, ки бо шумо тавассути интернет ҳамсуҳбат мекунем.

- Орзу: Ман ҳамеша, ҳамеша аз самимӣ қалб мехоҳам,ки бо шумо ҳамкорӣ бикунам.

-Баҳром: Бисёр хуб мешад. Шумо яке аз шоиронӣ беҳтарини замонӣ мо ҳастед. Дар дигар замонҳо ҳам хотира мемонед. Барои он, ки дар шеърҳои шумо ман бӯи Лоиқ, Хайёмро мебинам. Ба шумо бурдбориҳо мехоҳам. Агар шумо хоҳед, ки мо ҳамкорӣ кунем ман хурсанд мешавам.

- Орзу: Агар раваду масалан зиндагӣ дубора такрор шавад, шумо чиро  интихоб мекунед. Овозхонӣ, тиҷорат, актёрӣ дар синамо ва олигарх.

-Баҳром: Ростӣ гап ман вақте, ки суруд мехондам худам ҳам намедонитам, ки суруд мехонам. Вақте дар шаби хобам суруд мехондам ин касбро ман интихоб накардаам. Ин касб маро худ интихоб кард. Ва дубора ҳам касбӣ ҳунарнамои овозхониро интихоб мекардам. Барои он,ки аз аввал мардум маро шунохт. Фаразндони хубро калон кардам. Падару модари худро нигоҳубин кардам. Ба ҷомеа хизмат кардам. Ин касб маро олигархи буд, дар кино нақш бозидам. Ҳамааш аз пушти ин касб. Ман ин касбамро хело дӯст медорам. Боз ҳам суруд мехонам.

- Орзу: Сипос Баҳромҷон. Шумо ин лаҳзаҳоро рангин намудед. Бо садои худ, бо ҳунари худ. Ман миннатдорам. Шумо мувозиби мухлисонатон бошед, мувозиби падару модаратон, тифлаконатон бошед. Ва ин лаҳзаҳо ба тамошобинони азиз рӯй оварда мегӯям, ки шумо низ эҳтиёткор бошед. Ва мерасад он рӯз, ки мо ноҳаросида ба хонаи якдигар меравем ба меҳмони. Фақат имон биёваред ба парвардигори яктову меҳрубон. Ҳаминҷо хайру хуш мекунем. Хайр то барномаҳои дигари Ногуфтаҳо. Дар паноҳи амнияти Худованд бошед. Хайр! 

Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru