Интервью: Ногуфтаҳо бо Моҳира Тоҳирӣ
Суҳбати Орзу Исо бо Моҳира. Ғизол тарона дуздид?
- Орзу: Дар ҳамкорӣ бо “мебели Хонаи ман” барномаи навбатиро оғоз мекунем. Ман дуруди гарму самимонаи таҳиягаронӣ барномаро мерасонам. Ин вақт меҳмон дерем. Меҳмонӣ мо хело зебо аст, хушсадо, барно аст, беҳамто аст, Моҳираи Тоҳирӣ. Дуруд Моҳираҷон ман дуруди ҳамаи тамошобинонро мерасонам.
- Моҳира: Саломат бошед. Ман ҳам соломи худро ба ҳамаи тамошобинон мерасонам. Бигзор рузӣ хуш дошта бошанд.
- Орзу: Қабл аз ҳама мехоҳам бипурсам, ки ин ҳама вақт дар куҷо ҳастед. На як садо, на як ово, на як пайғом. Куҷо ҳастед?
- Моҳира: Хона ҳастам. Барои он, ки дар тарбияи фарзанд ҳастам.
- Орзу: Духтарча ё писарча?
- Моҳира: Духтарча.
- Орзу: Номашон?
- Моҳира: Моидаҷон.
- Орзу: Номи аҷоиб. Чӣ маъно дорад?
- Моҳира: Манояш сура аст, яъне Қуръон.
- Орзу: Яъне издивоҷ кардед.
- Моҳира: Бале. Издивоҷ кардам. Рости ман намехоҳам кори ҳунариамро бо ҳаёти шахсиам алоқаманд кунам.
- Орзу: Аз ин мебарояд, ки шумо саволҳо оиди ҳаёти шахсиатонро дӯст намедоред.
- Моҳира: Намехоҳам. Зиндагии шахсӣ, шахсӣ аст.
- Орзу: Оре. Фақат мехоҳед дар бораи ҳунар. Вале ман роҷеъ ба ҳунарҳоятон савол медиҳам, ки писанд намеояд.
- Моҳира: Фикр намекунам, ки ин хел намешавад.
- Орзу: Хуб, роҷеъ ба ҳунар суҳбат мекунем. Ва роҷеъ ба як ҷузъи нозуки ҳунар, тарона дуздӣ. Чӣ мегуед?
- Моҳира: Ростӣ ман фикр мекунам, ки суруди як нафари дигарро меписандию, менавозӣ ин дуздӣ нест ба фикри ман. Вақте, ки сурудро пеш аз ҳамон ҳунарманде, ки ӯ ба он маблағгузорӣ карда тайёр кардааст. Меҳнати бисёр кардааст. Пеш аз хондани ҳунарманд, дуздида мехонанд, ин аст дуздӣ.
- Орзу: Ва ман медонам, ки то ба мо иттилоъ омада расид, ки таронаи шуморо як хонандаи афғон бидуни муҷаввис сурудааст.
- Моҳира: Бале. Як тояшро не, якчандтояшро ростӣ.
- Орзу: Ки ҳаст?
- Моҳира: Ростӣ намехоҳам. Номашро ҳам намегирам. Худатон медонед, кӣ ҳаст. Тамошобинон ҳаминро фаҳманд, ки ман ҳеҷ гоҳ суруди касро копихонӣ мешавад, чӣ мешавад нахондаам. Чӣ суруде хондаам, сурудӣ ман ҳаст. Сурудҳои маро, ки дар хондани дигар кас мешунаванд, мефаҳманд, ки сурудҳои ман аст.
- Орзу: Чаро номашонро намегиред. Шумо метарсед?
- Моҳира: Не наметарсам.
- Орзу: Чаро номашро намегиред, ин тарс аст?
- Моҳира: Номашро ба забон гирифтан намехоҳам.
- Орзу: Ба ҳар ҳол ҷасорат пайдо карда метавонед, ки бигуед ӯ ки аст. То дигарон бидонанд, ки ҳаст? Мансур гуфт, ки таронаи Шабнами Собириро, Ғизол мехоҳад бисарояд. Ва дар саҳифиа Instagram Ғизол гуфтааст, ки мунтазир шавед таронаи ҷадидӣ ман мунтазири шумон мегардад. Ва ин таронаи ҷадид моли Шабнами Собири будааст. Таронаҳои шуморо кӣ дуздид, Ғизол?
- Моҳира: Бале.
- Орзу: Биёед акнун дар бораи тарона гап мезанем, кадом тарона ҳаст?
- Моҳира: Аввалин тарона, таронаест, ки “Девонаи ман” ном дорад. Оҳангсоз Давроҷони Раҳматҷон, устоди азиз. Ва дигаре, “Хубию харобӣ”.
- Орзу: Якум таронаро як порчаашро метавонед сароед?
- Моҳира: Бале. Суруди “Девонаи ман”-ро Моҳира месарояд.
- Орзу: Ин шеъри ки аст, ки он қадар зебо аст.
- Моҳира: Шеъраш аз Эҳсонҷони Азамиён ва оҳангаш аз Давроҷони Раҳматҷон.
- Орзу: Ин тарона чӣ хел ба дасти Ғизол роҳ ёфт?
- Моҳира: Ин суруд ва сурудҳои дигарамро якҷоя вақте, ки мешиштем. Мо ҳамкорӣ доштем. Дӯстӣ ҳам доштем. Мешиштем, месароидам. Шояд дар телефон пинҳонӣ сабт карда бошад.
Бисёр зеҳнӣ тез дорад, зеҳнӣ қавӣ дорад. Ва дигар ҳунармандҳо низ эҳтиёд бошанд.
- Орзу: Мансур шавҳари Шабнами Сабурӣ изҳороте, ки дошт. Гуфт, ки сарояндаҳои мо вақте таронаҳои сароядаҳои авғонро мехонанд, ҳатман дарс мекунанд. Ва бинанд, ки ин тарона аз они кист. Дар зер навишташ ҳатман исми ин афродро, яъне асҳоби ин таронаро менависанд. Вале Мансур мегӯяд, агар инро мекарданд, мо ҳарфе намегуфтем. Ва таронаи дуюм, таронаи кадом аст, ки ба дасти Ғизол роҳ ёфт.
- Моҳира: Аз они сарояндаҳои афғон аст. Самиомед. Ин суруд як қисса дорад. Яке аз ҳунармандони мо, сарояндаҳои мо вақте ҳамин оҳанги “Хуби хароби”-ро мешунавад, ба ӯ маъқул мешавад. Мехоҳад худ бисарояд. Оҳангсоз мегуянд, ман ба ту дигар оҳангро месозам, чун ин оҳангро ман ба Моҳираҷон сохтаам, наметавонам ба шумо диҳам.
- Орзу: Аҷаб оҳанге бошад, ки чанд нафар харидор пайдо карда бошад. Оҳанги хуб аст? Замзама мекунед як пораашро?
- Моҳира: Иншооллоҳ, ки ба рузҳои наздик пешкашӣ мухлисон мегардонам. Мутаассифона пеш аз ман ин сурудро саройиданд.
- Орзу: Ғизол? Чаро шумо ба ӯ ҳеҷ чиз нагуфтед?
- Моҳира: Чӣ хеле, ки буд мо як вақтҳо ҳамнишин будем, дуст будем. Аз хотири ҳамон рӯзҳо нагуфтам.
- Орзу: Чанд муддат давом кард ин рафоқату дустии шумо?
- Моҳира: Як консерт дар якҷояги доштем, баъд аз ҳамон тамом шуд.
- Орзу: Бо ин мушкили кадоме аз сарояндаҳо тоҷик вохӯрд?
- Моҳира: Дустӣ наздики ман ҳаст, Бунафшаҷон Раҷабова, ки ҳоло хонадор шудааст ва бисёр зиндагии хуб дорад. Ин сурудро мехост бихонад, вале нахонд. Боре ба ман гуфт, ки агар ҳамин суруд ба ту писанд бошад, ҳамин сурудро ман ба ту туҳфа мекунам. Ман дигар намехонам буд, мақсад. Ман розӣ шудам. Гирифтам. Якҷоягӣ гуш мекардем ҳамон вақтҳо, замзама мекардем. Ва мехостем, ки дар якҷоягӣ бо Ғизол бихонем. Шукр, ки нахондам. Вале он сурудро низ дуздӣ кард. Он сурудро дар сабти mp3 дар YouTube пахш кард. Ман ва ҳамчунон Бунафшаҷон занг зад, берун аз Тоҷикистон аст ҳоло. Ба ман аз ҳамон ҷо занг зад, гуфт: “Моҳираҷон ман сурудеро, ки ба ту туҳфа карданӣ будам, сурудро Ғизол хондааст аллакай.”
Ва як сурудӣ дигаре гуфтанӣ ҳастам, онро ногуфта намонам. Суруде, ки мо ҳамроҳи Нигораҷон хонда будем, хоҳараки азизам, бисёр дуст медорам. Бо ӯ якҷоягӣ хонданӣ будем. Шумо медонед, ки ман бо як тими бурқувват ҳамкорӣ дорам. Аз ҳамон ширкат пешниҳод карданд, ки ҳамон сурудро мехонед. Ман ва Нигораҷон. Суруд аз оҳангҳои устод Амирҷон Сабурӣ ҳаст. Мо бояд чор нафар мехондем. Аввал буд ману Нигора. Аз ҳамин тиме, ки мо ҳамкорӣ дорем, пешниҳод карданд, ки 4 нафар мехонед. 2 духтари авғон ва 2 духтари тоҷик. Ману Нигораҷон хонда будем. Ҳамин сурудро ҳам дуздӣ карданд, хонданд. Чор нафара хонданд. Ман фикр мекунам, ки дигар ҳунармандоне, ки онро хонданд, шояд хабар надошта бошанд аз ин. Ин сурудро бояд мо мехондем.
- Орзу: Хуб ҳисоб мекунем, як не ду не, чаҳор таронаро ба яғмо бурданд.
- Моҳира: Чӣ хеле, ки гуфтед яке дигар аз Шабнамҷони Собири дустӣ ман. Намедонам мехостас хонад ё хондагӣ ҳаст. Ба ҳисобӣ панҷ то.
- Орзу: Вақте бо ҳам менишастед, пай намебурдед аз рафтораш?
- Моҳира: Не ҳеқ гоҳ. Дустӣ худ меҳисобидам. Ҳеҷ гоҳ умед надоштам, ки чунон мекунад.
- Орзу: Ҳозир агар тасодуфан дар як ҷо бо ҳам бинишинед, суруд намехонед дар назди Ғизол?
- Моҳира: Баланд наравад суханам, шояд ман ҳеҷ гоҳ нашинам дар назди вай. Ҷое, ки ӯ ҳаст ман намешинам.
- Орзу: То як ҳад кашолкории шумо сабаб бошад, ки ин таронаҳоро медузанду месароянд?
- Моҳира: Не ростӣ ман шитобкориро дуст намедорам ва мехоҳам, ки ҳама чиз дар сатҳи олӣ бошад. Орзуҷон вақте, ки ман дар тарбияи фарзанд андармон будам, дар ин корҳои эҷодиам вақт надоштам ростӣ. Аз ҳамин ҳолатҳо истифода карданд. Чунон саросема шуданд, ки суханҳоро хато хонданд, ҳатто оҳангҳоро ҳайрон мешавед.
- Орзу: Шумо гуфтед, ки тими бисйр пурқувват ҳамкорӣ доред. Агар ин тим пурқувват бошанд, чаро аз ҳуқуқҳои муаллифии шумо дифо намекунанд.
- Моҳира: Чунки ман худам иҷозат надода будам.
- Орзу: Чаро рад кардед?
- Моҳира: Барои он, ки одами бадро ба Худо месупорем. Бади лозим нест.
- Орзу: Ҳамин ҷо барнома ба охир мерасад. Ва дар ниҳояти кор ба Моҳираи Тоҳирӣ муваффақият таманно мекунем. Таманно мекунем, ки моликияти зеҳнии Моҳираро талаву тороҷ накунанд, надузанд. Худаш моликияти зеҳнашро бисарояд. Зеро ҳар он таронае, ки таваллуд мешавад, ин ганҷе ҳаст дар сандуқи синаи ҳар як эҷодкор. Барои ҳамин мо ба қадри ҳар як тарона, ҳар як оҳанг ва ба кори эҷоди бирасем дар маҷмуъ. Бо ҳамин худоҳофизӣ мекунем дустонӣ азиз. Ҳамроҳи Моҳирабону то барномаҳои дигар. Хайр, хуш бошед!Мусохибаи мазкур аз ютубканали Орзу Исоев гирифта шудааст.