Авторизация
» » Ногуфтаҳо бо Гуласал Пулодова

Интервью: Ногуфтаҳо бо Гуласал Пулодова

Ногуфтаҳо бо Гуласал Пулодова

0
0
На этой странице Вы можете прочесть интервью с Ногуфтаҳо бо Гуласал Пулодова!. Узнать информацию из первых источников, добросовестный и честные вопросы к исполнитям и их ответы на вопросы Интервью Ногуфтаҳо бо Гуласал Пулодова!.

Суҳбати Орзу Исоев бо Гуласал Пулодова. Ӯ чиро пинҳон медорад?


- Орзу Исоев: Дуруди гарму самими мефиристам ба алоқамандони “Барномаи Ногуфтаҳо”. Аз шаҳри Хуҷанд оғоз мекунам дар ҳамкорӣ бо толори мебелии EmdawoodГуласал Пулодова меҳмони мо аст. Гуласалбону хушомадед хоҳари меҳрубонам. 

-  Гуласал Пулодова: Ташаккури зиёд. Саломат бошед.

- Орзу Исоев: Ман саломи куллӣ тамошобинонро мерасонам.

-  Гуласал Пулодова: Миннатдор. Саломат бошед.

- Орзу Исоев: Фаҳмидам, ки дар замони пандемия ҳам шумо ба тую маъракаҳо зиёд мерафтед. Агар кушоду равшан ҳарф бизанам, шумо тамоми туйҳоро аз дигар сарояндаҳо кашида гирифтед.

-  Гуласал Пулодова: Не асло. 

- Орзу Исоев: Вале гармтарин бозор дар мавсими имсолаи туйҳо ин бозори Гуласал буд.

-  Гуласал Пулодова: Медонед сабабаш дар чӣ? Дар Хуҷанд, Истаравшан, дар Исфара ҳам, дар бисёри ҷойҳо, ки аксаран занҳо меранд ба туй. Ба фикрам барои дили занҳояшонро ёфтан, мардҳои тоҷик маро даъват мекунанд.

- Орзу Исоев: Яъне ба назари шумо фақат ба хотири фаҳмишҳои гендери шуморо мебаранд. Яъне сарояндаи мардро намебаранд, чунки ба занҳои худ рашк мекунанд, ки сарояндаи мард дар назди занҳои онҳо насарояд.

-  Гуласал Пулодова: Хай чӣ гуям боз. Худамро таъриф намекунам ку. 

- Орзу Исоев: Ман ҳам хулоса кардам, ки сабаби гармии бузург ин фақат садои Гуласал аст.

-  Гуласал Пулодова: Раҳмат. Саломат бошед.

- Орзу Исоев: Масалан ман таронаи дарёи шумо, ки шеъри Лоиқ Шералӣ аст, мудом гӯш мекунам. Ва ҳеҷ аз шунидани ин суруд сер намешавам. Ва мехоҳам, ки дар ибтидои ин барнома порчае, аз ин суруд замзама бикунед.

-  Гуласал Пулодова: Суруди “Ману дарё” бовар кунед, якумин бор гӯш кардам аз устод Хурмо Ширинов, бисёр ошиқи шайдои ҳамон суруд будам. Коркард шуд, албатта аз нав.

- Орзу Исоев: Марҳамат як порча.

-  Гуласал Пулодова: Гуласал порчае аз суруди “Ману дарё” месарояд.

- Орзу Исоев: Гуласал роҷеъ ба рӯзгору зиндагии худ ҳарф бизанед. Чӣ рузу рӯзгор дорӣ, вазъи хонаводагӣ.

-  Гуласал Пулодова: Медонед акаи Орзу дар ин ҳаёт бисёр мушкилиҳо мешавад. Аз ҳама чӣ хеле, ки мо зан ҳастем дар роҳи санъат ин душвориро дучанд мегардонад. Аммо як чиз фақат ба ман тассалли медиҳад, ин саломатии наздиконам, модарам, фарзандам. Як духтарча дорам. Бисёри вақтамро ҳамроҳи духтарам мегузаронам, ман модар ҳастам. Ва боз кушиш мекунам, ки бо модарам вақтамро гузаронам. 

- Орзу Исоев: Дар бораи фарзанд ҳарф задед, дар бораи модар ҳарф задед, аммо дар бораи шавҳаратон чизе нагуфтед.

-  Гуласал Пулодова: Ба хаёлам шарт не чизе гуфтан.

- Орзу Исоев: Хушбахтед?

-  Гуласал Пулодова: ..Албатта. 

- Орзу Исоев: Аммо каме сукут кардед баъд гуфтед.

-  Гуласал Пулодова: Пештар мегуфтам, ки ҳа ман хушбахт. Гуфтем, ку мо зиндагӣ карда истодаем, дили мо зада истодааст. Албатта душвории ҳаёт баъзан-баъзан якдигарнофаҳмиҳо мешавад. Зану шавҳар дар як оила зиндагӣ мекунанд, баъзан муаммоҳо пайдо мешавад. Албатта мушкил. То қадри имкон аст албатта тоқат мекунем.

- Орзу Исоев: Аз суханрониҳоятон дарк кардам, ки хело равонатон хаста шудааст.

-  Гуласал Пулодова: Вақтҳои охир худам ҳам эҳсос мекунам, ки хастаам. Вақт, вақти пандемия аст. Ва дар куҷое, ки намеред, хотирҷамъ нестем мо. Камтар бошад ҳам аз наздиконам, бовар кунед аз худам ҳеҷ хавотир намешавам. Аз худованд як ҷон қарздорем мо. Аз наздиконам камтар хавотир мешавам. Дар даруни мардум ҳастам. Ва ягон касро ранҷондам намехоҳам, ба ҳамдигар наздик нашавем гуфта. Худохоҳад ман ин калимаро намегӯям ва ман нагуфта пандемия аз дунё меравад. Мункин сабабаш ҳамин чиз бошад.

- Орзу Исоев: Вақтҳои охир хотирҷамъи надоред, ин ба вазъияти равонии шумо чӣ хел таъсир мерасонад.

-  Гуласал Пулодова: Бисёр фаромушхотир мешавам. Як чизро хонам, як чизро гӯш кунам. Сол ба солҳо ба хотирам меистод. Ва ҳоло не. Фикри беҳудаи бисёр дорам ба фикрам.

- Орзу Исоев: Беҳуда чӣ?

-  Гуласал Пулодова: Беҳуда хавотири ҳамин чизҳо. Кор чӣ мешавад. Зиндагӣ чӣ мешавад. Ба фикрам ҳамаи ин чизҳо беҳуда. Дар ин дунё ҳеҷ чиз абадӣ нест. 

- Орзу Исоев: Чаро аз зиндагӣ дилсард шудаӣ?

-  Гуласал Пулодова: Дилсард нестам. Бисёр ба зиндагӣ дилам гарм. Сӯҳбатҳоро баъзан-баъзан мебинам дигар одам будам.

- Орзу Исоев: Ба банерҳои Хуҷанд аҳамият медодам, ҳилоли консертҳои шумо буд. Ороиши муйҳоятон, тарзи либосҳоятон дигар буд. Вале ҳоло ман як занеро мебенам, ки сукут кардааст, як занеро мебенам, ки дардҳоро дар дилаш пинҳон медорад. Ва роҷеъ ба ин дардҳо ҳарф задан намехоҳад. Як гиреҳи гапро мекушояд, вале пурра то охир намебарад.

-  Гуласал Пулодова: Инсон дигар мешудаст. То рафт калон мешавем, синну сол рафтан мегирад. Дидан мегиред инсонҳоро, ҳар хел пасту баландиҳоро. Баъзеҳо мегӯяд, ки ту дигар шуда ҳастӣ. Не! Ман барои чӣ дигар шавам. Ман ки ҳастам, чӣ ҳастам ки дигар мешам. Не. Бовар кунед фикр карда мемонам, ки пеш мегуфтам, ки аз чӣ метарсӣ гӯяд, ман аз Худованд метарсам гуфта ҷавоб медодам. Ҳозир ба ин савол ман аз Худованд метарсам, баъд аз худоношиносон метарсам. 

- Орзу Исоев: Сабаби ба чунин қарор омадани шумо ин чӣ аст. Хиёнти одамон?

-  Гуласал Пулодова: Хиёнати одамон. Дурӯягии одамон. Бовар кунед дар ин рӯзҳо бисёр дида истодаам, ки ҳамин муомиларо аз гирду атрофам... Бовар кунед ман ҳозир 30 сола несту аллакай 40-50 сола барин худро ҳис мекунам. Аслаш ин албатта чизи ганда аст барои зан. Занро бисёртар пир мекардагӣ ин ақидаҳо. Хай биёед шарт нест. Агар ин барономаро бинанд, хулоса мебароранд. Некин намехоҳам, ки хурсанд ҳам нашаванд. Гуласал вақтинча руҳ афтодааст.

- Орзу Исоев: Як мисоли вижа оварда наметавонед, дар масъалаи хиёнати афроди наздик, дӯстон. Бидуни овардани ном метавонед мисол биёред?

-  Гуласал Пулодова: Не, биёед шарт нест, ба фикрам. Ба гуфта истодаам, ки а ваъдаҳои калон медиҳанд. Аммо мақсадашон дигар чиз. Баъзан маълум мешавад. Ман дӯсти наздикам гуфта бовар мекунам аммо фикри ман хато аст.  Ана ҳамин чизҳо диламро хира мекунад. Табъамро хира мекунад.

- Орзу Исоев: Яъне шумо пурра ба касе бовар намекунед.

-  Гуласал Пулодова: Пурра бовар намекунам. Ба ҳеҷ кас ҳаётамро, кору фаъолиятамро ҳам бовар намекунам. Фақат ягона инсоне, ки ман бовар мекунам ин модарам ҳаст.

- Орзу Исоев: То ҳамин ҳад, ҳисси боварии шуморо дар ботини шумо шикаст доданд.

-  Гуласал Пулодова: Ҳамин хел аст. Мункин, ки ин ҳам вақтинча бошад. Насиби Худованд ва бо дуои модарам расидам. Медонед кӣ санъаткор мешавад. Ҳеҷ вақт сарватмандро бачааш санъаткор намешавад. Дар як шарҳ дидам, ситораи тоҷикон навиштагӣ, дар он ҷо бисёр сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон ҳастанд. Як инсони нофиқ шарҳ навистааст, ки “ким чӣ мегирану дар аслаш ҳама онҳо гадо ҳастанд”. Не санъаткор гадо нест. Фақат санъаткор аз тарафи Худованд мешавад. Аз тарафи кӯҳ бошад, аз куҷо набошад, метавонад беҳтарин духтур, бизнесмен шуда. Некин танҳо санъат аз Худованд истеъдод дода нашавад ҳеқ гоҳ вай санъаткор намешавад. Аммо гуфтем, ки бачаи сарватманд санъаткор намешавад. Барои он, ки вай дард надорад. 

- Орзу Исоев: Дар зери ҳамин вожа, вожаи сарватманд шахсан ман симму зар пулу молро намебенам. Масъалан, сарватманд он касе ҳаст, ки сарвати бисёри зеҳни дорад. Захираи бисёри ирфи дорад, ин аст барои ман сарватманд. 

-  Гуласал Пулодова: Ман чиро гуфта дар назар дошта гуфта истодаам инро. Ана ҳамон инсоне, ки шарҳ нависта буданд. Ба фикри онҳо молу чизу ана ҳамин чиз.

- Орзу Исоев: Аслан ба навиштаҳои хайтерҳо аҳамият надиҳед. Мақсади онҳо ана ҳамин аст. Барои ҳамин шумо аҳамият надиҳед. Руҳи шумо бояд қавӣ бошад.

-  Гуласал Пулодова: Рӯҳи ман қавӣ аст, албатта. Қавӣ набошад, роҳи санъатро интихоб намекардам. Бисёр роҳи душвор аст. Хайр мункин ягон бинанда, “ту ҳоли ана вай санъаткор нестику худро ҳунарманд ҳисоб кунӣ”, гуфтанашонам мункин. Ба ҳама чиз ман фикри худро дорам. 

- Орзу Исоев: Гуласал медонед, ҳунармандоне, ки дар гушаҳои кишвар рушд мекунанд, номдор мешаванд. Онҳо аз ҳудуди ҳамон минтақа ба душворӣ вомехуранд. Вале ман мушоҳида накардам, ки талабгорони ҳунари шумо дар тамоми гушаю канори кишвар зиёд аст. Ин мувафаққияти шумо аст. Одамҳо солиёни сол мезананд, 30-40 сол мезананд, аз минтақа баромада наметавонанд.

-  Гуласал Пулодова: Ана ҳамин суханҳоро бисёртар гуфта истед, ки дилхирагии ман тезтар буравад вз ҳамон чизҳо.

- Орзу Исоев: Асрори номи шумо аз гуҷост. Чаро Гуласал? Ки ин номро ба шумо ниҳод ва ба чӣ хотир?

-  Гуласал Пулодова: Ман дар дигар ин номи зеборо падарҷони ман гузоштаанд. Илоҳо руҳашон шод бошад. Мо дар оила 7-духтар ҳастем. Падарам ба ягон фарзандашон беъэтиборона, яӣ хеле ки мардҳо писарро дуст медоранд, ин хел муносибат накарданд. Ба ҳамаи хоҳаронам ном гузоштаанд, албатта аз китоб, номи пурмазмун гузоштанд.

- Орзу Исоев: Касе аз авлоду аҷдоди шумо санъаткор аст?

-  Гуласал Пулодова: Падарам сароянда буданд. Дар оила танҳо ман санъаткор шудам.

- Орзу Исоев: Духтарчаи шумо чӣ намегуяд, ки санъаткор мешавам?

-  Гуласал Пулодова: Не асло намемонам, раъд мекунам. Вақт нишон медиҳад ҳамаашро. Ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Хайр мебенем, вақт нишон медиҳад ҳамаашро, мебеним. 

- Орзу Исоев: Дар ҳолати сахти руҳи мусиқи гуш мекунед?

-  Гуласал Пулодова: Албатта. 

- Орзу Исоев: Кадом мусиқи метавонад руҳи шуморо оромиш диҳад, дар ҳамин ҳолат.

-  Гуласал Пулодова: Дар ин хел ҳолатҳо сурудҳли бисёр ором гуш мекунам. Сурудҳое, ки дар бачагиам гӯш кардаам, ана ҳамун сурудҳоро гуш мекунам. Гӯш кунам аз ҳамон таронаҳо ҳаловат мебарам.

- Орзу Исоев: Дар хурди кадом таронаҳоро гӯш мекардед?

-Гуласал Пулодова: Гуласал таронаи дар хурдӣ гӯш мекардагиашро месарояд. “Гузал....”. Ана ҳамин хел сурудҳоро гӯш мекардам.

- Орзу Исоев: Ҷолиб. 

-Гуласал Пулодова: Сароянда Ибрагим. Сарояндаи турк.

- Орзу Исоев: Метавонед боз ягон суруд сароед. 

-Гуласал Пулодова: Гуласал суруд месарояд. “Бабаи...”.

- Орзу Исоев: Метавонед, суруди руҳнавоз, боритм сароед.

-Гуласал Пулодова: Ҳаст. Як суруде ҳаст матн аз апаи Шоира. Саршавии ин суруд дар Тошканд буд. “Эй ҷон аз дида...”. 

- Орзу Исоев: Ташаккур Гуласал. Мутмаинам, ки рӯзҳои хуб фаро мерасад. Ин рӯзҳо мегузаран.  

Бикун бовар, бикун бовар, ки фардо ғам намемонад,

Дили ғамдидаат фардо суруди шод месарояд.

Ҳавои зиндаги ҷонам гоҳо гармо гоҳо сард аст,

Рухи оина ҳам дучори таънаи сард аст...

-Гуласал Пулодова: Саломат бошед. Чӣ хел суханҳои номакрори. Ман ошиқи ҳамин сатрҳо ҳастам.

- Орзу Исоев: Ин таронаро барои Нигина Амонқулова эҷод карда будам. Ҳар замон, ки ба Душанбе биёед, хоҳари азизи мо, меҳмони азизи мо ҳастед.

-Гуласал Пулодова: Ташаккур, ташаккури зиёд. Саломат бошед, ба наздикони шумо, ба тамоми бинандаҳои “Ногуфтаҳо” дар аввал саломатӣ, хотирҷамъиро таманно мекунам. Ва мо санъаткорон чӣ нав ба нав, мана чб хеле, ки орзу карда истодаем бо акаи Орзу. Ҳамроҳ сурудҳои нав, орзу мекунем, ки сурудҳои мо асар шавад. Як таърих шуда монад. Орзу мекунем, ки нав ба нав эҷод кунему барои тамошобинон тақдим кунем. 

- Орзу Исоев: Ташаккур. Баъди таманниёти Гуласал, ман дигар ҳарфе илова карда наметавонам. Зеро ҳар он чизеро ки мехостам Гуласал гуфт. Боқи фақат Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Хайр!

Слушайте также
Комментарии (0)
Комментировать
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Открывайте новую музыку каждый день. Лента с персональными рекомендациями и музыкальными новинками, подборки на любой вкус, удобное управление своей коллекцией. Миллионы композиций бесплатно и в хорошем качестве. Слушайте онлайн бесплатно топовые Поп треки, а так же скачайте их в высоком качестве mp3. Слушайте, скачивайте, и делитесь с друзьями! Бесплатно, без ограничений, в высоком битрейте.Возможность слушать и скачивать треки на Android, IOS (Iphone, IPad) и ПК на сайте OHANG.TJ. Все права защищены. Администрация не несет ответственность за размещенные пользователями нелегальных материалов! Любой аудио файл будет удалён по требованию правообладателя. По любым вопросам пишите нам ohang.tj@mail.ru